03.11.2025

 img

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ ба Давлати Қатар сафар карданд.

 

Сипас, аз Давлати Қатар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» ба шаҳри Вашингтон сафар хоҳанд кард.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

  • Сафари корӣ ба Давлати Қатар img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Мулоқот бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ 4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд.   Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз ҷараёни рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қатар изҳори қаноат намуданд.   Ба густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, саноат, истихроҷу коркарди маъданҳо, ва кишоварзӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.   Иштироки сармояи қатарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва тавлиди нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда муҳим дониста шуд.   Таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг, илму маориф ва сайёҳӣ аз мавзуоти дигари суҳбат буд.   Ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Исломӣ, баҳои баланд дода шуд.   Иброз гардид, ки Тоҷикистон аз иқдомҳои миёнаравии Давлати Қатар дар масоили ба эътидол овардани авзоъ дар Ховари Миёна ва хосатан дар Навори Ғазза, ҷонибдорӣ менамояд.    Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо сурат гирифт.

    13

    04.11.2025
  •  img
    Иштирок дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар 4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.   Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон изҳор доштанд, ки некуаҳволии иҷтимоӣ заминаи муҳимми таҳкими сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад.   Таъкид гардид, ки қабул ва татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 идомаи талошҳои кишвари мо дар ин ҷода мебошад.   Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 8 барномаи давлатӣ ва 3 стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф татбиқ шуда истодааст, ки ин ҳам барои рушди соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти калидӣ дорад.   Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар заминаи татбиқи барномаву стратегияҳои қабулшуда, ки бо Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳамоҳанг мебошанд, кишвари мо ба таҳкими сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.   Изҳор гардид, ки дар Тоҷикистон тайи 2 даҳсолаи охир дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ беш аз 4 миллион ҷойи корӣ таъсис ва барқарор гардидааст.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, оид ба ҳамбастагии рушди иҷтимоӣ ва устувории муҳити зист дар Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.   Гуфта шуд, ки кишвари мо бо мақсади таъмини некуаҳволии мардум дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим пайваста чораҷӯӣ менамояд.    Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “мо зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро барои беҳтар намудани дастрасии  кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва таъмини маблағгузории устувор, алалхусус барои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид менамоем”.   Сарвари давлати мо доир ба масоили гузариш ба иқтисоди “сабз” ва энергияи “сабз”, ба истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон низ андешаронӣ намуданд.   Зимнан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милал зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” бо ибтикори Тоҷикистон ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки қатъномаи мазкур метавонад дар дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи мо нақши муассир дошта бошад.   Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо зарур донистанд, ки бо муттаҳид намудани талошҳо шароити одилонаи рушди иҷтимоӣ барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва кулли мардумони ҷаҳон фароҳам оварда шавад. Таъкид намуданд, ки ба рушди иҷтимоӣ ҳамчун яке аз бахшҳои калидии Ҳадафҳои Рушди Устувор якдилона ва бо иродаи муштарак таваҷҷуҳи хос бояд зоҳир гардад.

    12

    04.11.2025
  •  img
    Вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ 4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Давҳаи Қатар дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд.   Дар вохӯрӣ як зумра масоили вобаста ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.   Зимнан аз мунтазамии мулоқотҳои сатҳи олию баланд ва натиҷаҳои онҳо, ки бозгӯй аз  ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегии ду кишвар арзёбӣ мегардад, изҳори қаноат карда шуд.   Барои таҳким ва густариши ҳамкории судманд таъсиси Шӯрои муколамаи стратегӣ ва бештар фаъол шудани дигар абзорҳои дуҷониба зарур дониста шуд.   Бо ишора ба имкону захираҳои васеъ барои афзун намудани нишондодҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таъкид гардид, ки ниҳодҳои дахлдори ду кишвар аз ин зарфиятҳо бояд ҳамаҷониба истифода намоянд.   Тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ, аз ҷумла фаъолияти Гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ, ҳам ба манфиати кор арзёбӣ гардид.

    14

    04.11.2025