21.10.2025

 img

Фирдавс Хосабеков-хонандаи синфи 11-и Литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғи ВМКБ. Ӯ дар номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ бо платформаи сохтаи худ – Marketplace иштирок дорад.

 

- Платформаи Marketplace барои хизматрасонии мизоҷони мағозаҳои кишвар пешбинӣ шудааст. Яъне, тариқи ин барнома мизоҷ метавонад аз дилхоҳ мағоза молу хӯрока дархост намояд ва шахси интиқолдиҳанда онро то ба манзили ӯ мерасонад. Ин платформа аз дигар платформаҳои дар кишвар роҳандозишуда бо вазифаҳои нави воридотӣ ва осонии тарзи истифода фарқ мекунад. Яке аз вазифаҳое, ки мо дар он ворид кардем, ин тугмаи "молҳо тариқи тахфиф" аст. Ҳангоми пахши ин тугма дар экран танҳо молҳое пайдо мешаванд, ки дар тахфифанд. Ҳамчунин, харидор имконият дорад, бинад, ки интиқолдиҳанда (доставщик) ба куҷо расид. Ба мо пешниҳодҳо ҷиҳати роҳандозӣ намудани барнома зиёданд. Намояндагони Форуми байналмилалии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ – Памиринвест ба мо чунин як пешниҳодро ҳафтаи гузошта карданд, ки алҳол дар бозбинӣ қарор дорад.

 

Хулас, ман ниҳоят хурсандам, ки аз ҷониби Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар чунин як иқдом роҳандозӣ шуд. Ин ба мо-насли ҷавон имконият медиҳад, ки дастовардҳои нав ба нави худро муаррифӣ кунем ва маблағи аз ин озмун ба дастомадаро барои такмил додани дастовардамон масраф намоем,-гуфт Фирдавс.

  • ДУРДОНАҲОИ ИЛМ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МУАРРИФИИ НАТИҶАҲОИ ТАҲҚИҚОТ ДАР ЛОИҲАИ “МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ” 22 октябри соли 2025 дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” мизи мудаввар оид ба муаррифии натиҷаҳои “Таҳқиқоти истифодабарандагони муассисаҳои таълимӣ (SUS)” ва “Мушоҳидаи дарс тавассути воситаи TEACH” бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода баргузор гардид.   Дар чорабинӣ роҳбарони иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таҳсилоти умумии фарогири лоиҳаи “Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат”, намояндагони лоиҳа ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.   Муовини вазир зимни суханронии ифтитоҳӣ таъкид намуд, ки дар ҷаҳони муосир таҳсилоти босифат бе муҳити солиму замонавии таълимӣ имконнопазир аст. Мавсуф иброз дошт, ки бо ташабусси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат” барои солҳои 2023–2029 татбиқ шуда истодааст.   Гуфта шуд, ки мақсади асосии лоиҳа беҳтар намудани муҳити таълим ва омӯзиш дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар мебошад. Лоиҳа ба се самти калидӣ - таҳияи чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот, беҳтарсозии инфрасохтори муассисаҳо ва тақвияти арзёбию идоракунии лоиҳа нигаронда шудааст. Дар доираи амалисозии лоиҳа марҳилаи заминавии ду таҳқиқот -“SUS” ва “TEACH” дар 130 муассисаҳои ҳамаи минтақаҳои кишвар, аз ҷумла, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ШНТҶ ва ВМКБ, дар моҳҳои март–апрели соли 2025 ба анҷом расонида шуд.   Дар ҷараёни мизи мудаввар натиҷаҳои таҳқиқот муаррифӣ гардида, иштирокчиён дар гурӯҳҳо натиҷаҳо ва тавсияҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Чорабинӣ ҳамчун як фурсати муҳимми мубодилаи таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳо байни муассисаҳо ва мутахассисони лоиҳа арзёбӣ гардид. Баргузории чунин мизҳои мудаввар қадами нав дар самти қабули қарорҳо дар асоси таҳлил ва татбиқи тағйироти воқеӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    20

    22.10.2025
  •  img
    БОЗДИДИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” Субҳи 22 октябри соли ҷорӣ муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода бо ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аз рафти баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар факултетҳои технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот” ва сохтмон ва меъморӣ аз рӯи номинатсияҳои “ихтироъкорӣ ва навоварӣ”, “зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ” ва “технологияҳои иттилоотӣ” дидан намуданд.   Дар аснои боздид, муовини якуми вазир аз ҳуҷраи волидайн дидан намуда, бо бархе аз волидон ҷиҳати шаффоф ва бенуқсон баргузорзории озмун суҳбат орост. Ҳамзамон, аз утоқи апеллятсионӣ, толорҳое, ки дар он озмун баргузор мегардад ва ошхона дидан намуда, таъкид дошт, ки масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун саҳми назаррас дошта бошанд.   Маврид ба зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” соли панҷум аст, ки дар ҷумҳурӣ дар сатӣ баланд баргузор гардида, даври ниҳоии озмуни мазкур аз рӯйи номинаҳои “ихтироъкорӣ ва навоварӣ”, “зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ” ва “технологияҳои иттилоотӣ” дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ баргузор гашта истодааст.

    38

    22.10.2025
  •  img
    Ифтитоҳи фосилавии 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 кӯдакистон, маркази хизматрасонӣ, забономӯзӣ, толори варзишӣ ва корхонаи истеҳсоли хишти ҶДММ Хишти Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ 22 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Восеъ, ба фаъолияти Марказҳои хизматрасонӣ, забономӯзӣ, толори варзиш, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, томактабӣ ва корхонаи саноатӣ ба таври фосилавӣ оғоз бахшида, барои бунёди дигар иншоот санги асос гузоштанд.   Бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 дар деҳаи Файзобод, ки фаъолияти он аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фосилавӣ оғоз гардид, аз 17 синфхонаи муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.   Иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.   Раванди таҳсил аз ҷониби 53 омӯзгори соҳибтахассус дар шароити сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.   Иншооти дигари соҳаи маориф – Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 мебошад, ки дар деҳаи Селбур сохта шудааст. Тарҳи иншоот муосир буда, дар 17 синфхонаи барҳаво имкони ба таҳсил фаро гирифтани 640 хонанда дар ду баст мавҷуд аст.   Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Афсона, ки ба фаъолияти он оғоз бахшида шуд, дар деҳаи Восеъобод ҷойгир аст.   Кӯдакистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси бунёду барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сабур Зуҳуров таҷдид карда шудааст. Шароити таълиму тарбия дар боғча мутобиқ ба талаботи муосир роҳандозӣ шуда, барои қабули 300 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст.   Сарвари давлат зимни шиносоӣ ба шароити фароҳамшуда дар муассиса баҳои баланд дода, ба масъулин барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таълиму тарбияи кӯдакон ва дар замири онҳо бедор сохтани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба расму оинҳои мардумӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.   Бунёди 3 иншооти соҳаи маориф ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва барои дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифтани 1580 хонанда дар ду баст мусоидат менамояд.   Дар деҳаи Кадучии деҳоти Бобошоҳиёни ноҳия Маркази хизматрасонӣ, забономӯзӣ ва толори варзишӣ тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.   Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саид Мирзомуродов бунёд шуда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад.   Дар Маркази хизматрасонӣ, забономӯзӣ ва толори варзишӣ  барои 70 кас ҷойи кор муҳайё шуд, ки онҳо метавонанд бо истифода аз шароит ва имконоти мавҷуда фаъолияти худро рушд диҳанд.   Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли хишти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хишти Ҳулбук оғоз бахшиданд. Корхона дар деҳаи Навбаҳори деҳоти Тугарак сохта шудааст.   Масоҳати умумии корхона 10 гектар буда, дар он 50 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд.   Бунёди иншооти мазкур дар ноҳияи Восеъ ба рушди таҳсилот, саноат, варзиш, хизматрасонӣ ва дар маҷмӯъ ба беҳбудии рӯзгори сокинони ноҳия заминаи воқеӣ фароҳам меоваранд.   Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нақшаи шабакаҳои корезии шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ шинос шуданд. Лоиҳа бо мақсади тозакунии обҳои истифодашуда дар се марҳила амалӣ гардида, ба 26 ҳазор аҳолӣ хизмат мерасонад.   Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки барои татбиқи лоиҳа аллакай корҳои сохтмонӣ оғоз шудааст.   Масоҳати умумии иншоот зиёда аз 12 гектар буда, дар он чанд марҳилаи тозакунии об пешбинӣ шудааст - аз обсофкунии ибтидоӣ то безараргардонии ниҳоӣ.   Ҳаҷми миёнаи коркарди об дар як шабонарӯз 7 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.   Ин нишондиҳанда имконият медиҳад, ки тамоми обҳои партови маҳаллӣ пурра тоза гарданд. Дар доираи лоиҳа бинои маъмурӣ, лабораторияи назорат, майдонҳои техникии таҷҳизот, инчунин минтақаҳои сабз барои беҳсозии муҳит сохта мешаванд.   Ба иттилои мутахассисон, татбиқи ин лоиҳа на танҳо масъалаи оби партовро ҳал мекунад, балки дар ҳифзи обҳои рӯизаминӣ ва таҳшин нақши муҳим хоҳад дошт.   Иншооти нави поксозии оби партов як қадами ҷиддӣ дар самти татбиқи барномаҳои давлатии ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори минтақа ба ҳисоб рафта,  ба беҳтар гардидани сатҳи санитарӣ ва ҳифзи муҳити зист мусоидат хоҳад кард.

    21

    22.10.2025