18.11.2025

 img

Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории Шурои ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба ниҳоӣ намудани Барномаи татбиқи Консепсияи ташаккули фазои ягонаи таълимии ИДМ барои солҳои 2027-2035 баргузор гардид. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ин ҷаласа Саидзода Ҳикматулло, сардори раёсати таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд

 

Барномаи мазкур ҳамчун санади муҳимми стратегӣ таҳия шуда, ба ҳамоҳангсозӣ ва густариши ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи маориф, тайёр ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, мутобиқсозии стандартҳои таълимӣ ва таҳкими фазои ягонаи иттилоотӣ равона гардидааст.

 

Ҷаласа бо иштироки намояндагони кишварҳои узв баргузор шуда, намояндагони мақомоти идоракунии маориф аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, ҳамчунин вакилони Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ ва намояндагони Исполкоми ИДМ ширкат варзиданд.

 

Ҷониби Тоҷикистон дар баррасии бахшҳои калидии Барномаи мазкур, аз ҷумла, таҳияи механизмҳои ҳамоҳангсозии стандартҳои таҳсилот дар кишварҳои ИДМ, такмили низоми аккредитатсия ва аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва касбӣ, ташаккули низоми ягонаи иттилоотӣ ва маълумот оид ба таҳсилот, таҳияи меъёрҳои намунавӣ дар самти таҳсилот, омӯзиши калонсолон ва таҳсилоти фосилавӣ, баланд бардоштани сифати тайёркунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ саҳми фаъол гузошт.

 

Сардори раёсати таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба зарурати идомаи ҳамкориҳо дар доираи ИДМ дар самти мутобиқсозии стандартҳо, таъмини эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои таҳсилотӣ, дастгирии таҳсилоти инклюзивӣ ва тавсеаи имкониятҳои таҳсилоти фосилавӣ баён намуд.

 

Зимни мулоҳизаронӣ таъкид гардид, ки Барномаи татбиқи Консепсияи ташаккули фазои ягонаи таълимии ИДМ барои солҳои 2027-2035 яке аз марҳилаҳои муҳимми ҳамгироии кишварҳо дар соҳаи маориф ба шумор рафта, ба таҳкими рушди кадрӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии низоми таҳсилоти миллӣ ва тавсеаи ҳамгироии илмӣ-таҳсилотӣ мусоидат менамояд.

 

Дар анҷоми ҷаласа пешниҳод гардид, ки лоиҳаи Барнома бо пешниҳоди ҷонибҳои иштирокчӣ такмил ёфта, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Шурои ҳамкории соҳаи маорифи кишварҳои ИДМ пешниҳод карда шавад.

  • ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ВАЗОРАТ ДАР ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРИИ ИДМ ОИД БА РУШДИ ФАЗОИ ЯГОНАИ ТАЪЛИМӢ img
  • ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ВАЗОРАТ ДАР ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРИИ ИДМ ОИД БА РУШДИ ФАЗОИ ЯГОНАИ ТАЪЛИМӢ img
  • ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ВАЗОРАТ ДАР ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРИИ ИДМ ОИД БА РУШДИ ФАЗОИ ЯГОНАИ ТАЪЛИМӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ба истифода додани бинои Муассисаи томактабии хусусии ҶДММ Фортуна Ко, тариқи маҷозӣ ифтитоҳи 2 кӯдакистон дар шаҳри Хуҷанд, 1 кӯдакистон дар ноҳияи Айнӣ ва 8 маркази инкишофи кӯдак дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои Муассисаи томактабии хусусии Кӯдакистони Арчаро, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Фортуна Ко, ки ба таври инноватсионӣ бунёд шудааст, ба истифода доданд.   Кӯдакистони Арча дар асоси татбиқи нишондоди Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оид ба бунёди муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак дар маҳаллаҳои аҳолинишин бунёд гардида, мақсади он фарогирии бештари кӯдакон ба низоми ибтидоии таълим арзёбӣ мешавад.   Кӯдакистони инноватсионии Арча барои 500 кӯдак сохта шуда, дар маҳаллаи 7-уми шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз кард. Муассисаи нави томактабӣ бобати таъмини кӯдакон бо муҳити бехатар, инноватсионӣ ва устувори таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои шахсии оилаи Очиловҳо бунёд ёфтааст.   Баробари ба истифода додани боғча зиёда аз 40 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи корӣ ва маоши муносиб таъмин шуданд.   Ин лоиҳа ҳамчун намунаи равшани сармоягузорӣ ба муассисаҳои иҷтимоии хусусӣ ва як қадами калидии стратегии рушди захираҳои инсонӣ дар Тоҷикистон маънидод мегардад.   Низоми таълим дар муассисаи нави томактабӣ тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, барои ба боғча расондани кӯдакон се воситаи нақлиёти муосир харидорӣ шудааст.   Боғча бо инфрасохтори инноватсионӣ, синфхонаҳои интеллектуалӣ, фазои мусоиди экологӣ ва барномаҳои тарбияву рушди ҳамаҷониба барои кӯдакони синни томактабӣ таъсис дода шудааст.   Дар муассисаи томактабӣ 18 гурӯҳ ташкил шудааст, ки ҳар кадоме бештар аз 20 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро мегирад.   Теъдоди синфхона, ҳуҷраҳои хоб ва ёрирасон бошад, ба 25 адад мерасад.   Толори варзишӣ барои кӯдакон ва ошхонаи муҷаҳҳазу барҳаво аз имкониятҳои дигари муассисаи таълимии томактабӣ мебошад.   Дар синфхонаҳои замонавӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои пазируфташуда Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагони кӯдакистон суҳбати самимӣ анҷом доданд.   Гурӯҳҳо ба маҳфилҳои бозӣ, китобхонӣ, санъат, бозиҳои нақшофарӣ, табиатшиносӣ ва ғайра ҷудо карда шудааст. Ба рушди нутқи кӯдакон ва тафаккури тарбиятгиранда афзалият дода мешавад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ин иншоот, ки бо санъати муосири меъмории миллию аврупоӣ бунёд шудааст, баҳои баланд доданд.   Дар ҳамин ҷо пас аз ифтитоҳи кӯдакистони нав Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ ба фаъолияти кӯдакистони Азизи дилҳо дар шаҳри Хуҷанд, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Азизи дилҳо” бунёд шудааст, оғоз бахшиданд.   Иншоот дар масоҳати 36 садяк замин, дар ду ошёна аз тарафи соҳибкор Нигина Ибодуллоева бунёд шудааст ва дар он 120 кӯдак дар чор гурӯҳ ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Таълим дар ин кӯдакистон бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.   Аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Меҳрофарин бошад, дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони Донояк ба истифода дода шуд. Ин муассисаи томактабӣ барои 60 кӯдак пешбинӣ гардида, он аз се ошёна иборат аст. Таълим дар ин кӯдакистон ҳам бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад.   Ифтитоҳи иншооти дигари соҳаи маориф, 1 кӯдакистон дар ноҳияи Айнӣ низ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ сурат гирифт.   Кӯдакистони Фаринӯш дар ноҳияи Айнӣ дар доираи вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Томин ба истифода дода шуд.   Бинои нави кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми соҳибкорони ташаббускор ва шахсони саховатпешаи  деҳа сохта шудааст.   Дар  кӯдакистони нав имкони ба таълими томактабӣ фаро гирифтани 40 кӯдак мавҷуд буда, он дорои шароити муосир мебошад. Ҳуҷраҳо барои гузаронидани машғулиятҳо, ҳуҷраҳои хоб ва фароғат дар муассисаи томактабӣ дорои шароити мусоид буда, бо лавозимоти соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошанд.   Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 маркази инкишофи барвақтии кӯдаконро, воқеъ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.   Сохтмони марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимии №23-и деҳаи Лангар, муассисаи таълимии №31-и деҳаи Сабағ ва муассисаи таълимии №10-и деҳаи Деҳманораи деҳоти Лангар, муассисаи таълимии №17-и деҳаи Ронч, муассисаи таълимии №11-и деҳаи Ғузн, муассисаи таълимии №32-и деҳаи Рогиф ва муассисаи таълимии №11-и деҳаи Рӯзи деҳоти ба номи Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо сифати баланд анҷом дода шудааст.   Марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути маблағгузории Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши инсонӣ дар Тоҷикистони назди Вазорати молияи кишвар бунёд гардидааст. Дар ҳар яке аз ин муассисаҳо аз 25 то 60 кӯдак ба таҳсилоти иловагӣ фаро гирифта мешаванд.   Зимни суҳбат бо масъулони тарҳи бунёди марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро барои ҳиссагузории бештар дар пешрафти низоми маорифи Тоҷикистон, бахусус саҳмгузорӣ бобати рушди зинаи ибтидоии таълим, ҳидоят карданд.

    16

    18.11.2025
  •  img
    Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва раванди корҳои ободониву созандагӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.   Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвари давлатро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ бо самимона истиқбол гирифтанд.   Маврид ба таъкид аст, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баъди бунёд, таъмир ва навсозӣ бештар аз 12 ҳазор иншооти гуногун ба истифода дода шуда, то моҳи сентябри соли 2026 боз 2 ҳазор иншооти дигар бунёд карда мешавад.

    49

    18.11.2025
  •  img
    Ба истифода додани Муассисаи томактабии Аркон, тариқи маҷозӣ ифтитоҳи Гимназияву муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳри Хуҷанд, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Айнӣ 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии Арконро мавриди истифода қарор доданд.   Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Умеда Гадойбоева дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти давлат дар масоҳати умумии 2264 метри мураббаъ бо сифати баланд ва шароити замонавӣ бунёд ёфтааст.   Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар иншооти навбунёд 360 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои кор бо онҳо 30 парастори соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ ҷалб гардидаанд. Шумораи умумии кормандон дар муассисаи томактабӣ 75 касро ташкил медиҳад.   Иншооти навбунёд аз ҷониби меъморони маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо меъморони олмонӣ таҳия шудааст. Ин равиш омехтаи эстетикаи аврупоӣ ва ниёзҳои фарҳангии тоҷикӣ мебошад.   Ҳар ҷузъи бино аз равзанаҳо то гузаргоҳҳо бо усули Муҳити амн барои кӯдак тарҳрезӣ шудааст.   Бино дорои 26 ҳуҷраи барҳавои машғулият, аз ҷумла 12 ҳуҷраи хобу истироҳат, ошхона, нуқтаи тиббӣ, толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон буда, ҳар кадоми он бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар синфхонаҳо бо мақсади ташаккулу инкишофи зеҳнии кӯдакон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.   Инфрасохтори мувофиқ ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ ва методикаи байналмилалии таълимии, ки ба мустақилият, худомӯзӣ ва рушди табиии қобилиятҳои кӯдакон равонашуда, аз бартариҳои дигари ин муассисаи наву замонавӣ мебошад.    Бозӣ ва корҳои амаливу тафаккурӣ, таваҷҷуҳ ба рушди интеллектуалӣ ва иҷтимоӣ ба ҳар кӯдак, барномаи рангинкамон, инкишофи нутқ, коммуникатсия, саводи аввалия бо таҷрибаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.   Дар муассиса раванди таълим ва машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои бедор сохтани завқи эстетикии кӯдакон толори мусиқӣ низ фаъолият мекунад.   Саҳни бинои Муассисаи томактабии Аркон бо дарахтон ва гулу буттаҳои ороишиву ҳамешасабз ороста шуда, даромадгоҳи он пештоқи ҷолибу назаррабое дорад, ки бо завқу салиқаи баланд ороиш ёфтааст ва барои бедор сохтани ҳисси зебоиписандии кӯдакон муассир мебошад. Ҳамзамон дар саҳни бино айвончаи тобистона барои гузаронидани машғулиятҳо сохта шудааст.   Зимни боздид аз шароити кӯдакистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, аз иқдомҳои созандаи соҳибкори ватандӯст изҳори қаноатмандӣ намуданд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо масъулин, онҳоро барои ба роҳ мондани таълими босифат, ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир ба кӯдакон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва аз хурдӣ ҷой додани эҳтирому садоқат ба обу хоки Ватан дар қалби онҳо, дастуру ҳидоятҳо доданд.   Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду иншооти дигари соҳаи маориф – марҳилаи якуми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Аркон дар маҳаллаи Темурмалик ва Гимназияи рақами 4-ро дар шаҳри Хуҷанд ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Аркон, ки бо шароити муосир бунёд ёфтааст, дорои имкони фаро гирифтани 600 хонанда дар ду баст мебошад.   Дар Гимназияи рақами 4 бошад, 1700 хонандагон дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.   Ҳамчунин дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-ро дар деҳаи Томин ва майдончаи нави варзишии замонавиро дар деҳаи Ғаберуди ноҳияи Айнӣ тариқи фосилавӣ ба истифода доданд.   Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-и деҳаи Ғаберуд бо иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо маблағгузории корхонаи маъдантозакунии муштараки Тоҷикистону Амрико – Анзоб бунёд ёфтааст.   Бинои нави муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои фаро гирифтани 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.   Иншооти нави варзишӣ бошад, бо саҳми соҳибкори ватандӯст Сайфиддин Нуров бунёд гардидааст. Майдончаи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои гуногун пешбинӣ шуда, барои ҷалби бештари наврасон ба варзиш имконият фароҳам меорад.

    20

    18.11.2025