Нақши татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорон

26.10.2024

Бо мақсади рушди фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ солҳои 2020-2040 "Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф" эълон гардид. Дар ин замина имрӯз дар Донишкада конференсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзуи «Нақши татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорон» баргузор гардид. Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

 

Дар конференсия ректори Донишкада, директорони филиалҳо, методистону мактабшиносон, тренерон, сардорони раёсату шуъба, мудирони бахшу кафедраҳо ва кормандону омӯзгорон иштирок намуданд.

 

Ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода зимни сухани ифтитоҳи роҷеъ ба муҳиммияти мавзуи конференсия суханронӣ намуд.

 

Афзуд, ки баррасии мавзуи мазкур баҳри баланд бардоштани маҳорати рушди касбии омӯзгорон мусоидат намуда, дар амалинамоии ҳадафҳои солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф муҳим мебошад.

 

Тавре Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «...ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд».

 

Дар идомаи конференсия аз ҷониби методистону тренерон, ки тарҷрибаи кории зиёд дошта, дар зинаи таҳсилоти миёнаи умуми фаъолият доранд ва соҳаи мазкурро дар амалия ва назария хуб медонанд, мавзуҳои зерин: «Мушкилоти донишандӯзии хонандагон аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ ва роҳҳои бартарафсозии онҳо», «Нақши фанҳои табиӣ-риёзӣ дар баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон», «Мастер класс» шакли муосири раванди таълим, «Видеодарс-методи нав дар раванди таълим», «Усулҳои ташкили корҳои амалии хонагӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таълимӣ», «Нақши татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорони фанни география», «Ташаккули фарҳанги экологӣ – омили муҳими пешрафт ва рушди ҷомеа», «Истифодаи технологияи иттилоотӣ дар рушди касбияти омӯзгорони фанни физика», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар амал», «Таҳқиқи таълими тафриқавӣ дар таҳқиқотҳои методӣ ва педагогӣ-психологӣ», «Роҳҳои гузаронидани корҳои лабораторӣ аз фанни физика дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ», «Роҳҳои ҳавасмандгардонии хонандагон ба омӯзиши амиқи табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», «Стратегияҳои банақшагирии дарс ва нақши он дар рушди фанҳои табиӣ-риёзӣ», «Табиатшиносӣ кӯдаконро ба меҳнатдӯстӣ талқин мекунад», «Муаммои ташаккули асосҳои тарзи ҳаёти солим», «Масъалаи ташаккули омодагӣ ва ташаккули сифатҳои касбии омӯзгорӣ» ва «Тайёр намудани омӯзгори ояндаи математика дар асоси фардикунонии раванди таълим» ҳам дар қисмати асосӣ ва ҳам дар бахшҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

  • Нақши татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорон img
  • Нақши татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорон img
  • Нақши татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорон img
  • Нақши татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорон img
  • Нақши татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорон img
  • Нақши татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорон img
  • Нақши татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорон img
  • Нақши татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорон img
  • Нақши татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорон img
  • Нақши татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорон img
  • Нақши татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорон img
  • Нақши татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорон img
  • Нақши татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи биноҳои нави иловагии 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Мадади деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ 2 бинои нави иловагии таълимиро ифтитоҳ намуданд.   Биноҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда аз 2-ошёна иборат мебошад ва барои 650 нафар хонанда дар ду баст, пешбинӣ шудааст.   Иншооти мазкур аз 13 ҳуҷра барои таълиму тарбия, 2 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон ва толор барои машғулиятҳо иборат буда, тамоми синфхонаҳо бо аёниятҳои донишандӯзӣ муҷаҳҳаз мебошанд.   Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави иловагии таълимӣ шумораи умумии кормандон дар муассисаи мазкур ба 85 нафар расонида шуд.   Ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар бинои навтаъсиси таълимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин муассисаҳоро дар сатҳи деҳот намунаи хуби дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар маънидод карданд.   Ҳама синфхонаҳои муассиса дар фасли сармо тариқи низоми гармидиҳии мустақил гарм нигоҳ дошта мешавад.   Дар шафати бинои иловагии навтаъсиси таълимӣ майдончаи тобистонаи варзишӣ пас аз навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Майдончаи варзишии мазкур барои бозии футбол, волейбол ва дигар намудҳои варзиш пешбинӣ шуда, заминаи хубест барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба бозиҳои гуногуни варзишӣ.   Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 бинои нави иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №73 дар деҳаи Охтоқи деҳоти Қиблаӣ ва бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Мавҷи шаҳраки М.Турсунзодаро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Зимни муаррифии бинои нави иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №73 ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки он 2-ошёна буда, сохтмонаш соли 2024 шуруъ гардида буд ва ҳоло бо сифати баланд ва шароити замонавӣ омода шудааст.   Бинои иловагӣ дорои 20 синфхонаи барҳавои таълимӣ ва 2 ҳуҷраи корӣ буда, барои 1000 хонанда дар ду баст бо саҳми сокинону соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ ва дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар пайравӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст.   Бинои иловагии навбунёд ба низоми гармидиҳии мустақил пайваст буда, ҳамаи синфхонаҳо дар мавсими сармо бо гармӣ таъмин карда мешавад.   Бинои 2-ошёнаи иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Мавҷи шаҳраки М.Турсунзода бошад, аз 8 синфхонаи барҳаво, ҳуҷраи омӯзгорон ва иншооти ёрирасон иборат буда, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳа бунёд шудааст.   Дар 3 иншооти навбунёди таълимӣ, ки дар заминаи таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат барои дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон сохта шудаанд, барои 2050 хонанда заминаи хуби донишандӯзӣ фароҳам оварда шуд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит ва имкониятҳои фароҳамгардида дар биноҳои навбунёди таълимиро қаноатбахш арзёбӣ намуда, аз хонандагон омӯзиши илмҳои замонавӣ, рӯ овардан ба таъриху тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ва аз омӯзгорон бо масъулияти баланд фаъолият намуданро тақозо карданд.

    57

    26.10.2024
  •  img
    ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМГОҲҲО ТАКМИЛТАЛАБ АСТ 19-уми октябри соли 2024 дар литсейи №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, сардорон ва кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, сардори раёсати маорифи вилоят, мудирони шуъбаҳои маориф, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, директорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва дигар шахсони масъул ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат доштанд.   Нахуст вазири маориф ва илм ҷала­саи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро оид ба вазъи иҷрои нақшаву бар­номаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Исфара, Истиқлол, Бобоҷон Ғафу­ров, Мастчоҳ ва Ашти вилояти Суғд оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзно­маи ҷа­ласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.   Сипас гузориши сардори раёсати таҳ­силоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Шарофиддин Асомиддинзода «Оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сат­ҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои мин­тақаи Хуҷанди вилояти Суғд» шунида шуд.   Таҳсилоти томактабӣ Дар рушду инкишофи кӯдак таҳ­силоти томактабӣ зинаи асосӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад ва маҳз ин зина дар омода намудани кӯдак ба таълим ва ташаккули равонию ҷисмонии ӯ мусоидат менамояд.   Аз ин ҷост, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сол аз сол талабот нисбат ба муассисаҳои томактабӣ зиёд гардида, айни замон дар вилояти Суғд 286 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 46908 кӯдак дар 1802 гурӯҳ ва 1003 гурӯҳи инкишофи кӯдак бо фарогирии 22173 кӯдак амал менамояд. Фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томак­табӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 69081 нафар (25%)-ро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли таҳсили 2023-2024 6777 кӯдак (3%) зиёд гардидааст.   Дар баробари ин, фарогирии кӯда­кон ба таҳсилоти томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан 13,3%, Пан­ҷакент 16,8%, Деваштич 17,7% буда, аз сатҳи вилоят пасттар мебошад.   Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 2378 нафар мураббӣ ба таълиму тарбия машғул буда, аз ин 1506 нафар (63,3%) дорои таҳсилоти олӣ, 392 нафар (16,4%) дорои таҳсилоти олии нопурра ва 480 нафар (20,3%) дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд.   Агар дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 63,3%-и мураббиён бо таҳсилотии олӣ фаъолият намоянд, ин нишондиҳанда дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол 26,3%, Мастчоҳ 33,8% ва Исфара 49,3% аст, ки аз сатҳи вилоят паст мебошад.   Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда, аз ҷумла, Истиқлол аз 19 нафар 14 нафар (73,6%) ва Мастчоҳ аз 65 нафар 34 нафар (52,3%) бо таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъ­олият менамоянд, ки аз сатҳи вилоят зиёд мебошанд.   Нишондоди мазкур дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан 59,3%, Конибодом 57,2%, Деваштич 29,2% ва Ҷаббор Расулов 23,5%-ро ташкил медиҳад ва ин вазъ ислоҳи ҳар чи зудтарро тақозо дорад.   Омили дигари паст будани сатҳи фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таври дахлдор иҷро нагардидани Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №316) мебошад.   Тибқи талаботи барномаи мазкур дар давоми солҳои 2020-2023 дар вилоят бояд 96 муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта, ба истифода дода мешуд. Аммо то ин давра 23 муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки 24% -и нақшаро ташкил медиҳад. Рафти иҷрои барномаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 112,5%, Исфара 50%, Гулистон 40%, Хуҷанд 37% ва Мастчоҳ 33%-ро ташкил медиҳад, ки аз сатҳи вилоят аз 5 то 85,5% зиёд мебошад.   Мутаассифона, ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти то­мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Деваштич, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов ягон муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта, ба истифода дода нашудааст.   Таҳсилоти умумӣ Таҳсилоти умумӣ барои ҳамчун шахсият ташаккул ёфтани кӯдакону наврасон нақши муассир дошта, таваҷҷуҳи доимиро талаб менамояд. Аз ин рӯ, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба рушду инкишофи ин зинаи таҳ­силот мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд.   Дар соли таҳсили 2024-2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 959 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ (0,8%), 42 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ (4,3%), 839 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (87,4%), 34 гимназия (3,5%), 28 литсей (3%), 1 мактаби Президентӣ (0,1%) ва 8 мактаб-интернат (0,9%) фаъолият менамоянд, ки нисбат ба соли таҳсили 2023-2024 7 муассисаи таълимӣ зиёд мебошад.   Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бобати ба таҳсилоти миёнаи умумӣ фаро гирифтани хонандагон аз 48 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, ки дар соли таҳсили 2023-2024 фаъолият менамуданд, дар соли таҳсили 2024-2025 6 ададашон (12,5%) ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдили мақом намуданд.   Аммо дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 12, Айнӣ 10, Кӯҳистони Мастчоҳ 8, Масчоҳ 4, Исфара 3 ва Ашт 3 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ фаъолият менамоянд, ки ин ҳолатро метавон ҳамчун нишони бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба амалӣ гардидани талаботи мазкур тавсиф бахшид.   Дар соли таҳсили 2024-2025 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят 578 343 нафар (283 750 – 49% духтар) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2023-2024 7780 нафар хонанда зиёд мебошад.   Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар муассисаҳои таълимии шарҳу ноҳияҳои вилоят 37 610 нафар омӯзгор (26 632 зан (70,8%) ба таълиму тарбия машғул буда, аз ин 32 157 нафар (85,4%) дорои таҳсилоти олӣ, 1560 нафар (4,3%) дорои таҳсилоти олии нопурра ва 3893 нафар (10,3%) дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд.   Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят дар соли таҳсили 2023-2024 37027 омӯзгор фаъолият менамуд. Ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2024-2025 ба 37 610 нафар омӯзгор расидааст, ки нисбат ба соли сипаришуда 583 нафар омӯзгор зиёд мебошад.   Соли таҳсили 2024-2025 дар муас­сисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 3893 (10,3%) омӯзгор бо таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамояд. Яъне, нисбат ба соли таҳсили 2023-2024 98 нафар омӯзгори дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ кам ва 579 нафар омӯзгор бо таҳсилоти олии касбӣ зиёд гардидааст.   Дар соли таҳсили 2024-2025 дар шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда, аз ҷумла, Мастчоҳ 423 (23,6%), Истиқлол 24 (14,2%) ва Ашт 358 (11%)-и омӯзгор бо таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамояд.   Инчунин, масъалаи мазкур дар шаҳ­ру ноҳияҳои Конибодом 23,1%, Кӯҳистони Мастчоҳ 21,2% ва Шаҳристон 12,1%-ро ташкил медиҳад, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо бе таъсир монда наметавонад.   Ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманди педагогӣ дар асоси Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон 338 нафар донишҷӯи курсҳои 4 ва 5-и равияи омӯзгорӣ ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷалб гардиданд.   Таҳсилоти иловагӣ Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҳунарҳои мардумӣ, касбомӯзӣ, иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну чорабиниҳои ноҳиявӣ, минтақаваӣ ва ҷумҳуриявӣ дар назди шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят марказҳои дарёфту рушди истеъдодҳо, таҳ­силоти иловагӣ ва технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ ташкил карда шудааст.   Айни замон дар вилояти Суғд 28 маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамояд.   Бояд зикр кард, ки Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ва марказҳои таҳсилоти иловагии №№2, 3-и шаҳри Панҷакент мустақилияти молиявӣ ва 6 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Айнӣ, Ҷаббор Расулов ва №№2, 4 Бобоҷон Ғафуров бинои алоҳида надоранд.   Ҳамчунин, 12 Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ бинои алоҳида ва 11 марказ мустақилияти молиявӣ надоранд.   Шоистаи қайд аст, ки аз ҷониби омӯзгор ва таълимгирандагони Маркази таҳсилоти иловагии №2-и ноҳияи Б.Ғафуров электромобилҳо ихтироъ шудаанд. Дар ин замина, хонандагони маркази мазкур ба даври ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва таҳсилоти иловагии шаҳри Исфара ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Ихтироъкорони наврас» роҳ­хат гирифтаанд.   Дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» таълимгирандаи Маркази таҳсилоти иловагии №5 –и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи якум гардидааст.   Технологияи муосир Бо мақсади рушди низоми техноло­гияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи технологияҳои таълимии муосир, усулҳои инноватсионии таълим ва ташкили фазои ягонаи иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 24186 компютер 2173 (10%), 1566 тахтаи электронӣ, 1917 видеопроектор ва 3459 принтер 249 (7%) корношоям мебошанд.   Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ 32%, Кӯҳистони Мастчоҳ 24,5%, Истиқлол 24% ва Айнӣ 18% компютерҳо дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд.   Назорати дохилимуассисавӣ Дар аксар муассисаҳои санҷидашуда баррасии қонунҳо, стратегия, барномаҳои давлатии соҳавӣ тибқи тартиби муқаррарӣ ҷо ба ҷо нашуда, инчунин, рафти амалигардонии онҳо дар шурои педагогӣ ва ҷаласаҳои назди директорони муассисаҳои таълимӣ баррасӣ нагардидааст, ҳуҷҷатнигорӣ низ тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст. Аз ҷумла, чунин ҳолат дар муассисаҳои таълимии №6 шаҳри Истиқлол, №14,16 ноҳияи Мастчоҳ, №37 шаҳри Исфара, №3 шаҳри Гулистон ва №25,50 ноҳияи Ашт ба назар расид.   Аз ҷониби роҳбарони шуро ва иттиҳодияи методии фаннӣ нақша-чорабиниҳо таҳия гардида бошад ҳам, на дар ҳа­маи муассисаҳои таълимӣ протоколи ҷаласаҳои гузаронидашуда, маълумотнома оид ба иҷрои корҳо тибқи талаботи Низомномаи Шурои методӣ (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2013, №18/27) ба назар мерасад. Чунин ҳолат дар муассисаҳои таълимии №8,37-и ноҳияи Ашт, №6-и шаҳри Истиқлол, литсейи №1-и шаҳри Исфара мушоҳида гардид.   Ҳангоми таҳлили фаъолияти шурои методии муассисаҳо муайян шуд, ки фаъолияти шуро ва иттиҳодияҳои методӣ ба такмил ниёз дорад.   Дар муассисаҳои таълимии санҷида­шуда нақшаи кори солона таҳия шуда бошад ҳам, мавзуъҳо куҳна буда, сол ба сол такроран рӯбардор мешаванд.   Дар нақшаҳои солона вобаста ба иҷрои барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таъли­мӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» на дар ҳамаи муассисаҳои таълимии санҷидашуда пешбинӣ гардидааст. Ҳолати мазкур дар муассисаҳои таълимии №6-и Истиқлол, №36-и Ашт, №17-и Мастчоҳ, №3-и Гулистон, №80-и Бобоҷон Ғафуров ва №19-и шаҳри Хуҷанд ба назар расид.   Дар таҳияи мавзуъҳои шурои педагогӣ ва ҷаласаҳои назоратии назди диектор, аз ҷумла, дар муассисаи таълимии №4-и Мастчоҳ, №1-и Истиқлол, №36, №33-и шаҳри Исфара рафти татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, «Барномаи давлатии дар­ёфт ва рушди истеъдодҳо», «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои му­ҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030» ба нақша гирифта нашудааст ва мавриди баррасӣ низ қарор нагирифтааст.   Муассисаҳои мазкур нақшаи солонаи худро таҳия ва тасдиқ намуда бошанд ҳам, дар онҳо на ҳама паҳлуҳои самти соҳаи маориф ба назар гирифта шудааст.   Яке аз самтҳое, ки ба таъмини сифати таҳсилот таъсири манфӣ мерасонад, тибқи талабот таҳия нагардидани ҷадвали дарсӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии санҷидашуда дар ҷадвали дарсӣ номҳои фанҳои таълимӣ мутобиқ ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳои 2023-2024 ва солҳои минбаъда дарҷ нагардидаанд. Аз ҷумла, номи фанҳои таълимӣ чунин навишта шудааст: одҳ, тхт, ниёгон, нақша, ҳуқуқ, ҷисмон, суруд ва ғайра, ки амали таҳқиромез ва ношоиста аст.   Санҷиш нишон дод, ки дар муассисаҳои таълимии санҷидашуда оиннома таҳия ва бо қарори шурои педагогӣ тасдиқ гардидааст. Таҳлили оинномаҳо нишон дод, ки муҳтавои онҳо кӯҳна буда, зимни таҳияашон талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта нашудааст, бандҳои алоҳида ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мухолифат мекунанд. Хуб дарк мешавад, ки аксари оин­номаҳои муассисаҳои таълимии минтақа аз як нусха рӯбардор гардидаанд.   Масъалаи дигари ҳалталаб дар муассисаҳои таълимӣ ислоҳи баҳо дар рӯзномаи хонандагон мебошад.   Таҳлили дарс Иштирок ва таҳлили дарс, назорат ва арзёбии сатҳу сифати дониши хонандагон, расонидани ёрии методӣ, муносибати омӯзгор бо хонандагон, иҷрои барномаҳои таълимӣ, риояи самараноки вақт барои таъмини сифати таҳсилот заминаи мусоид фароҳам меоварад. Тибқи талаботи Тартиби ба дарсҳои омӯзгорон иштирок намудани маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ва дигар субъектҳои раванди таълиму тарбия, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2013, №20/28 тасдиқ шудааст, бояд директори муассисаи таълимӣ 70 соат ва муовини директор 170 соат дарси омӯз­горонро дар давоми як соли таҳсил таҳлил намоянд.   Мутаассифона, аз ҷониби муовинони директор талаботи мазкур ба таври дахлдор риоя намегардад.   Сифати таҳсилот Бо мақсади муайян кардани сатҳу сифати дониши воқеии хонандагон аз онҳо корҳои хаттӣ гирифта шуд.   Натиҷаи санҷиш маълум намуд, ки сифати таҳсилоти шаҳру ноҳияҳои санҷи­дашуда 35,5% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 80,6%-ро ташкил медиҳад.   Зимни баррасии масъалаҳо раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба масъалаҳои вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, мақоми омӯзгор, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, ташкили марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ, ба таҳсили иловагӣ ҷалб намудани хонандагон, зиёд кардани шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, иштироки хонандагону омӯзгорон дар дарс, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, пешниҳоди маълумоти омории дуруст оид ба норасоии кадрҳои педагогӣ, ҳозиршавии омӯзгорони ҷавон ба ҷойи кор, таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, риояи санадҳои меъёрии батанзимдарорандаи соҳа, дастгирии омӯзгорони ҷавон, омӯзиши забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, иштироки хонандагон дар олим­пиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва дастгирии омӯзгорони онҳо, фарогирии хонандагони синфи 9 ба 10 ва аз таҳсил дурмонда, риояи талаботи қонун­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» равона карда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм супоришҳои қатъӣ дод.   Дар идома вобаста ба масъалаҳои баррасишуда муовини раиси вилояти Суғд ва раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм суханронӣ намуда, баргузории ҷаласаи мазкурро амри зарурӣ маънидод карданд. Бо дарназардошти ироаи так­лифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.   Ҳамчунин, дар фарҷом вобаста ба фаъ­олияти хуб дар якчанд самти кор шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо туҳфаи таъсисдодаи Вазорати маориф ва илм, 10 нафар собиқадори соҳа ва 20 нафар корманди техникии муассисаҳои таълимӣ бо туҳфаи махсуси Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ карда шуданд.   Ш. АСОМИДДИНЗОДА, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм, Х. МАВЛОНОВ, сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм

    16

    26.10.2024
  •  img
    ШОҲМОТ ВА РУШДИ ҚОБИЛИЯТИ ЗЕҲНИИ НАВРАСОН Ақлу хирад меҳвари асосии ташаккул ва пешрафти давлату ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар такя ба ин масъала, дар шароити бовусъати пешравии тамоми давлатҳои ҷаҳон моро месазад ба таълиму тарбияи кӯдакон ва наврасону ҷавонони кишвар аҳамияти хоса диҳем. Аз ин рӯ, бояд насли навраси дорои маърифати баланд, тафаккури эҷодӣ, ҳамаҷониба рушдёфта ва соҳиби дониши амиқ, маҳорату малакаи касбиву ҳамқадами замонро ба камол расонем. Мутахассисон бар он ақидаанд, ки дар баробари дигар омилҳо, бозии шоҳмот дар ташаккули қобилияти зеҳнии одамон, новобаста аз синну сол, нақши бориз дорад. Зеро шоҳмот варзиши фикрӣ буда, он донишҳои математикӣ, фалсафӣ, сиёсӣ, мантиқӣ ва психологии инсонҳоро такмил мебахшад.   Наимҷон Абдурашитов, мудири шуъбаи инноватсия ва психологияи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, номзади илмҳои психология изҳор намуд, ки мавзуи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тафаккури зеҳнии хонандагон, яке аз масъалаҳои умдаи илми психология маҳсуб меёбад. Барои инкишофи зеҳнии кӯдак омилҳои зиёде таъсир расонида метавонад. Пеш аз ҳама, кӯдаке, ки дар муҳити хубу озод ба воя мерасад, имкони рушди ҳамаҷонибаро дорад. Инчунин, истеъмоли дурусти ғизо, интихоби махсуси бозиву машқ, омӯзиш, сифати таҳсилот, мутолиаи китоб, садои мусиқӣ низ таъсиргузор буда метавонанд. Мавриди тазаккур аст, ки дар натиҷаи омӯзиши пайваста тафаккури зеҳнӣ қавӣ ва найчаҳои мағзи сар барқарор мешаванд.   Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки асосан кӯдакон тавассути бозӣ ҳаётро меомӯзанд. Ҳар як бозӣ дар ташаккули инсон моҳият ва вазифаи худро дорад. Масалан, бозии шоҳмот дар инкишофи мағзи сар нақши бағоят муҳимро иҷро мекунад. Ҳангоми хондани дарс ё гирифтани маълумоте, агар яке аз қисматҳои майнаи сар фаъол гардад, ҳангоми бозии шоҳмот ҳар ду нимкура (чап ва рост) ба кор медарояд. Солимии руҳи инсон, пеш аз ҳама, ба системаи асаб вобаста аст. Системаи асаб ду вазифаро иҷро мекунад: Якум, инъикоси олами иҳотакарда, дарки равандҳои маърифатӣ (эҳсос, идрок, тафаккур, хаёл, диққат ва ғайра). Дуюм, танзими фаъолияти одамон, ё худтанзимкунӣ, ки дар инкишофи ин ду вазифа шоҳмот нақш гузошта метавонад.   Ҳангоме ки диққат рушд меёбад, неруи ҳофиза, ба хотир овардан беҳтар шуда, фаъолият мутамарказ мегардад. Рушди тафаккури интиқодӣ, абстраксия, таркиб, хулосабарорӣ, ки амалҳои мантиқӣ ҳастанд, барои ҳар як наврас хеле зарур аст. Ин ё он фаъолият, пеш аз ҳама, тавассути масъалагузорӣ ба роҳ монда мешавад. Масалан, ҳангоми иҷрои вазифаи хонагӣ хонанда танҳо супориши додаи омӯзгорро ба сомон мерасонанд. Яъне, хонанда аз доира ё чаҳорчӯби муайян берун намебарояд. Бо омӯхтани бозии шоҳмот бошад, озодона масъалагузорӣ карда, онро баррасӣ ва натиҷаашро хулоса менамояд. Ҳамин тавр, кӯдакро бояд тавре тарбия кард, ки маҳдуду мутеъ нашуда, вобаста ба масъалаи пешомада роҳҳои ҳалли онро ёд гирад, то дар оянда ҳамчун шахси мустақил ба камол расад.   Илҳом Юнусов – котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон гуфт, ки бозии шоҳмот бо таърихи қадима ва фалсафаи хосса аз дигар намуди бозиҳои варзишӣ фарқ мекунад. Ба воситаи шоҳмот дар наврасон қобилияти идоракунӣ рушд меёбад. Вазифаҳои худро ҷиддӣ қабул мекунанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки ба омӯзиши бозии шоҳмот аз 6-солагӣ оғоз кардан беҳтар аст, чунки дар ин синну сол қобилияти фикрронии кӯдакон хуб инкишоф ёфтааст. Барои ҷалби кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, ташаккули қобилияти зеҳнии онҳо, ба воситаи шоҳмот аз ҷониби Ҳукумати кишвар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор мегардад, ки ин намунаи олии таваҷҷуҳ нисбат ба насли ояндасоз мебошад.   Боиси тазаккур аст, ки дар шаҳри Душанбе муассисаҳои гуногуни варзишӣ фаъолият дошта, он ҷо дар баробари дигар намудҳои варзиш ба насли наврасу ҷавон бозии шоҳмот низ омӯзонида мешавад. Яке аз ин гуна муассисаҳо, Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №7 оид ба шоҳмот ва шашка мебошад, ки дар он ба беш аз 200 нафар кӯдаку наврас ва ҷавонон, 15 нафар мураббӣ ба таври амаливу назариявӣ бозии шоҳмотро меомӯзанд. Сафи наврасону ҷавононе, ки аз рӯйи ин намуди варзиш дар дохил ва хориҷи кишвар дастовардҳои назаррасро соҳиб гаштаанд, низ кам нестанд.   Ёсамин Хоҷаева, ки дар 10-солагӣ чемпиони ҷаҳон оид ба бозии шоҳмот дар байни мактабхонон гардидааст, зимни суҳбат изҳор намуд, ки ҳанӯз, ҳангоми тарбиятгирандаи кӯда­кистон будан, ӯ бозии шоҳмотро омӯхтаасту бо гузашти солҳо малакаву маҳорати шоҳмотбозиаш такмил ёфтааст. Ёсамин Хоҷаева хонандаи синфи 5-уми литсейи хусусии «Раҳнамо» буда, дар дарсҳо ва чорабиниҳои мактабӣ фаъолона иштирок мекунад. Ба андешаи ӯ, шоҳмот на танҳо донишомӯзиашро тақвият бахшидааст, балки ҷаҳонбиниашро тағйир дода, дар натиҷаи меҳнат, машқу тамрин кардан, сабуру пуртаҳам­мул буданро омӯхтааст.   Зиёда аз 40 сол аст, ки Олим Розиқов ба ҳайси омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад. Ӯ мегӯяд, ки имрӯз шоҳмот чун навъи варзиш мавқеи калон дошта, шуғли писандидаи одамон маҳсуб меёбад. Ҷолибияту ҷаззобияти бозии шоҳмот дар нотакрориаш аст. Яъне, ҳангоми бозӣ, новобаста ба малакаву маҳорати довталаб, гаштҳо такрор намешаванд, ки ин, албатта, ӯро ба фикр кардан водор месозад. Шоҳмотро машқи беозори майнаи сар гӯем, хато нахоҳем кард.   Шаҳноз БОБОМУРОДОВА «Омӯзгор»

    10

    25.10.2024