18.04.2025

 img

“Як саҳари фасли зимистон чун ҳарвақта аз хона роҳ пеш гирифтам ҷониби мактаб. Моҳи феврал, ҳаво сард буд. Туман он қадар ғафс буд, ки пеши роҳамро базӯр медидам. Аз хона тақрибан 3 километр дуртар рафта будам, ки ногаҳон дар пастхамие дар рӯ ба рӯям се гург пайдо шуд. Нафасам ба дарун афтод, пойҳоям карахт шуда, маҷоли ҳаракат надоштам. Чӣ кор карданамро намедонистам. На роҳи гурехтан буд ва на илоҷи аз гургҳо халос шудан. Ногаҳон яке аз гургон аз ҷояш ҷаҳида, ба ман ҳамла кард ва “ҷанг”-и тан ба тан миёни мо оғоз шуд. Барои раҳоӣ ёфтан аз ҳамлаи ин дарандаи ваҳшӣ кӯшиш мекардам, аммо гург барои маро туъмаи худ сохтан талош дошт. Дар ин ҳолат мадор надоштам, то ин ки даст ба ҷайбам бурда, бо корд корашро тамом кунам. Гург ҳам, то ҷое ки метавонист, ҳамла мекард ва маро раҳо намекард. Дар ҳамин ҳангом дастам ба як чӯби хушк расид ва бо он ба тамоми қувва чанд зарба ба сараш задам. Хушбахтона, яке аз зарбаҳоям ба чашми гург расид ва гург аз шиддати дард маро раҳо кард ва оҳиста-оҳиста фирор намуд. Ду гурги дигар низ аз думболи ҳамҷинсашон роҳ пеш гирифтанд. Ман ба хона баргашта тағйири либос намудам ва боз роҳи мактабро пеш гирифтам”.

 

Ин нақл аз забони нафарест, ки дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Муъминобод, деҳаи Гулзор, бо ҳамсари меҳ­рубонаш зиндагӣ мекунад. Ӯ 34 сол аст, ки ҳар рӯз 7 километр роҳро пиёда тай намуда, ба маркази Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон – деҳаи Шаҳрак ме­расад, то ба мактаббачагон дарс бигӯяд. Ин шахс Эмомалӣ Шарифов буда, омӯзгор аст ва аз фанҳои таърих ва ҳуқуқ дарс медиҳад. Ӯ 2 июли соли 1961 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби №20-и ҳамин ноҳия гирифта, баъди хатми мактаб, аниқтараш, соли 1981 ба Институти педагогии шаҳри Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) дохил шуда, онро бомуваффақият хатм мекунад. Баъд ба ноҳияи Муъминобод роҳхат гирифта, фаъолияти худро дар МТМУ №15-и деҳаи Шаҳраки Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон ба ҳайси омӯзгори таърих ва ҳуқуқ оғоз мекунад. Инак, 34 сол аст, ки Эмомалӣ Шарифов дар ҳамин таълимгоҳ дарс мегӯяд.

 

Зиндагии Эмомалӣ Шарифов дар оғӯши табиати дилфиреб ва манзараҳои зебои Ватан сипарӣ мешавад. Бо вуҷуди он ки фарзандонаш ҳама дорои маълумоти олӣ ва зиндагии хубу хонаи худ ҳастанд, ӯ бо ҳамсари меҳрубонаш тарки кӯҳ ва оғӯши табиат накард. Дилбастагӣ ба кори омӯзгорӣ, меҳру муҳаббати мардуми деҳот ва шавқи таълим ба фарзандони мардум нагузошт, то ӯ тарки деҳаи Гулзор намояд. Ҳамин тавр, чун солҳои қабл ҳар рӯз 7 километр роҳро пиёда тай намуда, ба деҳаи Шаҳрак меравад, то ба шогирдонаш аз таърихи миллат дарс бигӯяд. Тибқи нақли устод Эмомалӣ Шарифов, фарзандонаш барои ӯ тамоми шароитро муҳайё кардаанд, то тарки кӯҳистон намуда, ба макони обод, назди онҳо баргардад. Аммо ин марди шариф ва омӯзгори пуртаҷрибаро ҳеҷ чиз қонеъ сохта натавонист, то тарки манзилу маконе намояд, ки дар он ҷо ризқу рӯзӣ ёфтаву солиёни дароз умр ба сар бурдааст.

 

Шояд аҷиб ва боварнокарданӣ бошад, ки чӣ гуна ӯ 34 сол бо як пайроҳа ба мактаб меояду боз ба хона бармегардад?

 

Мо, аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон”, барои аз наздик ошно гардидан бо зисту зиндагии ин омӯзгори пуртаҷриба роҳ пеш гирифтем ҷониби ноҳияи Муъминобод. Он рӯз ҳаво офтобӣ буд.

 

Ният доштем, ки субҳи барвақт Эмомалӣ Шарифовро аз хонааш то ба мактаб ҳамроҳӣ намоем. Аммо ҳавои пурбарф, тумани ғафс, хавфу хатари роҳ ва даррандагони гурусна каме моро ваҳшатзада намуданд. Бо Эмомалӣ Шарифов дар тамос шудем ва изҳор доштем, ки дар хонаи ӯ наҳорӣ хоҳем кард. Аз ин пешниҳоди мо ӯ хеле шод гардид ва гуфт, ки моро интизор мешавад.

 

Офтоб ҳанӯз тулӯъ накарда, ба роҳ баромадем. Дар он пайроҳае, ки ҳар рӯз Эмомалӣ Шарифов ба мактаб мерафт, қадам мезадем. Барфи аз ҳад зиёд ва шамоли сард ба роҳ гаштан халал мерасонд. Вале мо ба азобу мушкилиҳо нигоҳ накарда, пеш мерафтем. Барфи зиёд ва тумани ғафс пайроҳаро аз чашм пинҳон мекард ва ин ҳолат барои пайдо кардани роҳи дуруст каме мушкилӣ эҷод менамуд. Танҳо ҳарҷо-ҳарҷо изи пойҳои гургону дигар ҳайвоноти дарранда дида мешуду халос.

 

Пайроҳаи борике, ки аз миёни ҷангали анбӯҳ мегузашт, ба дили касе, ки бори аввал аз ин роҳ гузар менамуд, тарсҷой мекард. Акнун тасаввур кунед, ки омӯзгор Эмомалӣ Шарифов 34 сол боз бо ҳамин роҳ ба мактаб мераваду ба шогирдонаш дарс мегӯяд. Ёдовар бояд шуд, ки фарзандони ӯ ҳам ҳамин роҳро тай кардаву дар ҳамин муассиса таҳсил намудаанд ва имрӯз ҳар яке таҳсилкардаи донишгоҳу донишкадаҳои кишваранду дорои маълумоти олӣ.

 

Офтоб тулӯъ карду билохира манзили зисти Эмомалӣ Шарифов намудор гардид. Интизориҳои устод ва ҳамсараш, чеҳраи кушода ва истиқболи хуби онҳо нишон аз меҳру муҳаббат ва фарҳанги меҳмондӯстиашон буд. Бо даъвати устод мо дар хонаи гарми ӯ, назди оташдон наҳориро бо ҳам дидем. Сари як пиёла чой суҳбати гарм бо ин оилаи хушбахт ва тановул аз анвои хӯрданиҳои рӯйи дастархон хастагиямонро бартараф намуд. Хусусан, чашидани асали тозаи кӯҳистон, ки он ҳам маҳсули дастони ин омӯзгори пуртаҷриба буд, моро ба ваҷд овард. Акнун асрори зиндагии Эмомалӣ Шарифов барои мо аён гашт, ки ӯ чаро тарки ин манзилу макон накарда, бо ҳамсари меҳрубонаш Рӯзигул Абдуллоева дар ин деҳаи дурдаст зиндагии доимиро ихтиёр кардааст.

 

Хонаи ӯро аз чор тараф талу теппаҳо ва ҷангалзор иҳота кардааст. Боду ҳавои мусоид, табиати нотакрор ва ҷангалу кӯҳҳо барои ин марди наку манбаи хуби даромад ба ҳисоб мераванд. Зеро Эмомалӣ Шарифов дар баробари касби омӯзгорӣ таҷрибаи 40-солаи занбӯриасалпарварӣ дорад ва аз ин соҳа даромади хубе ба даст меорад.

 

– Ба як мард чил ҳунар кам аст, гуфтани халқ бесабаб нест. Дар баробари омӯзгорӣ мо кӯшиш мекунем, ки боз ба дигар касбҳо шуғл варзем. Занбӯрпарварӣ барои таъмини зиндагӣ манбаи даромади хубе ба ҳисоб меравад. Даромади ин соҳа ба мо кумак намуд, то фарзандон дар донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил намоянд ва вазъи зиндагиамон беҳтар гардад, – иброз дошт Эмомалӣ Шарифов.

 

Дар ин радиф ӯ ба чорводорию зироаткорӣ низ машғул аст. Аслан, кишти зироатҳоро дар замини назди ҳавлӣ ҳамсари меҳрубонаш Рӯзигул Абдуллоева анҷом медиҳад. Дар вақтҳои холӣ Эмомалӣ Шарифов низ дар анҷоми ин корҳо ба ҳамсараш кумак мерсонад. Тибқи гуфтаҳои ин зани меҳнатдӯст, онҳо барои харидани сабзавоту мева ёд надоранд, ки кай ба бозор рафтаанд. Зеро маҳсулоти бо меҳнати ҳалол бадастовардаашон барои таъмини зиндагии онҳо басанда аст. Хонаи ӯ дар миёни кӯҳсор қомат афрохта бошад ҳам, аз барқу гармӣ дар зимистон танқисӣ надорад. Равшании хонаи ӯро панелҳои офтобӣ таъмин мекунанд.

 

Сипас мо роҳ пеш гирифтем ҷониби деҳаи Шаҳрак. Роҳи мо сӯйи таълимгоҳе буд, ки Эмомалӣ Шарифов он ҷо дарс мегуфт. Боз ҳамон роҳи пурхатар, ҳамон дашту кӯҳу ҷангал, аз ҳама муҳим, ҳамон пайроҳаи борик. Ин дафъа ин пайроҳаро ҳамроҳи Эмомалӣ Шарифов тай намудем. Дар аснои сафар омӯзгори рӯзгордидаву пуртаҷриба дар хусуси хавфу хатарҳое, ки дар ин роҳ аз сар гузаронида буд, қисса намуд. Ҳамлаи гургон, барфи зиёди зимистону боронҳои баҳорӣ дар тасаввури кас ин омӯзгорро чун қаҳрамони филм ҷилва месозад. Рӯзигул Абдуллоева ҳар рӯз субҳи барвақт ҳамсарашро гусел мекунад, то расидан ба мактаб ва шунидани занги телефону садои шавҳараш ором намегирад.

 

– Айёми зимистон вазъият каме мушкилтар мешавад. Дар сардиҳои зимистон, вақте ки шавҳарам аз хона мебарояд, хеле хавотир мешавам. Борҳо гуфтам, ки ақалан дар фасли зимистон тарки омӯзгорӣ намояд, аммо шавқи таълим ва меҳру муҳаббат ба касб иҷозат намедиҳад, ки шавҳарам тарки касби худ намояд. Аммо аз дигар тараф, хурсандам, ки ин заҳматҳои падари фарзандонам натиҷа додаанд ва то имрӯз даҳҳо шогирдаш дар озмунҳои гуногун иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд, – нақл мекунад Р. Абдуллоева. Ӯ аз зиндагӣ бо шавҳараш Эмомалӣ Шарифов розӣ буда, шукрона мекунад, ки дар тӯли зиндагии 30-солаашон миёни онҳо ҳамеша якдигарфаҳмӣ вуҷуд дошт. Натиҷаи ҳамин меҳру садоқат аст, ки имрӯз онҳо бо фарзандонашон зиндагии хушбахтона доранд.

 

Баробари ворид шудан ба муассисаи таълимӣ, ҳамкоронаш аз Эмомалӣ Шарифов ҳолпурсӣ намуданд. Зеро онҳо низ медонанд, ки ӯ аз роҳи дур барои дарс гуфтан меояд. Зимни суҳбат бо директори муассисаи мазкур Холмурод Шарифов маълум шуд, ки зиёданд шогирдоне, ки мисли устодашон Эмомалӣ Шарифов аз деҳаҳои дурдаст барои таҳсил ба мактаб меоянд.

 

– Дар 34 соле, ки Эмомалӣ Шарифовро мешиносам ва бо ҳам кор мекунем, ҳамеша ҳис менамоем, ки нисбат ба касби худ ҷиддӣ муносибат мекунад. Ба дарсҳо сари вақт ҳозир шуда, бо шогирдон муносибати хуб дорад. Натиҷаи ҳамин заҳмату меҳнати устод буд, ки имрӯз шогирдони муассисаи мо дар озмуну олимпиадаҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд, – мегӯяд директори муассиса Х. Шарифов.

 

Абдулло Қурбонзода яке аз он шогирдонест, ки имсол дар озмунҳои фаннӣ миёни хонандагони муассисаҳои миёна аз фанни таърих дар сатҳи вилоят сазовори ҷойи дуюм ва соҳиби медали нуқра гардид. Зимни суҳбат бо ӯ ва дигар шогирдон маълум гардид, ки муносибати омӯзгор Эмомалӣ Шарифов бо онҳо хуб буда, дарсҳоро бо тамоми нозукиҳояш мефаҳмонад ва ба суолҳои додаи онҳо пурра ҷавоб медиҳад. Метавон гуфт, дарахте, ки 34 сол боз ин омӯзгор парвариш мекунад, самараи хуб ба бор овардааст.

 

Аҳадуллои МИРЗОАЛӢ,

Набиҷони САИДАБРОР,

бознашр аз рӯзномаи “Хатлон”, №22, аз 03.04.2025

  • 34 СОЛ БО ЯК ПАЙРОҲА. Қиссае аз рӯзгори як омӯзгори кӯҳистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР РУШДИ ИДОРАКУНӢ: ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ТАТБИҚИ СИСТЕМАИ ИТТИЛООТИИ ИДОРАКУНИИ СОҲАИ МАОРИФ (EMIS) ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ХУҶАНД 8 майи соли 2025 дар Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия – Тоҷикистон «Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида ба номи А.П. Чехов» дар шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ оид ба марҳилаи татбиқи Системаи иттилооти идоракунии соҳаи маориф (НИИМ) баргузор гардид.   Чорабинӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони соҳа барои шахсони масъули татбиқи система ташкил ва баргузор карда шуд.   Мақсади асосии семинар шинос намудани иштирокчиён бо моҳият, самтҳои истифода ва аҳамияти татбиқи EMIS ҳамчун як воситаи муосир барои такмили низоми идоракунии муассисаҳои таълимӣ буд.   Иштирокчиён бо имкониятҳои калидии система, аз ҷумла таҳияи ҳисоботҳои таҳлилӣ, назорати дохилимактабӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳисобгирии ҳозирии хонандагон шинос шуданд.   Дар ҷараёни семинар инчунин масоили муҳимми марбут ба таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва роҳҳои пешгирии дастрасии ғайриқонунӣ ба иттилооти махфӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мутахассисон таҷриба ва тавсияҳои амалӣ оид ба таҳкими амнияти рақамӣ ва истифодаи самараноки система пешниҳод намуданд.   Дар анҷоми чорабинӣ, иштирокчиён дар фазои озоду созанда таҷриба ва андешаҳои худро мубодила карда, роҳҳои боз ҳам беҳтар ва муассиртар намудани ҷараёни татбиқи EMIS-ро дар муассиса мавриди муҳокима қарор доданд.   Маркази Ҷумҳуриявии Технологияи Информатсионӣ

    55

    08.05.2025
  •  img
    Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе 8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ ба муносибати таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.   Дар макони баргузори чорабинӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода истиқбол гирифтанд.   Ба хотири таҷлили бошукуҳи ин рӯйдоди таърихӣ маҳалли баргузории чорабинӣ идона ороста шуда, дар ду тарафи роҳрави сурх донишандӯзони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саф кашиданд.   Дар тадбири тантанавӣ Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони корпуси дипломатӣ, Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҷанговарони башардӯст иштирок карданд.   Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиа генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода оид ба омодагии қушунҳои гарнизони Душанбе барои гузашти ҳарбӣ ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузориш дод.   Баъди садо додани Суруди миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.   Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 80-солагии ғалаба самимона табрик гуфтанд.   Пешвои миллат аз оқибатҳои фалокатбори Ҷанги Бузурги Ватанӣ сухан гуфта, ба наслҳои имрӯзу оянда муроҷиат намуданд, ки маҳз дӯстиву бародарӣ ва ҳамёриву дастгирии миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омили асосии шикасти истилогарон ва пешгирӣ аз доман паҳн кардани “вабои фашизм” дар асри бистум гардид.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: - “боиси ифтихори мо аст, ки барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳо мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд.   Гуфта шуд, ки аз якуним миллион аҳолии Тоҷикистон дар он замон зиёда аз 300 ҳазор ба майдони набард сафарбар шуданд, ки 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медод. Беш аз 100 ҳазори онҳо дар муҳорибаҳо қурбон шуда, зиёда аз 40 ҳазор беному нишон гардид ва 60 ҳазори дигар аз ҷанг бо маъюбият баргаштанд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳамаи ин ҷоннисориҳо саҳми миллати тоҷикро дар ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ таҷассум мекунад.   Сарвари давлат таъкид намуданд, ки мо номи неку хизмати онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштанд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоварем.   Таъкид гардид, ки барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор афсару сарбози тоҷик ба ордену медалҳо ва 55 каси онҳо барои мардонагӣ ва шуҷоат ба унвони баланди “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” мушарраф гардонида шуданд.   Роҳбари давлат саҳми ақибгоҳро дар ноил гардидан ба музаффарият дар ҷанг беназир арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки беш аз 45 ҳазор сокини Тоҷикистон ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуда, қисми зиёдашон аз он ҷойҳо ба ҷанг сафарбар гардиданд. Ҳамчунин, солҳои ҷанг зиёда аз 100 ҳазор занону кӯдакон ва пиронсолон аз минтақаҳои гуногуни ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд ва ҷумҳурии мо барои онҳо хонаи дуюм гардид.   Таъкид шуд, ки ҳамаи захираҳои инсонӣ ва моддиву техникии ҷумҳурии мо барои таъмин намудани ниёзҳои майдони муҳориба сафарбар гардида буд.   “Мардуми мо дар ҳоле, ки худашон гурусна буданд, ба майдони ҷанг озуқаворӣ, сару либос ва маблағ мефиристоданд”, - изҳор доштанд Пешвои миллат.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории афсарону сарбозони тоҷикро дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол намунаи ибрат номиданд.   Президенти кишвар таъкид намуданд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи кишвар бо нархи бисёр гарон ба даст омадааст ва ҳимояи он ҳоло ҳамчун вазифаи пурмасъулу бошараф ба зиммаи хизматчиёни низомӣ вогузор гардидааст.   Зимни суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оқибатҳои харобиовари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, хизматҳои таърихӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони содиқи Ватан баҳри барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ низ андешаронӣ намуданд.   Дар ин робита таъкид гардид, ки ҳифзи Ватан ва ҳимояи ҳаёти осоиштаи мардум дар ҳар давру замон барои ҳар як шаҳрванди огоҳу соҳибватан ва ҷавонмардони бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таваҷҷуҳи иштирокдорони паради ҳарбиро ба вазъи бисёр мураккаб ва печидаи сиёсии ҷаҳони муосир ҷалб намуданд. Пешвои миллат аз афсарону сарбозон талаб карданд, ки ҳушёр бошанду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоранд, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошанд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешниҳоди худ оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуда, мусоидат ба таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар паҳнои оламро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо арзёбӣ намуданд.   Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми сулҳпарвари тоҷик бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва суботи комили кишварамон минбаъд низ барои ҳифзу гиромидошти ин неъматҳои бузург ва ба хотири наслҳои ояндаи мо саъю талоши бештар ба харҷ медиҳанд.   Пас аз анҷоми суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пос доштани хотираи афсарону сарбозон ва онҳое, ки ҷони худро барои пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, таҳти навои мусиқӣ маросими гулчанбаргузорӣ баргузор шуд.   Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди оташи ҷовидон гулчанбар гузошта, хотираи неки қурбониёни ҷангро пос доштанд.   Сипас, дар назди оташи ҷовидон аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, аз номи корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва аз Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гулчанбарҳо гузошта шуд.   Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ бо амри фармондеҳи гузашти ҳарбӣ низомиёни вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати корҳои дохилӣ, вазорати адлия, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар гузашти ҳарбӣ иштирок карда, бо қадамзании мутантан аз назди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гузашти низомӣ анҷом доданд.

    167

    08.05.2025
  •  img
    Суханронӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба Ҳамватанони азиз!   Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозон!   Мо имрӯз 80-солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро бо ифтихор ва посдорӣ аз хотираи неки фарзандони Тоҷикистон ва корнамоиву қаҳрамониҳои онҳо дар мубориза бо фашизми гитлерӣ таҷлил менамоем.   Ба муносибати ин санаи муҳимми таърихӣ – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.   Мусаллам аст, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи навини башарият аз лиҳози миқёс ва фоҷиаи инсонӣ ҷанги даҳшатноктарин ба шумор меравад.   Беш аз 70 кишвари ҷаҳон ба гирдоби ҷанг кашида шуда, дар он зиёда аз 55 миллион нафар одамон қурбон гардиданд.   Даҳҳо ҳазор шаҳрҳои хурду бузург вайрону валангор ва ба хок яксон шуданд.   Тибқи арзёбии мутахассисону коршиносон хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии ин ҷанг ба ҳисоби имрӯза 4,5 триллион долларро ташкил медиҳад.   Наслҳои имрӯзу оянда бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки маҳз дӯстиву бародарӣ ва ҳамёриву дастгирии миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омили асосии шикасти истилогарон ва пешгирӣ аз доман паҳн кардани «вабои фашизм» дар асри бистум гардид.   Мо, ҳамчунин, бояд ҳамеша бо ифтихор хотирнишон созем, ки барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд.   Ҳарчанд майдони набардҳои хунин аз Тоҷикистон ҳазорҳо фарсах дур буд, вале акси садои он дар саросари диёри мо ба гӯш мерасид ва ҳар хонадони тоҷик гирифтори фоҷиаҳои он буд.   На танҳо дар шаҳрҳо, балки ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кишвари мо оилае набуд, ки падар, бародар, фарзанд ё хешу ақрабояшро ба хотири мубориза бар зидди фашистони истилогар ба майдони ҷанг гусел накарда бошад.   Ин ҷанги даҳшатнокро мо низ сиёҳтарин саҳифаи таърих ва фоҷиаи бузург барои миллати худ меҳисобем.   Зеро аз якуним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон дар он замон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба майдони набард сафарбар шуданд, ки 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медод.   Беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо қурбон шуда, зиёда аз 40 ҳазор беному нишон гардиданд ва 60 ҳазор нафари дигар аз ҷанг бо маъюбият баргаштанд.   Ҳамаи ин ҷоннисориҳо, ки дар таърихи муосири мо абадан сабт гардидаанд, саҳми миллати тоҷикро дар ин ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ таҷассум мекунанд.   Мо номи неку хизмати онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштанд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоварем.   Барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор нафар афсарону сарбозони тоҷик ба ордену медалҳо ва 55 нафар барои мардонагӣ ва шуҷоат ба унвони баланди «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» мушарраф гардонида шуданд.   Беш аз 45 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуда, қисми зиёдашон аз он ҷойҳо ба ҷанг сафарбар гардиданд.   Ҳамчунин, солҳои ҷанг зиёда аз 100 ҳазор нафар – асосан занону кӯдакон – аз минтақаҳои гуногуни ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд ва ҷумҳурии мо барои онҳо хонаи дуюм гардид.   Мардуми мо онҳоро бегона нашумориданд, барояшон манзили зист, хӯроку сару либос муҳайё карданд ва аксари онҳоро ба камол расониданд.   Қобили зикр аст, ки дар ақибгоҳ низ аҳолии Тоҷикистон дар таъмини ғалаба саҳми бесобиқа гузошт.   Ҳамаи захираҳои инсонӣ ва моддиву техникии ҷумҳурии мо барои таъмин намудани ниёзҳои майдони муҳориба сафарбар гардида буданд.   Дар он рӯзҳои сангин кӯдакону занон ва калонсолон азобу машаққати гуруснагӣ ва дигар мушкилоти замони ҷангро таҳаммул карданд ва шабонарӯзӣ заҳмат кашида, ҳиссаи арзандаи худро барои расидан ба Рӯзи ғалаба гузоштанд.   Мардуми мо дар ҳоле, ки худашон гурусна буданд, ба майдони ҷанг ғаллаву озуқаворӣ, сару либос ва маблағ мефиристоданд.   Мехоҳам таъкид намоям, ки ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории афсарону сарбозони тоҷик дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон барои шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол намунаи ибрат мебошад.   Шумо ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи кишвар бо нархи бисёр гарон ба даст омадааст ва ҳимояи он ҳоло ҳамчун вазифаи пурмасъулу бошараф ба зиммаи шумо вогузор гардидааст.   Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, ҳамагӣ пас аз чанд даҳсола баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид, ки барои кишвари мо оқибатҳои фоҷиабору сангин ба бор овард.   Шумораи қурбониён ва ҳисороти моддии ин ҷанг барои Тоҷикистони тозаистиқлол аз ҳисороти ҷониву молии кишвари мо дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бештар буд: беш аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо ҷони худро аз даст доданд, зиёда аз як миллион нафар гуреза шуданд ва ба иқтисоди миллии мо беш аз 10 миллиард доллар зарар ворид гардид.   Албатта, дар қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва таъмин намудани сулҳу оромӣ дар кишвар мардуми Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши бузург ва ҳалкунанда бозиданд.   Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозони далеру шуҷоъ ҷони худро қурбон карданд.   Мардум ва Ҳукумати мамлакат ба ин хизмати таърихии фарзандони содиқу далери худ ҳамеша арҷ мегузоранд.   Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки ҳифзи Ватан ва ҳимояи ҳаёти осоиштаи мардум дар ҳар давру замон барои ҳар як шаҳрванди огоҳу соҳибватан ва ҷавонмардони бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад.   Хусусан, равандҳои манфию хатарборе, ки ҷаҳони муосирро таҳти таъсир қарор додаанд, аз ҷумла мухолифатҳои шадиди байни абарқудратҳо, аз нав авҷ гирифтани мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», инчунин, густариш ёфтани амалиёти тахрибкоронаи созмонҳои террористиву экстремистӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ сатҳи баланди омодабошӣ, маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб менамояд.   Эътимоду умеди мардум ҳар яки шумо – фарзандони содиқи Ватанро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёр бошед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоред, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошед.   Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки ҳифзи сулҳи пойдор, суботи комили сиёсӣ, таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ ва пояҳои давлатдории тоҷикон вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеаи мо мебошад.   Ҳамин аст, ки мусоидат ба таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар паҳнои олам яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо муайян гардидааст.   Маҳз ба хотири пайгирии ин ҳадаф ман дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид масъалаи қабули қатъномаи махсусро оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» пешниҳод намудам.   Тоҷикистон чун кишваре, ки ҷанги даҳшатноки таҳмилиро аз сар гузаронидааст, ҳамеша ҷонибдори танҳо бо роҳи осоишта, яъне гуфтушунид ҳаллу фасл кардани ҳама мухолифату низоъҳо мебошад.   Мо, ҳамчунин, густариш бахшидани гуфтугӯи тамаддунҳоро аз ҷумлаи заруратҳои замони муосир мешуморем.   Бовар дорам, ки мардуми сулҳпарвари тоҷик бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва суботи комили кишварамон минбаъд низ барои ҳифзу гиромидошти ин неъматҳои бузург ва ба хотири наслҳои ояндаи халқамон саъю талоши бештар мекунанд.   Бори дигар иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, мардуми шарифи Тоҷикистон ва шумо – ҳомиёни содиқи Ватанро ба ифтихори 80-солагии ғалабаи таърихӣ табрик мегӯям.   Ба ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод ва барои Тоҷикистони азизамон ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва сулҳу суботи пойдор орзу менамоям.   Ҷашни ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!

    68

    08.05.2025