07.05.2025

7 майи соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ оид ба рафти татбиқи “Барномаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021–2025” ва “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода доир гардида, дар он роҳбарияти дастгоҳи марказӣ, намояндагони сохторҳои зертобеи вазорат ва гурӯҳҳои масъули татбиқи барномаҳои зикршуда иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини вазир таъкид намуд, ки соҳаи маориф пайваста зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар давоми солҳои охир барномаву стратегияҳои давлатӣ барои рушди соҳа таҳия ва амалӣ гардидаанд. Барномаҳое, ки дар ҷаласаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ба ҳадафҳои стратегии рушди соҳаи маориф дар самти такмили инфрасохтор ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ мусоидат менамоянд.
Дар идома ҳисоботи сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат Шарофиддин Асомиддинзода оид ба ҷараёни иҷрои барномаҳои мазкур шунида шуд. Зикр гардид, ки дар доираи Барномаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ то имрӯз як қатор муассисаҳо бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, корҳои таъмиру таҷдиди инфрасохтор низ ба таври марҳилавӣ идома доранд.
Ҳамзамон, доир ба раванди амалишавии Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ маълумот дода шуда, таъкид гардид, ки Вазорати маориф ва илм барои беҳтарсозии муҳити забономӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, зиёд намудани теъдоди омӯзгорони соҳибтахассуси забонҳои русӣ ва англисӣ, таҳияи дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсӣ, гузаронидани семинарҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон ва дигар чорабиниҳои марбут ба татбиқи босамари барнома дар назар дошта шудаанд.
Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои марбут ба ҳамоҳангсозии минбаъдаи барномаҳо, ҷалби васеи шарикони рушд ва татбиқи механизмҳои мониторинг ва баҳодиҳии натиҷаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми ҷаласа таклифу пешниҳодҳои иштирокдорон аз ҷониби роҳбарияти вазорат дастгирӣ ёфта, баҳри боз ҳам беҳтар гардидани иҷрои барномаҳои зикршуда тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон