13.03.2026

 img

13 марти соли 2026 бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» ба муносибати Рӯзи модар, Рӯзи матбуоти тоҷик ва фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши идона таҳти унвони «Баҳори маърифат: модар, қалам ва Наврӯз» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода, сармуҳаррири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» Дилафрӯз Қурбонзода, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Атозода, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Саъдӣ Қосимӣ, ходими Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Олим Бухориев, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» Эҳсон Сафарзода, сармуҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» Ноилшоҳ Нурализода, инчунин, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, устодону омӯзгорон, аҳли қалам ва муаллифони фаъоли маҷалла ширкат варзиданд.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии сармуҳаррири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» оғоз гардид. Мавсуф меҳмонон ва иштирокдорони чорабиниро хайрамақдам гуфта, баргузории чунин ҳамоишро дар арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ,  таҳкими робитаҳои эҷодиву маърифатӣ ва қадршиносии аҳли илму маориф амри зарурӣ донист.

Сипас, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашнҳои фархунда табрик гуфт. Номбурда таъкид кард, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои тамаддуни башар буда, рамзи эҳёи табиат, оғози фасли баҳор ва таҷдиди зиндагӣ маҳсуб меёбад. Арзишҳои маънавии Наврӯз инсонро ба некандешӣ, меҳнатдӯстӣ ва созандагӣ ҳидоят намуда, бо ғояҳои илму маърифат ва тарбияи инсон ҳамоҳанг мебошанд.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҷомеаро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ медонанд. Дар ин замина, нақши омӯзгорон дар тарбияи насли донишманду ватандӯст ва инчунин, саҳми воситаҳои ахбори омма дар тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ ва инъикоси дастовардҳои соҳаи маориф муҳим арзёбӣ гардид.

Дар идомаи ҳамоиш ходими Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ О. Бухориев дар мавзуи «Нақши зан-модар дар таълим ва тарбия» суханронӣ намуда, мақому манзалати модарро дар тарбияи фарзанд ва ташаккули ҷомеаи солим басо арзишманд хонд.

Сипас, сармуҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» дар мавзуи «Дониш ва омӯзгор» - ниҳоли тозае дар боғи матбуоти тоҷик» маъруза намуда, бо ёдоварӣ аз таърих, марҳилаҳои ташаккул ва фаъолияти имрӯзаи маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» нақши матбуоти соҳавиро дар рушди матбуоти миллӣ ва инъикоси масъалаҳои соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор дод.

Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон зимни маърузаи худ дар мавзуи «Заминаҳои пайдоиши нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» ва ташаккули матбуоти миллӣ» аз таърихи пайдоиш ва аҳаммияти аввалин рӯзномаи тоҷикӣ дар рушди ҳаёти фарҳангиву иҷтимоии ҷомеа ёдовар шуд.

Дар идома, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор С. Қосимӣ дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ ва ҷашни Наврӯз» суханронӣ намуда, таъкид кард, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ арзишҳои фарҳангии миллӣ, аз ҷумла, Наврӯз, эҳё гардида, ба рамзи худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа табдил ёфтааст.

Дар қисмати дигари ҳамоиш сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор», муҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» С. Набиева ва омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Мавлоназаров оид ба мавзуъҳои мавриди назари ҳамоиш андешаронӣ намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш барномаи фарҳангӣ низ пешниҳод гардид. Аз ҷумла, суруди «Омӯзгор» дар иҷрои С. Раҷабзода, суруди «Сарварам» дар иҷрои Д.Шеров, қироати шеър аз ҷониби тарбиягирандагони кӯдакистони №1-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳти унвони «Меҳри модар» ва рақс дар иҷрои хонандаи МТМУ №102 ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати тоза бахшид.

Дар хотимаи ҳамоиш як қатор кормандони соҳаи маориф, аҳли қалам, омӯзгорон ва муаллифони фаъоли маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф ва ҳамкории судманд бо нашрия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

 

  • ҲАМОИШИ ИДОНА ТАҲТИ УНВОНИ «БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ» img
  • ҲАМОИШИ ИДОНА ТАҲТИ УНВОНИ «БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ» img
  • ҲАМОИШИ ИДОНА ТАҲТИ УНВОНИ «БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ» img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ Дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Давлатзода оғоз гардида, иштирокчиёнро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз самимона табрик намуданд. Қайд гардид, ки Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар байни мардумони олам мақоми хос дорад. Инчунин, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат Ш. Асомиддинзода баромад намуда, иштирокчиёнро ба фарорасии ҷашни Наврӯз табрик намуданд. Дар доираи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳод гардид, ки аз суруду таронаҳо, рақсу саҳначаҳои ҷолиб ва қироати шеърҳо дар васфи баҳору Наврӯз иборат буд. Таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бо либосҳои миллӣ ҳунару маҳорати худро нишон дода, фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуданд. Ҳамзамон, намоиши дастовардҳои эҷодии аъзоёни маҳфилҳо, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, расмҳо ва корҳои дастӣ ташкил карда шуд, ки мавриди таваҷҷуҳи меҳмонон қарор гирифт. Дар анҷоми чорабинӣ ғолибони мусобиқаи шашка, ки бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз миёни кормандони марказ баргузор гардид, бо сипосномаи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдони карда шуданд.

    14

    17.03.2026
  •  img
    «ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ» Таҳти ин унвон имрӯз, 17 марти соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҳозирин ва меҳмононро ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик намуда, барои ҳамагон сулҳу осоиш, сарбаландӣ ва муваффақиятҳои нав орзу кард. Таъкид шуд, ки Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, навсозии зиндагӣ ва ҳамбастагии мардумон дорои арзишҳои баланди маънавӣ буда, дар фарҳанги миллати тоҷик ҷойгоҳи хос дорад. Гуфта шуд, ки дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз ба сифати ҷашни миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб намуда, тибқи қарори Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мегардад. Дар идома, доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ С. Қосимӣ дар мавзуи «Ҷашни Наврӯз дар дарозаи таърих» маъруза намуда, таърихи ташаккул ва рушди ин ҷашни бостониро аз давраҳои қадим то замони муосир таҳлил кард. Ӯ таъкид намуд, ки Наврӯз дар тӯли асрҳо ҳамчун унсури муҳимми фарҳанги миллӣ ва омили муттаҳидсозандаи мардум нақши муҳим бозидааст. Ҳамчунин, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назарияи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода М. Раҳимова дар мавзуи «Тасвири баҳор ва Наврӯз дар ашъори шоирони классик» баромад намуд. Қайд гардид, ки дар эҷодиёти шоирони классик Наврӯз ҳамчун рамзи зебоӣ, эҳё, покӣ ва оғози зиндагии нав васеъ инъикос ёфтааст. Зикр шуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, рамзи бедории замин ва оғози фасли созандагиву умед аз қаъри асрҳо то ба имрӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ҳифз гардида, таҷассумгари арзишҳои олии инсонӣ, аз ҷумла сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии мардумон мебошад. Дар қисмати ҷамъбастӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ ба таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва тарғиби арзишҳои умумибашарӣ мусоидат менамояд. Конференсия бо таманниёти сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва шукуфоии минбаъдаи кишвар ба кори худ хотима бахшид. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    57

    17.03.2026
  •  img
    Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. ДУШАНБЕ, 16.13.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, дар озмун беш аз 21 нафар омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагон иштирок намуда, тибқи низомномаи озмун маҳорату истеъдоди худро нишон доданд. Иброз гардид, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ барои гиромидошти мероси бузурги адабӣ ва таърихии халқи тоҷик – «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳисоб меравад. Ин иқдом на танҳо таваҷҷуҳ ба асари классикии адабиёти халқи тоҷик, балки қадами устувор дар роҳи таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихӣ ва баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Гуфта шуд, ки «Шоҳнома»  чун яке аз шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонӣ дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани маърифати маънавии ҷавонон нақши муҳим дорад. Таъкид гардид, ки бо ташаббусҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, махсусан иқдоми фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории чунин озмунҳо ба рушду густариши маърифати китобхонӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии миллат мусоидат менамояд. Натиҷаи озмун аз тарафи аъзои ҳакамон ҷамъбаст гардида, ғолибон ба даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» соли 2026 ба ифтихори 35 — солагии ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамаҷонибаи ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгонамон давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва бо ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар асари мондагору пурарзиши Ҳаким Абдулқосими Фирдавсӣ — «Шоҳнома» инъикос ёфтааст, баргузор мешавад. АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода  

    33

    16.03.2026