22.07.2025

22 июли соли 2025 дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни баргузории Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021 - 2025» барои ворид шудан ба фазои илму дониши муосири ҷаҳонӣ ва истифодаи таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар раванди таълим дар муассисаҳои таълимии пойтахт сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода аз Мактаби байналмилалии “Paragon”-и шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур дар масоҳати зиёда аз 4 гектар бо имконияту шароити муосир ва ҷавобгу ба талаботи байналмилалӣ бунёд ёфта, дар он 1600 хонанда аз 40 кишвари дунё ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Муассиса бо равияи омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ фаъолият намуда, ба хонандагон 100 нафар омӯзгорони соҳибкасб дарс мегӯянд.
Дар доираи боздид байни Литсейи №2-и барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ва Мактаби байналмилалии “Paragon” Шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расид.
Муҳокима дар сатҳи баланд сурат гирифта, эҳтироми тарафайн ва хоҳиши ҳамкорӣ ба манфиати ҳарду кишварро ифода карданд.
Инчунин, пешниҳод карда шуд, ки лоиҳаҳои муштарак байни муассисаҳои таълимӣ бо таваҷҷуҳ ба рушди фанҳои дақиқ гузаронида шаванд, зеро хонандагон тоҷик аз фанҳои табиӣ-риёзӣ дониши хуб доранд, ки омили асосии ҳамкории муваффақ дар оянда мебошад.
Дар доираи боздид, инчунин директори Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Сироҷзода Ҷамолиддин, директори генералии Мактаби байналмилалии “Paragon” Каримзода Хуршед ва директори Мактаби байналмилалии “Paragon” Артур Болтабек ҳамроҳӣ намуданд.
Боиси зикр аст, ки боздиди мазкур дар доираи баргузории Олимпиадаи байналмилалии “IKO – 2025” аз фанҳои математика ва забони англисӣ, ки рӯзҳои 21-27 июли соли 2025 дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа тариқи ҳузурӣ баргузор мегардад, сурат гирифт. Мақсад аз иштироки хонандагони пойтахт ин баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ҷалби хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ, ворид шудан ба фазои олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ва омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешсаф дар ҳаракати олимпӣ мебошад.
Хабарҳои дигар
-
36
24.07.2025 -
24
24.07.2025 -
142
24.07.2025