12.03.2025

 img

12 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек меҳмони олиқадр - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари кишвари мизбон – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо эҳтироми хоса ва гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

 

Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Бишкек ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олимақом - Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони ду давлат ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду ҳамсоякишвар идона оро ёфта буд.

 

Ба нишони эҳтирому самимияти хос ба Сарвари давлати мо дар саҳни фурудгоҳ, ҳамчунин, баъзе саҳнаҳои фарҳанги миллии қирғизӣ бо хаймаҳо, аспҳо, уқобҳои шикорӣ ва рақсу сурудҳои мардумӣ намоиш дода шуд.

 

Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.

 

Зимни ин сафар маҷмӯи масъалаҳои таҳким ва густариши муносибатҳои ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.

 

Ҳамчунин, дар назар аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳуҷҷати муҳими таърихӣ – Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ ба имзо расад.

  • Оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон img
  • Оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон img
  • Оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санадҳои дуҷониба доир гардид.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.   Ҳамагӣ 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид: - Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Марказ оид ба рушд ва пешбурди содирот “Қирғиз содирот””-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон;   - Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарии назди Девони вазирони Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;   - Протокол миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон;   - Барномаи ҳамкорӣ миёни ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Чон-Алайи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ барои солҳои 2025-2027;   - Барномаи ҳамкорӣ миёни вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва фарҳангу гуманитарӣ барои солҳои 2025-2030;   - Созишнома дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон;   - Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2025-2027;   - Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барои солҳои 2025-2027;   - Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии меъморӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини тобоварӣ ба зилзила, рушди технологияҳои самаранокии энергияи “сабз” ва шаҳрсозӣ, инчунин рақамикунонии раванди сохтмон;   - Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва соҳибкории Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;   - Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва табодули маълумот дар соҳаи назорати шахсоне, ки бо амалиёт (аҳдҳо) бо сангу металлҳои қиматбаҳо, оид ба масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда машғуланд;   - Созишнома миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва саноати коркарди Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;   - Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ;   - Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард.

    26

    13.03.2025
  •  img
    Маросими гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи “Уркун” 13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷмааи таърихӣ ва ёдгории “Ата-Бейит” ташриф оварданд.   Сарвари давлат ба нишони эҳтиром ва гиромидошти таърих ва адабиёти мардуми қирғиз дар пояи муҷассамаи “Уркун” ва мақбараи нависандаи маъруф Чингиз Айтматов гулчанбар гузоштанд.

    27

    13.03.2025
  •  img
    МО - МУҲОФИЗАТГАРОНИ ТАБИАТ Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ, шиносоии хонандагон оид ба ҳифзи табиату тозагии муҳити зист, нафъи растаниву наботот дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамоиши илмӣ – адабӣ гузаронида шуд.   Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки бидуни табиат ҳаёт дар ягон давру замон пойдор буда наметавонад, чун ҳастии ҳар як ҷисми зинда рабт дорад ба об, хок ва боду ҳаво. Қарзи ҳар як инсони асил ин ободии кишвар, тоза нигоҳ доштани муҳити зист, эҳтиром гузоштан ба табиати нотакрор ва истифодаи самараноки сарватҳои он мебошад.   Дар шароити пешрафти илму техника дахолати инсон ба табиат хеле зиёд шуда, тарбия намудани хонандагон дар руҳияи табиатдӯстӣ, тоза нигоҳ доштани муҳит яке аз талабҳои муҳимми тарбияи экологии донишомӯзони мактабҳо мебошад.   Дар рафти ҳамоиш аз тарафи хонандагон дар васфи табиат шеъру суруд ва саҳнаҳои тарбиявии вобаста ба ҳифзи табиат, расмҳо, ҳунарҳои дастӣ ва намоишҳо пешкаши иштирокчиён ва меҳмонон гардид, ки дар онҳо мушкилоти марбут ба ҳифзи гуногунии биологӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъсири манфии фаъолияти инсон ба экосистема баён карда шудааст.

    18

    13.03.2025