26.12.2025

 img

25 декабри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

 

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ ёфта, иштирокчиён Паёми Пешвои миллатро ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва стратегии давлатдорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Дар оғоз муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода суханронӣ намуда, ба аҳаммияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва стратегӣ таъкид кард. Номбурда нақши калидии соҳаи маориф ва илмро дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, зарурати шарҳу тавзеҳи илмии нуктаҳои Паёмро махсус зикр намуд.

 

Дар идома, маърузаи муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Сарвиноз Маҷидзода дар мавзуи «Шарҳи самти иҷтимоии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд. Дар маъруза масъалаҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат, аз ҷумла тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии оила, баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Сипас, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Наима Солизода дар мавзуи «Таҳлили ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ» маъруза ироа намуд. Таъкид шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи муҳимми ташаккул ва такмили қонунгузории миллӣ ба шумор рафта, ҳамчун роҳнамои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хизмат менамояд.

 

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ибрози андеша намуда, аҳаммияти омӯзиш ва татбиқи ҳамаҷонибаи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои рушди соҳаи маориф, таҳкими давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ-ҳуқуқии ҷомеа муҳим арзёбӣ карданд.

 

Зикр гардид, ки хусусияти фарқкунандаи Паёми Пешвои миллат дар он аст, ки он бар пояи таҳлили амиқи илмӣ, омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва арзёбии ниёзҳои воқеии ҷомеа таҳия гардида, инсон ва рушди сармояи инсониро ҳамчун меҳвари сиёсати давлатӣ дар бар мегирад.

 

Дар фарҷом зикр гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар самти тавсеаи донишҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ, таҳкими тафаккури стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҷомеа аҳаммияти хоса дорад.

  • ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ img
  • ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ img
  • ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ 30 декабри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазири маориф ва илм, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, сардорони раёсат ва шуъбаҳои маориф, инчунин дигар шахсони масъули соҳаи маориф ва илм иштирок намуданд. Нахуст вазири маориф ва илм ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шинос кард. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат заминаи устувори рушди низоми таҳсилот дар кишвар маҳсуб меёбад. Иброз гардид, ки татбиқи пайгиронаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба баланд бардоштани сифати таҳсил, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва рушди устувори соҳа мусоидат менамояд. Сипас, гузориши Н. Убайдуллозода сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм, оид ба ҷамъбасти ҳисоботи омории муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ шунида шуд. Гуфта шуд, ки ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти оморӣ бо истифода аз низомҳои муосири иттилоотӣ ба роҳ монда шуда, барои таҳияи қарорҳои асоснок ва банақшагирии самараноки фаъолияти соҳа заминаи воқеӣ фароҳам меорад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки такмили низоми оморӣ ва таъмини саҳеҳии маълумот яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии идоракунии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Дар идома ҳисоботи Н. Ҷумъамурод сардори Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илм, дар бораи корҳои иҷрошуда ва натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои марбута мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зикр гардид, ки тадбирҳои андешидашуда ба ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои низоми маориф, тақвияти таҳлилҳои соҳавӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии соҳа мусоидат менамояд. Ҳамсунин ҳисоботҳои У. Ҳасанзода директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, вобаста ба тартиби механизми пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шунида шуд.  Дар қисмати иловагии ҷаласа гузоришҳои А. Холиқзода мудири шуъбаи сифати таҳсилот, оид ба тасдиқи «Барнома оид ба арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомнома оид ба арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нишондиҳандаҳо (индикаторҳо) оид ба арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин «Барнома оид ба арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Низомнома оид ба арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, зикр гардид, ки татбиқи ин санадҳо заминаи устувор барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқ кардани фаъолияти муассисаҳо ба стандартҳои муосири байналмилалӣ мебошад. Дар фарҷом, вазир бо дарназардошти масъалаҳои баррасишуда ва бо мақсади таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои дар назди соҳа гузошташуда, ба масъулини сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода, зарурати таҳкими назорат, тақвияти масъулиятшиносӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои низоми маориф ва илмро таъкид намуда, аз масъулин талаб кард, ки ҷиҳати татбиқи самараноки қарорҳои қабулгардида ва иҷрои қатъии супоришҳои додашуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.   Маркази матбуоти  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    52

    30.12.2025
  •  img
    НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАЪЛИМИЮ МЕТОДИИ НАЗДИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2025 30 декабри сооли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ дар соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд. Дар ҷаласа сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддинзода Шарофиддин, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методи Каримзода Шавкат ва кормандони Марказ иштирок намуданд. Ҷаласаро директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Каримзода Шавкат ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронии худ доир ба фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ дар соли 2025 гузориши муфассал пешниҳод намуд. Дар гузориш зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти Марказ ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, дар самти таҳияи маводҳои таълимию методӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ва баланд бардоштани сифати раванди таълим натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Қайд карда шуд, ки дар соли 2025 як қатор дастурҳо, барномаҳо ва маводҳои методӣ таҳия ва ба муассисаҳои таълимии кишвар пешниҳод гардида, ҳамзамон ҳамкории Марказ бо муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ тақвият ёфтааст. Инчунин, таваҷҷуҳи махсус ба рушди таҳсилоти рақамӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва мутобиқсозии мазмуну мундариҷаи таълим ба талаботи замони муосир зоҳир гардид. Дар идома директори Марказ вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Марказро барои соли минбаъда муайян намуда, таъкид кард, ки таҳкими заминаи моддиву техникӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон ва густариши корҳои илмию методӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосӣ маҳсуб меёбанд. Дар идомаи ҷаласа сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши пешниҳоднамудаи директори Марказро мавриди таҳлил қарор дода, ба фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ дар соли 2025 баҳои мусбат дод. Номбурда таъкид намуд, ки натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки фаъолияти Марказ ба талаботи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф мутобиқ буда, дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо маводҳои зарурии методӣ нақши муҳим мебозад. Ҳамзамон сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорат ҷиҳати боз ҳам такмил додани фаъолияти Марказ пешниҳодҳо манзур намуда, зарурати тақвияти ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо Марказ, густариши омӯзишҳои методӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадам ва истифодаи самараноки технологияҳои рақамиро муҳим арзёбӣ кард. Дар фарҷом таъкид гардид, ки иҷрои мунтазами тавсияҳо ва таклифҳои ироашуда ба рушди минбаъдаи фаъолияти Марказ мусоидат намуда, дар маҷмӯъ ба баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.  

    51

    30.12.2025
  •  img
    НАТИҶАГИРӢ АЗ ЯК СОЛИ КВД «КОМБИНАТИ ПОЛИГРАФИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ» 29 декабр бо иштироки сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоирзода Муҳаммадалӣ ва ҳайати кормандон ҷаласаи ҳисоботи ҷамъбастии КВД «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе» дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 баргузор гардид. Дар ҷаласа директори КВД «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе» Раҷабалии Мавлавӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти корхона дар соли 2025 ҳисобот дода, зикр намуд, ки соли ҷорӣ дар умум аз ҷониби КВД «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе» нашри 300 ҳазор нусха адабиёти таълимиву методӣ ва дигар намуди маҳсулоти чопӣ ба роҳ монда шудааст. Зикр гардид, ки дар ин давра дар корхона як қатор корҳои таъмиру ободонӣ низ ба роҳ монда шуда, аз он ҷумла дар ҳамкорӣ бо соҳибкори Ҷумҳурии мардумии Чин як адад дастгоҳи пуриқтидори тамғаи «Митсубиси»-и истеҳсоли Ҷопон насб карда шуд, ки имкон медиҳад, то нашри ҳама гуна маводи чопӣ бо теъдоди зиёд ва сифати ба талаботи стандартҳои байналмилалии соҳаи табъу нашр ҷавобгӯ ба роҳ монда шавад. Пас аз насби дастгоҳи номбурда айни ҳол корхона имкон дорад, ки нашри зиёда аз 1 млн нусха адабиёти таълимиро дар як сол ба роҳ монад, гуфта шуд зимни ҳисоботи роҳбари корхона. Корхонаи воҳиди давлатии «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе» муассисаи зерсохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар чопи босифати адабиёти таълимӣ ва сари вақт таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо китоби дарсӣ фаъолияти назаррас дорад  

    46

    29.12.2025