21.07.2025

 img

Бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025 – 2030) дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ихтисоси нав — иқтисоди рақамӣ ва амнияти автоматикунонии системаи иттилоот дар идоракунӣ дар зинаи бакалавриат ва магистратура таъсис дода шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода иттилоъ дод.

 

Даврон Сафарзода иброз намуд, ки дар Академияи идоракунии давлатӣ дар соли таҳсили 2024-2025 374 омӯзгори дорои унвон ва дараҷаи илмӣ фаъолият дошта, шумораи умумии донишҷӯён ва магистрантон 5092 нафарро ташкил медиҳад.

 

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ҳавасманд гардонидани олимон ва муҳаққиқон барои анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ барои ҳимояи рисолаҳои илмии номзадӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ 15 000 сомонӣ маблағ муқаррар гардидааст.

 

Ҳамзамон иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби устодону профессорони Академия 545 маводи илмӣ-таҳқиқотӣ ва интишорӣ омода карда шудааст.

  • Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ду ихтисоси нав таъсис ёфт img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Муғулистон дар Қасри миллат Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом зимни мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Муғулистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олиқадр, Президенти Муғулистон ва ҳайати расмии ин кишварро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушди ҳамаҷонибаи робитаҳо бо Муғулистони дӯст таъкид карданд.   Сарвари давлати мо изҳори боварӣ намуданд, ки табодули афкори судманди имрӯза ба раванди   таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду кишвар такони мусбат хоҳад бахшид.   Зимни ёдоварӣ аз аҳамияти муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва  тавсеаи равобити байнипарлумонӣ ҷонибҳо бар зарурати фаъол гардонидани кори Гурӯҳи муштараки дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ ҳамчун василаи муҳими густариши ҳамкории гуногунҷанба миёни ду кишвар таъкид намуданд.   Бо мақсади тавсеаи минбаъдаи маҷмӯи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ҷониби Тоҷикистон  таҳия ва қабули Барномаи ҳамкориҳо ва Роҳкори соҳавии амалҳои муштаракро оид ба афзоиши гардиши мол барои солҳои наздик пешниҳод кард. Ҳамзамон, таъсиси Шурои соҳибкории Тоҷикистон ва Муғулистон ба мақсад мувофиқ дониста шуд.   Дар ин зимн баргузории мунтазами ҳамоишҳои доираҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳҳои молу маҳсулоти ду кишвар муҳим дониста шуд.   Ҳамоиши аввалини доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии ҷонибҳо, ки имрӯз дар Душанбе баргузор мегардад, иқдоми муҳим дар ин самт арзёбӣ гардид.   Масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар бахши чорводорӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор доштанд.    Соҳаҳои саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хурокворӣ, ҳамчунин, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ миёни ду давлат маънидод гардид.   Масъалаи пешбурди рӯзномаи “сабз” ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мавриди назари ду ҷониб қарор дошт.    Самти дигари афзалиятноки ҳамкорӣ соҳаи сайёҳӣ номида шуд. Дар ин зимн Пешвои миллат имкониятҳои фарохи Тоҷикистонро ҷиҳати рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва офиятбахшӣ алоҳида қайд карданд.   Таваҷҷуҳи зиёд ба масъалаи рушди ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ду кишвар, ҳамчун шакли муассири  густариши робитаҳои мустақими иқтисодӣ зоҳир гардид.   Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо бо ишора ба нақши муҳими  Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар пешбурди тамоми маҷмӯи робитаҳои Тоҷикистону Муғулистон, зарурати шурӯи фаъолияти онро дар ояндаи наздик салоҳ донистанд.   Ба масоили вобаста ба густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ  таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон  дар Тоҷикистон қадами аввали муҳим дар ин самт арзёбӣ шуд.   Тарафҳо, ҳамчунин, аз тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои илм, маориф, васоити ахбори омма, осорхонаҳо, сиёсати ҷавонон ва варзиш ҷонибдорӣ намуданд.   Ҳамзамон, дар робита ба масъалаҳои мубрами  рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом ёфта, ҷонибҳо аз идомаи ҳамкории созандаи ду давлат дар ин ҷода дар доираи ниҳодҳои бисёрҷониба, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он ҷонибдорӣ карданд.   Сарвари давлати мо аз мусоидати пайвастаи ҷониби Муғулистон дар пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим изҳори қаноатмандӣ карда,  хостори ҳамкориҳои амалии ду кишвар дар муқовимат алайҳи хатару таҳдидҳои амниятӣ гардиданд.

    35

    24.07.2025
  •  img
    Оғози сафари давлатии Президенти Муғулистон ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат Бегоҳии 23 июл Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.   24 июл маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста шуда буд, баргузор гардид.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух самимона истиқбол намуда, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд.   Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.   Ҳамчунин ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Муғулистон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.   Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Муғулистон то 26 июл дар Тоҷикистон идома хоҳад ёфт. Дар доираи  он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ, ҳамчунин,  рӯзҳои фарҳанги Муғулистон баргузор мегардад.

    23

    24.07.2025
  •  img
    КОРНОМАҲОИ ҶОВИДОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ (ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ) ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ АЗ ДИДГОҲИ  ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ   «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат падидаи истиқлоли давлатиро армуғони тақдир намешуморад. Ба ин рӯйдод аз чаҳорчӯбаи таърихи беш аз панҷҳазорсолаи миллати тоҷик менигарад. Таъкид месозад, ки ормони истиқлолият аз нахустин лаҳзаҳои шаклгирии миллати тоҷик арзи ҳастӣ кардааст. Шароити мушаххаси таърихи пайдоиш ва рушди ҷаҳонбиниеро, ки мустақилияти сиёсии миллатро дар назар дошт, ёдрас менамояд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 11)   «Масъалаи соҳибихтиёрӣ барои Роҳбари давлат хусусияти танҳо хуқуқӣ, ифтихорӣ, декларативӣ ва идеявӣ надорад. Чунин мафҳуми муқаддасро ӯ дар ҳамоҳангӣ бо алоқаи диалектикии моҳиятӣ мебинад. Ҳидоят менамояд, ки маънии онро бояд ҳамагон омӯзанд ва андеша кунанд» (Ҳамон ҷо. – С. 12).   «Мафҳуми «истиқлолият» дар фармудаҳои Пешвои миллат маънии фароҳамсозии «имконият»-ро дорад. Имконият ба давлат, ба ҳукумат, ба зиёиён, ба табақаҳои гуногуни ҷомеа – аз хурд то бузург, ба ҳар фарде, ки зарфият, қобилияти фикрронии комил ва тафаккури солим дорад ва сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ, мансубият ба дину мазҳаб, худро соҳибватан мешуморад» (Ҳамон ҷо. – С. 13).   «Дар андешаи Сарвари давлат истиқлолият аз бузургтарин муқаддасоти моддӣ ва маънавии миллати тоҷик тафсир карда мешавад. Мантиқи сохтории ин истилоҳ посух гуфтан ба ниёзҳои созгор ба манфиатҳои миллиро дар бар мегирад. Барои дарки амиқи масъала Пешвои миллат арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарии «Ватан», «миллат» ва «ваҳдат»-ро, ки аз ҷиҳати семантикӣ ҳамрадифи «истиқлол» мебошанд, истифода менамояд. Чунин тарзи изҳори назар илман асоснок аст» (Ҳамон ҷо. – С. 15-16).   «Агар муҳимтарин офаридаҳои табиат обу ҳаво бошанд, ки бе онҳо дар рӯйи замин ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад, дар суханҳои ҳикматомӯзи Сарвари давлат истиқлол барои миллат айнан ҳамин ҷойгоҳро дорад» (Ҳамон ҷо. – С. 16).   «Сарвари давлат ҳимоя ва таъмини ҳадафҳои истиқлоли миллиро аз вазифаҳои муштараки, пеш аз ҳама, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ тавассути ба эътибор гирифтани воқеияти моддӣ, маънавӣ, амалкарди давлатдории миллӣ ва таҷрибаи фарҳанги сиёсии сатҳи байналмилалӣ мешуморад» (Ҳамон ҷо. – С. 18).   «Сарвари давлат дар масъалаҳои таҳким ва ҳифзи истиқлол, пеш аз ҳама, ба ҷаҳонбинӣ, маърифати баланд, нангу номус ва сатҳи масъулиятшиносии мардуми бофарҳанги Тоҷикистон такя мекунад.  Ҳидоят менамояд, ки миллат марҳалаҳои ҳассосу мушкили хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро дар амал ва сарбаландона паси сар кунад. Ҳар фард дар алоҳидагӣ моҳияти Ватан ва масъулияти ватандориро эҳсос намояд» (Ҳамон ҷо. – С. 21).   «Сарвари давлат ба мафҳумҳои «Ваҳдат» ва «Истиқлол» маънои низомсоз медиҳад ва онҳоро бо ҳамдигар зич, вобаста медонад. Дар ҳамин асос муътақид аст, ки ин арзишҳои муқаддас дӯстиву бародарии тамоми сокинони Ватани азизамонро таҳким мебахшанд» (Ҳамон ҷо. – С. 26).   «Таълимоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат решаҳои амиқи гносеологӣ дорад. Ҳангоми асоснок кардани муҳимтарин масъалаҳои мавҷудияти халқи тоҷик мекӯшад, ки мардум, алалхусус ҷавонон қонунмандиҳои ба истиқлоли давлатӣ расидани миллати тоҷикро фаҳманд. Донанд, ки чунин дастоварди бузург чӣ асоси таърихӣ дорад. Марҳалаҳои аслии таърихи навтарини миллати тоҷик – ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба  сулҳу   ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ аз чиҳо иборатанд» (Ҳамон ҷо. – С. 27).   «... истиқлолияти давлатӣ дар таълимоти Сарвари давлат аз мавзуъҳои меҳварӣ мебошад. Ин мафҳум тавассути истилоҳоти «таърихи панҷҳазорсолаи миллат», «забони тоҷикӣ», «мероси илмӣ, таърихӣ, адабӣ», «ёдгориҳои таърихӣ», «ҳокимияти сиёсӣ дар давлати Сомониён», «ҳувияти миллӣ», «хештаншиносӣ», «худшиносии миллӣ», «муборизаҳои озодихоҳонаи миллати тоҷик» ва монанди инҳо асоснок ва тафсир карда мешавад» (Ҳамон ҷо. – С. 58).   ТАЪРИХ ВА ТАШАККУЛИ МИЛЛАТ   «Ҳангоми таҳлили паҳлуҳои зуҳуроти раҳбарии сиёсӣ дар таҷрибаи давлатдории миллати тоҷик, ду намунаи барҷаста, мондагори таърих ва фалсафаи сиёсат намудор мегардад: корномаҳои шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Боиси таваҷҷуҳи махсуси илмӣ аст, ки соҳиби қудрати давлатдорӣ ва давлатсозӣ шудани ду шахсияти бузург омил ва хосиятҳои фавқулода (the situational factors) дорад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 7).   «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақте зимоми сиёсиро ба даст гирифт, ки қувваҳои худхоҳ, воқеан, низоми мутамарказонидашудаи давлати тоҷиконро, ки бо амри тақдир истиқлол касб карда буд, пора-пора карда буданд. Дар Тоҷикистон давлат ҳамчун мафҳуми ҳуқуқӣ вуҷуд надошт» (Ҳамон ҷо. – С. 8).   «Дар мантиқи баёни Пешвои миллат мазҳари омӯхтан, аз худ кардани арзишмандтарин дастовардҳои моддӣ ва маънавии таърихи беш аз сеҳазорсолаи миллат ҳамеша дар мадди назар аст. Он дар амалияи сиёсии давлатдории навин бо масъулияти бузург мавриди истифода қарор мегирад. Таъкид мешавад, ки дастовард ва мероси ниёгон бояд чун сарчашмаи маънавии худшиносии миллӣ хизмат кунад» (Ҳамон ҷо. – С. 14).   «Дар фармудаҳои Сарвари давлат аз замони вакили Маҷлиси Олӣ будани ӯ (солҳои 1990-1992) то ба имрӯз, ҳам дар қавл ва ҳам дар амал мантиқи такя кардан  ба илм, маориф, истифода аз роҳу усулҳое, ки дар таҷрибаи сиёсии давлатҳои мутамаддини олам санҷида шудаанд, барҷаста ба назар мерасад. Роҳи муборизаи ӯ ба хотири пешравӣ, рӯз ба рӯз беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардуми одӣ аст» (Ҳамон ҷо. – С. 15).   «Дар таълимоти Сардори давлат таърихи миллат аз ҷузъиёти сифатии эҳсоси ҳастӣ – забон, адабиёти пурғановат, хештаншиносиву худогоҳӣ ва ваҳдат иборат мебошад. Дар ин истилоҳот кӯшиши ба тарзи амалӣ нишон додани таҷрибаи таърихӣ – дастовардҳои муайян ҳамчун далели раднопазирии ҳастии миллати тамаддунсози мо возеҳ мушоҳида мегарданд ва онҳо ҳамчун арзишҳои эътирофгардидаи сатҳи ҷаҳонӣ ёдоварӣ мешаванд» (Ҳамон ҷо. – С. 28).   «Раҳбари давлат ҳангоми тафсир ва муаррифӣ кардани таърихи миллат эътиқодмандона ва бо ифтихор сухан мегӯяд. Дар роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ ва истиқлолият худкифо будани онро таъкид месозад. Сарчашмаи аслии рушд, аз як давра ба давраи дигар гузаштан, аз лиҳози сифат, маънавиёт ба мақоми таърихӣ расидани миллатро аз табиати ботинии худи ӯ медонад. Тақдири таърихии халқро аз лиҳози диалектикӣ шарҳ медиҳад. Инкишофи онро натиҷаи рақобат, зиддиятҳо, шикасту рехтҳо, эҳё ва дар набарди ҳастӣ пирӯз гаштанҳо мешуморад. Андешаи се даҳсолаи ахир  ба амри тақдир, ки ӯ раҳнамои халқ аст, барои таърих, имрӯз ва оянда далели кофии чунин натиҷагириҳо мебошад» (Ҳамон ҷо. – С. 33).   «Мантиқи ҷолиби таваҷҷуҳи истифодаи принсипи таърихият дар таълимоти Пешвои миллат ноил гаштан ба дарки воқеият – сарнавишти миллӣ ва натиҷаи он – худшиносии миллӣ аст. Таҳқиқоти ӯ дар ин маврид халқӣ, огоҳона, дастрас ва барои ҳамагон фаҳмо мебошанд» (Ҳамон ҷо. – С. 33).   «Мантиқи бузурги таълимоти Пешвои миллат аз воқеияти «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» сарчашма мегирад. Сарвари давлат дар амри равшангарӣ ва маърифатнокии миллат ба масъулияти таърихии аҳли донишу маърифат – зиёиён такя мекунад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 39).   «Баҳои Пешвои миллат нисбат ба шахсияти бузурги таърихӣ – Имоми Аъзам фавқулода муҳим аст. Тавассути ибрози чунин эҳтиром ва эътиқод Сарвари давлат ба ходимони дин намунаи олии миллатдӯстӣ ва ватанпарварии як мутафаккири тоҷикро дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ муаррифӣ мекунад» (Ҳамон ҷо. – С. 42).   «Мувофиқи таъкиди Пешвои миллат, зарур аст, ки насли ҷавон  ба омӯхтани таърих, адабиёт ва фалсафаи қадими худ фаро гирифта шавад. Хотиррасон менамояд, ки панду ҳикмати гузаштагони  мо на танҳо барои миллати тоҷик, балки дар ғанӣ гардонидани афкори пурҳикмати умумибашарӣ саҳми босазои худро гузоштаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 47).   «Сарвари давлат таърихи миллатро бо диққати хосса омӯхтааст. Сабабҳои бурду бохти онро таҳлил, баррасӣ ва арзёбӣ намудааст. Аз онҳо хулосаҳои барои  миллат ҳаётан ибратбахш ва шоистаи пайравиро гулчин кардааст. Принсипҳо, меъёрҳоеро муайян намудааст, ки тавассути амалӣ кардани онон фарзандони бонангу номуси халқи тоҷик дар тули таърих барои манзалат пайдо кардан, устувор гаштан, оламиёнро шиносонидан ва моил намудани онҳо барои эътирофи миллат, инчунин ҳимояи халқи тоҷик хизмати сазовор кардаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 47-48).   «Принсипи таърихияти тадқиқот дар таълимоти Сарвари давлат мавқеи калидӣ дорад. Тавассути он мехоҳад алоқамандии воқеият – тақдири миллати тоҷикро дар вобастагии пурра – бурду бохти ҳадди ақал ҳазорсолаи ахир амиқтар таҳлил, баррасӣ, арзёбӣ кунад, хулосаи асоснок барорад. Ба дигарон, ба мардум фаҳмонад» (Ҳамон ҷо. – С. 60).   «Имкони таърихӣ ба миллати тоҷик инқилоби бузург – Истиқлоли давлатиро ато намуд. Тавассути заҳматҳои шабонарӯзии Қаҳрамони миллати тоҷик пояҳои давлатдории миллӣ гузошта шуданд. Кишвар рӯ ба инкишоф ва тараққӣ ниҳод. Ҳамасрони мо шоҳиди ин таҳаввулоти куллӣ мебошанд. Чунин дигаргуниҳо ва пешрафт дар шароити ниҳоят мураккаби зиддиятҳои дохилӣ ва берунӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Онҳоро нодида гирифтан мумкин нест» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 6. Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 5).   «Роҳбари давлат ба қаҳрамониҳои фарзандони халқи тоҷик ҳамеша арҷгузорӣ мекунад. Кӯшиш менамояд, ки хотираи онҳоро ҷовидон гардонад. Тавассути овардани далелҳои таърихӣ ба ҳамватанон, махсусан зиёиён − шоирон, нависандагон, олимон, кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муаллимони мактабҳои оливу миёна, донишҷӯён, касоне, ки мансуб ба табақаи андешаву эҷод ҳастанд, маъниву мантиқи арзишҳои тоҷикиятро гаштаву баргашта ва возеҳу равшан фаҳмонад ва бузургони гузаштаи миллатро ҳамчун намунаи пайравӣ муаррифӣ намояд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 19)..   «Роҳбари давлат ҳамчун эҳёгари воқеии арзишҳои шукӯҳманди таърихӣ замони салтанати Сомониёнро бо ифтихори бузург ёдовар мешавад. Рушду нумӯи забони тоҷикиро натиҷаи истиқлоли давлатӣ мешуморад» (Ҳамон ҷо. – С. 21).   «Дар таълимоти Пешвои миллат нақши сиёсатмадорон, олимон, шоирон, нависандагон, мутафаккирон ва умуман зиёиён дар ташаккули халқи тоҷик, ҳифзи арзишҳои миллӣ, мубориза барои истиқлоли давлатӣ ва бунёди давлати тоҷикон дар тули таърих – аз давраҳои қадим, асрҳои миёна, замони нав ва муосир ба таври хосса таъкид мегардад» (Ҳамон ҷо. – С. 31-32).   «Роҳбари давлат симоҳои таърихии бузургони миллатро ҳамчун намояндаи фардии ҷомеаи замони худ мавриди таҳқиқ қарор дода, ҳамзамон бо ин, нобиғагӣ ва иродату садоқат ба халқ, мардонагӣ, ҷасурӣ, ташаббускорӣ дар роҳи амалӣ кардани идеалҳои пешқадами ҷомеа, истодагарӣ карда тавонистани онҳоро дар ҳифз ва пешбурди манфиатҳои миллӣ махсус таъкид кардааст» (Ҳамон ҷо. – С. 32).   «Ангезаи аслии ризоият додан ва расидан ба қудрати сиёсӣ дар мушкилтарин лаҳзаҳои ҳаёти ҷомеа барои Сарвари давлат хизмат ба мардуми кишвар буд. Зеро дар он замони мудҳиши террори ҷисмонӣ ва маънавӣ, қатлу ғорат, бесарусомонӣ, парешонӣ, яъне беқонунӣ касе ҷуръат ва ғайрати ҳокимият карданро надошт. Сиёсатмадорони ботаҷриба худро ба ҳар баҳона канор мегирифтанд. На танҳо қисмати зиёди мамлакат, балки пойтахти он ҳам наметавонист вазифаи конститутсионии худро адо намояд. Ҳадафи аслии Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ, ки ҳамзамон Сарварии давлатро ба уҳда дошт, пеш аз ҳама, ҳифзи манфиатҳои миллат, халқи азияткашида – оммаи васеи мардум буд. Хотираи некиҳо доимо кӯтоҳ аст. Аммо на танҳо ин насл, балки ҳадди ақал, ҳазор соли дигар набояд ин қаҳрамонии умумимиллӣ фаромӯш гардад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми II. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – С. 213).   «Ба ҳамин хотир, садои марғуладори ватанхоҳонаи Пешвои муаззами миллат: «Дӯст бошед! Тифоқ бошед! Ватани худ − Тоҷикистони азизро дӯст доред!» на танҳо барои ин насл, балки ҳазор соли дигар барои ҳама касоне, ки қобилияти шунидан доранд, ҳамчун мантиқи бузург – маҳсули таҷрибаи таърихи фоҷиабори миллат равона гардидааст. Ин нидо бояд бо сифати абадият, садсолаҳо бо ҳамин овози ҷавонмардонаи даъваткунанда, ҳар шому саҳар дар ҳар хонадон, дар ҳар макону хиёбон садо бидиҳад» (Ҳамон ҷо. – С. 236).   «Тамоми таълимоти Пешвои муаззами миллат ва моҳияти воқеии онро принсипҳои  ба вазъи имрӯзаи халқи тоҷик фақат аз нигоҳи таърихӣ ва дар алоқамандӣ бо ҳодисаҳои таърихӣ баҳо додан, дар муносибат бо таҷрибаи таърихие, ки ин миллат аз сар гузаронидааст, дар бар мегирад. Ин мантиқи комилан илмӣ аз лаҳзаҳои аввале, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзалати роҳбари давлат интихоб гардид, ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам амалӣ, баръало ба чашм мерасад» (Ҳамон ҷо. – С. 248).    «Пешоҳанги Эҳёи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз рӯзи аввали зимоми ҳокимиятро ба даст гирифтан дар ин роҳ собитқадамона, ҷоннисорона, қаҳрамонона мубориза мебарад. Ин далели таърихӣ аст» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 12. Эҳёи миллат – бақои давлат. – Хуҷанд: Ношир, 2024. – С. 40).   «Рӯзи 2-юми ноябри соли 1992, дар шароити ниҳоят мушкили вазъи сиёсӣ-ҳарбӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ дар шаҳри Кӯлоб сессияи вилоятӣ гузашт. Дар он вакилони халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи раиси вилоят интихоб карданд.    Мардум медонист, ки ин вазифа мушкилтарин, хатарноктарин ва масъулиятноктарин дар шароити онрӯзаи Тоҷикистон аст.    Раиси вилояти Кӯлоб бо вуҷуди вазъи сангини иқтисодии минтақа, гуруснагӣ, қаҳтӣ, нодорӣ, бесарусомонӣ, паҳншавии касалиҳои сироятии марговар, адами имконоти пурраи ҳарбӣ дар муқобили терроризм ва ҷанги хонумонсӯз, ҳамакнун масъулияти роҳбарии ғайрирасмии Ҷабҳаи миллии мубориза барои барқарор кардани сохти давлатдорӣ ва қонуниятро бар уҳдаи худ гирифт» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 280).   «Бо интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси вилояти Кӯлоб ва заҳматҳои шабонарӯзии ӯ бо мардум, сафарҳои пайдарпай ба маркази вилояти Қурғонтеппа, ки тақдири давлатдории тоҷикон дар он ҷо, дар мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ ҳаллу фасл мешуд, дар кӯтоҳтарин муддат вазъ ба манфиати барқарор кардани сохти конститутсионӣ тағйир меёфт» (Ҳамон ҷо. – С. 281-282).   «... дар дунё миллате вуҷуд надорад, ки худ ба худ соҳибдавлат гашта, мустақилият ва рушду нуму пайдо кунад, агар доҳиёни сиёсӣ, пешравони ҷонфидо ва қаҳрамононе надошта бошад, ки ҳамин ҳаракат, ҳамин ҷараён, ҳамин нияту мақсад ва ҳамин ормонҳоро бо сифатҳои бузурги шахсияти худ таъмин карда тавонанд.  Аммо дар бораи шахсияти бузург ҳамон вақт сухан мегӯянд, ки ӯ барои миллати худ хизматҳои бузург кардааст.   Дастоварди Иҷлосияи ХVI-ум, нуктаи бунёдии барои сарнавишти миллати тоҷик таъйинкунандаи он, бозёфт ва интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Роҳбари давлати тоҷикон буд.  Ва баръакс, бузургии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки бо ҷонфидоӣ ва корнамоиҳои дар тули таърихи ҳазорсола нотакрор, манзалати ин Иҷлосияро ҳамчун ифодаи хиради азалии миллати тоҷик абадӣ гардонд» (Ҳамон ҷо. – С. 282-283).   «Бо гузашти даҳсолаҳо дар бораи нақши аввалин поягузори давлатдории миллии тоҷикон дар ҳазораи ахир, ки бидуни шак, ба номи Эмомалӣ Раҳмон мансуб аст, бояд изҳор дошт: «кам аст, ки андеша ба ифода кардани воқеият кӯшиш намояд, бояд худи воқеият ҳам ба муҳтавои тафаккур тамоюли мутассил дошта бошад» (Ҳамон ҷо. – С. 283).   «Эътиқодмандии Президент ба ормону орзуҳои худ аз асоси воқеӣ бархӯрдор мебошад. Он бар  шуурнокии ҳақиқӣ, дарки реалии вазъ дар дохили мамлакат, минтақа ва кишварҳое, ки тақдири Тоҷикистон бо онҳо алоқамандӣ дорад, асос ёфтааст. Аз диди Роҳбари давлат, офарандаи таърих инсон аст. Ҳар шахс бояд масъулияти худро дар назди ҷамъият барои имрӯз ва оянда эҳсос кунад. Вазифаҳои худро донад. Онро бо дарки масъулият ва кулли имконоти руҳиву равонӣ ва ҷисмонӣ иҷро намояд» (Ҳамон ҷо. – С. 653).     «Эҳёи миллат барои Роҳбари давлат аз масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, бо супориши ӯ китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров  нашр ва ба ҳар як хонадони тоҷик туҳфа карда шуд. «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсиро чун қуръони Аҷам эътироф ва китоби рӯйимизии ҳар фарди ватанпарвар эълон кард» (Ҳамон ҷо. – С. 655).   НАҚШИ ШАХС ДАР ТАҚДИРИ МИЛЛАТ   «Боиси ифтихор аст, ки даврони Истиқлол  сабк, шева ва усули давлатдории миллати тоҷикро воқеият бахшид. Он тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва мудофиавиро дар бар мегирад. Мактаби давлатдории миллӣ усулан созмон ёфт. Бунёдгузори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зарур аст, ки ин мактаб ба таври фарогир мавриди таҳқиқоти илмӣ, таҳлил, омӯзиш ва баҳрабардорӣ барои имрӯзу фардо қарор бигирад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 8. Аристотел: давлат ва сиёсат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 4-5).   «Хиради азалӣ, интихоби ягона роҳи дурусти раванди сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, қобилияти бузурги ташкилотчигӣ, иродаи қавии сиёсӣ, кордонӣ, ҷавонмардӣ, қудрати дар атрофи худ сарҷамъ кардани қишрҳои гуногуни ҷомеа, сарфи назар аз ҷаҳонбинӣ ва манзалати иҷтимоӣ, ба як мақсад сафарбар карда тавонистани оммаи мардум аз омилҳои асосии обрӯ, эътироф, эътимод ва ба маҳбубияти умумимиллӣ сарфароз гаштани Раҳбар ва Пешвои миллати тоҷик мебошад. Дар ин вазъият, Пешвои миллат ва мардум дар якҷоягӣ ба қувваи бузурги умумихалқӣ мубаддал гаштаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 67).   «Асарҳои офаридаи Пешвои муаззами миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Забони миллат – ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои Истиқлол» ва монанди инҳо, ки дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд, намунаҳои олии таҳлили паҳлуҳои ҳаётан муҳимми зиндагии миллати тоҷик дар тули ҳазорсолаҳо ва замони муосир мебошанд.  Асарҳои Пешвои миллат таҳқиқи ҳамаҷонибаи воқеият ва таҷрибаи таърихии ташаккулёбии миллати тоҷик, дастовард, мушкилот ва бурду бохтҳои онро дар гузашта ва даврони мо дар бар мегиранд. Дар паёмҳо, суханрониҳо, муколама бо мардум самтҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, минтақа ва ҷаҳон мавриди таҳлил, арзёбӣ, хулосабарорӣ ва раҳнамоӣ қарор гирифтаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 67).   «Таълимоти Пешвои миллат – таҳлили илмиву назариявии таҷрибаи таърихии миллати тоҷик ва ҷараёни амалии бунёди давлати миллии тоҷикон дар замони Истиқлол аз ниёзҳои воқеии иҷтимоии давлатдории мо барои имрӯз ва фардо аст. Ҳангоми чунин таҳқиқ бори дигар муайян мегардад, ки чӣ гуна ин назария ва амалияи давлатдорӣ – ҳамчун ганҷинаи бебаҳо ва дастоварди таърихии мо – на танҳо хоси заковатмандии миллати тоҷик аст, аз таърихи илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ сарчашма мегирад, балки илм ва тамаддуни ҷаҳониро бо сифатҳои арзишманди худ ғанӣ мегардонад» (Ҳамон ҷо. – С. 68).   «Бар асари ҷанги хонумонсӯз, ки онро дӯсткушони душманпарвар бо сад маккорӣ ва ҷилваю ҳилагарӣ рӯйи кор оварданд ва имрӯз ҳам аз кардаи худ изҳори пушаймонӣ надоранд, садҳо ҳазор хона вайрон, сағиру кабир ҳайрон, мардум саргардон  шуданд. Сарвари давлат – сарвару сарпарасти бепарасторон гашт» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 8. Достони ҷавонмардӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 299).   «Таҳлили сифатии фаъолони ба саҳнаи сиёсии солҳои навадуми асри гузашта воридшуда – яке аз фоҷиабортарин давраи таърихии миллати тоҷик, нишонгари он аст, ки бидуни чунин шахсияти бузурге мисли Эмомалӣ Раҳмон, расидани миллати парокандагашта ба сулҳу субот ва таъсиси давлати ягонаи соҳибистиқлол ва ба пайроҳаи рушд раҳнамун сохтани он, ғайриимкон буд» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 655).   «Ҳамзамон бо ин, мо ҷонибдори он ақида ҳастем, ки зуҳуроти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти фавқулодаи сиёсӣ дар таърихи миллати тоҷик, падидаи ғайриинтизор нест. Ӯ  ифодакунандаи  рушду камол, хираду андешаи таърихии миллати тоҷик дар роҳи Истиқлоли давлатӣ, маҳсули асрҳост, ки дар нақши ин абармарди сиёсат таҷассум ёфт. Эҳёгари ормону орзуҳои миллат дар ҳазораи ахир гашт» (Ҳамон ҷо. – С. 655).   «Насли охири асри ХХ ва оғози нимаи аввали асри ХХI мушоҳидачии фаъоли заҳматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати амалии давлатдорӣ – ташкил ва раҳбарии ҳукумат, пешбурди кори соҳаҳои ҳаётан муҳим ва тақдирсози сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, коркард ва роҳандозии соҳаҳои ҳаётан муҳимми давлатдорӣ  –  иқтисодӣ, иҷтимоӣ, амниятӣ, мудофиавӣ, илм, маориф ва фарҳанг мебошад» (Ҳамон ҷо. – С. 656).   «Нобиғагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки дар натиҷаи тадқиқи мавод ва таҷрибаи таърихӣ, махсусан, воқеияти талхи солҳои аввали мустақилият дар ҳаёти халқи тоҷик, муборизаҳои шадиди геополитикии муосир ва зарурати ҳаётии ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистон, бо таълифи асар ва суханрониҳои андешамандонаи дар умқи фикр сайқалдида, консепсияи Истиқлоли давлатӣ, масъалаҳои хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро илман коркард ва ба ҳамватанон пешкаш кард» (Ҳамон ҷо. – С. 657).   «Эҷоди асарҳои илмӣ, ибрози мавқеи сиёсӣ дар шакли паём, баёния, суханронӣ, гуфтугӯи мустақим бо халқ аз ҷониби Сарвари давлат аввалин таҷриба дар  таърихи давлатдории тоҷикон  аст. Дар ин ҳуҷҷатҳо ва ибрози ақидаҳо муҳимтарин сабк, усул, роҳ ва воситаҳои давлатдорӣ, раҳбарии ҷомеа дар лаҳзаҳои мураккаб ва тақдирсози миллати тоҷик ифодаи худро ёфтаанд. Ҳаётан зарур аст, ки барои наслҳои имрӯз ва оянда ин хирадсолорӣ ва оини давлатдории Пешвои миллат дар асоси методологияи илмӣ мавриди тадқиқ қарор бигирад. Чунин омӯзиш фарогири тамоми соҳаҳои давлатдорӣ – сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бошад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 62).   ДУРАХШОН АСТ БО РАФТОР, БО КИРДОР, БО ГУФТОР     «Дар рафтор, гуфтор ва зиндагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун инсон ман шахсияти поктинат, одӣ, хоксор, фурӯтан, хушсуҳбат, нектабиат, ҳимматбаланд, фарди доно ва роҳбари тавоно, фасеҳгуфтор, марди худогоҳу ватандӯст, эҳёгари анъана ва бузургии ниёкон, таърихофарин, пайвандгари тоҷикон, ангезандаи руҳи миллӣ, муҳофизи Ватан, масъулиятшинос, руҳбахш, пуркору накукору пурсаъйу қарин ба одамони меҳнатӣ ва дардошноро дарёфтам.  Ӯ воқеан, меҳнатдӯст ва заҳматқарин аст.   Дар шоҳидӣ ва пеши назари мо садҳо, ҳазорҳо амале ба намоиш гузошт, ки ӯро ҳамчун ҷавонмард, фарзанди баруманди ин сарзамин, ҷонфидо ба хотири сулҳу субот, ваҳдат, якпорчагии Ватан, обрӯ, манзалат ва тақдири таърихии миллат ва давлати тоҷикон муаррифӣ кард» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 657-658).   «Аз таълимоти Сарвари давлат бармеояд, ки фард дар замони худ ҳамон вақт узви фаъоли муносиботи ҷамъиятӣ шуда метавонад, ки аз лиҳози объективӣ ҷонибдори асили манфиатҳои миллӣ бошад ва аз лиҳози субъективӣ – ҷаҳонбинӣ, тарзи тафаккур ва муҳокимаронӣ аз худ амалҳои созгор ба рушди миллӣ нишон диҳад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 32).   «Дар нигоштаҳои Пешвои миллат фарзандони содиқи халқи тоҷик ҳамчун мардоне тасвир ёфтаанд, ки дар лаҳзаҳои барои миллат ҳассос ва басо хатарнок ба майдон омада, ҳаёту мамоти худро ба хотири ҳимоя, пойдорӣ, бардавомии давлати тоҷикон бахшидаанд. Шахсият, рӯҳи ботинии онҳо ба пуррагӣ ба мақсадҳои бузург ва тақдири таърихии миллат тавъам омадааст» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 59-60).   ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ХЕШТАНШИНОСӢ –  ПОЯИ ДАВЛАТДОРӢ   «Дар баёни маъниҳои худшиносӣ ва ваҳдат Сарвари давлат андешаи миллиро дар ҷойи аввал мегузорад ва таъкид мекунад, ки чунин тасаввурот вақте зуҳур меёбад ва аз худ қотеона дарак медиҳад, ки мафҳумҳои «замини аҷдодӣ», «Ватан», масъулияти шинохт ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба ҷузъиёти муҳимми ҷаҳонбинии шаҳрвандон мубаддал гардад, яъне дарки воқеияти маънавӣ бошад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 23).   «Пешвои миллат ҷаҳонбинӣ ва андешаи миллиро бо далелҳои эътироф ва эҳтироми урфу одат ва анъанаҳои деринаи мардумӣ омили муҳим барои худшиносии миллӣ мешуморад. Дар ин лаҳза на танҳо  қудрати истодагарӣ карда тавонистани фарҳанги миллати тоҷик ба бегонагон, балки ба маънавиёти истилогарон таъсир расонидан, бар онон пирӯз гаштан ишора карда мешавад» (Ҳамон ҷо. – С. 24-25).   «Дар таълифи Сарвари давлат масъалаи меҳварӣ, яъне хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал меистад. Ӯ гаштаву баргашта хотиррасон  мекунад, ки инсон бояд қувва ва имконоти худро дар вобастагии кулл бо доираи манфиатҳои миллӣ дарёбад, таърихи миллатро донад,  худро нисбат ба тақдири Ватан масъул шуморад ва худкифо бошад» (Ҳамон ҷо. – С. 26).   «Дар таълимоти Пешвои миллат таърихи халқ маҷмуи равандҳо ва натиҷаҳое мебошад, ки худи фарзандони миллат офаридаанд ва ба онҳо муваффақ шудаанд. Ҳамзамон бо ин, шахсиятҳои бузурги таърихӣ, ки худро ҳамчун қаҳрамон ва номбардорони миллат муаррифӣ кардаанд, ба некӣ ёдоварӣ карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, зарурати аз онҳо ибрат гирифтан ва ба онҳо пайравӣ карданро таъкид месозад» (Ҳамон ҷо. – С. 26).   «Панду андарзҳои Сарвари давлат дар масъалаи тақвияту таҳкими ваҳдати миллӣ ва пояҳои давлатдорӣ дар Тоҷикистон решаҳои боэътимоди илмӣ доранд. Муттаҳидии мардум, пойдории сулҳу субот, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ҳамчун шартҳои ҳифзи манфиатҳои кишвар ва афзоиши неруи иқтисодии мамлакат ҳамчун омилҳои муҳимтарини рушди давлатдории миллӣ эътироф гардидаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 26-27).   «Нақди ганҷинаи идеяи Пешвои миллат сохтани давлати миллӣ аст. Ғарб маҳз тавассути фарзандони бонангу номусаш ҳанӯз чорсад сол қабл ба чунин хулоса омада буд. Ва ин шакли давлатдориро пазируфт. Онро бунёд кард. Афзалият ва самараи ин сохт дар олам маъруф гашт. Ба чунин ниҳоди сиёсии дар таҷрибаи пешқадами инсоният санҷидашуда бо заҳмат ва  ҷонбозиҳои Сарвари давлат дар сарзамини тоҷикон асос гузошта шуд. Он аз лиҳози ҳуқуқӣ ва воқеӣ бунёд гардид» (Ҳамон ҷо. – С. 29).   «Агар суханони Сарвари давлат дар бораи ин фидоиёни халқи тоҷик гаштаву баргашта мавриди омӯзиш қарор дода шаванд, намунаи олии ватандорӣ, сифати комили шахсият, ки барои сохтан, рушд кардани давлати миллӣ, ҳифз кардани манфиатҳои он зарур аст, баръало намудор мегардад» (Ҳамон ҷо. – С. 48).   «Дар таълимоти Сарвари давлат масъалаи тарбияи инсон характери муназзам, сохторӣ ва амалӣ дорад. Он тамоми ҷанбаҳои ташаккули инсонро дар бар мегирад. Аммо тарбияи ахлоқиву маънавӣ дар он мавқеи марказиро ишғол мекунад. Тавассути заҳматҳои бедареғу шабонарӯзӣ Пешвои миллат мекӯшад дар ботини ҳамватанон, ки ӯ ҳаёту мамоти худро ба онҳо бахшидааст, ҳиссиёти баланди арзишҳои меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ ташаккул ёбад» (Ҳамон ҷо. – С. 51).   «Дарки амиқи амалӣ намудани рукнҳои маънавиёти миллӣ  дар партави корномаи Пешвои миллат, аз аркони  ниҳоят аҳаммиятноки худшиносии миллӣ мебошад. Мағз андар мағзи онро садоқат ба Ватан, манфиатҳои миллӣ, ташаккули тафаккури илмӣ нисбат ба воқеоти олам, минтақа ва ҷомеаи мо ташкил мекунад. Моҳияти чунин муносиботро мақсадҳои воқеан ҳаётӣ – зарурати ногузири ба инобат гирифтани таносуби вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва он вазифаҳои ҳаётан муҳимме, ки барои сохтани давлати миллӣ, рушди иқтисодиёт, таъмини амнияти миллӣ хос мебошанд, дар бар мегирад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 8. Достони ҷавонмардӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 308-309).   «Ҳамасрони мо шоҳиданд, ки хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ ва дар ҳамин замина сохтани давлати миллӣ, ки ормони ҳазорсолаи мардуми тоҷик буд, аз мақсадҳои меҳварии Роҳбари давлат маҳсуб мегардад. Суханони дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон сабтшуда ва умедбахши Роҳбари нав интихобгардидаи миллати тоҷик − «Ман ба шумо сулҳ меорам!» азми таърихӣ ва амалҳои ҷонфидоёнаи ӯ, навиди созандагӣ ба ҳар хонадони мамлакати ҷангзадаи дур аз маъмур ва мардуми хастаи ранҷур нур бахшид» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 27).   «Садоқатмандӣ ва эътиқоди бепоёни ӯ ба халқ, собитқадамӣ дар роҳи иҷрои паймон, истодагарӣ дар масири пешгирифта, таъмини сулҳ, ваҳдат, рушди устувори миллӣ, сарфи назар аз мушкилот, таҳдид ва хатарҳои ҷонӣ, омилҳои аслии хештаншиносӣ ва худшиносии миллии қишрҳои асосии ҷомеа гардид. Ҳаммаром будани иқдомҳои Пешвои миллат бо ормонҳои мардум ба иҷро гаштани нақшаҳои барои мамлакат созгор такони ҷиддӣ бахшиданд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми II. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – С. 224).    «Роҳбари давлат ҳанӯз дар рӯзи аввали расидан ба қудрати сиёсӣ, масъалаи эҳёи миллиро эълон ва давоми се даҳсолаи ахир онро аз лиҳози назариявӣ коркард, тасдиқ ва дар таҷрибаи амалӣ ҷонфидоёна роҳандозӣ намуд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 12. Эҳёи миллат – бақои давлат. – Хуҷанд: Ношир, 2024. – С. 5).   «Ҳақиқати эътирофгардида аст, ки Даврони Эҳёи миллати тоҷик дар марҳилаи навин аз аввалин суханони Роҳбари тозаинтихобгаштаи давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Қасри Арбоб оғоз гардид. Минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳои барномавӣ, Паёмҳо, таълифот ва таълимоти бунёдии худ барои ҳар фарди тоҷик ҳаётан муҳим будани Эҳёи миллатро асоснок кард. Принсипҳои асосӣ, сарчашма, роҳ, восита ва усулҳои ба он ноил гаштанро фаҳмонд. Ин равандро дар сиёсати амалӣ, бо азму разми ҷавонмардӣ тавассути бузургтарин чорабиниҳои дар таърихи миллати тоҷик беназир собитқадамона тасдиқ намуд» (Ҳамон ҷо. – С. 28-29).   «Таҳлили назария ва амалияи сиёсии Сарвари кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки идеали асосии ӯ сохтани давлати миллӣ тавассути тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, таъмини ваҳдати миллӣ бар пояи баланд бардоштани некуаҳволии мардум аст» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 652).      «Ман, ҳамчун шаҳрванд шоҳиди воқеӣ ва иштирокдори раванди сиёсати амалӣ зери раҳбарии Қаҳрамони миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастам.  Аз ин лиҳоз, барои мо арзишмандии табиат ва нақши шахсияти Раҳбар дар тулуи мушкилнафаси давлатдории миллӣ, шароити ниҳоят сангини гирдоби таърихӣ, даврони тақдирсоз, қонунмандии ҷараёни тараққиёти ҷамъиятии замон чун оина равшан аст» (Ҳамон ҷо. – С. 649).   «Яке аз самтҳои омӯзиши сифати шахсияти раҳбар, инъикоси фаъолияти ӯ дар ҳолати динамикӣ – қудрати пешрафт, ҳалли мушкилот ва сарнавишти сиёсии ҷомеа, ки новобаста аз иродаи зимомдори мамлакат арзи вуҷуд кардааст,  маҳсуб мегардад.  Насли мо шоҳиди сиёсати амалии Сарвари кишвар дар мушкилтарин даврони давлатдории тоҷикон, охири асри ХХ ва нимаи аввали асри ХХI аст» (Ҳамон ҷо. – С. 649).    СУХАН ҶОН МЕГИРАД АНДАР КАЛОМАШ   «Қудрати суханварӣ, маъниофаринӣ, ифодаи бурро ва шевои  Пешвои миллати тоҷикон ниёз ба таҳлил, тадқиқ, омӯзиш, арзёбии дақиқ ва пайравиро дорад.  Ҳангоме ки Сарвари давлат дар боби муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ, ватанпарварӣ, истиқлолият, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ ҳарф мезанад, аз перояи нангу номус ва ҷавонмардӣ баҳс меорояд, аз маъниҳои барҷаста, калима ва таркибҳои суфтаву дилчаспу форам ва муассиру ҷозибадор устодона истифода мекунад.  Пешвои миллат ба тани сухан ҷон ва ба дили пурармони мардуми азиятдида ва меҳнатқарини кишвараш дармон мебахшад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019.– С. 9-10).   «... суханҳои Пешвои миллат шакли мансури Суруди миллии мо мебошанд: Ватан модари ягона аст. Бақои он бақои хонадони мо мебошад. Ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, дар сурате ки мо соҳибватан бошем» (Ҳамон ҷо.  – С. 16).    «Дар масъалаи тарбия мантиқи суханҳои Сарвари давлат дар он ифода меёбад, ки ахлоқи ҳамида, масъулиятшиносӣ ва донишҳо аз насл ба насл намегузаранд. Падару модар, мактаб, маориф, васоити ахбори воқеан миллӣ, муҳити атроф бо такя ба таҷрибаи таърихии халқи мо, намунаҳои олии қаҳрамонӣ, ҷавонмардии фарзандони он ва мероси адабӣ, бояд бикӯшанд, ки насли ба ниёзҳои имрӯза ва оянда посухгӯи давлатдории миллиро тарбия кунанд» (Ҳамон ҷо. – С. 49).   «Маҳсули эҷоди Пешвои муаззами миллат ганҷинаи суханҳои пандомӯз аст, ки «гарди баёнаш ба сад рисола барояд». Мутолиаи гаштаву баргаштаи ин хазинаи маънӣ, бешубҳа, натиҷаи таҷрибаи воқеияти зиндагии Қаҳрамони миллат – аз овони ҷавонӣ, камолот, бурду бохти раҳи ниҳоят мушкил ва озмудани бахти хеш дар уқёнуси пурталотуми сиёсат ба манфиати сарҷамъ кардани миллати парешони худи ӯ мебошад. Гавҳар аз баҳр баровардан – гузаштан аз ҷон аст. Дар олам ҳақиқати номуайян нест. Ҳақиқат доимо мушаххас аст. Давлат сохтан аз сарзамине, ки аз он амалан ва танҳо номи ҷуғрофӣ боқӣ монда буд, ҳамин мантиқро дорад. Ҳарорат ва ҷозибаи маъниҳои ифодакунандаи Пешвои миллат чунин воқеиятро тасдиқ мекунад» (Ҳамон ҷо. – С. 61).   «Воқеан, сухандонӣ, суханшиносӣ, суханварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат барои ҳар нафаре, ки тоҷик аст, ба лафзи дарӣ, форсӣ ҳарф мезанад, худро тахассусманди соҳаи забоншиносии тоҷик ва донишманди меъёрҳои забони адабии ҳозираи тоҷик мешуморад, ибратомӯз ва намунаи олӣ аст.  Суҳбати қаҳрамони асар бо табақаҳои гуногуни ҷомеа – кӯдакон, наврасон, куҳансолон, ҷавонон, кишоварзон, коргарон, аҳли фарҳанг, илму адаб, сиёсатмадорон ва муҳофизони Ватан, бо интихоби мавзуъ, мазмун, мундариҷа, муҳтаво, тарзи масъалагузорӣ, ҳидоят ва маслиҳат оид ба ҳаллу фасли онҳо, аз якдигар фарқ мекунанд. Захираи бойи луғавӣ, донистани руҳияи қишрҳои гуногун – аъзо ва авзои ҷомеа, шароити воқеии зисту зиндагӣ, кору фаъолият, муваффақият ва мушкилоти онон, ҳисси ниҳоят баланди масъулият, сидқу сафо, ҳусни ният нисбат ба имрӯзу фардои халқу миллати сипосгузораш, мададгори аслии фаъолияти рӯзмарраи ӯ бо мардуми кишвараш мебошад. Барояш муяссар мегардад, ки дар ҳар маърака барқосо чун «муродбахши дили беқарори мардум», «аниси хотири умедворон»  ва «ғамгусор»-и (таъбирҳо аз Ҳофиз) миллати дар роҳи маслакаш мисли ӯ ва дар пайравии ӯ ҷонфидо, ҳамчун гӯшту нохун дар тамос ва дарки маънавӣ бошад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 8. Достони ҷавонмардӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 306).   «Пешвои миллат дар китобу мақолаҳои илмӣ, суханрониҳои сиёсӣ, гуфтугӯҳои мустақим бо аҳли зиё ва мардум муҳимтарин масъалаҳои забоншиносии тоҷикро мавриди омӯзиши дақиқ, таҳлилу арзёбии амиқ қарор дод. Боиси ифтихор аст, Роҳбари давлат дидгоҳи хешро бо забони шево, лаҳни гуворо, барои омма фаҳмо, бо истифода аз далелҳои раднопазири таърихӣ ва санъати бузурги сухандониву суханварӣ иброз медорад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 8).   «Баҳраварии дараҷаи аъло аз захираҳои бойи луғавии забони модарӣ, сабки ороиши сухан бо дарназардошти фазо ва муҳити сухангӯӣ аз муҳимтарин омилҳои нишонрас будани мусоҳибаҳои Пешвои миллат аст. Ҳамчунон, бо мантиқи муъҷаз, муассир ва  фасеҳ, бо ҷобаҷогузории намунавии задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ, ки аз донистани нозукии тобишҳои семантикӣ ва семасиологии лексикаи забони модарӣ шаҳодат медиҳад, таваҷҷуҳи мардум ба суханрониҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беихтиёр ҷалб мегардад» (Ҳамон ҷо. – С. 66).   «Пешвои миллат аз камтарин роҳбарони озмудашудаи сиёсии олам аст, ки дар доираи матни гузориш ва гуфтугӯи озод, бо такя ба далелу рақам ва мисолҳои баҳснопазир, бо қудрати маънавӣ ва фарҳанги волои суханварӣ сомеонро тасхир мекунад. Ва моҳияти давлатдории хешро ба дилу дидаи омма мерасонад. Иқрор бояд гашт, ки ин кори чандон саҳл нест» (Ҳамон ҷо. – С. 66-67).   «Забон ва тарзи баёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳайси мактаби бузурги фарҳанги муколамаи сиёсӣ, бояд дар доираи мавзуи махсуси таҳқиқоти илмӣ ҳамчун ҷузъи санъат ва оини давлатдории миллии тоҷикон омӯхта ва ба наслҳо пешкаш гардад» (Ҳамон ҷо. – С. 67).   «Услуби таҳқиқоти илмӣ, таҳлилу баррасии мураккабтарин зуҳуроти таърихӣ ва олами муосир, ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа, хулосаҳои ниҳоят муҳим, бомулоҳиза ва усули суханварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кулли соҳаҳои давлатдорӣ нишонгари дарки воқеият ва тавони барҷастаи истифодаи имконоти забони модарӣ аст. Чунин сатҳи донистани забони модарӣ бо тамоми ҷузъиёт ва назокати семантикӣ, семасиологӣ, орфоэпӣ, фонетикӣ, морфологӣ, синтаксисӣ на танҳо барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, устодони донишгоҳҳо, муаллимони мактабҳои миёна, кормандони васоити ахбори умум, балки барои тамоми нафароне, ки умуман бо мардум, махсусан бо ҷавонон сару кор доранд, шахсоне, ки забони адабии ҳозираи тоҷикро аз худ карданианд, намунаи омӯзиш, мактаби суханварӣ – дарси мантиқии давлатдорӣ  аст» (Ҳамон ҷо. – С. 67-68).   «Аввалин суханронӣ ва муколамаи Роҳбари давлат бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ моро дар мубориза барои  барқарор кардани тартиботи конститутсионӣ дар мамлакат дилпур намуд.  Мо, дафъатан, эътимоди пурра пайдо намудем, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон шахсиятест, ки зери роҳбарии ӯ метавонем тамоми мушкилоти ҷомеаро паси сар созем. Тартибот ва волоияти қонунро дар давлат барқарор кунем. Ба терроризм ва ифротгароӣ хотима бахшем. Душманони миллати тоҷикро ҳам дар дохил ва ҳам дар берун дасткӯтоҳ намоем» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 284).   «Руҳу қавииродагии Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бо суханронии буррову ҷавонмардона, масъулиятшиносии огоҳона, дар тасаввури мо эҳсоси таҳамтани мубориз ва фидоии ҳақиқии Ватан, эҳёкунандаи давлати миллии мо, тоҷиконро ба вуҷуд овард» (Ҳамон ҷо. – С. 284).   «Мо бошем, бояд вазифаи худро иҷро мекардем. Мо дастпарварони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будем, ки доимо таъкид мекард: «Мо давлатдор ҳастем! Мо бояд миллати худро сарҷамъ кунем. Онҳоро парасторӣ намоем. Миллати мо ғайр аз худи мо дар ягон гӯшаву канори дунё пуштибони дигар надорад. Таъмини ваҳдату ягонагӣ – вазифаи ҷонии мост»» (Ҳамон ҷо. – С. 340-341).   «Аз ҷумлаи сифатҳои инфиродии Роҳбари давлати Тоҷикистон, ки мавриди эътирофи умум гаштаанд, волотарин мақом дар байни аҳли сухан дорад. Болотарин манзалат дар иҷрои қавлу амал ӯрост. Ба ҳамин васила, шуҳрату шарафу обрӯ касб кард. Мардум ӯро Пешво хонд» (Ҳамон ҷо. – С. 654).    БА ДИЛҲО РОҲ ЁБАД ҲАР ПАЁМАШ   «Омӯзиши таърихи навтарини миллати тоҷик нишонгари он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҳз тавассути Ақл, Хирад, Тадбир ва тавоноии Сухан, ки аз ҷавҳари маънавиёти бузурги ӯ сарчашма мегиранд, тавъам бо рафтори ҷавонмардонааш тавонист дар дилу дидаи мардум ҷо шавад, ба кишвар сулҳ биёрад ва суботу амниятро дар Ватани азияткашидаи мо барқарор созад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 9).   «Ҳар як муколамаи Пешвои миллат, тавре ҷомеа шоҳиди он аст, озод, бо салоҳият ва масъулияти бузурги давлатдорӣ, бо таҳлил, далелнокӣ, муқоиса, арҷгузорӣ ба меҳнати деҳқонон, коргарон, соҳибкорон, зиёиён, серталабӣ нисбат ба мақомоти иҷроияи ҳокимият ва дигар сохторҳои давлатӣ сурат мегирад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми II. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – С. 206).   «Муҳимтарин нуктае, ки дар оини раҳбарии Сарвари тоҷикон ҳамчун сабк, шеваи барҷаста ва услуби муошират бо мардум ба назар мерасад, ифодаи маъниҳои тақдирсоз бо забони шево, оммафаҳм ва дилчаспу ҷозибадор мебошад. Хиради азалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавассути сидқан аз бар намудан ва ба тарзи хастанопазир сайқал додани донишҳои энтсиклопедӣ, такрор ба такрор дар таҷрибаи зиндагӣ санҷидани онҳо исбот гардидааст, мактаби махсуси давлатсозӣ ва раҳбарии муваффақона аст. Онро ҳамчун намунаи пайравии рӯзмарра ва стратегияи давлатдорӣ бояд омӯхт. Қонунмандиҳои аз нестӣ раҳонидан, ҳаст кардан, ба масири тараққиёти устувор расонидан ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани як миллати куҳанбунёди бо тақдири фоҷеабор борҳо рӯбарӯшударо барои наслҳои имрӯз ва оянда ҳамчун сабақ манзур сохт» (Ҳамон ҷо. – С. 206-207).   «Дар баробари чунин сабки муоширати сиёсӣ, яке аз муҳимтарин шакли муколама – Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони халқ мебошад. Омӯзиши паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат нишонгари он аст, ки дар ҳуҷҷатҳои зикргардида вазъияти давлат таҳлил ва арзёбӣ мегардад. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии мамлакат на танҳо дар муддати як сол, балки барои даҳсолаҳои минбаъда коркард ва эълон карда мешаванд» (Ҳамон ҷо. – С. 207).   «Паёмҳои Пешвои миллат хусусияти моҳиятӣ доранд. Дараҷаи алоқамандии диалектикии тамоми бахшҳои низоми сиёсиро бо субъекти марказии ҳокимияти давлатӣ муайян мекунанд. Самаранокии онро тафсир ва баҳогузорӣ менамоянд. Камбудиҳоро ошкор месозанд. Роҳҳои ислоҳи он ва уфуқҳои рушди миллиро дар ояндаи наздику дур нишон медиҳанд» (Ҳамон ҷо. – С. 207).   «Бори сеюм буд, ки барои таъйинот ба дафтари кории Сарвари кишвар даъват шуда  будам. Ҳар дафъа аз муносибат, кордонӣ ва хирадмандии шахсияте, ки аз хокистари сӯзон мамлакати шукуфон сохтааст, бо таҳаммул ва давлатсолорӣ ҷӯяндаи муваффақи мушкилтарин масъалаҳои дохилӣ ва хориҷии сиёсати мамлакат мебошад, дар шигифт мемондам. Шахсияти одӣ, фурӯтан, хоксор, ниҳоят масъул, иродатманд,  ҳамзамон бо ин, бо тамоюли дарки мусоҳиб, иқтидори фитрии муҳокимаронии тахассусмандона дар мавзуи мадди назари давлатдориро медидам.         Чунин муносибат ба шахс боварӣ мебахшид. Ӯро барои боз ҳам бо сидқу сафо заҳмат кашидан ҳидоят ва дили ӯро ба кор гарм мекард» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 474-475).   «Солҳо, мутобиқ ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ман Сардори давлатро дар сафарҳо ҳамроҳӣ кардаам. Барои донистан, ӯ на танҳо одамонро ба ҳузури худ мепазирад, балки пеши онҳо меравад, то шахсан ба аҳвол ва кору борашон шинос шавад. Ҳар як сухану амалаш барои он такрорнашаванда ва ҷолиби таваҷҷуҳанд, ки натиҷаи таҳлили таҷрибаи зиндагӣ буда, дарбаргирандаи ниёзҳои рӯзафзун ва тағйирёбандаи талаботи ҷамъиятист» (Ҳамон ҷо. – С. 652).    ЗАБОНИ МОДАРИРО ҲОМӢ БОШАД   «Агар Исмоили Сомонӣ ҳамчун асосгузори аввалин давлати тоҷикон ва ҳомии забон, илм, маърифат, маданият, фарҳангу адаби миллати тоҷик маъруф гашта бошад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бузургтарин абармардони таърих аст, ки на танҳо давлати навини тоҷиконро дар шароити ниҳоят мураккаб ва фоҷиабори ҷанги таҳмилии дохилӣ, парокандагии миллӣ, рақобати шадиди геополитикӣ асос гузошт, балки дар роҳи эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ − таърих, забони модарӣ, маданият, фарҳанг, фидокориҳои бемисл нишон дод. Бо ибораи дигар, баробар бо наҷоти миллат нақши  наҷотбахши забони ӯро низ ба ҷо овард» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 7).   «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои шахсӣ тавассути Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ ва иқдомоти баробар ба онҳо мақом ва нуфузи забони модариро дар баландтарин поя гузошт. Донистан ва дар фаъолияти расмии давлатдорӣ, муносиботи байналхалқӣ афзалият бахшидан ба онро аз муҳимтарин вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард» (Ҳамон ҷо. – С. 7).   «Дар замони раҳбарӣ – давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба манзалати фарогиру устуворе соҳиб гардид, ки дар тули таърихи чандҳазорсолаи мардуми тоҷик забони модарии мо дар чунин манзалат намеистод ва истода ҳам наметавонист» (Ҳамон ҷо. – С. 7-8).   «Дар таҳқиқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин масъалаҳои забон ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ, омилҳои иҷтимоии пайдоиш, ташаккул ва рушди забони модарӣ, муносибати забон ба сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, нақши он дар хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ ва пешрафти ҷомеа, таъмини ваҳдат, амнияти миллӣ, забон ва ҳусни баёни адибони классик ва муосир мавриди омӯзиши илмӣ қарор гирифтаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 8).   «Дар афкори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши фарзандони баору номуси миллат, ки ба ивази ҷони худ забон, фарҳанг, таърих, маданият ва анъанаҳои миллиро ҳифз кардаанд, мақоми хосса дорад. Омӯзиши китобу мақолаҳои илмии Пешвои миллат аз он шаҳодат медиҳанд, ки зуҳуроти камназири таърихӣ – зинда мондани забони тоҷикӣ дар замони истилои араб ва ҳазорсолаи ҳукмронии бегонагон ҳамчун мавзуъ ва ҳадафи илмӣ муайян шудаанд. Роҳбари давлат дар ин маврид ба ҳамаи саволҳо бо далелҳои эътимодбахш посух медиҳад» (Ҳамон ҷо. – С. 17-18).   «Бовар кунонидани халқ ба асолати хеш, эҳсоси масъулияти бузург дар назди таърих, фарҳанг ва тамаддуни гузашта ва арҷгузорӣ ба онҳо аз муҳимтарин вазифаҳое буд, ки Роҳбари давлат онро боисрор ва пайгирона таъкид мекард. Дар ин маврид, забони модарӣ – забони тоҷикӣ нақди барҷастаи яқин барои муътақид кардани мардум ба асолати хеш буд. Ҳамин тариқ, дар таълимоти Пешвои миллат худшиносии миллӣ ҳамчун мафҳуми иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангиву маънавӣ натиҷаи ташаккули ҷаҳонбиниест, ки аз маҷмӯи мураккаби мафҳум ва категорияҳои сохториву функсионалӣ иборат мебошад» (Ҳамон ҷо. – С. 27-28).   «Бо қотеияти том изҳор бояд кард, ки дар адабиёти сиёсӣ, таърихӣ ва бадеии имрӯза возеҳтар аз таълимот ва таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат, нуқтаи назари санҷидашуда ва бо далелҳои илмӣ собитгардида, ки асолати миллӣ ва худшиносии миллиро дар иртибот бо илми забоншиносӣ нишон дода бошад, мавҷуд нест» (Ҳамон ҷо. – С. 29).   «Сарвари кишвар бо истифода аз неруи тавонои забони модарӣ расидан ба умқи хештаншиносӣ ва худшиносиро ба хотири сохтани давлати миллӣ дар асоси арзишҳои волои тамаддуни башарӣ аз муҳимтарин вазифаҳои наслҳои имрӯзу фардои мамлакат меҳисобад. Дар таълимоти Пешвои миллат эҳтиром гузоштан ба забони модарӣ – эҳтиром гузоштан ба Ватан, ба модар, ба миллат, ба фарҳанг ва тамаддуни хеш аст» (Ҳамон ҷо. – С. 30-31).   «Пешвои миллат ба мавзуи адабиёти бадеӣ, мундариҷа, моҳият ва забону услуби шоирону нависандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Маҳз тавассути нишон додани амалҳои ҷонфидоёнаи бузургони миллат мехоҳад, симои ҳақиқии қаҳрамонони худро ба хонанда муаррифӣ намояд. Онҳоро дар муқоиса бо дигарон гузорад. Афзалияти воқеии шахсияти мавриди таҳқиқ қарордодаашро ба оммаи мардум фаҳмонад. Ӯро ҳамчун намунаи олии ватандорӣ, ҷавонмардӣ, муҷассамаи меҳру садоқат ба ормонҳои миллӣ дар муқобили хатарҳои ҷонӣ ба сифати намунаи ибрат пешниҳод кунад. Омӯзиши китоби «Чеҳраҳои мондагор» тасдиқи ин гуфтаҳост» (Ҳамон ҷо. – С. 40).   «Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қудрати забони модарӣ сухан ронда, ба нақши байналмилалии он ишора мекунад. Таъкид месозад, бо вуҷуди он ки забони тоҷикӣ дар таъсири мутақобил бо дигар забонҳои минтақа қарор дошт, ҳувияти функсионалии худро ҳимоя карда тавонист ва бегазанд монд» (Ҳамон ҷо. – С. 47).   «Масъалаҳои забоншиносии тоҷик дар таълимоти Пешвои миллат мавқеи калидӣ доранд. Ӯ таърихи забонро бо таърихи миллат тавъам медонад. Бо далелҳо исбот менамояд, ки чӣ тавр ҳаёти мардум дар ҳаёти забон таҷассум меёбад. Таъкид месозад, ки забони модарии мо  аз ду ҷиҳат омӯхта шавад:  аз лиҳози таърихиву муқоисавӣ ва фалсафӣ – дар муносибат бо тафаккур» (Ҳамон ҷо. – С. 61).   «Пешвои миллат забони модариро бо беҳтарин сифатҳо тавсиф мекунад. Барҳақ, онро баробар бо номҳои муқаддаси Модар, Ватан, Миллат медонад. Бо далелҳои таърихӣ исбот месозад, забони тоҷикӣ буд, ки аз забони гурӯҳӣ қавмӣ, аз қавмӣ нажодӣ, аз нажодӣ забони халқ ва аз забони халқ забони миллатро ба вуҷуд овард ва билохира омили аслии истиқлоли миллӣ гардид» (Ҳамон ҷо. – С. 62).   «Роҳбари давлат таъкид мекунад, забони модарӣ ягона нишонаест, ки маҳз тавассути он мансубияти инсон ба миллат муайян карда мешавад. Ва то ба имрӯз илм бештар аз ин, далели муътамади мансубияти шахсро ба фардияти инсонӣ, падару модар, сарзамини аҷдодӣ, таърихи пайдоиш, ташаккул ва рушди миллӣ, урфу одати шоистаи дар тули ҳазорсолаҳо шинохташуда надорад» (Ҳамон ҷо. – С. 62).   «Дар таълимоти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назарияи илман асоснок дар бораи қонунҳои пайдоиш, рушд ва инкишофи забони тоҷикӣ, моҳияти забон ҳамчун воситаи муносиботи ҷамъиятӣ, ифодакунандаи фарҳанг, маданият, маънавиёт ва таърихи миллат, нақши забон дар истиқлоли давлатӣ, роҳу усулҳо ва воситаҳои ҳифз кардан, инкишоф додан, ба забони воқеан умумиллӣ ва посухгӯ ба кулли ниёзҳои умумихалқӣ мубаддал кардани он нишон дода шудаанд» (Ҳамон ҷо.– С. 64).   «Дар таълимоти Пешвои миллат забон ҳамчун падидаи нодири ҷамъиятӣ ва натиҷаи ҷараёни таърихии шаклгирии миллати тоҷик тавсиф мегардад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 34).   «Пешвои миллат дар алоқамандӣ бо бузургӣ ва тавонмандиҳои забони тоҷикӣ решаҳои қадимии онро хотиррасон карда, ҷанбаҳои амиқи таърихӣ доштан,  воситаи асосии ба ин лафз нигоштани бузургтарин шоҳасарҳои ҷаҳониро аз ҷониби фарзандони барӯманди халқи мо бо ифтихор таъкид менамояд» (Ҳамон ҷо. – С. 36).   «Сарвари давлат дар масъалаи омӯхтан, ҳифз кардани таркиби луғавӣ, сохти грамматикӣ, системаи фонетикии забони тоҷикӣ, тибқи меъёрҳои забони адабии ҳозира нигоҳ доштани забони модарӣ кӯшишҳои мунтазам ва муассир ба харҷ медиҳад» (Ҳамон ҷо. – С. 38).   «Сарвари давлат бо такя ба маъхазҳои илмӣ, дар бораи  ҷойгоҳи таърихии забони тоҷикӣ сухан ронда, хотиррасон месозад, ки бо вуҷуди мушкилоти сиёсӣ, гузаштагони мо дар тули асрҳо бузургтарин асарҳои илмӣ, бадеӣ, ҳамосаҳои сатҳи ҷаҳониро маҳз  ба ҳамин забон офаридаанд. Бо захираи бойи луғавӣ, қудрати маъноӣ, дараҷаи суфтагии грамматикӣ, таровиши гуворои лафзӣ он аз марзҳои Осиёи Шарқӣ ва Ҳимолой то соҳили баҳри Миёназамин – нақши байналмилалӣ дошт. Забони мукотиба ва  муоширати қавму миллатҳо буд» (Ҳамон ҷо. – С. 38).   «Роҳбари давлат дар сатҳи аъло донистани забони давлатиро вазифаи ҳар шаҳрванд мешуморад. Дар баробари ин, донистани забонҳои хориҷӣ ва воситаҳои техникии истифодаи онҳоро дар ҳаёти имрӯза шарти зиндагии муваффақона меҳисобад» (Ҳамон ҷо. – С. 39).   «Истилоҳоти «Ватан», «миллат», «забони модарӣ», масъулият дар назди таърих, яъне эмин нигоҳ доштани ин арзишҳо ва гузоштани саҳми босазо дар рушду тараққии онҳо аз ҷониби насли имрӯза ва оянда аз ҳидоятҳои аслии Сарвари давлат мебошанд» (Ҳамон ҷо. – С. 40).   «Сарвари давлат дар асарҳояш нобиғаҳои миллати хешро, ки бо тамоми имконот дар ҳифзу густариши забони модарӣ ва ҳувияти миллӣ корнамоиҳо кардаанд, бо некӣ ёдовар мешавад. Доир ба асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун мубориз дар роҳи истиқлолияти адабиёти тоҷик бо ифтихор сухан мегӯяд» (Ҳамон ҷо. – С. 41-42).   «Сарвари давлат умри миллатро ба умри забон вобаста медонад. Онро чароғи раҳнамои худшиносиву худафрӯзӣ меҳисобад. Ҳифзи забони модарӣ, аз насл ба насл мерос мондани онро вазифаи муқаддаси соҳибзабонон мешуморад» (Ҳамон ҷо. – С. 42).   «Маҳз бо ташаббус, ҳидоят ва дастгирии Роҳбари давлат масъалаи дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат истифода бурдани меъёрҳои адабии забони давлатӣ роҳандозӣ гаштааст. Фарогирии истилоҳоти мураккаби илмиву техникӣ, эҷоди асарҳои сирф илмӣ бо забони тоҷикӣ имконоти луғавӣ ва мавқеи истифодаи забони модариро боз ҳам васеътар мегардонад» (Ҳамон ҷо. – С. 43).    «Пешвои миллат дар баробари ғамхорӣ нисбат ба забони давлатӣ ба омӯзиш ва рушди забони миллатҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, онҳоро «миллатҳои бародар» ном мебарад» (Ҳамон ҷо. – С. 44).   «... маъниофаринӣ, сухандонӣ ва санъати суханварии Сарвари давлат ҳамсони шахсияти ин инсони воқеан таърихӣ, бесобиқа ва нотакрор аст. Агар устод Садриддин Айнӣ, ҳамчун алломаи даврон, бо амиқ донистани нозукиҳои адабиёти беш аз ҳазорсола ва нақди забони зиндаи гуфтугӯӣ аз созандагони забони адабии ҳозираи тоҷик бошад, Пешвои миллат бо эҷоди асарҳои илмӣ, муҳимтар аз ҳама, истифодаи олимонаи забони модарӣ онро машҳур ва ҷаҳонӣ гардонд» (Ҳамон ҷо. – С. 61-62).        РУШДИ ФАРД ДАР ИЛМ ҲАСТУ МАЪРИФАТ   «Асосгузори давлати тоҷикон, ки бо дастони худ аз хокистар шуъла офарида, сарзамини кӯҳистони худро бо нури он мунаввар сохтааст, тавассути таҳқиқоташ худро бузургтарин донандаи таърихи миллат, омилҳои бурду бохт, садоқату хиёнат, рушду рукуди миллӣ муаррифӣ кардааст» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 40).   «Дар асарҳои Пешвои миллат ҷаҳонбинии  сиёсии ҷомеа мавқеи калидӣ дорад. Ба хотири он ки ин навъи шуур дар шароити муайяни иҷтимоӣ шакл мегирад ва нақши худро ҳамчун фарҳанги сиёсӣ ба намоиш мегузорад. Аз ин лиҳоз, ҷаҳонбинии сиёсӣ аҳаммияти рӯзмарраи амалӣ дорад» (Ҳамон ҷо. – С. 28).   «Сардори давлат ба маърифатнокӣ, тахассусмандӣ, маънавиёти ба манфиатҳои миллӣ созгор, яъне дараҷаи сифатии миллат таваҷҷуҳи бузург зоҳир мекунад. Ин хосиятро дар чаҳорчӯбаи муносибат ва муқоиса бо равандҳо ва рақобатҳои мураккаби ҷаҳони муосир  мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Бар он аст, ки муаррифгари миллат – ақл, заковат ва дараҷаи   маърифатнокии ӯст, на шумораи аҳолӣ ва захираҳои табиии мамлакат» (Ҳамон ҷо. – С. 46).   «Дар ҳидоятҳои Сарвари давлат таълим ҳамчун қисмати ҷудоинопазири тарбия тафсир мегардад. Меафзояд, ки падару модар, мактаб дар зеҳни ҷавонон ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми калонсолон, падару модар зарурати омӯзиши илму донишро ҷой  кунанд» (Ҳамон ҷо. – С. 47).   «Сарвари давлат даъват мекунад, ки дар баробари омӯхтани осори адибони бузург, ба илмҳои дақиқ ва ҷомеашиносӣ таваҷҷуҳи зарурӣ дода шавад. Онҳоро ҳамчун илми мафкурасоз арзёбӣ мекунад. Хотиррасон месозад, ки омӯзонидани таърих, адабиёт, илмҳои ҷамъиятӣ барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон хизмати босамар мекунанд. Дар ҷодаи ташаккули шахсият, аз худ кардани арзишҳо, самтгирӣ дар роҳи тайкардаи абармардони миллат, тибқи принсипҳои ватандорӣ, ватанпарастӣ ва манфиатҳои миллӣ зиндагӣ кардан ҳидоят менамояд» (Ҳамон ҷо. – С. 49).   «Сарвари кишвар воқеиятро дарк карда, таъкид менамояд, ки имконоти тараққиёт ва пешрафти Тоҷикистон танҳо дар канданиҳои фоиданок ва мавқеи ҷуғрофиёии он нест. Аз захираҳои маънавӣ, ақл, фаросат, дониш, тахассусмандӣ ва  дараҷаи рушди илму маърифат – захираҳои инсонӣ, иродатмандии саросарии миллӣ вобастагӣ дорад» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 653).   «Роҳбари давлат ба хирад ва касбият чун муҳимтарин воситаҳои истеҳсолот ва такомули давлатдории миллӣ муносибат мекунад. Неруи аслии инсонро на дар мавҷудияти одии ҷисмонӣ, балки дар моҳияти ҷаҳонбинӣ  ва руҳи ӯ ба инобат мегирад. Баҳо мегузорад. Борҳо ман шоҳиди он будам, таъкид мекард, ки ягона маҳаки шинохти инсон – дарки манфиатҳои миллӣ, мувофиқати кору амали ӯ дар лаҳзаҳои барои давлат ҳалкунанда ва ҳаётан муҳим аён мегардад. На дар сухан ва шиорпардозӣ» (Ҳамон ҷо. – С. 653-654).   НОМИ МИЛЛАТ ҶОВИДОН БО НОМИ ӮСТ   «Аз он дастовардҳое, ки миллати тоҷик дар муддати се даҳсолаи ахир ба даст овард: оташи ҷангро хомӯш ва миллатро сарҷамъ кард. Давлати миллиро асос гузошт. Онро бунёд кард. Иқтисодиёти мамлакатро барқарор ва кишварро сарсабзу обод намуд. Тоҷи гумшудаи тоҷикро бозгардонд. Миллатро дар ҷаҳон ифтихорманд кард. Кишварро ба Ватани Адолат ва Сулҳу Амният табдил дод. Инҳо намунаи корнамоиҳои бемисли Қаҳрамони миллии мардуми тоҷик мебошанд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 6. Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 18-19).   «Даст болои сина иқрор бояд гашт: ин туҳфаи осмонӣ набуд ва нест. Ҷонбозиҳо, сарсупурдагӣ, матонат, ҷасорат, рӯинтанӣ ва дар набардҳои бисёр вақт нобаробар ба майдон баромада ҷоннисориҳо кардан, садҳо бор бо хасм рӯ ба рӯ гаштан ва пирӯз омадани Шахсияти бузург – фарзанди миллати тоҷик аст. Аз оне ҳам, ки ин Абармарди таърих бо фурӯтании ҷавонмардона дастовардҳоро мансуби миллати бузургаш медонад, ҳақиқат ҳаст. Ҷасорат, Мардонагӣ, баҳри хушбахтии Миллат худро дар обу оташ андохтан, ҳамчун намуна, падидаи беназири миллӣ дар симои як Фард, ба миллат ва андешаи миллӣ бетаъсир намонд. Мардум дар атрофи Ӯ ҷамъ омаданд. Домони Ӯро гирифтанд. Бо Ӯ ҳамсаф шуданд. Пайравӣ карданд. Ва пирӯз гаштанд» (Ҳамон ҷо. – С. 19).   «... сарфи назар аз он ки дар минтақаи бузург забону адаби мардуми тоҷик мавриди эътирофу истифода қарор гирифта буд,  номбар кардан, ҳамчун намунаи волои рафтори ҷамъиятӣ ҷилвагар намудани қаҳрамонони миллии тоҷик ба манфиати доираҳои сиёсии роҳбарони давру замон набуд. Пешвои бузурги миллат эҳёгари корномаи миллати хеш, ба хотири намунагузории рафтори ватанпарастонаи ин бузургон дар назди халқу миллат мебошад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 8. Достони ҷавонмардӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 303).   «Иқдоми ҷавонмардонаи Пешвои миллат барои эълони соли бузургдошти Имоми Аъзам, ҳамчун чеҳраи баргузидаи миллӣ, аз ҷасорати ин пири тариқат барои ҳимояи забони модарӣ, ҳувият ва асолати миллии тоҷикон сарчашма мегирад. Маводи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки ӯ бо дониш, ақлу заковат, далерӣ ва матонат ғосибонро маҷбур кард то бо эътироф кардани забон ба миллаташ низ эҳтиром гузоранд. Маҳз бо чунин сифатҳо забон ҳамчун организми зинда ва субъекти муносибот шинохта мешавад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 5-6).   «Хосияти гениалии инсон аст, ки меҳнати пурмашаққат ва тафаккури нерумандро ба самти муайян сафарбар намояд» (И. Нютон). Чунин тафсирро метавон ҳамчун намунаи ҳидояткунандаи сифатҳои олии ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд,  ба ин равшангари орзуву ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик дар кору пайкор содиқона пайравӣ кард ва аз насл ба насл чун руҳи шикастнопазири миллӣ пайғом расонид» (Ҳамон ҷо. – С. 68).    «Дар тамоми давраҳои мавҷудияти давлатдории миллати тоҷик, аз ҷумла, дар таърихи асрҳои миёна, таърихи нав, таърихи навтарин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона шахсияти эътирофшуда − раҳбарест, ки қавитарин робитаро бо мардум доштаву дорад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми II. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – С. 206).   «Ҳамасрони мо гувоҳи онанд, ки Сарвари давлат, новобаста аз мавқеи ҷуғрофиёӣ, хатарнокии масир ва шароити ниҳоят сахту номусоиди иқлим, борҳо ба дурдасттарин деҳа, ҷамоат, ноҳия – манзили сокинони мамлакат ташриф оварда, бо зиндагӣ, ҳолу аҳвол, кору бори мардумони касбу ҳунари гуногун шинос шудааст. Бо онҳо вохӯрӣ ва суҳбату мулоқотҳо доир намудааст» (Ҳамон ҷо. – С. 206).   «Пешвои муаззами миллат даҳҳо, садҳо маротиба дар нишасту анҷуманҳои муътабар, сатҳи баландтарин ва суҳбатҳо бо миллати миннатпазири хеш, аз бузургвории қаҳрамонони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров ва дигар фарзандони сарсупурдаи ин миллат боифтихор мисолҳо меоварад. Аз корнамоиҳои онон бо эҳсоси баланди ватанхоҳона, ҳамчун намунаи асили рафтори фидокорона ба хотири тоҷикон ва ин сарзамин ёдовар мешавад. Тамоми мардуми Тоҷикистонро ба пайравӣ аз кору пайкори онон даъват менамояд.  Аммо мардум медид ва мебинад, ки худи Қаҳрамони миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар лаҳзаву ҳар рӯз даҳҳо ва садҳо чунин қаҳрамониҳо кардааст ва мекунад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми II. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – С. 252-253).    «Бо ҷашн гирифтани 1100 - солагии давлати Сомониён (соли 1999), эълони Соли тамаддуни Ориёӣ (соли 2006), навиштани асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих» (1996, 2002, 2006), «Чеҳраҳои мондагор» (2016) ва чандин таълифоти илмӣ – таърихӣ, сохтмони иншоотҳои бунёдии аср Пешвои муаззами миллати тоҷик худро ҳамчун эҳёгари анъана, суннат ва азамати ниёкон, зиндакунандаи маънавиёти Зардушт, Курушу Доро, раҳбари забардаст, масъулиятшинос ва худогоҳ, бунёдгузори таърихи навини миллати тоҷик муаррифӣ намуд ва мардумро ба истифода аз ин ганҷи бепоён, санадҳои худшиносиву меҳанпарастӣ, истиқлолхоҳиву меҳанпарастӣ даъват кард.  Яъне Сарвари давлати тоҷикон амалеро, ки дар доираи тавони як раҳбари камназир ва ватанпарвари таърихофарин аст, иҷро намуд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 12. Эҳёи миллат – бақои давлат. – Хуҷанд: Ношир, 2024. – С. 29).   «Бояд эътироф намуд, ки Роҳбари давлат ҳангоми баррасӣ, таҳлил ва арзёбии маълумот дараҷаи баланди истеъдоди фитрӣ, тавони расидан ба моҳияти масъала, дарк кардани тазоде, ки аз аломатҳои зоҳирии маълумот ба қонунмандӣ ва умқи падидаи ҷолиби таваҷҷуҳ мебарад, муносибат мекунад» (Ҳамон ҷо. – С. 658).   «Хирад ва таҳаммулпазирии Роҳбари давлат бо вуҷуди серталабӣ, дар муносибат бо аъзои Ҳукумат, роҳбарони дараҷаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дар лаҳзаҳои ҳассос, мураккаб ва гоҳо нобарории иҷрои вазифаҳои хизматӣ, барои ҳама гуна сатҳҳои мақомот намунаи барҷастаи омӯзиш, таҷрибаандӯзӣ, арзёбӣ ва хулосабарорӣ аст» (Ҳамон ҷо. – С. 658).   «Дар бораи роҳ, усул, маърифат, назокат, муошират ва фарҳанги волои идории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон месазад тадқиқоти тахассусмандонаи академии шоистаи илмӣ ба анҷом расад. Ва он ҳамчун мактаби раҳбарии давлатдории миллии намунаи ибрат, мавриди истифодаи наслҳо қарор гирад» (Ҳамон ҷо. – С. 658).   МАОРИФРО БАҚОИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ БИДОНАД   «Барои таҳкими истиқлолият ва таҳкурсии давлат Пешвои миллат нақши тамоми қишрҳои зиёиро муҳим мешуморад. Ба олимон, шоирон, нависандагон, муаллимони мактабҳои олӣ, миёна, журналистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Чун дар замони муосир эҷоди корҳои илмӣ, адабӣ, бадеӣ ва публитсистӣ ҳамаро фарогир  шудааст, Сарвари давлат бо эҳтиром ва назокати баланд  ҳидоят менамояд: он намунаеро бояд эҷод ва ба хонанда (бинанда, шунаванда) пешниҳод кард, ки давлатдории миллии мо ба он ниёз дошта бошад. Дармони дарди ҷомеа бошад. Зиндагии воқеиро, инсонро такмил диҳад. Ба осонии рӯзгор мусоидат намояд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 56).   «Замони Истиқлол, сарфи назар аз мушкилоти ниҳоят сангини ба таври сунъӣ эҷодгашта, бо кӯшишу эҳтимоми бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи воқеан таърихии рушди мактабу маориф, мукаммалгардонии инфрасохтори соҳа маҳсуб мегардад. Замони шӯравӣ бо ҳазорон афзалияти воқеӣ дар риштаи маориф, чунин собиқаи тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои давлатдории миллиро дар дохил ва хориҷи мамлакат надошт. Дошта ҳам наметавонист. Таъкиди ҳамарӯзаи Сарвари давлат, ки илм, маориф, касбомӯзӣ, ягона воситаи раҳоии миллати тоҷик аз мушкилоти рӯзмарраи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии имрӯзу оянда мебошанд, ба дилу дидаи мардум ҷо гаштааст» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 8. Достони ҷавонмардӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 301-302).   «Бузургии Пешвои муаззам, хиради волои созанда ва ғамхор ба тақдири неки имрӯзу ояндаи миллат мебошад, ки мактаб, донишгоҳ, муассисаҳои илмиро пояи асосии давлатдории миллӣ эълон намудааст» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми II. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – С. 219-220).   «Роҳбари давлат вазифагузорӣ мекунад, ки ҳар фард аз калима ва ибораҳои «миллат», «таърихи ташаккул ва рушди миллӣ», «андешаи миллӣ», «асолати миллӣ», «ҳувияти миллӣ», «истиқлоли миллӣ», «ватандориву ватанпарастӣ», «ифтихори ватандорӣ», «арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, илмиву маданӣ», «урфу одат ва анъанаҳои миллӣ», «тафаккури таърихии миллӣ», «дифоъ аз фарҳангу тамаддуни миллӣ», «худогоҳӣ», «таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ», «бунёдкорӣ» ва монанди инҳо бояд баҳравар бошад. Онҳоро фаҳмад. Дарк намояд. Тафсир карда тавонад. Дар рафтори иҷтимоии худ амалӣ созад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 28).    «Хизмати таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла иборат аз он аст, ки дар баробари таъсис додани давлати миллӣ, барқарор кардан ва таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти мамлакат, ба инкишофи илм, маориф ва фарҳанг низ асос гузошт» (Ҳамон ҷо. – С. 65).   «Ворид кардани таълимоти Пешвои миллат дар соҳаи забоншиносии тоҷик, таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои таърих ва фалсафа, ғояҳои марказии адабиёти бадеӣ, мантиқи китобҳои дарсӣ – маънои ворид кардани низоми арзишҳои миллӣ, маънавиёти хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ ба хотири тарбияи одам дар рӯҳияи тоҷикият, ватанпарастӣ, ҳимояи сохти давлатдорӣ ва амнияти миллӣ мебошад» (Ҳамон ҷо. – С. 68).   НИЗОМИ ИҚТИСОДӢ ТАРҲ БИНҲОД   «Маълум аст, ки маҳз тавассути кӯшишҳои шабонарӯзии Қаҳрамони миллии мо фаъолияти низоми иқтисодии мамлакат эҳё гашт. Рушди бемайлони он таъмин гардид. Симои шаҳру деҳот ба куллӣ тағйир пазируфт. Ба ибораи дигар, Сарвари давлат иҷрои бузургтарин уҳдадориҳоеро, ки ба дӯши худ гирифта буд, таъмин намуд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 53-54).   «Маълум аст, ки муҳимтарин масъалаи ҷаҳони мутамаддину пешрафта ва яке аз омилҳои аслии рушду тараққии он таъмини аввалиндараҷаи озодии иқтисодӣ мебошад. Гардиши озоди қувваи корӣ, мол, пул ва хизматрасонӣ хусусиятҳои дохилӣ ва берунӣ – минтақавӣ ва глобалӣ дорад. Кӯшиш ва натиҷаи самараноки сиёсатҳои собитқадамонаи Сарвари давлат доир ба самтҳои муҳимми ба якдигар алоқаманд шароитро барои рушду нумӯи иқтисодиёти мамлакат фароҳам овард» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми II. Паёми Пешвои миллат  ва масъалаҳои рушди маърифат. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – С. 213).   «Яке аз нишонаҳои хирадмандии Роҳбари давлат ҷиддан ба инобат гирифтани пешомадҳои фавқулода ва ғайриинтизори иқтисодӣ, иҷтимоии дохилӣ ва омилҳои берунии хосияти табиӣ ва геополитикидошта маҳсуб мегардад. Муносибати Сарвари давлат дар ин маврид, аз дидгоҳи диалектикӣ бархӯрдор аст. Ӯ ба воқеият аз мавқеъ ва вусъати тағйирёбӣ, дигаргуншавӣ, инчунин, эҳтимоли таъсиррасонӣ ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон менигарад. Ба ақидаи ӯ, инсон дар ҷаҳони бесарусомонӣ ва пешгӯинашаванда, бояд низоме коркард ва роҳандозӣ кунад, ки манфиатҳои миллат ва давлатро ҳимоя карда тавонад. Ҷомеаро дар ҳолати рушд ва ҷавобгӯ ба талаби замон нигоҳ  дорад» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 651).   САРВАРИ ДОНО ВА БА ГУФТАН  ДАЛЕРУ ТАВОНО   «Муколамаи Пешвои миллат дар самти муносиботи байналмилалӣ, расидан ба моҳияти масъалаҳои мавриди муҳокимаи тарафайн, бо навъи аҳсант ҳимоя намудан ва пеш бурдани манфиатҳои миллӣ − мактаби бузурги дипломатияи тоҷик мебошад. Ин ҳама афзалиятҳо ба қавли Абулқосими Фирдавсӣ аз сифатҳои бузурги «доно ва ба гуфтан далеру тавоно будан»-и Сарвари давлат шаҳодат медиҳанд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 66).   «Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистонро нисбат ба Шоҳигарии Белгия, Иттиҳоди Аврупо, ЮНЕСКО як-як бо таҳлили масъулияти намояндагӣ тафсир намуд. Баҳогузорӣ кард. Дар охир супоришҳои мушаххас дод.  Ман мисли ҳамешагӣ ба масъулиятшиносӣ ва касбияти устодонаи Роҳбари давлат – бо ҷузъиёт донистани нозукиҳои дипломатӣ дар самтҳои асосии сиёсати хориҷии мамлакат, сарчашмаҳои ҳуқуқии муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо мамолики Аврупо, дафъатан, сари таъзим фуруд овардам» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 474-475).   ***   «Воқеият шаҳодат аз он медиҳад, ки дар муқоиса бо дигар роҳнавардони сиёсӣ, ки таърих ёд дорад, рӯинтани аслии миллат ва давлатофарини тоҷикон дар ҳазор соли ахир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар байни бузургтарин қаҳрамонони асарҳои илмӣ – таърихӣ, симои Пешвои миллат ифтихори ҳамасрони ӯст. Ҳамчунон, намунаи пайравӣ ва меҳроби давлатдории миллӣ барои ҳазорсолаҳост» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 8. Достони ҷавонмардӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 306).   «Ҷумҳурият», № 141-142 (25 257), 22 июли соли 2025  

    141

    24.07.2025