РУШДУ ТАҲАВВУЛИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ – САРЧАШМАИ ПЕШРАФТ
26.12.2024
Оғоз
Маориф калиди пешрафту рушди босуботи давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Маҳз тараққиёти маориф заминаи асосии рушди ояндаи кишвар мебошад. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатӣ соҳаи маорифро дар меҳвар қарор дода, мунтазам тадбирҳои судманд меандешанд. Сарвари давлат таъкид кардаанд: «Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».
Мусаллам аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ баҳри пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳим корҳои зиёде анҷом дода шуд ва раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромада, мунтазам сатҳу сифати таълим баланд мегардад. Дар зимн, ба омода намудани мутахассисони варзида, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда мешавад. Маълум аст, ки ҳамасола даҳҳо муассисаи нави таълимӣ бо тамоми таҷҳизот сохта, ба истифода додаву шароити хуби созгори таълиму тарбия барои омӯзишу фарогирии донишҳои муосир ба муҳассилин фароҳам мегардад. Аз ин ҷост, ки дастоварди хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ назаррас буда, дар ин самт Тоҷикистон дар қатори беҳтарин давлатҳои ҷаҳон қарор дорад. Бо вуҷуди ин, хонандагонро мебояд аз шароиту имконот самаранок истифода кунанд ва ба таври фарогиру ҳамаҷониба илмҳои муосирро биомӯзанд.
Иқдоми созанда
Бо расидан ба Истиқлоли давлатӣ ва таъмини Ваҳдати миллӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рушду пешрафт карданд. Бо ташаббуси Пешвои миллат баҳри рушди бомароми кишвар ҳадафҳои стратегӣ мушаххас гардиданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар мамлакат чор ҳадафи стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар амалӣ мегарданд, ки ба ҳамдигар ҳамбастагии амиқ доранд. Боиси ифтихор аст, ки дар кишвари мо роҳҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардидаву дар чор фасли сол рафтуомади мардум дар кишвар таъмин мебошад. Бунёди НБО-ҳо вусъат ёфтаву даҳҳо неругоҳи хурду калон сохта шуданд ва дар ин миён корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Роғун» бомаром идома дорад ва он рӯз дур нест, ки мардуми шарифи кишвар ба истиқлоли комили энергетикӣ мерасанд. Инчунин, истифодаи самараноки заминҳо ва ба ин восита таъмин намудани мардум бо ниёзи аввалияи рӯзгор низ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар ин самт таваҷҷуҳи асосӣ ба саноатикунонии босуръати кишвар равон карда шудааст. Бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ тақозо мекунад, ки мутахассисони варзидаи дорои тафаккури техникӣ дар ҷомеа омода карда шаванд. Яъне, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ба соҳаи маориф ҳамбастагии амиқ дошта, ба ҷалби хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши фарогири фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ вобаста аст. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) таъкид намуданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоем, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшида, ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунем. Ба ин маънӣ, пешниҳод намуданд, ки «…ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд». Маҳз ташаббуси мазкур аҳли маорифро водор намуд, ки масъулияти зиёдтарро эҳсос намуда, ба масъалаи омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар зоҳир ва дар ин самт тадбирҳои судманд андешанд. Ҳамчунин, Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва дигар вазорату идораҳоеро, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор намуданд, ки нақшаи чорабиниҳоро доир ба ин масъала омода ва пешниҳод кунанд. Дар ин замина, Вазорати маориф ва илм нақшаи чорабиниҳоро тартиб дода, корҳои зиёдеро ба сомон расонд, ки ба тақвияти омӯзишу таълими фанҳои дақиқ мусоидат хоҳанд кард.
Шароити хуб барои омӯзиш
Бояд қайд кард, ки омили баланд гардидани сифати таълим ва омӯзиши фанҳои дақиқ аз имкону шароити таълим вобаста аст. Бо ин мақсад, заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ марҳала ба марҳала такмил ёфтанд, кабинетҳои фаннӣ бо озмоишгоҳҳову воситаҳои аёнӣ ва маҳлулу реактивҳои химиявӣ таъмин гардиданд. Дар зимн, омӯзгорони варзидаву навовар ба муассисаҳои таълимӣ ҷалб шуданд, ки ин омил ба такмилу тақвияти омӯзиши фанҳои дақиқ такони ҷиддӣ бахшид. Бо эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати ҷалби муҳассилин ба омӯзиши фанҳои мазкур корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Ба гунаи мисол, метавон аз як соли охир ёдовар шуд. Соли равон 73 маҷмуӣ таҷҳизоти кабинетҳои физика, химия, биология, 400 маҷмуъ таҷҳизоти кабинетҳои математика ва геометрия, 400 маҷмуъ таҷҳизоти кабинети фанни география, 108 маҷмуъ таҷҳизоти кабинети технология иттилоотӣ ва 30 маҷмуъ таҷҳизоти кабинети фанни суруд ва мусиқӣ харидорӣ ва дар муассисаҳои таълимии ҷумҳури насб гардонида шудааст, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли гузашта 723 маҷмуъ ё 62,5% зиёд мебошад.
Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 1150 озмоишгоҳ ва кабинети фаннӣ (кабинетҳои химия, физика ва биология 75 ададӣ, математика, технологияи иттилоотӣ, география 30 ададӣ, озмоишгоҳи химия, физика 230 ададӣ, биология 30 адад) харидорӣ ва дастраси муассисаҳои таълимӣ мегардад.
Дар ин самт дар мактабҳои олӣ низ корҳои мушаххас анҷом пазируфтааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо мақсади такмили дониши донишҷӯён, магистрону докторантон, азхудкунии навгониҳои илму техника, навовариву эҷодкорӣ ва таълими фанҳои табиатшиносиву дақиқ дар солҳои 2020-2040 ҳамасола кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки пеш аз ҳама, дар пойгоҳи моддию техникӣ барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ, навовариҳо, фаъолияти эҷодӣ, корҳои ихтироъкорӣ ва патентию литсензионии донишҷӯёну магистрон ва аспирантону унвонҷӯён, докторантони (РhD)–аз рӯйи ихтисос шароити хуб фароҳам гардид.
Ба ин мазмун, метавон гуфт, ки шароиту имконот ва заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ дар самти омӯзиши фанҳои бунёдӣ тадриҷан ҷавобгӯи замон мешаванд. Аз ин рӯ, хонандагону донишҷӯёнро мебояд, ки пайваста биомӯзанд, донишу ҷаҳонбинии техникии хешро такмил бахшанд ва дар пешрафту рушди кишвар саҳми муносиб гузоранд. Дар ин миён, зарур аст, ки аз зинаи аввали таҳсил хонандагонро ба масъалаи омӯзиши фанҳои мазкур ҷалб кард, то зина ба зина шавқу рағбати онҳо ба омӯзиш бештар гардад. Дар ин ҷода нақши омӯзгорон муҳимму судманд мебошад. Зеро онҳо бо истифода аз тахтаҳои электронӣ, воситаҳои аёнӣ ва дигар омилҳо машғулиятҳоро рангину шавқовар ба роҳ монда, таваҷҷуҳи хонандагонро ба омӯзишу азхудкунии дарсҳо бештар менамоянд.
Озмун – василаи дарёфти навоварону ихтироъкорон
Бо дастури Пешвои миллат соли шашум аст, ки Озмуни ҷумҳурияии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Воқеан, озмуни мазкур тавонист ба дарёфти наврасону ҷавонони лаёқатманд мусоидат ва таваҷҷуҳи муҳассилинро ба омӯзиши фанҳои дақиқ бештар намояд. Дар озмун он нафароне, ки донишу ҷаҳонбинии пешрафта доранд ва навовару ихтироъкор мебошанд, дарёфт ва муаррифӣ мегарданд. Инчунин, ин озмун, агар аз як тараф, шавқу рағбати муҳассилинро ба омӯзиши фанҳои мазкур бештар намояд, аз ҷониби дигар, ба масъалаи ихтироъкориву навоварӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Маълум аст, ки Вазорати маориф ва илм низ ҳамасола озмунҳои фанниро миёни хонандагону донишҷӯён баргузор менамояд. Таҳлили хулосавии озмунҳо нишон медиҳад, ки теъдоди довталабон аз фанҳои бунёдӣ сол то сол зиёд гардидаву сатҳи баргузории ин озмунҳо низ такмил ёфтааст.
Китобҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон
Дар самти омӯзиши фанҳои дақиқ китобҳои дарсӣ низ нақши муҳим мегузоранд. Аз ин рӯ, китобҳои насли нав ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, дар ин китобҳо ба таври мушаххас ва шавқовару ҷолиб дарсҳо пешниҳод гардидаанд, ки ҳам ба сатҳу сифати таълим ва ҳам ба шавқманд гардидани хонандагон мусоидат мекунад. Дар ин миён донишномаву дастурҳои ҷолиби омӯзишӣ вобаста ба фанҳои дақиқ чоп ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардидааст. Шуруъ аз соли 2021 Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи нашриявии «Маориф» ба таҳияи силсилаи донишнома барои кӯдакону наврасон таҳти унвони «Асрори табиат» машғул шуд, ки аз ин силсила аллакай 71 номгӯйи он таҳия ва нашр гардиданд. Бо дарназардошти тағйиру иловаҳо дар Барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабӣ – «Рангинкамон», ки гурӯҳи корӣ дар ин самт вобаста шудаанд, фанни «Муқаддимаи табиатшиносӣ» ҷорӣ гардида, таҳияи «Донишномаи кӯдакона доир ба фанни табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар муассисаҳои томактабӣ минбаъд ба нақша гирифта мешаванд.
Баҳри такмил бахшидани дониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз фанҳои табиӣ ва риёзӣ дастурҳои методии «Корҳои санҷишӣ аз фанни математика барои синфҳои ибтидоӣ», «Шиносоии кӯдакон бо олами набототу ҳайвонот», «Гардиши об дар табиат (барои хонандагони синфи 4)», «Саволномаҳои тестӣ аз фанҳои математика ва табиатшиносӣ дар синфҳои ибтидоӣ», «Кортҳои таълимӣ аз фанни математика барои хонандагони синфи 1» ва «Рақамҳо дар назм (барои хонандагони синфи 1)», «Омӯзиш тавассути бозиҳои дидактикӣ (аз фанни табиатшиносӣ барои хонандагони синфи як)», «Маҷмуи ҳалли масъалаҳо дар синфҳои ибтидоӣ» таҳия гардид, ки ин китобу дастурҳо ҳамчун донишнома барои таълими кӯдакон истифода мешаванд.
Маҳфилҳо – такмилбахши омӯзиш
Яке аз омилҳое, ки дар самти омӯзиши фанҳои дақиқ нақши бориз мегузоранд, маҳфилҳои фаннӣ ба ҳисоб мераванд. Сол то сол теъдоди маҳфилҳо дар кишвар бештар гардида, таваҷҷуҳи хонандагонро ба омӯзиши фанҳо вусъат мебахшад. Айни ҳол дар 84 муассисаи таҳсилоти иловагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 73776 нафар таълимгиранда ба маҳфилҳои ҳунарию касбинтихобкунӣ, ки теъдоди онҳо беш аз 1770 ададро ташкил медиҳад, ҷалб гардидаанд. Теъдоди маҳфилҳои наздимактабӣ 45830 ва шумораи таълимгирандагон ба 488778 нафар расонида шуд.
Солҳои охир ҷиҳати иштироки аъзои маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва маҳфилҳои назди муассисавӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, чи дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ, чи дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва чи дар сатҳи вилоят тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд.
Ба ин мазмун, дар аксар муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо сатҳи дониши аъзои маҳфилҳо аз фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ тадриҷан баланд мегардад, ки иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ шаҳодат аз он медиҳад.
Дурнамо
Дар ин мақола ба таври фишурда аз фаъолияти Вазорати маориф ва илм дар хусуси татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дода шуд. Воқеан, дар ин самт моро мебояд фаъолияти хешро тақвият бахшем ва омӯзишу таълими фанҳои дақиқро дар муассисаҳои таълимӣ боз ҳам такмил бидиҳем. Вазорати маориф ва илм ҳамвора талош менамояд, ки муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони навовару лаёқатманд, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва реактивҳои химиявӣ таъмин ва шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои мазкур бештар гардад. Ин омил имкон фароҳам меорад, ки насли навраси дорои ҷаҳонбинии пешрафта ва ҳамзамон, мутахассисони варзидаро ба камол расонем, ки аз як тараф, дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзанда гузоранд, аз ҷониби дигар, кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ кунанд.
Равшан КАРИМЗОДА,
муовини вазири маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон