16.09.2026
16 сентябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи кишвар ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони сохтору идораҳои дахлдор, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар масъулони соҳа ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки омода намудани мутахассисони баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар яке аз масъалаҳои муҳимми рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар ин самт ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда зарур мебошад.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои марбут ба низоми омодасозии кадрҳои баландихтисос, ба роҳ мондани таҳсили мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, инчунин, тақвияти ҳамкориҳои байниидоравӣ дар самти тайёр намудани кадрҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки дар шароити муосир омода намудани мутахассисони дорои донишу малакаи касбии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва ниёзҳои рушди кишвар аҳаммияти муҳим дорад. Дар ин замина, истифодаи имкониятҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии хориҷӣ аз самтҳои муҳими омодасозии кадрҳо арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон, масъалаҳои такмили механизмҳои интихоби довталабон барои таҳсил дар хориҷи кишвар, муайян намудани самтҳои афзалиятноки омодасозии мутахассисон, мутобиқ намудани ихтисосҳо ба талаботи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва истифодаи самараноки неруи кадрӣ баррасӣ шуданд.
Дар идомаи ҷаласа роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба имкониятҳои муассисаҳо, самтҳои омодасозии кадрҳо, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои марбут ба рушди таҳсилоти касбӣ маълумот пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа ҷиҳати такмили низоми омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи кишвар, таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор, баланд бардоштани сифати таҳсил ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи рушди кишвар ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон