21.07.2025

Шаби 21 июли соли 2025 дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дастаи мунтахаби хонандагони тоҷик, ки дар Олимпиадаи 66-уми байналмилалии математика (IMO) иштирок намуда, бо медал ба Ватан баргаштанд, гарму самимӣ истиқбол гирифта шуданд.
Зимни истиқболи ғолибон муовини вазири маориф ва илм аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди қобилияти зеҳнии наврасону ҷавонон ва дастгирии ҳамешагии онҳо дар самти иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки маҳз ҳамин ғамхории пайваста ва шароити фароҳамгардидаи мусоид имкон додааст, ки ҷавонон дар чунин олимпиадаҳои сатҳи баланд соҳиби ҷойҳои намоён гарданд.
Муовини вазир бо ифтихор иброз намуд, ки ин комёбӣ пас аз шаш соли танаффус ба даст омада, ба рушди минбаъдаи таҳсилоти риёзии хонандагон ва болоравии нуфузи илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ замина мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин олимпиадаи бонуфузи ҷаҳонӣ, ки аз 10 то 20 июли соли равон дар шаҳри Саншайн-Кости иёлати Квисленди Австралия баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 хонандаи лаёқатманд намояндагӣ карданд. Хонандагони мо бо маҳорати баланди зеҳнӣ ва тайёрии амиқ тавонистанд натиҷаҳои назаррас ба даст оранд:
- Машрафҷон Иномов ва Олимҷон Тухтаров сазовори медалҳои нуқра шуданд;
- Меҳрубон Юсупов бо ҷойи ифтихорӣ қадрдонӣ гардид.
Олимпиадаи байналмилалии математика аз соли 1959 инҷониб баргузор мегардад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2005 узви он аст. То ба имрӯз хонандагони тоҷик дар умум соҳиби 7 медали нуқра, 28 медали биринҷӣ ва 58 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд.
Иштироки бомуваффақияти дастаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи имсола на танҳо нишонаи омодагии сатҳи баланди хонандагон, балки таҷассумгари сиёсати маорифпаваронаи давлату Ҳукумати кишвар ва заҳмати омӯзгорон мебошад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳои дигар
-
36
24.07.2025 -
24
24.07.2025 -
142
24.07.2025