21.10.2025

21 октябри соли 2025 дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими расмии ифтитоҳи даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм, муовини раиси комиссияи озмун Раҳим Саидзода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодон, аъзои ҳакамон ва иштирокчиёни озмун иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири кишвар зимни сухани ифтитоҳӣ иброз намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи илм, татбиқи сиёсати илмӣ-техникӣ, таҳкими заминаҳои илмомӯзӣ ва тарбияи насли нави муҳаққиқону навовари миллӣ ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Маҳз дар партави ин сиёсати созанда ва бо мақсади боло бурдани нақши илму дониш дар рушди ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он иборат аз ҳавасманд гардонидани ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ, таҳкими тафаккури таҳлилӣ, рушди қобилиятҳои илмии насли наврас ва татбиқи донишҳои илмӣ дар амалия мебошад.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ҷамъбасти даври сеюм 667 нафар довталаб, аз ҷумла, 227 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 216 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии типпи нав, 183 нафар донишҷӯ ва 41 нафар намояндаи касбу кори гуногун ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Пас аз анҷоми қисми расмии ифтитоҳ, муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм ва дигар намояндагони расмӣ аз рафти баргузории озмун боздид намуда, бо ҳайати ҳакамон ва иштирокчиён суҳбат оростанд.
Сипас, раиси комиссияи озмун аз рафти пурсишу посухи аъзои ҳакамон ва иштирокдорони озмун аз наздик шинос шуд. Муовини Сарвазир аз сатҳи омодагии довталабон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҳамаи иштирокчиён дар озмун муваффақият таманно кард.
Ҳамзамон, раиси комиссия ба масъулин дастур дод, ки фаъолияти комиссияи аппелятсионӣ пурра таъмин гардад, то дар ҳолати пайдо шудани савол ё эътироз аз ҷониби иштирокчиён, баррасии масъалаҳо дар муҳити одилона, тибқи Низомнома амалӣ карда шавад.
Дар идома, муовини Сарвазир, вазири маориф ва илм ва дигар аъзои ҳайати роҳбарикунанда дар саҳни донишгоҳ бо устодон, волидони иштирокчиён ва намояндагони муассисаҳои таълимӣ мулоқот намуда, аз аҳамияти озмуни мазкур, нақши волидон дар дастгирии истеъдоди фарзандон ва масъулияти муассисаҳои таълимӣ дар рушди неруи зеҳнии хонандагону донишҷуён ёдовар шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон