16.09.2025

 img

Имрӯз дар литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар Муассисаи давлатии "Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо"-и назди шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар бо иштироки мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста ҳафтаи “Бозёфт”-и хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимиро расман оғоз намуд.

 

Ин чорабинӣ бо мақсади дарёфт, рушд ва тақвияти истеъдодҳои хонандагон, баланд бардоштани савияи дониш, ташаккули малакаҳои эҷодию илмӣ ва рушди ҷаҳонбинии наврасон ташкил карда шудааст. 

 

Дар доираи ҳафтаи “Бозёфт” хонандагони беҳтарин бо маҳорати хеш дар самтҳои гуногун аз фанҳои табиӣ ва дақиқ то фанҳои гуманитарӣ ва эҷодӣ иштирок намуда, дониш, қобилият ва истеъдоди худро ба намоиш мегузоранд.

 

Ин чорабинии муҳим на танҳо майдони дарёфти истеъдодҳои нав, балки платформаи мубодилаи таҷриба ва ташвиқу ҳавасмандсозии хонандагон барои дар оянда комёбиҳои бузург ба ҳисоб меравад.

 

Хадамоти матбуоти 

шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар

  • Оғози Ҳафтаи “Бозёфт” дар шаҳри Бохтар! img
  • Оғози Ҳафтаи “Бозёфт” дар шаҳри Бохтар! img
  • Оғози Ҳафтаи “Бозёфт” дар шаҳри Бохтар! img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҲАФТАИ «БОЗЁФТ» ДАР ТОҶИКОБОД Рӯзи дуюми Ҳафтаи «Бозёфт» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии ноҳия идома ёфт.   Дар чорабинӣ намояндагони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Тоҷикобод ва директори муассисаи мазкур иштирок намуданд.   Дар рӯзи дуюм хонандагон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, №4, №13 ва №17 худро ба маҳфилҳои фаннӣ сабти ном карданд.   Омӯзгорон ва волидайни хонандагон бо изҳори қаноатмандӣ зикр карданд, ки баргузории Ҳафтаи «Бозёфт» имконияти мусоидро барои таҳсили ройгон, рушди истеъдод ва омодагии фарзандонашон ба озмуну олимпиадаҳо фароҳам меорад.

    15

    16.09.2025
  •  img
    Мулоқот бо Раиси Жогорку Кенеши (Парлумони) Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Шакиев 16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Жогорку Кенеши (Парлумони) Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Шакиевро ба ҳузур пазируфтанд.   Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Тоҷикистон ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо ҳамсояи наздикаш - Қирғизистон аҳамияти хоса медиҳад”.   Дар ин зимн таъкид гардид, ки дипломатияи парлумонӣ метавонад дар пешрафти ин раванд нақши муҳим бозад.   Ба фаъолияти гуруҳи дӯстии байнипарлумонӣ, табодули таҷриба ва дастгирии ҳамдигар дар арсаи байналмилалӣ ба воситаи парламентҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.   Ба рушди ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратӣ, иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, бахши агросаноатӣ, инчунин обию энергетикӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.   Тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ ҳам аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.   Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба тақвияти ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба, бахусус, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, сурат гирифт.  

    26

    16.09.2025
  •  img
    ҲАФТАИ «БОЗЁФТ» ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД Дар маросими кушодашавии Ҳафтаи «Бозёфт» дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Файзобод намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдомҳои пайдарпайи Вазорати маориф ва илм ба хотири дарёфт ва рушди истеъдодҳо, ҷалб ва рушди онҳо чанд сухани муқаддимавӣ гуфтанд.   Зикр гардид, ки ин иқдом ҳамасола дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта, ҳадафи асосии он татбиқи Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ташвиқи ҷаҳонбинии илмӣ, ҷалби хонандагон ба таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар самтҳои гуногун, ҳамчунин, фароҳам овардани имконияти омӯзиши ройгон дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳост.   Дар ноҳияи Файзобод Ҳафтаи «Бозёфт» имсол теъдоди бештари хонандагонро гирд овард, ки ин аз афзоиши таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ шаҳодат медиҳад. Муддати як ҳафта баргузории чорабиниҳои гуногун идома ёфта, барои дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нав, мусоидат ба касбинтихобкунии хонандагон ва омодасозии онҳо ба озмуну олимпиадаҳо шароити мувофиқ фароҳам оварда мешавад.   Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин бо волидайне, ки фарзандонашонро ҳамроҳӣ мекарданд, суҳбатҳои судманд анҷом ёфт. Онҳо, пеш аз ҳама, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити хуби таҳсил изҳори миннатдорӣ намуданд

    31

    15.09.2025