30.06.2025

30 июни соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳори маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст вазири маориф ва илм ҳозиринро ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, таъкид кард, ки соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои рушди устувори он шароити мусоид муҳайё гардидааст. Иброз гардид, ки маҳз бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат дар солҳои охир корҳои зиёде ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани инфрасохтори муосири соҳа, такмили заминаҳои моддиву техникӣ, боло бурдани нуфузи омӯзгорон ва густариши дастрасӣ ба таҳсилоти босифат анҷом ёфта истодааст.
Сипас, гузоришҳои сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ Ҷ. Маҷидзода доир ба рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025» ва тасдиқи «Барномаи таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд.
Гуфта шуд, ки бо мақсади таъмин намудани дастрасӣ ба таҳсилоти босифати томактабӣ дар саросари кишвар мунтазам корҳо анҷом ёфта, сохтмон ва таҷҳизонидани муассисаҳои нави томактабӣ, баланд бардоштани малакаи касбии мураббиён ва ҷалби бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ исботи гуфтаҳои болост.
Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаҳои болозикр, бахусус дар мавриди таҳсилоти томактабӣ, таъкид намуд, ки ин зинаи таҳсилот на танҳо ҳамчун пояи асосии ташаккули шахсияти кӯдак, балки ҳамчун заминаи муҳимми омодасозии насли наврас ба таҳсилоти минбаъда, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоии кӯдакон хизмат мекунад. Мавсуф зикр кард, ки маҳз дар ҳамин давра хусусиятҳои ахлоқӣ, одобу рафтор, ҷаҳонбинӣ ва муносибати кӯдак ба муҳити атроф ташаккул меёбанд.
Дар фарҷом, вазир бо таъкид ба аҳамияти хос доштани таҳсилоти томактабӣ дар тарбия ва рушди насли нав, ба масъулини раёсату шуъбаҳои маорифи ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, иҷрои сифатнок ва саривақтии барномаҳои қабулгардида, ҷалби бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, такмили малакаи мутахассисон ва таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеа ва шарикони рушд таъкид гардид.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон