ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ

11.10.2024

Дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба муносибати 33 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 ва Муассисаи таҳсилоти томактабии №2 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

 

Дар расми ифтитоҳи муассисаҳои мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок намуда, бунёди чунин биноҳои хуштарҳу замонавӣ ва фароҳам шудани шароити муосирро барои таълиму тарбияи насли наврас натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ояндаи ин қишри ояндасози Ватан арзёбӣ кард.

 

Зимни ифтитоҳии муассисаҳои таълимӣ вазири маориф ва илм муҳассилину омӯзгорон ва тарбиятгирандагонро ба донишомӯзӣ, дӯст доштани Ватан, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз даъват намуд.

 

Бояд гуфт муассисаҳои мазкур бо муосиртарин шароит бунёд ёфта, дар онҳо шароити беҳтарини таълиму тадрис ва тарбия барои муҳассилину тарбиятгирандагон фароҳам оварда шудааст. Утоқҳои дарсӣ, синфхонаҳо ва дигар шароити дар муассисаҳо бунёдгардида, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва малакаву маҳорати хонандагону тарбиятгирандагон мусоидат менамояд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ img
  • ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ img
  • ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ img
  • ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ img
  • ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ img
  • ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ img
  • ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ img
  • ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР СОЛИ 2024 Имрӯз, 19-уми декабри соли 2024 дар Кохи Суруш маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2024 баргузор гардид.   Дар чорабинии мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои тобеъ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳо, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хонандагону омӯзгорон ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.   Вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз намуд, ки соҳаи маориф дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи меҳварӣ дошта, дар яке аз суханрониҳои худ Сарвари давлат чунин таъкид доштанд: «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ ба илму маориф, яъне, ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта - сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад».   Ҳамчунин қайд гардид, ки ғолибияти хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои сатҳи гуногун ба муаррифии мактабу маорифи миллӣ ва ташкили фазои рақобатпазир дар ин соҳа мусоидат мекунад.   Чунончи, дар соли 2024 барои хонандагони синфҳои 5-11 олимпиадаҳо аз рӯйи 13 фанни таълимӣ, Олимпиада оид ба Шоҳмот ва Олимпиадаи Спелинг-би ташкил ва баргузор гардиданд.   Дар даври ҷумҳуриявии ин олимпиадаҳо 5340 нафар хонандагон иштирок намуда, шаҳри Душанбе бо гирифтани 811 ҷой дар мақоми аввал, вилояти Хатлон бо гирифтани 541 ҷой дар мақоми дуюм ва вилояти Суғд бо гирифтани 450 ҷой дар мақоми сеюм қарор доранд.   Дар ин давра хонандагони болаёқати тоҷик дар 33 олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, 2287 ҷойи намоёнро ба даст оварданд.   Соли равон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ки бо ҷалби хонандагони зиёда аз 130 кишвар баргузор гардиданд, хонандагони тоҷик 3 медали биринҷии олимпӣ, 1 медали биринҷӣ дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика «IPhO-2024» ва 2 медали биринҷӣ дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика «IМO-2024» ба даст оварданд.   Сипас, ба се нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии сатҳи олӣ бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, омӯзгорон бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ ва волидайни онҳо бо “Сипоснома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.   Ҳамчунин, 16 нафар омӯзгор барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди ҳаракати олимпӣ бо нишонии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, 60 нафар омӯзгори пешсаф бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 нафар омӯзгор бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    56

    19.12.2024
  •  img
    ИФТИХОР, ЭҲТИРОМ, ЭЪТИРОФ: НАТИҶАИ ЗАҲМАТИ 60-СОЛАИ ШОҲИМАРДОН АРЗИҚУЛОВ Ин акс 19 декабри соли 2024 бардошта шудааст, дар ҷараёни маросими ҳавасмандгардонии омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ. Муаллим Шоҳимардон Арзиқулов, асо дар даст, барои гирифтани подоши заҳматҳои 60-солааш дар мактаб ба саҳна баромад. Шояд аксарият ва худи ӯ то ин дам гумон доштанд, ки подош танҳо мукофоти соҳавӣ - нишони "Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон аст".   Дар асл чунин набуд. Бо дидани асову дасти ларзони муаллим вазири маориф ва илми Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода сӯяшон шитофтанд ва аз дасташон доштанд. Ин лаҳза ҳамон мақоли "бузургонро бузургон зинда медоранд" ба хотир расид. Дар толор 700 нафар иштирокдори маросим... Ҳама беихтиёр аз ҷо хестанд ва каф кӯбиданд. Чи шаҳомате дошт ин лаҳза толор!   Балки толор не, арҷгузории ҷомеа - роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, сарони сохторҳои гуногуни соҳа, омӯзгорони пешсафи кишвар, хонандагон ва волидайн нисбат ба заҳматҳои муаллим Арзиқулов шаҳомат дошт.   Чанд лаҳза оромӣ... Вазири маориф ва илм аз ҳолу аҳволи муаллим пурсон шуданд. Садои сукути кохи боҳашамати "Суруш"-ро танҳо ҷавобҳои кутоҳи муаллим Арзиқулов халалдор мекард. Дигарон комилан хомӯш буданд ва талош мекарданд посухҳои ӯро шунаванд...   Ҳамин лаҳза ду саҳна дар зеҳнам хутур карданд:   1. Сентябри соли 1966, вақте ҷавони қоматбаланду таҳамтан Шоҳимардон дар даст дипломи омӯзгорӣ аз шаҳр ба деҳа омад ва қавл дод: "Худро ба мактаб мебахшам".   2. Баъди ҳудудан 60 сол, моҳи апрели соли 2024, вақте бо ӯ шинос шудем, аснои баргузории даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ. Ӯ дигар ҷавону пурэнерҷӣ набуд, аммо ҳамоно талоши беохир дошт. Соатҳо дар саҳни ҳавлии Мактаби байналмилалии Президентӣ натиҷаи кори шогирдонро мунтазир мешуд. Ҳар лаҳза таъкид мекардам: "Инҷо будан шарт нест, худатонро зиёд ташвиш надиҳед...". Посух як лабханд буд. Гуё мегуфт: "Охир қавл додаам, ки худро ба мактаб мебахшам".   Барои як лаҳзаи кутоҳ китоби хотира ва тасаввур варақгардон шуд. Авҷи садои кафкӯбиҳо ва таъзим пеши бузургии устод-омӯзгор анбуҳи хотираҳоро парешон кард. Ва саҳнаи сеюмро дидам: чигуна вазир фарзандвор дасти муаллимро дошта, аз саҳна то сафҳои нишаст роҳнамоӣ кард..   Итминон дорам, ин лаҳзаро иштирокдорон солҳо боз дар хотира маҳфуз медоранд. Ин рӯйдод барои омӯзгорони ҷавон панд буду барои ман таъйид: Дар интихоби пеша ғалат накардам!

    40

    19.12.2024
  •  img
    ИСТИҚБОЛ АЗ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ВКОШП» Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе дар фазои тантанавӣ бо ширкати масъулони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, хонандагон, омӯзгорон ва волидайн, ғолибону иштирокдорони XVI Олимпиадаи авруосиёӣ аз фанни информатика, ки рӯзҳои 13-14 декабри соли 2024 дар шаҳри Алмато баргузор гардида буд, истиқбол гирифта шуданд.   Дар Олимпиадаи мазкур 39 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кишвари моро намояндагӣ карданд. Аз ин миён хонандагони тоҷик дар ин сабқат сазовори 3 медали нуқра ва дипломи дараҷаи II ва 15 медали биринҷӣ ва дипломи дараҷаи III гардиданд. Дастоварди мазкур баёнгари рушди ҳаракати олимпӣ дар кишвар ва афзоиши таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ буда, натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии хонандагон ва омӯзгорони кишвар мебошад.   Бояд ёдовар шуд, ки дар даври ниҳоии Олимпиада 77 даста бо фарогирии 231 нафар хонанда аз субъектҳои ФР, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат варзида, он дар заминаи Донишгоҳи байналмилалии технологияҳои иттилоотӣ гузаронида шуда, ҳадаф аз баргузории Олимпиада тавсеаи салоҳияти иттилоотии хонандагон, баланд бардоштани фарҳанги иттилоотӣ ва дарёфти чеҳраҳои боистеъдод дар бахши технологияи иттилоотӣ, фанноварӣ ва моделсозии компютерӣ мебошад.

    71

    19.12.2024