21.09.2026

 img

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ба истифода доданд. 

 

Нахуст дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Оҳаки Истиқлол бо иқтидори истеҳсолии 200 тонна дар як шабонарӯз расман оғоз бахшиданд.

 

Пас аз ба истифода додани ин корхона 70 кас бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, маҳсулоти истеҳсолии он ба хориҷи кишвар содирот мешавад.

 

Гуфта шуд, ки дар оянда бунёди марҳилаи дуюми корхона  дар назар дошта шудааст, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани он иқтидори истеҳсолӣ  ва шумораи кормандон зиёд мегардад.

 

Ҳоло дар ҳудуди шаҳри Истиқлол 6 корхона мавҷуд буда, дар онҳо зиёда аз 620 нафар ба кор ҷалб карда шудаанд ва дар як сол ба миқдори 46 миллиону 330 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол мегардад.

 

Иншооти дигаре, ки ба таври фосилавӣ  ба истифода дода шуд, корхонаи  истеҳсоли  пахтаи минералии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Дилроз Ғаюр дар шаҳраки Чоруқдарони шаҳри Гулистон мебошад.

 

Бунёди ин корхона имкон медиҳад, ки  дар як сол ба миқдори 50 ҳазор тонна пахтаи минералӣ истеҳсол шавад. Корхона бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ сохта шуда, дар он 60 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.

 

Ба кор андохтани ду дастгоҳи нави бофандагӣ дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Қолинҳои Қайроққум бо иқтидори 450 ҳазор метри мураббаъ дар як сол иншооти дуюми саноатӣ дар шаҳри Гулистон аст.

 

Таҷҳизоти дар ин корхона васлгардида аз ширкати Вандевили кишвари Белгия буда,  дар ин ҷо 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. 

 

Корхонаи парвариши мурғи тухмдеҳ дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар заминаи бинои ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  Шамс тиҷорат бунёд гардидааст, ки  тариқи фосилавӣ бо иқтидори 630 ҳазор дона тухми мурғ дар як моҳ мавриди истифода қарор гирифт.

 

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз соли 2025 оғоз ёфта, дар муддат кӯтоҳ ба истифода дода шуд ва дар он 20 кас соҳиби ҷойи кор гардид.

 

Ифтитоҳи фосилавии корхонаи  истеҳсоли  гӯшти мурғ дар шаҳри Гулистон иншооти дигари саноатие буд, ки  дар масоҳати зиёда аз 55 метри мураббаъ бунёд шудааст.

 

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  Сифат мурғ дар як сол 320 тонна гӯшти  мурғи аълосифат истеҳсол менамояд. Баъди ба истифода додани ин корхона 18 сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб карда шуд.

 

Дар ҳудуди шаҳри Гулистон ба ҳолати моҳи сентябри соли 2026 зиёда аз 50  корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Дар онҳо 5385 нафар ба кор ҷалб шудаанд, ки ин рақам нишондод ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 550 нафар зиёд мебошад.

 

Бинои навсозишудаи кӯдакистони Садбарг дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон  дар ҳамин рӯз тариқи фосилавӣ ба истифода дода шуд.

 

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимии томактабӣ барои ба тарбия фаро гирифтани 350 кӯдак аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар он барои ташаккули барвақтӣ ва ҷалби кӯдакон ба бозиҳои шавқовару зеҳнӣ шароити арзанда фароҳам оварда шудааст.

 

Дар бинои аз таъмиршудаи кӯдакистон  14 гурӯҳ фаъолият менамояд ва дар ин ҷо 55 нафар соҳиби ҷойи корӣ доимӣ гардиданд.

 

Дар ҳудуди шаҳри Гулистон 11 муассисаи  томактабӣ,  аз он ҷумла 1  хусусӣ, мавҷуд буда, шумораи кӯдакони дар онҳо ба таълим фарогирифташуда 2087 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 108 кӯдак зиёд аст.

 

Пас аз ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, боз ҳам беҳтар намудани шароити арзандаи кору фаъолият ва зиндагии мардум дар деҳот ва  ҳидоят намудани насли наврас меҳнатдӯстию ватанпарварӣ тавсияҳо доданд.

  • Ифтитоҳи фосилавии 6 иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон img
  • Ифтитоҳи фосилавии 6 иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон img
  • Ифтитоҳи фосилавии 6 иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон img
  • Ифтитоҳи фосилавии 6 иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон img
  • Ифтитоҳи фосилавии 6 иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи гимназияи хусусии Ҳаёт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 20 сентябр дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии Ҳаёт мавриди истифода қарор дода шуд.   Ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ  Абдухалил Розиқов, Ҷурабой Азимов, Муродҷон Ҷураев ва Нозим Ибрагимов бо сифати баланд ва дар муҳлати кӯтоҳ сохта шудааст. Бинои нави муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, дорои 45 синфхона ва 41 ҳуҷраи ёрирасон мебошад.   Гимназия барои ба таҳсил фаро гирифтани 1200 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, дар он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.   Дар гимназия кабинетҳои мусиқӣ, ҳунаромӯзӣ, физика, химия, биология ва технологияҳои иттилоотӣ ташкил гардидаанд.   Таҷҳизонидани чунин синфхонаҳои фаннӣ имкон медиҳад, ки раванди таълим бо истифода аз усулҳои муосир ба роҳ монда шуда, шавқу завқи хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ ва технологияҳои нав бештар гардад.   Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса маҷлисгоҳ бо 500 курсӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва китобхонаи муосир сохта шудааст.   Иншооти ёрирасон имкон фароҳам меоранд, ки дар гимназия барои баргузории чорабиниҳои таълимию фарҳангӣ ва истифодаи васеи адабиёти таълимиву бадеӣ шароити муносиб муҳайё бошад.   Ҳамзамон, бо мавриди истифода қарор гирифтани гимназияи хусусии Ҳаёт 70 сокини маҳаллӣ бо корӣ доимї таъмин гардиданд.   Ифтитоҳи гимназияи хусусии Ҳаёт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи таҷлил аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми муҳими созанда арзёбӣ гардид, ки ба таҳкими заминаҳои моддию техникии соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои хонандагон мусоидат мекунад.

    31

    21.09.2026
  •  img
    Ифтитоҳи фосилавии иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен 20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Анқо-Инвест ҳамчунин, ба таври фосилавӣ 11 иншооти таъйиноти гуногунро, ки бо саҳми мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен бунёд карда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.    Корхонаи истеҳсоли панелҳои минералии композитии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Зартахта бо таъсиси 30 ҷойи корӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Дурахши Истиқлол барои таълиму тарбияи 240 кӯдак, толори варзишии Ҳафткалон бо 50 ҷойи нишаст ва осоишгоҳи  Марҳабо бо 30 кат дар шаҳраки Ғафуров, деҳоти Ёва, Ғозиён ва Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудаанд, ки бо амалӣ гардидани чунин иқдомоти шоиста рушди минбаъдаи соҳаҳои саноат, маориф, тандурустӣ ва варзиш дар маҳалҳо таъмин мешавад.   Зимни муаррифии имконият ва шароити фароҳамгардида ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар давоми панҷ соли охир бо саҳми мақомоти давлатӣ, соҳибкорони ҳимматбаланд ва аҳолии созандаю бунёдкор дар марказ ва деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маҷмуъ 2745 иншооти гуногун мавриди баҳрбардорӣ қарор дода шуд ва иҷрои нақшаи қаблан пешбинишуда 137 фоиз таъмин гардид.   Дар шаҳраки Навкат, деҳоти ба номи Турсун Улҷабоев, Куруш ва Истиқлоли ноҳияи Спитамен бошад, ба таври фосилавӣ 7 иншооти гуногун, аз қабили муассисаи таҳсилоти томактабии №6 бо фарогирии 300 кӯдак, бунгоҳи тиббӣ бо 10 ҳуҷраи корӣ, бинои шуъбаи маориф, маркази ташхису табобатии Шараёни Варид бо 26 кат ва 70 ҷойи корӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 барои 1350 хонанда дар ду баст, маркази саломатӣ бо 13 ҳуҷраи корӣ, коргоҳи пойафзолбарорӣ ва маҳсулоти дӯзандагии Муҳайё бо таъсиси 40 ҷойи корӣ ва иқтидори моҳонаи истеҳсоли 1500 ҷуфт пойафзол ва 6 ҳазор дона либос, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.    Тибқи маълумоти масъулин, аз соли 2022 то ин замон дар ноҳияи Спитамен баъди бунёду навсозӣ зиёда аз 800 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст ва ҳоло корҳои ободонию созандагӣ идома дошта, бо амалӣ намудани нақшаю барномаҳои мукаммал барои сокинон шароити созгори кору зиндагӣ фароҳам оварда мешавад.   Дар 11 иншооте, ки Роҳбари давлат ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен ба истифода доданд, бештар аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки дар маҳалҳо корҳои ободонию созандагӣ боз ҳам тақвият ёбад ва дар ин радиф васеъсозии роҳҳои мошингард, чароғонкунии кӯчаю хиёбонҳо, сабзкории муҳити атроф, инчунин ҷиҳати мукаммал гардидани инфрасохтори зарурӣ бунёди хатҳои интиқоли обу корез ва барқу гармидиҳӣ дар асоси талаботу меъёрҳои муосир амалӣ карда шавад. 

    24

    21.09.2026
  •  img
    Ба истифода додани коргоҳи нави орди ҶДММ Ирода Инвест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи нави орди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ирода Инвест расман оғоз бахшиданд.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи нав бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори коркарди то 600 тонна гандумро дар як шабонарӯз дорад. Дар корхона таҷҳизоти мукаммали коркарди гандум, анбори нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши 28000 тонна ва анбори нигоҳдории маҳсулоти тайёр мавҷуд мебошад.   Таъкид гардид, ки орд дар ин ҷо асосан аз гандуми навъҳои Хайпро ва Дурум истеҳсол шуда, дар омода кардани хамираи питса, баъзе навъҳои нон, самбӯса ва дигар маҳсулоте истифода мешавад, ки устуворӣ ва сифати баланди хамирро талаб мекунанд. Ба роҳ мондани чунин истеҳсолот имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохилӣ ба маҳсулоти босифати ватанӣ бештар таъмин гардад.   Бо мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳ 50 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд. Ин иқдом дар баробари рушди истеҳсолот ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.   Корхона ҳамчунин дорои коргоҳи нави механикӣ мебошад, ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худаш бунёд гардидааст. Коргоҳ барои таъмиру нигоҳдорӣ ва хизматрасонии техникии таҷҳизоти истеҳсолӣ пешбинӣ шуда, дар он корҳои омодасозии қисмҳои эҳтиётӣ, кафшергарӣ, васлкунӣ ва мисли инҳо анҷом дода мешаванд.   Ба истифода додани коргоҳи механикӣ сифати хизматрасонии техникиро беҳтар намуда, боиси кӯтоҳ гардидани муҳлати таъмири таҷҳизот, коҳиши хароҷоти истеҳсолӣ ва баланд гардидани самаранокии фаъолияти корхона мегардад.   Технологияҳои муосири дар корхона насбшуда аз Швейтсария ворид гардида, нисбат ба дастгоҳҳои пешина 20 фоиз камтар неруи барқ сарф менамоянд.   Дар идомаи боздид Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ирода Инвест боздид намуданд.   Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни истеҳсоли ватанӣ, ки дар корхонаҳои ҷамъияти мазкур истеҳсол мешаванд, ба намоиш гузошта шуда буд. Аз ҷумла, навъҳои гуногуни орд, маҳсулоти ордӣ, равғани растанӣ ва мисли инҳо пешниҳод гардиданд.   Зимни боздид Пешвои миллат бо намуд ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда шинос шуда, ба иқдомҳои соҳибкорону истеҳсолкунандагон дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд доданд.   Таъкид гардид, ки рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хом, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва зиёд намудани ҳаҷми содирот аз самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад.   Дар ин замина ба соҳибкорон ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот, ҷалби мутахассисони соҳибтахассус ва саҳмгузории бештар дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои судманд доданд.

    20

    21.09.2026