02.04.2026

 img

Дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи сеюми солонаи Гурӯҳи кории Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) оид ба рушди малакаҳо баргузор гардида истодааст, ки дар кори он намояндагони кишварҳои узви барнома, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок доранд.

 

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои марбут ба рушди малакаҳои “сабз”, мутобиқсозии низоми таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат, густариши таҳсилоти техникӣ ва касбӣ, инчунин тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти омодасозии кадрҳои рақобатпазир мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиён доир ба роҳҳои ҳамгироии малакаҳои экологӣ ба барномаҳои таълимӣ, рушди STEM - таҳсилот ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, табодули афкор намуданд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии сатҳи баланд муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода намояндагӣ дорад. Зимни суханронии худ муовини вазири маориф ва илм таъкид кард, ки барои Тоҷикистон рушди малакаҳои «сабз» на танҳо як самти нави таълим, балки омили муҳимми таъмини рушди устувор ва муқовимат ба таъсири тағйирёбии иқлим мебошад.

 

Қайд гардид, ки тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ, кишоварзӣ ва энергетикаи кишвар таъсири ҷиддӣ мерасонад ва дар чунин шароит омодасозии мутахассисоне, ки метавонанд технологияҳои устуворро татбиқ намоянд ва кишоварзии мутобиқ ба иқлимро рушд диҳанд, аҳаммияти хос касб менамояд.

 

Ҳамзамон, зикр шуд, ки бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон татбиқи яке аз лоиҳаҳои бузург оғоз гардидааст, ки ба рушди таҳсилоти STEM дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ равона шудааст. Лоиҳаи мазкур то соли 2030 амалӣ гардида, хонандагони синфҳои 5-11-ро фаро мегирад ва ба ташаккули насли нав бо тафаккури интиқодӣ ва малакаҳои муҳандисиву технологӣ мусоидат менамояд.

 

Иштирокчиён инчунин ба масъалаи ҷалби бештари духтарон ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва техникии STEM таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро омили муҳимми таъмини баробарии имкониятҳо ва рушди сармояи инсонӣ арзёбӣ карданд.

 

Дар ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минтақавӣ, мубодилаи таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди малакаҳо ва таҳсилоти муосир изҳор намуда, таъкид карданд, ки рушди малакаҳои «сабз» ва таҳсилоти STEM метавонад заминаи устувори рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои минтақа гардад.

  • ИШТИРОКИ МУОВИНИ ВАЗИР ДАР ҶАЛАСАИ СЕЮМИ СОЛОНАИ ГУРӮҲИ КОРИИ БАРНОМАИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИИ МИНТАҚАВИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ img
  • ИШТИРОКИ МУОВИНИ ВАЗИР ДАР ҶАЛАСАИ СЕЮМИ СОЛОНАИ ГУРӮҲИ КОРИИ БАРНОМАИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИИ МИНТАҚАВИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ img
  • ИШТИРОКИ МУОВИНИ ВАЗИР ДАР ҶАЛАСАИ СЕЮМИ СОЛОНАИ ГУРӮҲИ КОРИИ БАРНОМАИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИИ МИНТАҚАВИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Машварати корӣ 3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд.   Машварати корӣ бо иштироки аъзои Кумитаи тадорукот доир ба истиқболи сазовор аз солгарди 35-уми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Доир ба рафти иҷрои барномаи омодагиҳо гузориши аъзои Кумитаи тадорукот, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, шунида шуд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки тамоми чорабиниҳои ҷашнӣ дар пойтахт, марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо омодагии ҳамаҷониба ва мазмуну мундариҷаи баланд баргузор карда шаванд.   Таъкид гардид, ки таҷлили сазовор ва пуршукуҳи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон метавонад ба эҳёи хотираи таърихӣ, таҳкиму тақвияти худшиносиву худогоҳии мардум, бахусус ҷавонону наврасон ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз таърихи бостонӣ, фарҳанги пурғановат ва тамаддуни бузурги ориёӣ мусоидати фаъол намояд.   Тавре иттилоъ доданд, дастуру таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва руҳияи баланди омодагӣ ба ин ҷашни бузурги миллӣ, ҳамчунин ба раванди бунёдкорию созандагӣ дар тамоми қаламрави кишвар, такони ҷиддӣ додааст, зеро дар доираи омодагӣ ба он беш аз 30 ҳазор иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шуда, садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.

    11

    03.04.2026
  •  img
    СУРУР ВА ФАЙЗИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Бо ибтикори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар бинои Маркази кӯдакон ва наврасони пойтахт ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.   Дар чорабинии идона намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон, хонандагону тарбиятгирандагон ва меҳмонон иштирок намуданд.   Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур оғоз гардида, қайд карда шуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни ниёгон рамзи эҳёи табиат, оғози фасли баҳор, дӯстиву ҳамдилӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Мувофиқи қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардида, акнун Наврӯз ҳамасола дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад. Ҳамзамон, қайд гардид, ки Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллии мо аст, ки аз рӯзгори қадим ибтидо гирифта, то ба имрӯз ғоя ва анъанаҳои олии миллӣ ва умумибашариашро бо беҳтарин ваҷҳ идома мебахшад. Бахусус, пас аз қабули қатъномаи иҷлосияи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз шукуҳу эътибори он дар саросари ҷаҳон нуфуз ва доманаи густариши бештар пайдо намуд.   Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз бо тамоми шукуҳу ҷалолаш эҳё гашта, ба ҷашни асосии миллии тоҷикон табдил ёфт ва имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ бошукуҳ таҷлил мешавад.   Чорабинии мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 06.02.2026, №130 “Дар бораи таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе” роҳандози гардида, баргузории чунин чорабиниҳо дар тарбияи маънавии насли наврас ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ нақши муҳим дорад.   Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо суруду рақсҳои миллӣ, саҳначаҳои ҷолиб ва намоиши анъанаҳои деринаи тоҷикон рангоранг гардид.   Дар доираи чорабинӣ, ҳамчунин намоиши дастовардҳои эҷодӣ ва гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки диққати иштирокдоронро ба худ ҷалб намуд.

    25

    02.04.2026
  •  img
    РАФТИ ИҶРОИ СТРАТЕГИЯИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ РИЁЗӢ, ДАҚИҚ ВА ТАБИӢ БАРРАСӢ ГАРДИД Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода вобаста ба рафти иҷрои Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм барои давраи то соли 2030 мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.   Зимни баррасии масъала сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Ш. Асомиддинзода оид ба рафти иҷрои бандҳои стратегияи мазкур гузориш пешниҳод намуда, таъкид кард, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати татбиқи самараноки ҳадафҳои пешбинишуда як қатор чорабиниҳои мушаххас амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, такмили барномаҳои таълимӣ аз фанҳои риёзӣ ва табиӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассусии омӯзгорон, тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки дар баъзе самтҳо, аз ҷумла таъмини пурраи муассисаҳо бо таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ва фарогирии баробар дар минтақаҳо, ҳанӯз ҳам масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мемонанд.   Дар идомаи ҷаласа иштирокчиён вобаста ба камбудиву мушкилоти ҷойдошта андешаронӣ намуда, барои беҳтар намудани сифати иҷрои бандҳои нақшаи миёнамуҳлати стратегия пешниҳодҳои мушаххас манзур карданд.   Муовини якуми вазири маориф ва илм зимни ҷамъбасти ҷаласа ба масъулин ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати бандҳои стратегия дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки татбиқи пурраи ҳадафҳои пешбинишуда омили муҳимми баланд бардоштани сифати таълим ва рушди фанҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад. Инчунин зарурати тақвияти назорати дохилӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳо ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо ҷиҳати ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас муҳим арзёбӣ намуд.

    25

    02.04.2026