19.05.2026
19 майи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо иштироки ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии даври сеюми озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2026–2027 ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону масъулини сохторҳои дахлдори вазорат ва аъзои комиссияи ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа вазири маориф ва илм таъкид кард, ки квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иқдомҳои маорифпарваронаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонони лаёқатманд, махсусан хатмкунандагони муассисаҳои таълимии деҳаҳои дурдаст ва минтақаҳои кӯҳистони кишвар мебошад. Қайд гардид, ки ин ташаббуси наҷиб дар роҳи дастгирии ҷавонони болаёқат ва омода намудани кадрҳои соҳибтахассус барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нақши муассир дорад.
Таъкид шуд, ки бо таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат соли равон шумораи квотаҳои президентӣ зиёд гардида, теъдоди онҳо ба 1670 ҷой расонида шуд. Аз ин шумора, қисми зиёди квотаҳо ба самтҳои омӯзгорӣ, илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ равона гардидааст, ки ин аз таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат ба рушди соҳаи маориф, таҳкими иқтидори илмӣ ва тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир шаҳодат медиҳад.
Вазири маориф ва илм зимни суханронӣ ба ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд, шаффоф ва одилона баргузор намудани озмун дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки танҳо довталабони арзанда, донишманд ва соҳибмаърифат бояд соҳиби квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гарданд. Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки риояи шаффофият ва адолат дар ҳамаи марҳилаҳои озмун вазифаи аввалиндараҷаи комиссия ба шумор меравад.
Иброз гардид, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар самти дастгирии ҷавонон, бахусус хонандагони деҳаҳои дурдаст, имрӯз барои ҳазорон нафар имкони идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро фароҳам оварда, дар таҳкими неруи зеҳнии мамлакат ва рушди устувори ҷомеа заминаи мусоид мегузорад.
Зикр гардид, ки тибқи пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии 61 шаҳру ноҳияи кишвар барои иштирок дар даври сеюми озмун зиёда аз 6 ҳазор довталаб, ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ пешниҳод шудаанд. Озмуни мазкур барои дарёфти 1670 ҷойи квотаи Президентӣ ба 18 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор мегардад.