30.05.2026

 img

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳияи Балҷувон боздид намуд.

 

Зимни боздид вазири маориф ва илм аз раванди таълиму тарбия, ҳолати синфхонаҳо, таъминоти моддию техникӣ ва ҷараёни баргузории дарсҳо шиносоӣ пайдо намуда, бо роҳбарият, омӯзгорон ва хонандагон суҳбат анҷом дод.

 

Дар ҷараёни шиносоӣ мутаассифона маълум гардид, ки ягон қисме аз хонандаҳо дар дарсҳо ҳузур надошта, баъзе аз синфхонаҳо ва муҳити таълимӣ ба талаботи санитарию гигиенӣ пурра ҷавобгӯ нестанд.

 

Вазири маориф ва илм ба чунин вазъият ишора намуда, таъкид кард, ки таъмин намудани иштироки мунтазами хонандагон дар дарсҳо, риояи қатъии ҷадвали дарсӣ ва фароҳам овардани шароити мувофиқи таълимӣ аз уҳдадориҳои аввалиндараҷаи роҳбарияти муассиса ва ҳайати омӯзгорон ба ҳисоб меравад.

 

Қайд гардид, ки беэътиноӣ нисбат ба раванди таълим, бахусус дар синфҳои хатмкунанда, метавонад ба сатҳи донишандӯзии хонандагон таъсири манфӣ расонида, омодагии онҳоро ба имтиҳонҳои давлатӣ ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зери хатар гузорад.

 

Ҳамзамон, зимни суҳбат бо роҳбарияти муассиса ва омӯзгорон вазир ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани ҳолати санитарию гигиении синфхонаҳо, тақвияти назорат аз болои иштироки хонандагон, баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии хатмкунандагон ба имтиҳонҳои давлатӣ ва дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Дар фарҷоми боздид таъкид гардид, ки роҳбарияти муассиса бояд бо масъулияти баланд барои ислоҳи камбудиҳо, ташкили муҳити солими таълимӣ ва ҷалби фаъоли хонандагон ба дарсҳо тадбирҳои фаврӣ ва муассир андешад.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МТМУ №34-И НОҲИЯИ БАЛҶУВОН img
  • БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МТМУ №34-И НОҲИЯИ БАЛҶУВОН img
  • БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МТМУ №34-И НОҲИЯИ БАЛҶУВОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Ҳамватанони арҷманд!   Волидайни муҳтарам!   Кӯдакону дӯстрӯякони азиз!   Имрӯз дар кишвари маҳбуби мо чун дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.   Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо самимона табрик гуфта, ба ҳар як кӯдаки хушбахту толеъбаланди кишвар саломатии комил, иқболи нек ва соҳиби донишу маърифати баланд гардиданро орзу менамоям.   Кӯдакон сарвати гаронбаҳо ва ояндаи дурахшони миллат маҳсуб ёфта, Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, барои рушду инкишоф, таълим ва камолоти шоистаи онҳо заминаҳои мусоиди ҳуқуқиро муҳайё намудааст.   Таҳти таваҷҷуҳи бевосита ва ғамхории падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар барномаҳои ҳадафманд дар бахшҳои ҳифзи ҳуқуқ, солимӣ, тавонбахшӣ, таҳсилоти босифат ва рушди зеҳнию маънавии кӯдакон бомувафаққият амалӣ гардида истодаанд.     Набояд фаромӯш созем, ки тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва илмомӯзӣ заминаи асосии рушди ҷомеаи солиму пешрафта ба шумор меравад.   Бо ифтихор аз насли соҳибмаърифат ва ояндасози кишвар бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик гуфта, ба кулли кӯдакони мо овони ширини кӯдакӣ, рӯзгори пурнишот ва фардои дурахшонро дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллии Тоҷикистони азизамон орзу менамоям.   Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак, ҳамдиёрони азиз!

    36

    01.06.2026
  •  img
    ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ТАБАССУМИ КӮДАКОН ОҒОЗ МЕШАВАД Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон   Ҳамватанони арҷманд!   Муҳтарам аҳли маориф!   Кӯдакон бузургтарин неъмати зиндагӣ, идомабахши наслҳо ва рамзи ҷовидонии миллатанд. Табассуми кӯдакон муждаи фардои нек, қадамҳои онҳо оғози роҳи ободии Ватан ва ҳар муваффақияти онҳо дастоварди ҷомеа ба шумор меравад. Аз ҳамин ҷост, ки дар тамоми ҷаҳон ғамхорӣ ба кӯдакон ҳамчун яке аз муҳимтарин вазифаҳои давлат ва ҷомеа эътироф гардида, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ба меҳвари сиёсати иҷтимоии кишварҳои пешрафта табдил ёфтааст.   Боиси сарфарозист, ки ҳамасола дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон 1 июн дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад ва ин далелу бозгӯи дастгирию ҳимояи кӯдакон ва эҳтирому арҷгузории ҳуқуқу манфиатҳои онҳо мебошад. Ҳамчунин, таҷлили ин сана як навъ даъват аз аҳли ҷомеа, омӯзгорон, волидайн ва тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ мебошад, ки барои ҳаёти хушбахтона, таълиму тарбия ва таъмини фардои дурахшони насли наврас пайваста ғамхорӣ зоҳир намоянд, зеро кӯдакон ояндаи ободу осудаи ҳар як давлату миллат, сарвати нодиру беназири ҳар як оила ба шумор мераванд ва ифодагари бахту саодати ҷомеа мебошанд. Аз ин ҷост, ки дар саросари олам ба таъмини зиндагии шоистаи кӯдакон, дастгирии ҳаматарафаи онҳо ва ба таҳсили наврасон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир карда мешавад. Бо ҳадафи ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон Созмони Милали Муттаҳид санади муҳимми байналмилалӣ – Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро таҳия ва қабул намудааст. Иҷрои кулли талаботу дастурҳои ин санад аз ҷониби тамоми кишварҳои дунё ҳатмист ва зимни он тақозо мешавад, ки дар ҳамаи олам кӯдакон ба ғамхорию муҳофизат фаро гирифта шаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлол гаштан Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро соли 1993 ба тасвиб расонд уҳдадор шуд, ки ҳамеша баҳри риояву иҷрои талаботи ин санади байналмилалӣ ҷидду ҷаҳд хоҳад кард. Тибқи Конвенсияи мазкур, ҳар фарди аз 18-сола хурд кӯдак ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сиёсати хирадмандонаи худ ба ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон ҳамчун ояндасозони миллат эътибори пайваста ва махсус зоҳир менамоянд, вобаст ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чунин зикр намудаанд: «Ин сана ба мо-калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо кӯдаконро бояд самимона дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки онҳо ҷой диҳем. Кӯдакон ояндаи моянд ва ба мо фараҳу шодмонӣ, бахту саодат эҳдо мекунанд».   Бояд гуфт, ки бештар аз 41 дарсади аҳолии кишвари моро кӯдакон ташкил медиҳанд ва барои рушду такомули ҳаматарафаи онҳо дар мамлакат тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Дар ҷумҳуриамон дар заминаи қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст, ки далели эҳтиром ба кӯдакон ва риояи қатъии тамоми ҳуқуқҳои онҳо мебошад.   Хушбахтона, соҳаи маорифи мамлакат дар самти кор бо кӯдакон, фароҳамоварии шароити зарурию созгор барои таҳсил ва тарбияи онҳо хеле фаъол аст ва ин масъала дар меҳвари тадбирҳои ҳамешагии Вазорати маориф ва илм қарор дорад. Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар садҳо кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, маркази рушди кӯдак ва иншооти варзишию фарҳангӣ бунёд гардидаанд ва бунёдкорию созандагиҳо дар ин самт бомаром идома доранд. Тамоми кӯдакони мо бо таҳсил дар шароити беҳтарин фаро гирифта шудаанд ва ба таълиму тарбияи онҳо мураббиёну омӯзгорони фаъолу соҳибтаҷриба ва ғамхору фидокор машғуланд.   Дар диёри арҷманди мо дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» барои дастгирию раҳнамоӣ ва тарбияву омӯзиши кӯдакон ҳар як узви ҷомеа масъулу вазифадор аст, яъне, таъмини ҳаёти шоиставу файзбори насли наврас вазифаи ҳамагонист.   Муҳимтар аз ҳама, боиси ифтихори мост, ки имрӯз таҳти сиёсати маорифпарварона ва инсонмеҳваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакону наврасон дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат қарор дошта, барои таълиму тарбия, рушди истеъдод ва ташаккули шахсияти онҳо беҳтарин имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.   Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тамоми кӯдакон, волидону устодон ва аҳли кишварро самимона табрик мегӯям ва таманнои онро дорам, ки фазои кӯдакони Тоҷикистони азиз ҳамеша софу беғубор бошад, табассум аз лабони кӯдакон ҳаргиз канда нашавад ва онҳо доимо дар заминаи сулҳу ваҳдати кишвар ҳаёти осоиштаву хушбахтона дошта бошанд.   Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон фархунда бод!

    64

    01.06.2026
  •  img
    БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН 30 майи соли 2026 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, дар якҷоягӣ бо раиси ноҳия  Холзода Муҳамадшариф аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Сариҳавзи Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия дидан намуданд.   Бояд қайд намуд, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, соҳибкорон, корхонаву ташкилотҳо, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шабонарӯзӣ бо маром рафта истода, камбудиҳо дар ин самт бартараф гардида истодааст.    Вобаста ба рафти корҳо Ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шудааст.    Намояндаи Ҳукумати кишвар, вазири маориф ва илм вобаста ба босифати баланд анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва бартараф намудани оқибатҳои шусташавии соҳили дарё дар маҳалли аҳолинишин, дастуру супоришҳои мушаххас доданд. 

    19

    30.05.2026