Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

17.09.2024

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

 

Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф оростанд.

  • Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ОҒОЗИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ОМӮЗГОРИ СОЛ-2024» 26-уми сентябри соли 2024 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2024» оғоз гардид.   Дар маросими ифтитоҳи он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, кумитаи тадорукоти озмун, аъзои ҳакамон, иштироккунандагони озмун ва намояндагони соҳаи маориф аз шаҳру ноҳияҳои гуногун иштирок намуданд.   Муовини вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳ иброз намуд, ки озмуни мазкур бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии омӯзгорон, такмил додани раванди таҳсилот, дарёфт ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони эъҷодкор, рушди касбии омӯзгорон, дастгирӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар раванди омӯзиш, муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳсилот дар соҳа, инчунин дарёфти кадрҳои боистеъдод ва ба вуҷуд овардани махзани кадрӣ гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.   Дар даври ниҳоии озмун 5 нафар аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеъи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкат варзида, аз рӯйи ҳафт шарт ҳунару маҳорати худро месанҷанд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    32

    26.09.2024
  •  img
    БОЗДИД АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МУРАББИИ СОЛ-2024» 25-уми сентябри соли 2024 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода аз рафти баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии сол-2024» дидан намуд.   Зимни боздид муовини вазир иброз намуд, ки баргузории озмуни «Мураббии сол» яке аз роҳҳои такмили маҳорати касбии кормандони соҳа ба ҳисоб рафта, ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои нав дар сатҳи ҷумҳурӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадам ва арҷгузорӣ ба мақоми мураббӣ дар ҷомеа маҳсуб меёбад.   Гуфта шуд, ки аз миёни зиёда аз 12 ҳазор мураббӣ то ба ин сатҳ омадан гувоҳи самаранокии фаъолият ва ғолибияти ҳар кадом иштирокчӣ аст.   Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур аз шаш шарт иборат буда, дар он иштирокчиён барои ба даст овардани ғолибият мебояд аз дониш ва маҳорати касбӣ бараъло истифода намуда, фаъолияти педагогии хешро муаррифӣ намоянд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    37

    25.09.2024
  •  img
    ҲУҚУҚИ РАСОНАӢ БАРОИ РӮЗНОМАНИГОРОН: ҲУҚУҚ, МАСЪУЛИЯТ ВА АМАЛИЯ 25-уми сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм дар Донишгоҳи славянии Россия - Тоҷикистон дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали Интернюс Нетворк дар Тоҷикистон оид ба саводнокии расонаӣ дар мавзуи “Ҳуқуқи расонаӣ барои рӯзноманигорон: ҳуқуқ, масъулият ва амалия” семинари омӯзишӣ баргузор гардид.   Дар он сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм Амонулло Файзуллозода, мудири барномаҳои Интернюс дар Тоҷикистон Лилия Гайсина, устодону донишҷӯёни равияҳои рӯзноманигории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, коршиносони соҳаи ҳуқуқи рақамӣ, намояндагони Филиали Интернюс Нетворк дар Тоҷикистон ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.   Дар семинари мазкур масъалаҳои мафҳуми ҳуқуқи расонаӣ, манбаҳои асосии ҳуқуқи расонаӣ, аз ҷумла, стандартҳои байналхалқӣ ва қонунгузории миллӣ, меъёрҳои муҳимми Конститутсия дар танзими расонаҳо ва чанде дигар мавриди баррасӣ қарор гирифт.   Гуфта шуд, ки саводнокии расонаӣ дар замони иттилоот ва илму техника барои робитаи бештар байни Вазорати маориф ва илм, рӯзноманигорон ва аҳолӣ ҷиҳати рушду тавсеаи маорифи миллӣ омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    33

    25.09.2024