05.02.2026
Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат, намояндагони бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳимми рушди соҳаи маориф, аз ҷумла, таҳкими ҳамкориҳо дар самти таҳсилоти фарогир, рушди таҳсилоти томактабӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, татбиқи барномаҳои омӯзишӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ, инчунин дастгирии ислоҳоти соҳа мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Муовини якуми вазири маориф ва илм дар суханронии худ таъкид намуд, ки ЮНИСЕФ яке аз шарикони боэътимод ва фаъоли Вазорати маориф ва илм маҳсуб ёфта, ҳамкориҳои дуҷониба тайи солҳои охир дар самтҳои гуногуни соҳа, аз ҷумла, таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти фарогир, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, таҳияи маводи таълимӣ, омӯзиши омӯзгорон ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд. Зикр гардид, ки дастгириҳои пайвастаи ЮНИСЕФ ба такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили босифати кӯдакон, бахусус гурӯҳҳои осебпазир, мусоидат менамояд. Дар ин замина, омодагии Вазорати маориф ва илм ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд ва густариши лоиҳаҳои муштарак иброз гардид.
Дар идома, Ҷ. Қурбонов, намояндаи бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки ЮНИСЕФ ҳамкориҳои худро бо Вазорати маориф ва илм дар доираи афзалиятҳои миллии соҳа идома медиҳад ва ҳамеша ҷонибдори татбиқи ташаббусҳое мебошад, ки ба баланд бардоштани дастрасӣ ва сифати таҳсил равона шудаанд. Ӯ ҳамкориҳои мавҷударо судманд арзёбӣ намуда, омодагии ЮНИСЕФ-ро ҷиҳати дастгирии минбаъдаи ислоҳоти соҳаи маориф, таҳкими иқтидори инсонӣ ва татбиқи барномаҳои муштарак таъкид кард.
Дар фарҷом, ҷонибҳо бар зарурати таҳкими ҳамкориҳои минбаъда, густариши робитаҳои судманд, ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак ва идомаи татбиқи босамари лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи маориф таъкид намуда, омодагии худро ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои нав ва татбиқи барномаҳои муштарак изҳор доштанд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон