БАРГУЗОРИИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗ БО ИШТИРОКИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ КАРИМЗОДА РАВШАН АЪЗАМ
18.10.2024
Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо муассисаи ҳамоҳангсоз миёни муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта буда, расонидани ёрии методӣ ба мактабҳои президентӣ, литсейҳо барои хонандагони болаёқат ва гимназияи ҷумҳуриявиро дар авлавияти кори худ қарор додааст.
Бо ҳадафи беҳтар гардонидани сифати таълим ва фаъолияти МДТ "Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон" ва МДТ "Листей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд" бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Равшан Аъзам ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат баргузор гардида, норасоиҳо ва камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти ин муассисаҳо баррасӣ карда шуда, барои дар тӯли се моҳ бартараф кардани норасоиҳо масъулин вазифадор карда шуданд.
Ҳамчунин, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки соҳаи маориф дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи калидиро дошта, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар муассисаҳои типи нав низ фаъолияти худро оғоз кардаанд. Аз ин рӯ, моро месазад, ки аз шароитҳои фароҳамоварда истифода бурда, нақши худро дар омода кардани хонандагони болаёқат барои ҳаракати олимпӣ ва заминагузорӣ барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос гузорем.
Бояд ёдовар шуд, ки аз тарафи ҳайати босалоҳияти Марказ фаъолияти МДТ "Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон" ва МДТ "Листей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд" баррасӣ гардида, сатҳу сифати азхудкунӣ, идоракунии сифати таҳсилот, таъминоти моддию техникӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ санҷида шуд. Пас аз он директорони муассисаҳои типи нави мақоми ҷумҳуриявидошта дар машғулиятҳои хонандагон ширкат варзида, мулоҳизаву эродҳои худро доир ба беҳтар кардани раванди машғулиятҳои таълимӣ иброз доштанд.
Дар поёни Шуро муовини вазири маориф ва илм ба директорон ва муовинон супоришҳои мушаххас барои бартараф кардани камбудиҳо ва норасоиҳои мавҷуда дода, онҳоро баҳри ҳарчи зудтар ҳал кардани норасоиҳои ҷойдошта раҳнамоӣ намуданд.