01.06.2025

 img

Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

 

Кӯдакони азиз!

 

Фарзандони арҷманд!

 

Шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, самимона шодбош намуда, бароятон саломативу сарбаландӣ, таҳсили хубу аъло, фароғату истироҳат ва зиндагии пурсаодатро таманно дорам.

 

Мусаллам аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба соҳаи маориф зоҳир карда шуд ва бо дастгириву роҳнамоиҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шароити мусоиди таълиму тарбия барои кӯдакон фароҳам оварда шуд. Зеро кӯдакон сарвати асосии давлат буда, фарогирӣ ба таҳсил, ҳифзи ҳуқуқҳо, шароити хуби зиндагӣ, истироҳату фароғат ва солимии онҳо дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Ба ин мазмун, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад”.

 

Шоистаи таъкид аст, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо санадҳои муҳимми давлатӣ қабул гардидаанд, ки ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаконро таъмин мекунанд. Аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон”, ки дар асоси он ба таври дақиқу ҳамаҷониба ҳуқуқҳои онҳо ҳифз ва дар ин замина, рисолати аҳли ҷомеа муайян шудааст. Дар баробари ин, стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ амал мекунанд, ки фаъолияти кӯдаконро дар ҳама ҷабҳаҳо таъмин менамоянд.

 

Дар баробари ин, барои бештар ҷалб намудани кӯдакон ба омӯзиш, ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ ва такомулу ташаккули тафаккури онҳо бо дастури Пешвои муаззами миллат озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” роҳандозӣ гардиданд. Дар озмунҳои мазкур бештари довталабонро кӯдакон ташкил медиҳанд ва бо суханварӣ, дониши мукаммал ва ҳунару маҳорати фавқулода баромад менамоянд, ки шаҳодати возеҳ аз доштани ҷаҳонбинии пешрафта, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ба камол расидани насли замони истиқлол мебошад.

 

Дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2024) ба масъалаи вусъати бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳо дастурҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла, ба масъулин супориш дода шуд, ки: “Дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд... Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”.

 

Дар баробари ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, вазифаи мо, омӯзгорон, падару модарон ва умуман, аҳли ҷомеа низ дар масъалаи таълиму тарбияи шоистаи онҳо бештар мегардад. Зеро таъмини ҳифзу ҳимояи кӯдакон ба ҳамбастагии фаъолияти тамоми қишрҳои ҷомеа вобаста мебошад, то онҳо ба омӯзишу таҳсил ҷиддӣ машғул шаванд, истироҳату фароғат намоянд, давраи ширини кӯдакиро дошта бошанд, дар муҳити солими оила ва ҷомеа ба камол расанд ва дар оянда ҳамчун неруи созандаву бунёдкор дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон — Тоҷикистон содиқона хизмат кунанд.

 

Бори дигар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба тамоми кӯдакони кишвар табрик гуфта, барояшон рӯзгори хуш, қалби шод, оромиву осоиши хонадон, иқболи баланд ва саломатии бардавомро орзумандам.

 

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак бод!

 

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДАСТОВАРДИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХИМИЯ БА НОМИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ   Аз 28-уми май то 4-уми июни соли 2025 шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон мизбони Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия ба номи Абурайҳони Берунӣ гардид. Дар ин чорабинии бонуфузи илмӣ хонандагони боистеъдод аз зиёда аз 14 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.   Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Олимпиада 4 нафар хонанда муаррифӣ карда, бо донишу маҳорати худ сазовори 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардиданд.   Ин дастовард нишондиҳандаи омодагии ҳамаҷониба ва сатҳи баланди дониши хонандагони тоҷик дар соҳаи химия мебошад.

    14

    04.06.2025
  •  img
    ПИРӮЗИИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ FEMO   Аз 29-уми май то 2-юми июни соли 2025 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон олимпиадаи байналмилалии FEMO миёни хонандагони зиёда аз 18 давлати дунё баргузор гардид.   Дар қатори дигар кишварҳо дастаи мунтахаби ҷумҳуриро 37 нафар хонандагон муаррифӣ намуда, сазовори 2 – медали тилло, 6 – медали нуқра ва 9 – медали биринҷӣ гардиданд.   Дастовардҳои хонандагони тоҷик бори дигар собит месозад, ки илму фанни миллӣ дар арсаи байналмилалӣ рақобатпазир гардида, таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши илмҳои муосир бештар гардидааст.  

    18

    04.06.2025
  •  img
    БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОД   3 июни соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди корӣ оид ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони касбӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, роҳбарону кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони муассисаҳои тобеъ, сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, инчунин директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Турсунзода, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Бобоҷон Ғафуров тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Ҷаласаро муовини вазир ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки масъалаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони соҳибтахассус, таҳкими пояҳои моддию техникӣ ва татбиқи муқаррароти қонунгузории соҳавӣ аз самтҳои муҳимми фаъолияти Вазорати маориф ва илм маҳсуб меёбад.   Сипас, масъалаи маблағгузории соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифта, Сафарзода Иброҳим – сардори раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм, доир ба вазъи маблағгузории муассисаҳои таълимӣ дар соли 2025 маълумот дод.   Дар идома сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Бобоҷон Ҷаҳонгир вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» баромад намуда, зикр кард, ки таҳкими ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон ва мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати таълиму тарбияи муназзами кӯдак аҳамияти калон дорад.   Ҳамзамон, дар ҷараёни ҷаласа ба роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ муқаррароти қонунгузории амалкунанда хотиррасон карда шуда, таъкид гардид, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (моддаи 58, банди 9) ҷамъоварии ҳамагуна маблағ аз таълимгирандагон ва падару модари онҳо аз ҷониби омӯзгорон, мураббиён, парасторон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимӣ қатъиян манъ аст. Ҳамчунин, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» (моддаи 20, банди 3), омӯзгор уҳдадор аст, ки аз қабули ҳар гуна маблағ, аз ҷумла, дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯз, инчунин, аз гирифтани туҳфаҳои молию пулӣ худдорӣ намояд. Зикр гардид, ки риояи ин талаботи қонунгузорӣ омили муҳимми нигоҳдории муҳити солим, шаффоф ва ахлоқии муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб рафта, аз тамоми омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки ба ҷамъоварии маблағ дар муассиса ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ надиҳанд. Дар сурати ба таври расмӣ ба Вазорати маориф ва илм ворид шудани арзу шикоят доир ба ҷамъоварии маблағ, ҳатман аз ҷониби вазорат нисбат ба шахсони содиркунандаи чунин амалҳо чораҳои интизомӣ андешида мешавад.   Дар идомаи ҷаласа, масъалаҳои марбут ба фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла, таҳияи нақшаҳои таълимии солона, мутобиқсозии барномаҳои таълимии муассисаҳои хусусӣ бо талаботи давлатӣ ва ҳамоҳангии он бо Маркази ҷумҳуриявии рушди муассисаҳои томактабӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.   Инчунин, раванди баргузории даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷиҳати фарогирии васеи хонандагон ва беҳтар ба роҳ мондани ташкили он дар шаҳру ноҳияҳо тавсияҳо пешниҳод гардиданд.   Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа иштирокдорон доир ба масъалаҳои муҳокимашуда мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати такмили фаъолияти минбаъдаи соҳа ироа намуданд.   Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

    24

    03.06.2025