22.09.2026

 img

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷандро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 

Бинои нави Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд бо номи Навниҳоли Ватан ба истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Муассисаи давлатии махсуси табобатии Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд қомат афрохтааст.

 

Корҳои сохтмонии иншооти иҷтимоии мазкур аз моҳи октябри соли 2025 оғоз гардида, он бо иқдоми ватандӯстонаи соҳибкорони ватанӣ аз ҷониби ҶДММ Қолинҳои Қайроқум бо тарҳи зебо, сифати баланд ва инфрасохтори муосири хизматрасонӣ ба кӯдакон бунёд гардидааст.

 

Дар бинои нави муассиса ҳуҷраҳои тавонбахшӣ, утоқҳои алоҳида барои гурӯҳҳои доимӣ ва кӯтоҳмуддат, шуъбаи модару кӯдак, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар ҷойҳои ёрирасон бо шароиту имкониятҳои васеъи хизматрасониву тавонбахшӣ ба кӯдакон фароҳам гардидааст.

 

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд Навниҳоли Ватан бо шароити муосири тавонбахшиву хизматрасонӣ дар пешравии зеҳнӣ, ҷисмонӣ, эҳсосотӣ ва фарҳангии шахсони имконияташон маҳдуд, ятимони кулл ва дигар табақаҳои ниёзманди наврас мусоидат намуда, ба таври шоиста ҳуқуқи кудаконро ба нигоҳубин, тандурустӣ, таҳсил, тарбия ва рушд таъмин менамояд.

 

Фаъолияти муассиса дар доираи татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатии соҳавӣ бо мақсади таъминоти иҷтимоии ятимони кулл, тавонбахшии тиббию зеҳнӣ ва расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд бо фарогирии 75 кӯдак роҳандозӣ гардидааст.

 

Зимни суҳбат бо масъулини соҳа ва кормандони муассиса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини зиндагии беҳтари ятимони кулл ва кӯдакони имконияташон маҳдуд тадбирҳои саривақтӣ амалӣ менамояд ва ин қишри осебпазири ҷомеа то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоданашон доимо зери таваҷҷуҳ, нигоҳубин, ғамхорӣ ва сарпарастии давлат қарор мегиранд.

 

Муассисаи мазкур барои таъмини гармӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бо маркази гармидиҳии муосир, майдончаи бозии кӯдакон бо лавозимоти гуногун ва суҳбаткадаҳо барои истироҳату фароғати кӯдакон таъмин карда шуда, саҳни ҳавлии ин муассисаи иҷтимоӣ бо дарахтони ороишӣ ва буттаҳои ҳамешасабз  оро дода шудааст.

 

Баробари ба фаъолият оғоз намудани Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд 70 корманди соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

  • Ифтитоҳи МД Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд img
  • Ифтитоҳи МД Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд img
  • Ифтитоҳи МД Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд img
  • Ифтитоҳи МД Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд img
  • Ифтитоҳи МД Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ИФТИТОҲИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ДАР МИНТАҚАИ ҲИСОР Дар шаҳри Ҳисор даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» миёни ноҳияҳои Файзобод, Варзоб, Шаҳринав, Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Ҳисору Роғуну Ваҳдат ва Турсунзода оғоз гардид.   Дар маросими ифтитоҳи озмун раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор иштирок ва суханронӣ намуд.   Раиси шаҳр зимни баромади худ таъкид кард, ки баргузории чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ барои баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, тақвияти завқи китобхонӣ ва арҷгузорӣ ба мероси адабии ниёгон, бахусус осори безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, аҳамияти муҳим дорад. Ӯ иштирокчиён, омӯзгорон ва масъулонро барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба чунин озмунҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ даъват намуда, ба ҳамаи иштирокчиён барору комёбӣ орзу кард.   Дар идома таъкид гардид, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ яке аз ганҷинаҳои бузурги адабиёти форсу тоҷик ба шумор рафта, омӯзиш ва мутолиаи он дар тарбияи ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ нақши муҳим дорад.   Дар даври сеюми озмун беҳтарин иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои зикршуда барои санҷиши донишу маҳорати худ иштирок намуда, аз ашъор ва достонҳои «Шоҳнома» қироат ва донишу маҳорати худро нишон медиҳанд ва аз имруз сар карда, то 24-уми сентябр дар шаҳри Ҳисор идома хоҳад ёфт.   Баргузории чунин чорабиниҳо дар шаҳри Ҳисор бори дигар аз таваҷҷуҳи хос ба рушди маърифати ҷавонон, китобхонӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангиву адабии миллӣ шаҳодат медиҳад.

    31

    22.09.2026
  •  img
    Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и Нури Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд 22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и Нури Раҳмонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Иншооти муосири таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ба ифтихори ҷашни муқаддас – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  бо риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва тарҳу унсурҳои муосири меъморӣ бунёд гардидааст.   Мактаби замонавӣ чорошёна буда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф сохта шуда, барои 4 ҳазор хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.   Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2025 оғоз гардида, дар муҳлати як сол бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.   Муассисаи нав дорои 73 синфхона буда, аз ин шумора 15-тоаш кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз бо аёният ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои таълимии химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ бо технология барои писарону духтарон ва омодагии ҳарбӣ мебошанд.   Дар иншооти таълимӣ барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар низ шароити хуб фароҳам оварда шудааст.   Муассиса, ҳамчунин, дорои озмоишгоҳҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, китобхонаҳои анъанавию электронӣ, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва толори маҷлис бо 300 курсӣ мебошад.   Дар ин боргоҳи илму маърифат 38 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул буда, раванди таълим тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.   Дар муассисаи тозабунёд Осорхонаи Пешвои миллат низ таъсис дода шуда, дар он аксҳои 5 давраи зиндагӣ ва ҳаёту фаъолияти Роҳбари давлат гирдоварӣ шудааст. Мавҷуд будани чунин осорхона дар муассиса бевосита ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон ва арҷ гузоштан ба талошҳои пайваста ва шабонарӯзии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуъ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат хоҳад кард.   Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзишӣ, ки дар муассиса сохта шудааст, барои машқу тамрини футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз ва шоҳмот, бевосита ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва обутоб ёфтани хонандагон мусоидат мекунад.   Майдончаи варзишӣ аз бартариҳои дигари мактаб дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш унвон мешавад. Фароҳам овардани чунин шароит имкон медиҳад, ки хонандагон вақти холигии худро босамар гузаронида, ба варзиш машғул шаванд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёшуда дар иншооти таълимӣ ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба омӯзгорон барои истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда ва тарбияи ҷавонони босаводу лаёқатманд дастуру ҳидоятҳо доданд.   Зикр гардид, ки бо фароҳам гардидани шароити мусоиди таълиму тарбия дар тамоми муассисаҳои таълимии умумии кишвар бояд дар мадди аввал сифати таҳсилот ва дониш гузошта шавад.   Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бе илму навоварӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.

    5

    22.09.2026
  •  img
    ДАР ВМКБ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ОҒОЗ ГАРДИД Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид.   Дар маросими ифтитоҳи даври вилоятии озмун намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, масъулони соҳаи маориф, омӯзгорон, иштирокчиёни озмун, падару модарон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.   Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо ташаббус ва иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, он барои ҷалби бештари насли наврас ба мутолиаи осори гаронбаҳои адабиёт, тақвияти ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии ниёгон заминаи мусоид фароҳам меорад.   Гуфта шуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҳамчун як иқдоми беназир ба баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, тақвияти завқи китобхонӣ, рушди қобилияти суханварӣ ва азбар намудани осори адабии ниёгон мусоидат намуда, дар шинохти арзишҳои миллӣ ва фарҳангии хонандагон нақши муҳим дорад.   Зикр гардид, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ яке аз шоҳасарҳои бузурги адабиёт ва ганҷинаи арзишманди фарҳанги миллӣ буда, омӯзишу азбар намудани он барои таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва бедор намудани ҳисси ватандӯстии насли наврас аҳаммияти хосса дорад.   Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиёни даври вилоятии озмун маҳорати худро дар шоҳномахонӣ нишон дода, аз осори безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ порчаҳо қироат намуданд.

    27

    22.09.2026