21.04.2025

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол якшанбеи ҳафтаи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил карда мешавад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи илми тоҷик, рӯзҳои 21-26 апрел, яъне “Ҳафтаи илм”-ро, ки дар доираи он гузаронидани конференсияи илмию назариявии омӯзгорону донишҷӯён, озмуну маҳфилҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ ба нақша гирифта шудаанд, роҳандозӣ менамояд.
21 апрели соли 2025 ҷаласаи пленарии конференсияи илмию назариявии омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.и., професссор Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, муовини раиси КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.и., профессор Шарифзода Мумин Машокир, ки солҳои 2008-2017 сарварии донишгоҳро ба уҳда дошт, инчунин собиқ ректорони донишгоҳ, д.и.и., профессорон Бобоев Олимҷон Бобоевич ва Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷамшед Машокиров ҳусни оғоз бахшида, нақши илмро дар рушди иқтисоди миллӣ ва шукуфоии кишвари азизамон муҳим арзёбӣ намуда, суханро ба муовини якум, муовини ректор оид ба таълим н.и.и., дотсент Қурбонов Абдукарим Раҳимович во гузошт.
Абдукарим Қурбонов меҳмонон ва аҳли толорро бо оғози “Ҳафтаи илм” табрику таҳният гуфта, нақш ва саҳми бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи илми ватанӣ ва пешрафти корҳои илмию таҳқиқотӣ назаррас арзёбӣ намуд.
Инчунин гуфта шуд, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли 2024-ум 543 маводи илмии омӯзгорон, аз ҷумла 10 монография, 154 мақолаҳои дар маҷаллаҳои КОА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, 244 фишурдаи мақолаҳои дар конференсияҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва 135 мақолаи дар маҷаллаҳои мухталиф нашршуда, ташкил медиҳанд.
Дар соли 2024 -ум 9 нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, 2 нафар пешдифои рисолаи докторӣ ва 7 нафар пешдифои рисолаи номзадиро гузаштанд.
Тибқи барномаи “Ҳафтаи илм”, ки 13 бахшро дарбар мегирад, 153 маърӯзаи омӯзгорон ва 270 маърӯзаи донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Ҳамчунин хотиррасон карда шуд, ки дар соли 2024 бо иқдоми раёсати илм ва инноватсия дар сомонаи расмии донишгоҳ ҷойгир намудани қисмати рӯнамоии маводи нашршудаи муҳаққиқони донишгоҳ ба роҳ монда шуд. Ин иқдом ба хотири васеъ намудани имкониятҳои рақамикунонии таҳсилот ва мутобиқ намудани соҳаи таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ равона карда шудааст.
Мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025, ки дар Маркази миллии патенту иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, профессорону омӯзгорони донишгоҳ аз рӯи 5 самт, 20 мавзӯъ ва 382 зермавзӯъ таҳқиқоти илмӣ бурда истодаанд.
Дар идомаи конфронс муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.и., професссор Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, собиқ ректорони донишгоҳ, д.и.и., профессорон Бобоев Олимҷон Бобоевич, Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович, Шарифзода Мумин Машокир доир ба аҳаммият ва нақши илм дар рушди иқтисодиёти кишвар суханронӣ намуда, донишҷӯёнро ба илмомӯзӣ, забондонӣ ва омӯхтани технологияҳои иттилоотии муосир даъват намуданд.
Сипас, н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат Абдураҳмон Ҳакимзода дар мавзуи “Масоили рушди маркетинги рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон“ маърӯзаи пурмазмун намуда, бо мисолҳои мушаххас андешаҳояшро доир ба аҳаммият, мушкилот ва дурнамои рушди маркетинги рақамӣ дар кишвар баён намуд.
Дар хотимаи ҷаласаи пленарӣ ба омӯзгорони донишгоҳ Шаҳноза Пулатова, Комилҷон Алимов ва Рустамзода Фирӯз дипломҳои унвони илмии дотсент супорида шуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Нимаи дуюми ҳамин рӯз кори конференсия дар бахшҳо оғоз гардид, ки он то 26-уми апрели соли ҷорӣ идома меёбад.