06.05.2026

 img

6 майи соли ҷорӣ ҷаласаи онлайнии ситод оид ба масъалаҳои мубрами соҳаи маориф таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа сардорону мудирони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, роҳбарону мутахассисони сохторҳои марбутаи Вазорати маориф ва илм, инчунин масъулини муассисаҳои таълимӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

 

Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илм оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Зимни баромад таъкид гардид, ки сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди устувори соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил дар тамоми зинаҳои низоми маориф равона гардида, имрӯз ҳамчун заминаи асосии пешрафти ҷомеа хизмат мекунад. Татбиқи пайгиронаи сиёсати мазкур бояд вазифаи ҷонӣ ва пурмасъули ҳар як корманди соҳаи маориф ба ҳисоб равад.

 

Сипас, дар ҷараёни ҷаласа сармутахассиси раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илм Ш. Дӯстмуродов оид ба тартиби пардохти музди меҳнат, риояи талаботи муқарраргардидаи соҳа ва таъмини иҷрои саривақтии уҳдадориҳои молиявӣ баромад намуд.

 

Ҳамчунин, директори Маркази таълмию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Каримзода оид ба раванди аттестатсияи хонандагон, омодагӣ ба ҷамъбасти соли таҳсил ва таъмини шаффофияти баргузории аттестатсия баромад намуда, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои ташкиливу методӣ ба масъулин тавсияҳои мушаххас пешниҳод кард.

 

Дар идома, директори Маркази таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илм М. Давлатзода вобаста ба омодагӣ ба фаъолияти истироҳатгоҳҳои тобистона, фарогирии хонандагон ба истироҳату солимгардонӣ ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» суханронӣ намуда, оид ба дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои мазкур ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ ибрози назар намуд.

 

Дар ҷараёни муҳокима муовини вазири маориф ва илм ба маърузачиён вобаста ба масъалаҳои баррасишуда саволу пешниҳодҳо ироа намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, таҳкими назорат аз раванди таълим, баланд бардоштани масъулиятшиносии роҳбарон ва таъмини иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки иҷрои қатъии дастуру супоришҳои роҳбарияти соҳа, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таҳкими ҳамоҳангӣ миёни сохторҳои соҳаи маориф дар иҷрои вазифаҳо бояд дар меҳвари фаъолияти минбаъдаи ҳамаи масъулин қарор дошта бошад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ КОРИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ КОРИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ КОРИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ БО НАМОЯНДАИ БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНӢ 7 майи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо намояндаи кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) дар Тоҷикистон Симон Ҳоллема баргузор гардид.   Дар оғози мулоқот вазири маориф ва илм Симон Ҳоллемаро ба муносибати таъин гардиданаш ба ҳайси мудири кишварӣ ва намояндаи доимии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда муваффақият орзу кард.   Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар самти татбиқи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022–2027 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Таъкид гардид, ки айни замон Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ зиёда аз 1800 муассисаи таҳсилоти умумиро бо орди гандуми ғанигардонидашуда, равғани растанӣ ва нахуд таъмин менамояд. Амалисозии барномаи мазкур бо саҳми мақомоти маҳаллӣ ва падару модарон ба роҳ монда шуда, онҳо хароҷоти коммуналӣ, аз ҷумла, пардохти нерӯи барқ, об, сӯзишворӣ ва дигар хароҷоти вобастаро таъмин менамоянд.   Дар идомаи мулоқот зикр шуд, ки бо мақсади такмили низоми ғизои мактабӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди ғизои мактабиро барои солҳои 2022–2027 қабул намуд ва татбиқи он идома дорад. Барномаи мазкур ба баланд бардоштани сифати ғизои мактабӣ, беҳтар намудани инфрасохтори ошхонаҳои мактабӣ ва таъмини хонандагон бо ғизои солиму мутавозин равона гардидааст.   Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки дар доираи татбиқи Барномаи давлатӣ аз соли 2022 маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои ташкили ғизои мактабӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ оғоз гардидааст. Дар натиҷа, шумораи муассисаҳои фарогири барнома аз 43 муассисаи соли 2022 ба 176 муассиса дар соли 2026 расида, ҳаҷми маблағгузорӣ аз 5,5 миллион сомонӣ то ба 37 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.   Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ Бахши ғизои мактабӣ таъсис дода шуда, фаъолияти самаранок дорад.   Зикр шуд, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аввалин давлатест, ки ба Эътилофи ҷаҳонии ғизои мактабӣ ҳамроҳ гардидааст.   Дар рафти мулоқот вазири маориф ва илм ба масъалаи таъхири дастрасии маводи ғизоӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Қайд гардид, ки аз моҳи январи соли 2026 то имрӯз баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маводи ғизоӣ дарёфт накардаанд, ки ин метавонад ба ҷараёни мунтазами ғизодиҳии хонандагон таъсири манфӣ расонад.   Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки вазорат ҷиҳати ҳарчи зудтар барқарор намудани таъминоти мунтазами маводи ғизоӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ, ҳамкории пайваста дорад ва пешниҳод намуд, ки муҳлати дастрас намудани маводи ғизоӣ бозбинӣ карда шавад.   Ҳамзамон, ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо ва тақвияти низоми мониторингу ҳисоботдиҳиро дар доираи созишномаҳои амалкунанда муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин замина таъкид гардид, ки амалисозии ҳама гуна чорабиниҳо дар самти ғизои мактабӣ бояд дар ҳамоҳангӣ бо мақоми ваколатдор дар соҳаи маориф ба роҳ монда шавад.   Дар доираи вохӯрӣ инчунин масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани шароити ошхонаҳои мактабӣ, таъмиру таҷҳизонидани онҳо ва таъмин намудани ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо маводи ғизоӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.   Дар фарҷоми мулоқот вазир ба Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ барои ҳамкориҳои судманд, аз ҷумла дастгирӣ дар самти татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ, инчунин мусоидат дар сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимии зарардида дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод изҳори миннатдорӣ намуд.   Дар анҷоми вохӯрӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба як қатор ҳуҷҷатҳои дахлдори ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти рушди ғизои мактабӣ ва таъмини хонандагон бо ғизои солиму босифат таъкид намуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    18

    07.05.2026
  •  img
    ИФТИТОҲИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ Имрӯз, 7 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.   Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.   Нахуст, меҳмонон бо шароити фароҳамгардидаи таълимӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз ва имкониятҳои илмии донишгоҳ шинос шуданд. Сипас, маросими расмии ифтитоҳи Олимпиада оғоз гардид.   Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии вазорат Ҳ. Саидзода, ректори донишгоҳ Ш. Мӯъминзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки баргузории чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ барои таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ, рушди тафаккури эҷодӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.   Қайд гардид, ки олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бо мақсади муайян намудани донишҳои энсиклопедии фаннӣ, такмили роҳу усулҳои таълим, рушди фаъолияти мустақилонаи донишҷӯён, омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, дарёфти чеҳраҳои лаёқатманди илмию зеҳнӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона миёни донишҷӯёни минтақаҳои гуногуни кишвар баргузор мегардад.   Зимни суханрониҳо махсус таъкид шуд, ки доир намудани олимпиада дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва устувор гардидани аҳду паймони рафоқат байни донишҷӯён мусоидат намуда, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро тақвият мебахшад.   Ҳамчунин, гуфта шуд, ки баргузории олимпиада дар бинои нави донишгоҳ, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 29 марти соли 2026 мавриди истифода қарор гирифтааст, гувоҳи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ба рушди илму маориф ва фароҳамсозии шароити арзандаи таҳсил барои ҷавонон мебошад.   Таъкид гардид, ки баргузории Олимпиадаи ҷумҳуриявии «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи таваҷҷуҳи хоссаи давлату Ҳукумати кишвар ба рушди илму маориф, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва таҳкими неруи зеҳнии ҷомеа мебошад. Зеро дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳамсозии шароити муосири таълиму тарбия, рушди тафаккури илмӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос заминаи устувор гузошта шуд.   Бинобар иттилои кумитаи тадорукот, дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии имсола 490 нафар донишҷӯ аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок менамоянд. Озмун аз рӯйи 15 фанни таълимӣ дар доираи ду равия — фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фанҳои табиатшиносию риёзӣ баргузор мегардад.   Тибқи тартиби муқарраргардида барои иҷрои супоришҳо ба донишҷӯён вақти муайян ҷудо гардида, ҷиҳати таъмини шаффофият ва баҳогузории одилона коршиносони соҳавӣ аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба кори доварӣ ҷалб шудаанд.   Дар анҷоми қисми ифтитоҳӣ иштирокчиён аз ҷониби масъулини кумитаи тадорукот бо тартиби баргузории Олимпиада шинос карда шуда, тибқи фанҳои таълимӣ ба синфхонаҳои имтиҳонӣ ҷудо гардиданд.

    28

    07.05.2026
  •  img
    ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДБЗХТ БА НОМИ СОТИМ УЛУҒЗОДА Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 6 майи соли 2026 маросими тақсимот ва сафарбарнамоии донишҷӯёни хатмкунандаи ихтисосҳои омӯзгорӣ баргузор гардид.   Дар он сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Саъдуллозода, ректори Донишгоҳ Ж. Гулназарзода, сардори шуъбаи пайгирии фаъолияти мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вазорат, сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси вазорат ва 25 намоянда аз шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ширкат доштанд.   Дар оғоз иттилоъ дода шуд, дар соли таҳсили 2025-2026 ба бахши таҷрибаомӯзӣ ва карера 735 нафар хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ пешниҳод шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 67 нафар зиёд мебошад. Аз он 316 нафар хатмкунадагони равияи омӯзгории шуъбаи рӯзона (нисбат ба соли гузашта 74 нафар зиёд мебошад).   Ҳамчунин 419 нафар хатмкунандагони равияи омӯзгории шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ (нисбат ба соли гузашта 7 нафар кам мебошад) ва донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд 42 нафар мебошанд.   Ректор донишгоҳ чорабиниро ифтитоҳ бахшида, дар бораи касби пуршарафи омӯзгорӣ, имконот ба омӯзгорони ҷавон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, эътимоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва дастгириву иқдомоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф ва илм сухан гуфта, инчунин, донишҷӯён, ки омӯзгорони оянда ҳастанд, ба масъулиянокиву дақиқкорӣ дар ин ҷодаи пурифтихору масъулиятпазир ҳидоят кард.   Дар идома, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илм хатмкардагони донишгоҳро ҷавонони саодатманду хуштолеъ номида, иброз дошт, ҷавонон бояд ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар ба донишандӯзиву забономӯзӣ машғул шуда, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар бардоранд.   Инчунин таъкид гардид, ки дар оянда хатмкардагони донишгоҳ бо дониши воло ва забондонӣ ҳамчун омӯзгорони муваффақ дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони миллат саҳми назаррас гузошта, онҳоро дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят менамоянд.

    42

    06.05.2026