ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

08.01.2025

Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ

ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

 

1. Солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад.

 

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

8 январи соли 2025

№911

  • ФАРМОНИ  ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ ДАР СОЛИ 2024 Имрӯз (08.01.2025) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳ дар сатҳи баланд доир гардид, ки дар он як масъала: ҳисоботи ректори Донишгоҳ оид ба натиҷаи фаъолияти устодону кормандони Донишгоҳ дар соли 2024 мавриди муҳокима қарор гирифт.   Дар ҷаласа меҳмонон – сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода А.И. ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Л., инчунин, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода, муовинони ректор ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ иштирок доштанд.   Ҷаласаи васеи Шурои олимон бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.   Дар зимн ректори Донишгоҳ оид ба фаъолияти сохторҳои марбутаи Донишгоҳ ба таври муфассал ҳисобот доданд. Мавсуф натиҷаҳои бадастомадаро дар соли 2024 дар маҷмуъ барои ДМТ хуб арзёбӣ намуд. Изҳор дошт, ки соли 2024 барои ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли хотирмон ба ҳисоб меравад. Зеро муҳимтарин дастоварди давраи ҳисоботӣ барои Донишгоҳ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» аз 20-уми июни соли 2024 мебошад, ки лоиҳаи он ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур аз таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии касбии кишвар гувоҳӣ медиҳад. Қонуни мазкур минбаъд дар рушду пешрафти Донишгоҳ, тақвияту ташаккули самтҳои таълимию тарбиявӣ, илмию таҳқиқотӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, молиявию хоҷагидории Донишгоҳ, ба талаботи ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани стандарт ва нақшаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони варзида ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори байналмилалии меҳнат ва саҳми бориз гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф заминаи мусоид фароҳам меоварад.   Зимнан ректори Донишгоҳ таъкид намуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешоҳанги таҳсилоти олии касбии кишвар маҳсуб ёфта, фаъолияти худро дар самтҳои таълим, илм, инноватсия, тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Донишгоҳ пеш мебарад ва давра ба давра бо дастовардҳои назаррас шарафёб мегардад.   Дар робита ба ҳисоботи ректори Донишгоҳ декани факултети иқтисод ва идора, д.и.и., профессор Раҳимзода Ҳ.Р. ва мудири кафедраи матбуоти факултети журналистика, н.и.ф., дотсент Усмонова Н.К. мулоҳизаронӣ намуда, ҳисоботи роҳбарияти Донишгоҳро мусбат арзёбӣ карданд.   Ҳамзамон, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода А.И. дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти пешбурди сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар суханронӣ намуда, доир ба ҳалли як қатор масъалаҳо, аз қабили омода намудани кадрҳои баландихтисос, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, нашри мақолаҳои илмии бунёдӣ, андешидани тадбирҳо дар самти амалӣ гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дар Тоҷикистон пешниҳодҳо намуд.   Дар интиҳо ректори Донишгоҳ бо арзи сипос ва миннатдорӣ ба меҳмонон ва кулли устодону кормандони ДМТ дар соли 2025 муваффақият ва комёбиҳо таманно намуд. Зимнан таъкид гардид, ки раёсат ва аҳли омӯзгорону кормандони ин боргоҳи маърифат дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори Донишгоҳ кӯшиш намоянд ва тавонанд, дар пешрафту татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат бештару беҳтар саҳмгузор бошанд.   Ёдрас мешавем, ки дар анҷоми ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 қарори дахлдор қабул гардид.

    75

    08.01.2025
  •  img
    Баргузории "Конференсияи илмӣ- бадеӣ" бахшида ба эълон гардидани “Соли 2025–Соли фарҳанги китобхонӣ” дар вилояти Хатлон Баҳри амалӣ гардидани ташаббуси созандаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид бахшида ба эълон гардидани “Соли 2025–Соли фарҳанги китобхонӣ” ва амалӣ шудани иқдоми сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Абдулзода Зиёдулло ҷиҳати дар давраи таътили зимистона оид ба тақвият бахшидан ба хондани китобҳои бадеӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Хатлон дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон бо иштироки директорони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, китобдорону китобдӯстон Конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд.   Дар Конференсия ғолибони озмуни чумхуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" иштирок ва баромад намуда, қайд намуданд, ки ақл, дониш, хиради инсон ва  ҷаҳонбинии ӯ маҳз аз китоб ва мутолиаи пайвастаи он маншаъ мегирад.   Маҳз китоб аст, ки дар фарҳанги инсонӣ, дар замири ҳар фард илму дониш, ақлу фаросат, гуфтору рафтори некро мепарварад.    Ҳамзамон қайд карда шуд, ки бо баргузории Конференсияи мазкур ва андешидани чунин тадбирҳо ва чорабиниҳои дигари нақшавӣ мо метавонем, ки насли ояндасози китобдӯсту китобхонро тарбия намоем.

    23

    08.01.2025
  •  img
    ИСФАРА: ДАВРИ МИНТАҚАВИИ МУСОБИҚАИ ҲАРБӢ-ВАРЗИШИИ «ВАТАНПАРВАР» БАЙНИ ХОНАНДАГОНИ МАКТАБҲОИ ДЕҲОТИ СУРХ, ЗУМРАД ВА ШАҲРАКИ ШӮРОБИ ШАҲРИ ИСФАРА Бо мақсади тарбияи ҳисси баланди ватандўстӣ, тақвияти худшиносӣ, дўстдории сарзамини аҷдодии насли наврас ва ҳифзи якпорчагии кишвар бо иштироки васеи меҳмонон ва хонандагону омўзгорони минтақаи деҳоти Сурх, Зумрад ва шаҳраки Шӯроб мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии "Ватанпарвар" ташкил ва баргузор гардид.   Дар мусобиқа хонандагон аз рўйи шартҳои пешниҳодшуда, аз ҷумла сафкашӣ, суруди сарбоз, ба қисмҳо ҷудо намудани яроқи оташфишон, тирпарронӣ, аз ҷой ҷаҳидан, сангбардорӣ, арғамчинкашӣ ва ғайра бо маҳорати баланди омодагию кордонӣ ва дониши омўхтаи ҳарбии хешро уҳдабароёна намоиш доданд.   Мушовирони раёсати маорифи шаҳри Исфара Абдуқодир Фаттоев ва Баҳодур Ғаниев ба маҳорату истеъдод ва донишҳои омўхтаи хонандагон баҳои баланд дода, онро намунаи омўзиш ва тарғиби таҷриба дар дигар макотиби шаҳр арзёбӣ ва ҳамзамон таъкид намуданд, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвору барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.   Дар натиҷа сазовори ҷойи 1-ум МТМУ №16, ҷойи 2-юм МТМУ №56, ҷойи 3-юм МТМУ №18 гардида,бо туҳфа ва сипосномаи раёсати маорифи шаҳри Исфара қадршиносӣ гардиданд.   Фирӯза БОЗОРОВА, мудири кабинети методӣ

    3

    08.01.2025