02.07.2025

 img

Рӯзи 2 июли соли ҷорӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода аз фаъолияти истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Шарора»-и шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, «Зимчуруд»-и шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ва «Файзи Истиқлол»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ намуд.

 

Зимни сафари корӣ муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода дар ҳузури мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои болозикр Кучарзода Ҳусния, Нуряминзода Саида ва директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Муяссара Давлатзода бо ҳайати кормандони омӯзгорӣ ва истироҳаткунандагон суҳбат ороста, аз ташкили раванди истироҳатгоҳ, ҷои хоб, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, таъминот бо маводи хӯрокворӣ аз наздик шинос шуданд. 

 

Мавриди қайд аст, ки дар басти дуюми истироҳатгоҳи «Шарора» 190 нафар кӯдакону наврасон, аз ҷумла кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои ниёзманд, ғолибони олимпиадаҳои фаннии даврҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ, инчунин 30 нафар хонандагони мактаб-интернат ба истироҳат ҷалб карда шудаанд.

 

Дар истироҳатгоҳи «Зимчуруд» дар басти дуюм 250 нафар кӯдакону наврасон, аз ҷумла 30 нафар хонандагони мактаб-интернат ва дар истироҳатгоҳи «Файзи Истиқлол» 450 нафар наврасон ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд.

 

Зимни мулоқот муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ба ҳайати кормандони истироҳатгоҳҳо барои фароҳам овардани шароити мусоид миннатдорӣ баён намуда, ҷиҳати омодагӣ ба басти сеюм супоришҳои мушаххас дод.

  • Боздиди муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода аз истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ  img
  • Боздиди муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода аз истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ  img
  • Боздиди муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода аз истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ  img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Фаъолияти раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат дар шаш моҳи соли 2025 2 июли соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи раёсати маориф ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳаи фаъолияти раёсат бо иштироки муовини раиси шаҳр Мирзозода Баҳриддин, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Асомиддинзода Шарофиддин, сардори раёсати маориф Назруллозода Зиёратшо, инчунин кормандони раёсат, директорони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони кӯдакистонҳо баргузор гардид.   Суханронии асосиро сардори раёсат Назруллозода Зиёратшо бо пешниҳоди ҳисоботи муфассали фаъолияти шашмоҳа ироа намуд.   Сипас намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддинзода Шарофиддин вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷалби кӯдакон ба таҳсили томактабӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ изҳори назар кард.   Мирзозода Баҳриддин, муовини раиси шаҳр низ оид ба масъалаҳои зикршуда андешаронӣ карда, ба масъулини соҳаи маориф дастуру супоришҳои мушаххас дод.   Дар анҷом як қатор омӯзгорон, директорон ва кормандони фаъол бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

    21

    02.07.2025
  •  img
    БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАРИМЗОДА РАВШАН АЗ ИСТИРОҲАТГОҲИ БЕРУНАЗШАҲРИИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ "ШАРОРА" Санаи 2 июли соли 2025, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан бо мақсади шиносоӣ бо шароити истироҳату фароғат ва барномаҳои таълимиву тарбиявии кӯдакон ва наврасон аз истироҳатгоҳи беруназшаҳрии шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе боздид ба амал овард.   Дар ҷараёни боздид, муовини вазир бо роҳбарияти истироҳатгоҳ, тарбиятгирандагон ва роҳбарони гурӯҳҳо вохӯрӣ анҷом дода, аз шароити будубоши кӯдакон, барномаҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ шинос гардид. Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар мавсими тобистони 2025 ва татбиқи сиёсати давлатии наврасону ҷавонон, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии кӯдакон дар рӯзҳои истироҳат таъкидҳои зарурӣ баён карда шуданд.   Каримзода Равшан ташаббусҳои роҳбарият ва кормандони истироҳатгоҳро ҷиҳати фароҳам овардани муҳити солим ва фаъол барои истироҳати кӯдакон мусбат арзёбӣ намуда, пешниҳоди ҷорӣ намудани унсурҳои таълими экологӣ, ватандӯстӣ ва худогоҳиро дар барномаҳои истироҳатӣ муҳим шуморид.   Дар анҷоми боздид, роҳбарияти истироҳатгоҳ барои таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии Вазорати маориф ва илм изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки ҷиҳати беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва истироҳати кӯдакон минбаъд низ тадбирҳои иловагӣ андешида хоҳанд шуд.

    25

    02.07.2025
  •  img
    ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ЛАНДТАГИ МУЗОФОТИ ФЕДЕРОЛИИ САКСОНИЯ-АНҲАЛТИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН Имрӯз, 1 июли соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо Президенти Ландтаги музофоти федеролии Саксония-Анҳалти Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Гуннар Шелленберген баргузор гардид.   Дар вохӯрӣ муовини якуми вазир, муовини вазир, сардорони раёсатҳои дахлдори вазорат, инчунин, директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.   Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими робитаҳои дуҷониба дар самти маориф ва илмро мавриди баррасӣ қарор доданд. Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки рушди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои Тоҷикистон дорои аҳаммияти стратегӣ буда, заминаи муҳимми рушди низоми таҳсилот ва илмро фароҳам меорад. Айни замон, дар шаш муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон таълими забони олмонӣ ба роҳ монда шуда, шумораи умумии донишҷӯёне, ки ин забонро меомӯзанд, ба 1708 нафар мерасад. Илова бар ин, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз 17 ҳазору 100 хонанда ба омӯзиши забони олмонӣ ҷалб гардидаанд.   Бо вуҷуди дастовардҳои зикршуда, вазир таъкид намуд, ки то кунун ҳамкориҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои Олмон ба таври кофӣ ба роҳ монда нашудаанд. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм пешниҳод менамояд, ки робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Олмон ба роҳ монда шаванд, мубодилаи барномаҳои инноватсионӣ ва тадқиқоти муштараки илмӣ миёни муассисаҳо густариш ёбанд, курсҳои омӯзиши забони олмонӣ барои такмили малакаи омӯзгорон ташкил карда шаванд, ҳамкориҳо миёни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва сохторҳои илмии Олмон таҳким ёбанд, намояндагии фондҳои бурсиявии олмонӣ дар назди Маркази барномаҳои байналмилалӣ таъсис дода шавад, донишҷӯёне, ки забони олмониро дар сатҳи муошират аз худ намудаанд, ба барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ва корҳои мавсимӣ дар Олмон ҷалб гарданд, фаъолияти Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD) дар шаҳри Душанбе васеъ баррасӣ шавад ва масъалаи идомаи лоиҳаи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (НСИФТ – марҳилаи 4), ки аз ҷониби Бонки олмонии рушд маблағгузорӣ мегардад, мавриди муҳокима қарор гирад.   Ҷаноби Гуннар Шелленберген, Президенти Ландтаги музофоти федеролии Саксония-Анҳалт, зимни суханронии худ ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъкид намуд. Ӯ пешниҳод кард, ки барои рушди захираҳои инсонӣ ва густариши заминаҳои маориф, аз зинаи таҳсилоти томактабӣ то таҳсилоти олии касбӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд. Аз ҷумла, таъсиси боғча ва гимназияи хусусӣ бо забони олмонӣ, омодасозии мутахассисон дар шакли дуалӣ бо ҷалби таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳо, таъсиси донишгоҳи хусусии муштарак бо риштаҳои гуногуни таҳсилот, таъсиси марказҳои забономӯзӣ дар заминаи донишгоҳҳо ва таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои илмҳои геологӣ, энергетика ва дигар бахшҳои муҳим ба роҳ монда шаванд. Ҳамчунин, ҷиҳати тақвият бахшидани омӯзиши забони олмонӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон, марҳила ба марҳила чораҳои амалиро якҷо амалӣ намуда, имкониятҳои бурсиявӣ ва омӯзишӣ барои донишҷӯёни тоҷик бештар фароҳам оварда шаванд.   Дар фарҷоми мулоқот, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуда, изҳори умед карданд, ки дидору гуфтугӯҳои баргузоршуда ба таҳкими муносибатҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки нав заминаи боэътимод мегузоранд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    71

    01.07.2025