10.06.2025

Имрӯз, 10 июни соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи назди муовини вазири маориф ва илм вобаста ба омӯзиши фаъолияти донишкадаҳои омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва шаҳри Панҷакент доир гардид.
Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода ифтитоҳ намуда, аҳамияти таҳлили фарогири фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ, хусусан дар минтақаҳо ва зарурати баланд бардоштани сатҳу сифати таълимро таъкид кард.
Зимни ҷаласа муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илм Хуршед Амирхонзода оид ба вазъи умумии фаъолияти донишкадаҳои мазкур суханронӣ намуда, натиҷаҳои таҳлил ва дурнамои массисаҳои зикршударо муаррифӣ кард.
Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда, донишкадаҳои омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва шаҳри Панҷакент дар айни замон аз рӯйи 21 ихтисос мутахассис омода менамоянд ва дар асоси талаботи бозори меҳнат дар соли оянда ихтисосҳо зиёд мегардад.
Дар масъалаи ҳайати омӯзгорӣ, дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 132 нафар омӯзгор ва дар Донишкади омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 142 нафар омӯзгор фаъолият доранд. Дар доираи баррасии сатҳи кадрҳои илмӣ зикр гардид, ки дар Рашт 24 нафар омӯзгори унвондор ва дар Панҷакент 65 нафар унвондор фаъолият мекунанд.
Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаи мазкур, қайд намуд, ки дар баробари дастовардҳо дар донишкадаҳои мазкур камбудиҳои сатҳӣ низ дида мешавад ва роҳбарияти муассисаҳои мазкурро мебояд, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.
Теъдоди донишҷӯён дар донишкадаи омӯзгории Рашт 3070 нафар ва дар Панҷакент 2399 нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли қаблӣ нишондиҳандаҳо тамоюли афзоиш доранд.
Гуфта шуд, ки Донишкадаи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дорои 6 факултет ва 13 кафедра ва донишкадаи шаҳри Панҷакент дорои 7 факултет ва 13 кафедра мебошад.
Дар интиҳои ҷаласа масъалаҳои марбут ба мукаммалсозии заминаи моддиву техникӣ, боло бурдани сатҳи касбии омӯзгорон ва ҳавасмандсозии донишҷӯёни лаёқатманд низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон