Пешравию пирўзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад

08.01.2025

“Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирўзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кўдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад”.

 

Эмомалӣ Раҳмон

 

Паёми ибратомўзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саршори ақидаҳои ватандўстӣ, худогоҳии миллӣ, тарбия ёфтан дар руҳияи эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Паём ғояҳои нави бунёдкоронаро талқин намуда, моро ба шоҳроҳи тараққиёти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ҳидоят менамояд.

 

Пешвои миллат дар Паёми худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро мавриди таҳлил қарор дода, вазифаҳоро барои таъмини минбаъдаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқу кишвар муайян намуданд. Пешвои миллат чун ҳамешагӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

 

Ҳамаи пешравию пирўзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад.

 

Бо дарки ин масъалаи муҳим Сарвари давлат таъкид намуданд, ки соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

 

Дар ин замина бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз ва маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешавад.

 

Пешвои муаззами миллат зикр намуданд, ки мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омўзгоронро боз ҳам баланд бардорем. Ин суханон мо омўзгоронро водор месозад, ки фаъолиятамонро бознигарӣ карда, минбаъд саъю кушиши худро барои ҳарчӣ бештар шавқманд намудани толибилмон равона намоем.

 

Яке аз мушкилоти соҳаи маорифи кишвар, чӣ тавре ки дар Паём зикр гардид, ин кам фаро гирифта шудани кўдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ мебошад. Дар ин самт бо ғамхорию пуштибонӣ аз соҳаи маориф ва рушди муассисаҳои томактабӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро муаззаф гардониданд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кўдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.

 

Ҳамзамон роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

 

Бо таъкиди Сарвари давлат омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бояд ба роҳ монда шавад. Албатта, ин иқдоми наҷиб бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрўз, рушди муносибатҳо бо кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда мешавад, ки Пешвои миллат барҳақ зикр намуданд:

 

“Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рўз ба рўз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омўзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад”.

 

Дар идомаи ироаи Паёми хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат иброз намуданд, ки ба вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрўза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардааст бояд диққати аввалиндараҷа диҳем. Дар партави ин ҳидоятҳои Пешвои миллат мо аҳли маориф, аз наврасону ҷавонони имрўза даъват ба амал меорем, ки ҳаргиз фирефтаи андешаҳои иғвоангези террористону экстремистон нагарданд. Бо азму иродаи созанда аз пайи омўзиши илму дониш гашта, номбардори ҳақиқии давлату миллати хеш гарданд. 

 

Дар фароварди суханронии хеш бо ифтихори баланди ватандорӣ Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дўст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем.

 

Мо Паёми ибратбахши Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор дода, барои ободию пешрафти Тоҷикистони азиз, рушди маориф ва таълиму тарбияи шоистаи насли наврас ҷаҳду талоши созанда хоҳем намуд.

 

Шаҳноза Мақсудзода, 

мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд

  • Пешравию пирўзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҲАДАФ – БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТ: БАРГУЗОРИИ КУРСИ КУТОҲМУДДАТИ ШУНАВАНДАГӢ БАРОИ РОҲБАРОНИ ГУРӮҲИ ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ Имрӯз, 9-уми январи соли 2025 бо ташаббуси бевоситаи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар МДТ “Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ”-и шаҳри Душанбе курси кутоҳмуддати шунавандагӣ барои роҳбарони гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилоти муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта баргузор гардид.   Курсро муовини якуми директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо – Ғафуриён Нурулло ифтитоҳ карда, доир ба аҳамияти баргузории курси кутоҳмуддати шунавандагӣ барои роҳбарони гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот ёдовар гаштанд.   Пас аз он, сармутахассиси шуъбаи таълим ва корҳои методии Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо – Содиқов Абдусалом дар мавзуъҳои «Ҳадаф, мақсад ва вазифаҳои гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот» ва «Омӯзиши тарзи ҳуҷҷатнигорӣ барои фаъолияти гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот» баромад намуда, ҳадаф, вазифаҳо ва тарзи ҳуҷҷатнигориро ба иштирокдорон ташреҳ доданд.   Ҳамчунин, мудири шуъбаи таълим ва корҳои методии Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо – Сафарова Зевар дар мавзуи «Нақши гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот дар баланд бардоштани сифати таҳсилот» баромад намуда, дар бораи муҳимият ва нақши гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот суханронӣ намуданд.   Дар курс шунавандагон имконият доштанд, ки тариқи онлайнӣ пайваст шаванд.

    48

    09.01.2025
  •  img
    ТАЪЛИМ ВА ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ БО ДАРНАЗАРДОШТИ МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ Ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ талаб менамояд, ки дар мамлакат омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, забони англисӣ, дар сатҳи баланд роҳандозӣ шавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронию мулоқот бо аҳли маориф ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, таъкид бар он менамоянд, ки мо забондон ва ҳамқадами замона бошем.   Бо мақсади муайян намудани мушкилоти мавҷуда дар соҳаи таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, дарёфти роҳҳои имконпазири ҳалли онҳо ва муҳайё намудани шароит баҳри рушди таҳсилоти бисёрфарҳангию бисёрзабонии насли наврас бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №438 «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба тасвиб расидааст. Барномаи мазкур якҷо бо стандартҳои давлатии таҳсилот, ки тибқи қонунгузорӣ тасдиқ шудаанд, такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ муайян менамояд.   Омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, забонҳои русӣ ва англисӣ дар маркази таваҷҷуҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.   Бо ин мақсад, ҷиҳати рушд, такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаҳои таълимӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ тибқи низоми байналмилалии забондонӣ» таҳия карда шуданд, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №15/41, аз 30 октябри соли 2024 тасдиқ карда шудааст. Барнома­ҳои таълимии мазкур бо дарназардошти талаботи байналмилалӣ ба сатҳи забондонӣ таҳия карда шудааст, ки тибқи талаботи он сатҳи забондонӣ дар 6 дараҷа муайян шудааст: A1 ва A2 (сатҳи ибтидоӣ), B1 ва B2 (сатҳи миёна), C1 ва C2 (сатҳи олӣ). Вобаста ба ин сатҳҳо барномаҳои таълимӣ барои сатҳи А1 дар ҳаҷми 72 соат ё се моҳ, барои сатҳи А2 дар ҳаҷми 144 соат ё 6 моҳ, барои сатҳи В1 дар ҳаҷми 216 соат ё 9 моҳ ва барои сатҳи В2 дар ҳаҷми 432 соат ё 18 моҳро дар бар мегиранд. Барномаи таълимӣ барои таълимгирандагони курсҳои забономӯзии мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, муассисаву ташкилотҳои давлатӣ, марказҳои омӯзишӣ, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва кулли хоҳишмандон пешбинӣ гардидааст.   Тибқи барномаҳои таълимии тас­диқгардида, ҳадафи муҳимми омӯзиши забонҳои хориҷӣ баланд бардоштани сатҳи умумии забондонӣ, инчунин, инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ аст. Мувофиқи методикаҳои муосири байналмилалӣ, дар ҳар сатҳи омӯзиши забон 4 навъи фаъолияти нутқӣ бояд инкишоф ёбад: гӯш кардан, хондан, гуфтор ва навиштан. Дар байни инҳо гуфтор муҳимтарин унсур ба шумор меравад, зеро маҳз тавассути ташаккули маҳорати гуфторӣ дигар малакаҳои нутқ низ рушд меёбанд. Дар ҷараёни омӯзиши забонҳои хориҷӣ бояд таваҷҷуҳи махсус ба ташаккул додани маҳорати гуфтор равона карда шавад. Ин маънои онро дорад, ки диққати асосӣ ба истифодаи забон дар ҳаёти ҳаррӯза ва муоширати амалии хонандагон равона мегардад.   Бояд тазаккур дод, ки тибқи низомҳои байналмилалӣ ва аврупоии сатҳи забондонӣ барои самаранок азхуд намудани забонҳои хориҷӣ омӯзиши мавзуӣ тавсия дода мешавад. Тавассути омӯзиши мавзуъҳои алоқаманд бо ҳаёти шахсӣ хонандагон, ҳамзамон, бо инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ машғул мегарданд. Масалан, дар сатҳи ибтидоии омӯзиши забон, аҳамият бояд ба мавзуъҳое чун номи ашё, оила, дӯстон, хоҳишу дархост, табрикот, даъватҳо ва пурсишу посухҳои кӯтоҳ равона карда шавад, ки барои рушди умумии нутқи хонандагон муҳим мебошанд. Ин равиш ба рушди малакаҳои амалӣ ва муваффақияти умумӣ дар омӯзиши забон мусоидат хоҳад кард.   Талаботи меъёрҳои байналмилалии забондонӣ ва аҳамияти салоҳиятҳои иртиботӣ   Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ талаботи нави таълимӣ ва амалиро пеш мегузорад. Яке аз муҳимтарин меъёрҳо дар ин самт, истифодаи Чорчӯби салоҳиятҳои умумиаврупоӣ оид ба сатҳи забондонӣ (CEFR) мебошад, ки онро аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун стандарт қабул кардаанд. CEFR сатҳи забондониро дар 6 дараҷа муайян мекунад: • A1 ва A2 (сатҳи ибтидоӣ), • B1 ва B2 (сатҳи миёна), • C1 ва C2 (сатҳи олӣ).   Ин чорчӯба махсус барои ҳамоҳангсозии барномаҳои омӯзиши забон дар тамоми ҷаҳон таҳия шудааст ва барои ҳамаи забонҳо як қолаби умумӣ пешниҳод менамояд. Маҳз ҳамин хусусият имкон медиҳад, ки забондонии шахс дар тамоми ҷаҳон тавассути як стандарти ягона арзёбӣ гардад.   Салоҳиятҳои иртиботӣ дар Чорчӯби стандартҳои байналмилалии сатҳи забондонӣ Яке аз ҷанбаҳои муҳим ва фарқкунандаи системаи стандартҳои байналмилалии сатҳи забондонӣ таъкид ба ташаккули салоҳиятҳои иртиботӣ мебошад. Дар системаи анъанавии таълими забонҳо диққати асосӣ ба омӯзиши грамматика ва луғавӣ равона шуда буд, ки ҳадафи он бештар азхуд кардани қоидаҳои забонӣ ва тарзи дурусти навиштан буд. Аммо низоми стандартҳои байналмилалии сатҳи забондонӣ ин муносибатро дигар кард ва забондониро на танҳо ҳамчун омӯхтани қои­даҳо, балки ҳамчун василаи муошират ва фаҳмиши байнифарҳангӣ баррасӣ намуд.   Аҳамияти салоҳиятҳои иртиботӣ Салоҳиятҳои иртиботӣ маънои он­ро доранд, ки таълимгирандагон бояд забонро на танҳо барои хондан ё навиштан, балки барои муошират дар вазъиятҳои воқеӣ истифода баранд. Ин маънои онро дорад, ки мақсади асосии омӯзиши забонҳо бояд ташаккул додани малакаҳое бошад, ки ба шахс имкон медиҳанд: • Дар муколамаҳо иштирок кунанд; • Дар муҳитҳои гуногун фикри худро равшан ва дақиқ ифода намоянд; • Ҳамсуҳбатонро фаҳманд ва ба онҳо бо истифодаи забони мувофиқ ҷавоб диҳанд.   Ин равиш диққатро аз омӯхтани грамматика ва қоидаҳои хаттӣ ба самти истифодаи амалӣ ва муассири забон таъкид менамояд. Масалан, дар стандартҳои байналмилалии сатҳи забондонӣ таваҷҷуҳи зиёд ба малакаҳои гӯш кардан ва суҳбат кардан дода мешавад, ки ин ҷузъҳои калидии муоширати забон мебошанд. Донистани грамматика, албатта, муҳим аст, аммо барои муваффақ шудан дар муошират бо дигарон, таълимгиранда бояд тавонад, дониши худро дар ҳодисаҳои воқеии иртиботӣ истифода барад.   Муқоисаи муносибати анъанавӣ ва муносибати босалоҳият Дар таълими анъанавии забонҳо диққати асосӣ ба азбаркунии қоидаҳои грамматикӣ ва имло равона карда шуда буд. Масалан, омӯзгорон ба таълимгирандагон супориш медоданд, ки қоидаҳои грамматикиро азбар кунанд ва матнҳоеро, ки бештар ба грамматика тамаркуз доштанд, аз нав бинависанд. Аммо ин равиш аксар вақт таълимгирандагонро аз доираи муоширати зинда ва корбурди забон дар вазъиятҳои воқеӣ маҳдуд мекард. Дар натиҷа, онҳо дар муҳити воқеӣ бо истифодаи забон душворӣ мекашиданд, ҳатто агар донишҳои грамматикии онҳо комил мебуд.   Аз тарафи дигар, муносибати босалоҳият, ки дар асоси стандартҳои байналмилалии сатҳи забондонӣ коркард шудааст, забонро ҳамчун василаи муошират ва иртиботи иҷтимоӣ баррасӣ мекунад. Таълимгирандагонро на ба азбар кардани қоидаҳо, балки ба истифодаи забон дар шароити гуногун омода мекунад: • Муҳим аст, ки онҳо дарки маънӣ дошта бошанд, яъне, фаҳманд, ки дар муошират чӣ мехоҳанд бигӯянд. • Дарки муносибати байнифарҳангӣ низ зарур аст, то таълимгирандагон тавонанд бо намояндагони дигар халқиятҳо ва фарҳангҳо бо таври дуруст муошират кунанд.   Намунаҳои салоҳиятҳои иртиботӣ 1. Сатҳи A1 (оғозкунанда): Таълимгиранда бояд тавонад дар сатҳи одӣ суҳбат кунад. Масалан, худро муар­рифӣ намояд ё саволҳои одӣ, ба монанди «Номатон чист?» ё «Шумо аз куҷо ҳастед?» бидиҳад. Гарчанде ки грамматикаашон маҳдуд аст, онҳо бояд тавонанд бо суханони асосӣ фикри худро ифода намоянд.   2. Сатҳи B2 (сатҳи миёна): Дар ин сатҳ таълимгирандагон бояд тавонанд дар мавзуъҳои гуногун суҳбати мундариҷавӣ дошта бошанд. Барои мисол, онҳо бояд тавонанд дар бораи таҷрибаҳои худ, ахбори рӯз ё ҳатто мавзуъҳои маҷозӣ баҳс кунанд. Дар ин сатҳ аҳамият дорад, ки таълимгирандагон тавонанд фикри худро равшан ва боэътимод ифода намоянд.   3. Сатҳи C1 (сатҳи олӣ): Дар ин сатҳ шахс метавонад ба таври озодона ва мустақилона дар муколамаҳои мураккаб, масалан, дар муҳокимаҳои касбӣ ё илмӣ иштирок кунад. Вай бояд тавонад истилоҳоти мураккабро истифода бурда, фикрҳои дақиқ ва таҳлилӣ иброз намояд.   Мавқеи грамматика ва имло дар муносибати босалоҳият Грамматика ва имло ҳамеша қисми ҷудонашавандаи омӯзиши забонҳо хоҳанд буд, аммо дар чорчӯби муносибати босалоҳият онҳо ҳамчун воситаи кумакрасон барои иртиботи муассир баррасӣ мешаванд, на ҳадафи ниҳоӣ. Яъне, грамматика ва имло танҳо як қисми системаи бузургтари коммуникатсионӣ мебошанд, ки ба таълимгирандагон ёрӣ мерасонанд, ки фикри худро равшан ифода ва дарк кунанд.   Ба ҷойи азхуд кардани грамматика барои худ, таълимгирандагон бояд ёд гиранд, ки онро дар муҳити воқеӣ ва муоширати зинда истифода баранд. Масалан, дар барномаи таълимӣ, омӯзгор метавонад аз таълимгирандагон талаб кунад, ки дар як гурӯҳ муколамаи мушаххасеро дар робита бо як мавзуи интихобшуда баргузор ва истифодаи грамматикаи дурустро дар ин ҳолат таъмин кунанд.   Хулоса Таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ки дар асоси низоми стандартҳои байналмилалии сатҳи забондонӣ таҳия шудаанд, муносибати нав ва замонавиро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ пешниҳод мекунанд. Онҳо муносибати анъанавиро, ки бештар ба омӯзиши грамматика ва имло такя мекард, иваз намуда, салоҳиятҳои иртиботиро дар маркази диққат қарор медиҳанд. Ин равиш таълимро аз доираи донишҳои назариявӣ ва грамматикӣ берун мебарад ва таваҷҷуҳро ба ташаккули малакаҳои амалӣ равона мекунад, ки ба шахс имкон медиҳанд, ки забонро дар ҳаёти ҳаррӯза, дар вазъиятҳои гуногуни ҳаётӣ муваффақона истифода барад.   Муҳимтарин ҷанбае, ки ин система бо худ меорад, таъкид ба салоҳиятҳои иртиботӣ аст. Дар ин равиш, забономӯзӣ ҳамчун воситаи амалии муошират ва ҳамгироии байналмилалӣ баррасӣ мешавад. Омӯзиши босалоҳият ҳадафи асосии худро на дар азхуд кардани қоидаҳои грамматикӣ, балки дар тавсеаи имкониятҳои муошират ва иртиботии муассир мебинад. Барои муваффақ шудан дар ҷаҳони муосир, донистани забон ҳамчун воситаи иртибот бо дигарон муҳимтар аз донистани дурустии грамматикӣ ва имло мебошад. Стандартҳои байналмилалии сатҳи забондонӣ бо сатҳҳои гуногуни худ ба омӯзгорон ва таълимгирандагон роҳҳои равшани ташаккули салоҳиятҳоро фароҳам меорад ва барои дарки комили забон дар шароити воқеӣ мусоидат мекунад.   Шавкат КАРИМЗОДА, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм

    49

    09.01.2025
  •  img
    ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ – ЗАМИНАИ ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ КӮДАК Имрӯзҳо кормандони соҳаи маориф чун дигар мардуми шарафманди кишвар дар зери таассуроти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қа­рор доранд.   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маорифи кишвар ва мақому манзалати омӯзгор таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар заминаи сиёсати фарҳангсолориву маорифпарварии хеш ҷиҳати арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгорон як зумра ғамхориҳо зоҳир намуданд.   Аз якуми сентябри соли 2025 30 дар сад зиёд гардидани маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва 20 дар сад зиёд гардидани маоши дигар кормандони соҳаи маориф гувоҳи он аст, ки маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан, соҳаи муҳим, афзалиятнок ва омили таҳкими амнияти миллист.   Бояд зикр намуд, ки ин таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ба ҳукми анъана даромада, ба андешаи сиёсатмадор, роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ «Пешвои миллат аз рӯзи аввали Роҳбари давлат шуданашон вохӯрию суҳбатҳоро бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус, зиёиёни мамлакат яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти хеш қарор додаанд».   Маҳз ҳамин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбарияти олии кишвар буд, ки имрӯз соҳаи маориф ба дастовардҳои зиёде ноил гардид.   Бо дарназардошти муҳиммияти масъалаи таҳсилоти томактабӣ, сохтори вазорат таҷдид гардида, бахши томактабӣ ба раёсати таҳсилоти томактабӣ табдил дода шуд ва фаъолияти он ба татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар равона гардид.   Дар ин робита, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш, 1 сентябри соли 2023 ҷиҳати танзими заминаи меъёрии ҳукуқии марказҳои инкишофи кӯдак ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйирот ворид ва мақоми ҳуқуқии марказҳои инкишофи кӯдак муқаррар карда шуд.   Тадбири мазкур барои амалишавии талаботи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то соли 2025 ба 30% ва то соли 2030 ба 50% расонидани фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ мусоидат хоҳад намуд.   Низомномаи намунавии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак ва Низомномаи намунавии муасси­саҳои таҳсилоти томактабӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва дастраси раёсату шуъбаҳои маориф карда шуд.   Ҳамчунин, бо мақсади иҷрои талаботи Стратегияи рушди маорифи Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 «Тартиби ташкил ва фаъолияти шаклҳои алтернативии гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ» таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуд. Санади мазкур фаъолияти се шакли алтернативии таълиму тарбияи томактабиро танзим мекунад.   Дар марҳалаи кунунӣ стандартҳои давлатӣ, барнома, дастурҳои методӣ ва аёнӣ, воситаҳои таълим, хрестоматия барои кӯдакони синни томактабӣ ба навовариҳо дар илму амалияи таҳсилоти томактабӣ дар ҳоли таҳия қарор доранд. Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стандарти инкишоф ва омӯзиши барвақтии кӯдак (аз таваллуд то 7(6)-солагӣ) ҳуҷҷатҳои муҳиме дар мазмуни таҳсилоти томактабӣ мебошанд, ки талаботи ягонаро барои таълму тарбияи кӯдакон аз рӯзи таваллуд то синни 7-солагӣ муқаррар ва дараҷаи инкишофи кӯдакро мувофиқ бо хусусиятҳои синнусолӣ, суръати такомул, шавқу рағбат, инчунин, рушди маҳорати нутқӣ, сенсорӣ ва ҳаракатӣ муайян менамоянд.   Стандарти инкишоф ва омӯзиши барвақтии кӯдак (аз таваллуд то 7(6)–солагӣ) бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31 марти соли 2023, № 4/22 тасдиқ гардидааст. Мазмуни таҳсилот дар муҳитҳои таълимӣ мураттаб гардида, барои коркарди нақшаю бар­номаҳои таълимӣ, китобу дастурҳои таълимӣ ҳамчун замина истифода мегардад.   Стандарти мазкур аз панҷ муҳити таълимӣ иборат аст: Муҳити 1. Саломатии ҷисмонӣ, некуаҳволӣ, рушди системаи таҳрикию ҳаракатӣ; Муҳити 2. Инкишофи фаъолияти маърифатӣ ва донишҳои умумӣ; Муҳити 3. Инкишофи эҳсосӣ - иҷ­тимоии кӯдак; Муҳити 4. Инкишофи нутқ, муошират ва омодагӣ ба саводомӯзӣ; Муҳити 5. Инкишофи шахсият ва тарбияи ахлоқии кӯдак.   Вобаста ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 зикр гардидаанд, бо мақсади таҷдиди мундариҷаи таълиму тарбияи томактабӣ ва тадриси забонҳои русиву англисӣ, Нақшаи таълимии намунавии муассисаҳои таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2025 таҳия гардида, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ба роҳ монда шуданд.   Мавриди зикр аст, ки минбаъд забонҳои русиву англисӣ ва забони давлатӣ дар гурӯҳҳои ғайритоҷикӣ чун машғулияти ҳатмӣ ҳафтае 2 маротиба таълим дода мешавад.   Ҳамчунин, ҷадвали басти воҳидҳои кории муассисаҳои томактабӣ, ки аз замони Шуравӣ амал менамуд, таҷдиди назар карда шуда, мураббии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак ва омӯзгорони фанҳои забони русиву англисӣ ҳамчун воҳиди алоҳидаи корӣ ворид гардиданд.   Шуруъ аз якуми январи соли 2025 омӯзгорони гурӯҳҳои Маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо маоши вазифавӣ таъмин ва аз имтиёзҳои иҷтимоӣ бархурдор мегарданд.   Чорчӯби салоҳиятҳои касбии кормандони педагогии муассисаҳои таълимии томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори ҳайати мушовараи вазорат тасдиқ карда шуд. Санади мазкур сатҳи дониш, маҳорат, малакаи касбӣ ва таҷрибаи кории кормандони педагогии муассисаҳои таълимии томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян ва муқаррар менамояд, ки кормандони педагогии муассисаҳои томактабӣ бояд дорои кадом арзиш, дониш ва маҳорату малакаҳои касбӣ бошанд.   Дар доираи иҷрои талаботи Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 як зумра корҳо ба анҷом расонида шуданд.   Аз ҷумла, Барномаи таълими кӯтоҳмуддати гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб дар муассисаҳои тахсилоти томактабӣ, Барномаи тарбия ва таълими кӯдакони синни томактабии талаботи махсуси таълимидошта, Дастури методӣ (Барои мураббиёне, ки бо кӯдакони талаботи махсуси таълимидошта фаъолият мекунанд таҳия ва дастраси муассисаҳои томактабӣ гардонида шуданд.   Дастури методӣ барои психологи муассисаи томактабӣ таҳия шуда, бо қарори ҳайати мушовари Вазорати маориф ва илм тасдиқ ва ба нашр тавсия гардид.   Бо мақсади рушди таҳсилоти томактабӣ ва таҳкими заминаи моддии техникии муассисаҳо, ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва бахши хусусӣ тақвият бахшида мешавад. Соли 2024 аз ҳисоби шарикони рушд ба мар­казҳои инкишофи кӯдаки назди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 23 номгӯй маводи конселярӣ, бозича, ми­зу курсӣ барои кӯдакону омӯзгорон ва дигар таҷҳизоти зарурӣ бо маблағи 673816,5 сомонӣ тақдим карда шуд.   Ҳамчунин, дар доираи Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор сохтмони муассисаҳои томактабӣ, дар ноҳияҳои дигари пилотии Лоиҳа таъмири 39 муассиса ба маблағи 840 ҳазор доллар ва сохтмону таъмири 500 МИК бо маблағи 12 миллиону 500 ҳазор доллар идома дорад. Барои муассисаҳои томактабии ноҳияҳои пилотӣ 1995 кати хоб, 1500 миз, 5984 курсӣ хари­дорӣ ва дастрас карда шуд.   Маҳз таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва таъминот бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳати беҳтар шудани шароит ва фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ гардид.   Аз ин ҷост, ки таваҷҷуҳи аҳолӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ бештар гардида, теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 744 адад расида, дар онҳо 113970 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 37 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 9049 нафар кӯдак зиёд мебошад.   Ҷиҳати дастрасии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2884 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 131317 кӯдак таъсис дода шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 503 марказ ва 34771 кӯдак зиёд мебошад.   Ҳамчунин, бояд таъкид намуд, ки дар баробари ин, теъдоди гурӯҳҳои инкишофи барвақтии кӯдак хеле афзоиш ёфта, ба 5569 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1042 гурӯҳ зиёд мебошад.   Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи томактабӣ 245066 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 43820 кӯдак зиёд буда, ба 23,2% баробар аст. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 20,2%-ро ташкил медод.   Мазмуни корҳои равонӣ-педагогиро кушодани мазмуну муҳтавои муҳитҳои таълимии дар Стандарт овардашуда ташкил медиҳад, ки барои инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдак вобаста ба хусусиятҳои синнусолӣ равона гардиданд. Вазифаи мураббиён ва волидон дар асоси баҳисобгирии қонуниятҳои инкишоф ва вазифаҳои таълиму тарбия дар ҳар як соли ҳаёт таъмин намудани инкишофи дурусти ҷисмонӣ, ақлию зеҳнӣ, ташкили бозӣ, меҳнат, машғулиятҳои таълимию ҳаёти маишии кӯдак иборат мебошад. Самаранокии тамоми вазифаҳои гузошташуда оид ба тарбияву таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз маҳорату дониши мураббия ва ба эътиборгирии хусусиятҳои синнусолию инфиродии тарбиятгирандагон вобаста аст.   Бовар дорем, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва кормандони соҳа руҳу илҳоми тоза бахшида, ба раванди бунёди муассисаҳои томактабӣ, таъсиси марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак, бештар намудани фа­рогирӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии гузошташуда мусоидат менамояд.   Ҷ. МАҶИДЗОДА, сардори раёсати таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илм

    43

    09.01.2025