21.08.2026

 img

21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун мулоқот намуданд.

 

Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои даврони 35-соли соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла бунёду таҷдиди ҳазорҳо километр роҳҳои байналмилаливу дохилӣ, неругоҳҳои обӣ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо, корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ёдовар шуда, ҳамаи иштирокдорони вохуриро бо солгарди ин ҷашни умумимиллӣ табрику таҳният гуфтанд.

 

Таъкид гардид, ки бунёди неругоҳи Роғун низ аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол мебошад.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиносоӣ бо вазъи корҳо дар иншооти асрро натиҷагирӣ карда, барои вусъати корҳои созандагӣ дар назди бунёдгарони неругоҳ вазифаҳои нав гузоштанд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону кормандони ширкатҳои ҳамкори хориҷӣ, муҳандисону мутахассисон ва бунёдкороне, ки дар ин майдони созандагӣ бо матонат ва эҳсоси баланди ватандорӣ заҳмат мекашанд, изҳори сипос намуданд.

 

Гуфта шуд, ки бо бунёд кардану ба кор андохтани Роғун мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистони азиз ва зиндагии босаодати наслҳои имрӯзу ояндаро таъмин менамоем.

 

Таъкид гардид, ки Ҳукумати кишвар соли 2025 барои сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, дар маҷмуъ, 8,1 миллиард сомонӣ равона намуд.

 

Дар соли 2026 тибқи нақша 11,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар 7 моҳи соли равон барои корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 8,4 миллиард сомонӣ сарф шудааст.

 

Умуман, аз соли 2008 то имрӯз Ҳукумати кишвар барои корҳои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо 60,3 миллиард сомонӣ маблағ равона кардааст.

 

Зикр карда шуд, ки ҳоло дар иншооти неругоҳ зиёда аз 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият дошта, шумораи мошину механизмҳо ба 4000 расонида шудааст.

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фармоишгар - Ҷамъияти саҳомии Неругоҳи барқи обии Роғун супориш доданд, ки ҷараёни корҳоро байни ҳамаи лотҳо мунтазам танзиму ҳамоҳанг сохта, иҷрои ҷадвалҳои тасдиқшударо таъмин намоянд.

 

Вобаста ба Лоти 1 супориш дода шуд, ки Ҷамъияти саҳомии Неругоҳи барқи обии Роғун якҷо бо пудратчии Лоти 1 бояд тамоми чораҳои заруриро барои дар моҳи сентябри соли 2027 ба истифода додани агрегати рақами 4 амалӣ намояд.

 

Намояндагони масъули лоти 3 - роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии Неругоҳи барқи обии Роғун ва Ширкати Тоҷикгидроэлектромонтаж вазифадор гардиданд, ки бо вуҷуди корҳои то ҳол амалигардида, қафомониҳои ҷойдоштаро бартараф карда, суръати корҳоро боз ҳам вусъат диҳанд ва иҷрои босифату саривақтии ҳамаи корҳои мансуб ба Лоти 3-ро таъмин намоянд.

 

Зикр карда шуд, ки корҳои сохтмони иншооти соҳили чап, яъне Лоти 4 низ яке аз бахшҳои муҳимми лоиҳа ба ҳисоб мераванд.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон сохтанд, ки тамоми корҳои сохтмони неругоҳи Роғун бояд бо риояи қатъии талаботи сифат, истифодаи технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ анҷом дода шаванд.

 

Аз масъулин ҳамаҷониба таъмин намудани устуворӣ, эътимоднокӣ ва бехатарии корҳо талаб карда шуд.

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро дар мадди аввал ба масъалаҳои ҳифзи ҳаёту саломатии бинокорон, фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагӣ ва риояи қатъии талаботи бехатарии истеҳсолот ҷалб намуданд.

 

Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии сокинони минтақаи зериобшаванда таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

 

Муассисаи давлатии Мудирияти минтақаи зериобшавандаи неругоҳи Роғун, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки иҷрои саривақтии ҳамаи чорабиниҳоро таъмин карда, барои ҳар як оилаи кӯчонидашуда шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оваранд.

 

Аснои таҳлили вазъи маблағгузории лоиҳаи бузурги бунёди неругоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки сохтмони неругоҳи Роғун бо суръати хуб идома дошта, барои дар муҳлатҳои пешбинишуда ба анҷом расонидани он заминаи боэътимод фароҳам оварда шудааст.

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иҷрои босифату саривақтии корҳои сохтмон, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода додани иншооту иқтидорҳои навбатии неругоҳ, таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалии рушд ва иҷрои пурраи уҳдадориҳои шартномавӣ дар назди сохтору мақомоти дахлдор як қатор супоришҳо гузоштанд.

 

Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки барои дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода додани иншооти фосилавӣ ва иқтидорҳои навбатии неругоҳ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

 

Аз масъулин талаб карда шуд, ки иҷрои ҳатмии корҳоро тибқи ҷадвали тасдиқгардида таъмин намуда, ҳамоҳангсозии онҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

 

Ба сохторҳои марбута супориш дода шуд, ки бо истифода аз ҳамаи имконияту манбаъҳо пардохти саривақтии маблағи корҳои анҷомёфта, хариди масолеҳи сохтмон, таҷҳизот ва маводи сӯхтро таъмин намоянд.

 

Дар фароварди сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони Роғун эътимоди комил дорам”.

 

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода аз руйи натиҷаи корҳо гузориш доданд.

  • Мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун img
  • Мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун img
  • Мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун img
  • Мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун img
  • Мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун img
  • Мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун img
  • Мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун img
  • Мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун img
  • Мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун img
  • Мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун img
  • Мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун img
  • Мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Бинои маъмурии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Ёвон 26 август дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.   Бинои мазкур ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандон ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба нафақахӯрону шаҳрвандон бунёд гардидааст.   Дар бино қабулгоҳ, толори интизорӣ, 13 ҳуҷраи корӣ, ҳуҷраҳои хизматрасонии “Равзанаи ягона” ва китобхона ҷойгир шудаанд.   Ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ, ҷевонҳои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, компютер ва дигар таҷҳизоти муосири корӣ муҷаҳҳаз буда, барои фаъолияти самараноки кормандон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бино бо низоми гармидиҳии мутамарказ пайваст аст.   Дар атрофи бино ободонию сабзкорӣ анҷом дода шудааст. Атрофи бино бо гулу гиёҳҳои мавсимӣ, дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз оро дода шудааст.   Сарвари давлат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон зимни шиносоӣ бо шароити иншоот ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таъмини хизматрасонии босифат ва муносибати масъулиятнок ба муроҷиати шаҳрвандон дастуру тавсияҳо доданд.

    20

    26.08.2026
  •  img
    Ба таври фосилавӣ ифтитоҳи 14 иншоот дар ноҳияи Ёвон ва 5 иншоот дар ноҳияи Хуросон 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон 14 иншооти таъйиноти гуногун ва 5 иншооти соҳаҳои саноату  маорифро дар ноҳияи Хуросон ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ доданд.   Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли хиштҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Файзи гач, ки иқтидори солонаи он 1,5 млн. дона хиштро ташкил медиҳад, расман оғоз бахшиданд.   Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона 18 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.    Ҳамзамон дар минтақаи саноатии деҳоти Даҳанаи ноҳия корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии Агромикси  ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Талко Кемикал,  ки  дар як сол  12,5 ҳазор тонна агромикс истеҳсол мекунад, мавриди истифода қарор дода шуд.   Корхонаи истеҳсолии Агромикс бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ бунёд гардида, се номгӯи маҳсулот, аз ҷумла сулфати аммоний, доломит ва фосмука истеҳсол мекунад.   Дар баробари ба фаъолият оғоз бахшидани корхона дар марҳилаи аввал 24 кас бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.     Иншооти дигари фосилавӣ ифтитоҳшуда масири Ёвон – Рӯдакӣ – Душанбе мебошад, ки  31 километрро ташкил дода, аз ҷониби соҳибкори ҳимматбаланд ва меҳандӯст Баҳриддин Ҷӯрахонов таъмиру навсозӣ гардидааст.   Зимни шиносоӣ аз ин қитъаи роҳ иттилоъ дода шуд, ки масири мазкур аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, мутобиқ ба талаботи муосир бо паҳноии 8  метр  мумфарш карда шудааст.   Дар ҳамин ҷо роҳи Ёвон-Ваҳдат-Норак, ки дар масофаи 18 километр бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Акбар Асадулло пурра навсозӣ шудааст, ба истифода дода шуд.   Инчунин 3 километр роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ, ки дар ҳудуди деҳаи Наврӯзгоҳи деҳоти Норини ноҳияи Ёвон мумфарш шудааст,  дар ҳамин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.   Бунёд ёфтани ин қитъаи роҳҳо дар рушди инфрасохтори нақлиётии ноҳия, ҳаракати мунтазам  дар тамоми фасли сол, беҳтар гардидани иртибот бо шаҳру ноҳияҳои дигар, интиқоли зуд ва бехатарии мусофирон, молу маҳсулоти саноатӣ ва коҳиш додани хароҷоти нақлиётӣ мусоидат мекунад.   Дар доираи истиқболи сазовор аз ҷашни таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Ёвон 70 километр роҳҳо мумфарш карда шуда, дар оянда боз бунёди 30 километр роҳи дигар дар назар дошта шудааст.    Иншооти навбатӣ бинои нави Муассисаи таълимии рақами 84 ба ҳисоб меравад, ки дар ҳамин рӯз ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид.   Ин бино аз ду ошёна ва 16 синфхонаи таълимӣ иборат буда, имсол дар он 800 хонанда дар ду баст соли нави таҳсилро оғоз менамоянд. Ҳоло дар ин муассиса 4 ҳуҷраи корӣ ва 18 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Бо бунёди ин бино дигар толибилмон масофаи 3-5 километрро тай накарда, аз ин пас тадрисро дар мактаби деҳаи худ идома медиҳанд.   Бинои дуошёнаи иловагии муассисаи таълимии рақами 3 воқеъ дар деҳаи  Ҳинддараи деҳоти Обшорон аз иншооти дигари соҳаи маориф мебошад, ки ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд.   Иншооти навбунёд аз 16 синфхона ва 9 ҳуҷраи корӣ иборат буда, барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.   Бинои мазкур бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст. Бинои асосии муассиса аз соли 1972 сохта шуда,  бо гузашти солҳо ба таъмири асосӣ ниёзманд шуда буд. Дар ин ҷо бо оғози соли нави хониш 32 омӯзгор ба зиёда аз 800 хонанда дарс хоҳанд дод.   Ҳамзамон иншооти навбатии мавриди истифода қароргирифта бинои дуошёнаи иловагӣ дар назди Муассисаи таълимии рақами 69 ба номи Асадулло Ғулом воқеъ дар деҳаи Тағойободи деҳоти Обшорон мебошад.   Бино аз 17 синфхонаи таълимӣ  ва 8 ҳуҷраи корӣ иборат буда, барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.   Иншооти нав бо саҳми соҳибкор Акбар Асадулло ва сокинони маҳаллӣ бунёд гардидааст. Бо бунёди ин бино 34 омӯзгор соҳиби кори доимӣ гардиданд.    Бинои дуошёнаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 27 дар деҳаи Калфи сабади деҳоти Ситораи сурхи ноҳия дар ҳамин рӯз дари худро барои хонандагон боз намуд.   Дар ин муассисаи таълимӣ 400 ҷойи нишаст барои хонандгон дар ду баст таъсис дода шуда, дорои 8 синфхона ва 3 ҳуҷраи корӣ мебошад. Дар ин ҷо низ 44 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мегарданд.    Ҳамин тавр дар доираи сафари кории навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ва идомаи тадбирҳои ободонӣ ба ифтихори истибқоли сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди 4 муассисаи таълимӣ 66 синфхона барои ба таълим фаро гирифтани 3300 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд.   Инчунин корҳои сохтмони дар 23 муассисаи таълимии дигар, ки аз 283 синфхона иборат мебошанд ва барои 14 ҳазору 150  хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст,  бо маром ҷараён дорад.   Ҳоло дар ноҳияи Ёвон зиёд аз 64 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо 2800 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шудааст. Саҳми корхонаҳои мазкур дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2025 43,1 фоизро ташкил медиҳад ва дар онҳо 75 номгӯи маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол мешавад.   Дар нимсолаи аввали соли 2026 корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 934 млн. 369 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.   Ҳамзамон дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардхонаро, ки бо ғунҷоиши 1600 тонна маҳсулот барои ба муҳлати дароз нигоҳдории дастранҷи кишоварзони ноҳияи Хуросон бунёд шудааст,  ба истифода доданд.   Ин сардхона дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи Асадулло сохта шуда, он аз ду қисмат ва 16 ҳуҷраи нигоҳдории маҳсулот  иборат мебошад ва ҳар яки онҳо то 100 тонна иқтидори  ғунҷоиш доранд.    Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, Хоҷагии деҳқонии мазкур дар ихтиёри худ 16 ҳазор гектар замин дошта, майдони 1027 гектари онро дарахтони меваҳои хушсифат ва боғи ангур ташкил медиҳад.   Корхонаи истеҳсоли қуттиҳо ва бандубасти меваи хушки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази агрологистикии Меваи тоҷик  низ дар ҳамин рӯз ба фаъолият оғоз намуд.    Ин корхона дар як шабонарӯз зиёда аз 2800 ва дар як сол 1 млн 8 ҳазор қуттӣ барои бандубасти меваи хушк истеҳсол мекунад.   Дар ин корхона 20 мутахассиси маҳҳалӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.    Бинои навбатии ифтитоҳгардида муассисаи таълимии рақами 20 дар деҳаи Бандари деҳоти Сурхқалъа мебошад, ки барои бо таълим фаро гирифтани 624 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.   Ин муассисаи таълимӣ аз ду ошёна ва 13 синфхонаи барҳаво иборат мебошад.  Дар ҷараёни сохтмони бинои нав 20  мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буд.   Бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 35 низ, ки дар деҳаи Аёнчашмаи деҳоти Фахробод сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.   Ин бино аз ду ошёна ва 16 синфхонаи таълимӣ иборат буда, дорои 384 ҷойи нишаст мебошад ва барои 768 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.   Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкорони саховатпеша ва сокинони ватандӯст қомат афрохт. Баъди ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ норасоии синфхонаҳо  ва ҷойи нишаст пурра бартараф гардид.   Муассисаи таълимии рақами 36 дар деҳаи Баҳористони деҳоти Фахробод сеюмин иншооти соҳаи маориф буд, ки ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.   Бинои нави иловагии муассиса дорои 11 синфхонаи барҳаво буда, барои 528 хонанда дар ду баст пешбинӣ  шудааст.   Ин муассисаи таълимӣ аз тарафи сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст.   Дар идомаи чорабиниҳои созандагӣ бахшида ба 35-солагии  Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Хуросон 269 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то ҳол 248-тои он мавриди истифода қарор дода шудаанд.   Аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ 23 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ, 25 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуда,  дар натиҷа зиёда аз 650 ҷойи корӣ фароҳам гардид.   Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти як зумра иншооти таъйиноти гуногун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди босуръати корҳои ободонӣ ва созандагӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи насли наврас ва муҳайёсозии шароити арзанда барои сокинон дастуру тавсияҳо доданд.

    19

    26.08.2026
  •  img
    Ифтитоҳи фосилавии бинои нозироти андоз ва бинои нави иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Левакант 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ бинои маъмурии Нозироти андози шаҳри Левакантро ифтитоҳ намуданд.    Бинои нав дорои 9 ҳуҷраи корӣ ва як толори маҷлисӣ бо 45 ҷойи нишаст мебошад.   Дар бино шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеӣ, бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, бахши баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гурӯҳи ташкил ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андозии соҳибкорони инфиродӣ ҷой дода шудааст.   Дар бинои нозироти андози шаҳр барои фаъолияти 15 нафар корманд шароити муосири корӣ фароҳам оварда шуд.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои тозабунёд таваҷҷуҳи масъулони соҳаро ба боз ҳам баланд бардоштани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки бо мардум ҳамкории зич ва муомилаи хуб дошта бошанд.    Бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10  дар деҳаи Зағертути деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант бо ҳадафи фароҳамсозии шароити муносиби таълим ва зиёд намудани имкониятҳои қабули хонандагон бунёд гардидааст.   Бино барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 400 хонанда пешбинӣ шудааст.   Сохтмони бино бо саҳми сокинони саховатпешаи маҳаллӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд амалӣ гардидааст.   Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он 8 синфхонаи барҳаво ташкил шудааст. Синфхонаҳо бо дарназардошти талаботи имрӯза барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла биология, математика ва технологияи иттилоотӣ пешбинӣ гардидаанд.   Ҳоло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 30 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуданд.

    9

    26.08.2026