05.06.2025

 img

 

5 июни соли 2025 бо мақсади шиносоӣ аз раванди баргузории имтиҳонҳои аз синф ба синфгузаронӣ ва имтиҳонҳои хатм, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3 ва №4-и ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуд.

 

Дар ҷараёни боздид, муовини вазир аз ҷараёни ташкили имтиҳонҳои давлатӣ, иштироки хонандагон, мутобиқати раванд ба дастурамалҳои тасдиқгардидаи Вазорати маориф ва илм, инчунин аз сатҳи омодагии хонандагон ба имтиҳонҳо шинос гардид.

 

Муовини вазир бо омӯзгорон, хонандагон, роҳбарияти муассисаҳо ва масъулони шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ суҳбат ороста, ба масъалаҳои марбут ба сифати таълим, таҳкими интизоми дохилимактабӣ, риояи сарулибоси тавсиявӣ ва пешгирии ҷамъоварии маблағ аз хонандагон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

 

Ҳамзамон, муовини вазир таваҷҷуҳро ба масъалаи машғул шудан ба китобхонӣ ва такрори донишҳои андӯхта дар мавсими таътили тобистона ҷалб намуда, ба хонандагон ва омӯзгорон тавсия дод, ки вақти холии худро самаранок истифода баранд ва дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» фаъолона иштирок намоянд.

 

Инчунин, масъалаи шаффофияти ҷараёни имтиҳонҳо ва пешгирии ҳама гуна ҳолатҳои ҷамъоварии маблағҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ аз хонандагон ва падару модарон махсус таъкид гардид. Муовини вазир ба роҳбарияти муассисаҳо дастур дод, ки назорати ҷиддӣ ҷиҳати риояи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда шавад.

 

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои дигар