БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ
30.10.2024
30-юми октябри соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаи дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорону мудирони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст вазири маориф ва илм ҷаласаро оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.
Сипас, гузориши сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ҳикматулло Саидзода оид ба «Натиҷаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2024-2025» шунида шуд.
Зимни баррасии масъалаҳои мазкур раиси ҷаласа иброз дошт, ки дар соли таҳсили 2024-2025 1269 квота барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 61 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ҷудо карда шуд, ки 651 ҷой барои духтарон ва 618 ҷой барои писарон мебошад. Гуфта шуд, ки боло бурдани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, таҳсили ҷавондухтарон ва ҷавонписарони деҳот тариқи квотаи президентӣ дар рушду тавсеаи самти таҳсилоти олии касбӣ омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад.
Дар идома сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ Умед Ҳасанзода доир ба риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар давраи тирамоҳу зимистонгузаронии солҳои 2024-2025 дар муассисаҳои соҳаи маориф суханронӣ намуда, иброз дошт, ки риояи қоидаҳои бехатарӣ барои пешгирӣ аз сӯхтор дар биною иншоотҳои соҳа амри зарурист.
Инчунин, гузориши директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Наврӯз Ҷумъамурод оид ба дастури методии «Инкишофи маърифати сенсории кӯдакони синни 2 - 4-сола» барои муассисаҳои томактабӣ, китоби дарсии «Алифбо ва матни ниёгон» барои хонандагони синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, китоби дарсии «Английский язык» (Забони англисӣ) барои хонандагони синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанд китоби дарсии дигар шунида шуд.
Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар охир, вазири маориф ва илм дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, боло бурдани сифати таълиму тарбия, фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон