04.11.2025
                
4 ноябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Конститутсия – кафили сулҳ, ваҳдат ва рушди устувор» баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовинони вазири маориф ва илм сардорони раёсату шуъбаҳо, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва дигар намояндагони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода зимни сухани ифтитоҳӣ зикр намуд, ки 6 ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Қонуни олии кишвар бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз ифодагари азму иродаи мардум буда, роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян намуд. Қабули ин санади тақдирсоз бо тарзу усул ва мазмуну моҳияти ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир дар баробари дигар хизматҳои бузурги Пешвои миллат дар ташаккули давлати навини тоҷикон ва фароҳам овардани асосҳои ҳуқуқии он, инчунин барои рушди устувори минбаъдаи тамоми соҳаҳо заминаи воқеӣ гардид. Қабули Конститутсия ба давраи басе душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият рост омада, имрӯз Тоҷикистонро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.
Гуфта шуд, ки Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият ба дӯши давлат вогузор намудааст. Ин дар маҷмуъ барои бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ, ки дар он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, шароити мусоид фароҳам меорад.
Ҳамчунин, дар конференсия маърузаҳои И.Маҳмудов, номзади илми ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ» ва Н.Сафарзода, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, декани факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсия - ганҷинаи гаронбаҳои низоми ҳуқуқии Тоҷикистон» шунида шуд.
Маърузачиён иброз доштанд, ки бо гузашти солҳо аҳаммияту зарурати мавҷудияти ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ҳамон қадар дар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва тавсеаи нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мазмуну моҳияти муҳимтар касб менамояд. Конститутсияи давлати соҳибихтиёрамон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳимми ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос гардидааст.
Дар фарҷом зимни муҳокимарониҳо иштирокчиёни конференсия таъкид намуданд, ки Конститутсия санади олии сиёсиву ҳуқуқиест, ки барои суботу пешрафти минбаъдаи ҷомеа заминаи боэътимод фароҳам меорад ва омӯзиши мунтазами моҳият ва аҳаммияти он дар раванди таълиму тарбия, хусусан миёни насли ҷавон, яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти соҳаи маориф ба шумор меравад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон