14.10.2025

14 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи баргузории семинарҳои омӯзишӣ семинар дар мавзуи «Роҳҳои пешгирии коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо» баргузор гардид.
Дар кори семинар муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Муовини якуми вазири маориф ва илм зимни суханронӣ таъкид намуд, ки роҳбарияти Вазорати маориф ва илм пайваста барои таҳкими низоми қонунмеҳварӣ, шаффофият ва масъулиятшиносӣ дар фаъолияти худ тадбирҳои муҳим меандешад ва мубориза бо коррупсия ва таҳкими механизмҳои зиддикоррупсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти вазорат ба шумор меравад. Зеро соҳаи маориф бевосита ба ташаккули маърифати шаҳрвандӣ ва ахлоқи ҳуқуқии насли наврас пайванд аст.
Гуфта шуд, ки дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 3 июни соли 2014, №355 «Дар бораи Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо супориши вазири маориф ва илм аз 7 марти соли 2024 дар вазорат гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки вазифаи он гузаронидани арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии ҳамаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳкими назорати иҷрои онҳо мебошад. Гурӯҳи мазкур аз ҳисоби роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказии вазорат таъсис ёфта, фаъолияти он мунтазам ба таҳлил ва бартарафсозии омилҳои эҳтимолии коррупсионӣ равона гардидааст.
Зимни семинар таъкид гардид, ки дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва нақшаи тасдиқгардида, то моҳи октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илм 18 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ гузашта, ҳамаи лоиҳаҳои нави пешниҳодшуда тибқи тартиби муқарраргардида мавриди таҳлил ва баррасии ҳаматарафа қарор мегиранд.
Муовини якуми вазири маориф ва илм афзуд, ки Вазорати маориф ва илм на танҳо дар сатҳи идоракунии дохилӣ, балки дар тамоми низоми маориф бар зидди падидаҳои коррупсионӣ сиёсати фаъоли пешгирикунандаро пеш мебарад. Дар ин замина, бо ҷалби мутахассисон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, мулоқотҳо ва семинарҳои омӯзишӣ мунтазам доир гардида, маърифати зиддикоррупсионии кормандон пайваста таҳким меёбад.
Дар ҷараёни семинар намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Азамзода, дар бораи таҷрибаҳои муосири таҳлилу арзёбии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, роҳҳои ошкорсозии омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани масъулиятшиносии хизматчиёни давлатӣ ва зарурати таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ суханронӣ намуд.
Дар ҷамъбасти семинар зикр шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти зиддикоррупсионии худро густариш дода, дар ҳамбастагӣ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таъмини муҳити софу шаффоф дар низоми маориф тадбирҳои судманд меандешад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон