22.05.2025

 img

Дар доираи нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳо оид ба муқовимат бо коррупсия дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи кормандони дастгоҳи марказӣ баргузор гардид.

 

Дар ҷаласаи мазкур муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони вазорат иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Дар оғози ҷаласа муовини вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, масъалаи муқовимат бо коррупсия дар меҳвари сиёсати давлатдорӣ ва раҳнамоии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамеша дар радифи афзалиятҳои стратегии кишвар баррасӣ мешавад. Вазорати маориф ва илм низ дар асоси ин сиёсати давлатӣ мунтазам тадбирҳои мақсаднокро роҳандозӣ менамояд, ки ҳадафи он таъсиси фазои солим, шаффоф ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ дар тамоми зинаҳои низоми маориф мебошад.

 

Намояндаи агентӣ дар баромади худ ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бо коррупсияро тавзеҳ дода, ба аҳаммияти маърифатнокии кормандон ва иштироки фаъоли ҷомеа дар пешгирии омилҳои хавфноки коррупсионӣ ишора намуд. Зикр гардид, ки баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии кормандони маориф ва таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ дар ин самт нақши калидӣ дорад.

 

Ҳамзамон дар ҷаласа таъкид гардид, ки Вазорати маориф ва илм бо мақсади тақвияти заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, бо мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкориро густариш дода, барои тарғиби маърифати зиддикоррупсионӣ ва риояи қонунгузории зиддикоррупсионӣ пайваста чораҳо меандешад.

 

Дар интиҳои ҷаласа изҳори умедворӣ карда шуд, ки чунин ҳамкориҳо дар оянда низ тақвият ёфта, бо ҷалби ҳамаҷонибаи кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва муассисаҳои тобеи вазорат заминаи боэътимоди муҳити бидуни фасодро дар низоми маориф таъмин хоҳанд кард.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ТАҚВИЯТИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ img
  • ТАҚВИЯТИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ img
  • ТАҚВИЯТИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАҚВИЯТИ РАВАНДИ РАҚАМИКУНОНИИ МАОРИФ ДАР ВМКБ ТАҶҲИЗОТИ МУОСИР БА 21 МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАСТРАС ГАРДИД   Дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2024–2028, ба 21 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷҳизоти муосири техникӣ, аз ҷумла, компютерҳо, тахтаҳои электронии интерактивӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ дастрас гардиданд.   Ин иқдом бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузории Фонди захиравии Президенти мамлакат амалӣ гардида, як ҷузъи муҳимми сиёсати давлатии рушди соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Он ба раванди рақамикунонии муассисаҳои таълимӣ дар минтақаи дурдасти кишвар таҳким мебахшад.   Дар назар аст, ки дар панҷ соли оянда тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ВМКБ ба шабакаи интернетӣ, синфхонаҳои компютерӣ, тахтаҳои электронӣ ва китобхонаҳои рақамӣ пайваст гарданд. Ҳамзамон, татбиқи системаи иттилоотии идоракунии соҳаи маориф (EMIS), платформаҳои таълимии электронӣ ва таҳияи ҳазорон китоби рақамӣ ва маводи интерактивӣ дар назар аст.   Барномаи давлатӣ ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии омӯзгорон ва хонандагон, инчунин ташкили муҳити рақамии таълимӣ дар муассисаҳо нигаронида шудааст. Тибқи нақша, дар оянда ҳамаи муассисаҳои таълимии ВМКБ ба шабакаи ягонаи таълимии миллӣ пайваст хоҳанд шуд ва аз платформаҳои муосири рақамӣ истифода хоҳанд бурд.   Ин марҳилаи муҳим дар рушди соҳаи маориф бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат амалӣ гардида, заминаи устувор барои ҳамгироии ВМКБ ба ҷомеаи рақамии ҷаҳонӣ мебошад.   Омӯзгорон, роҳбарони муассисаҳо ва хонандагонро зарур аст, ки аз ин имкониятҳо самаранок истифода баранд, то сифати таҳсил боз ҳам баланд гардад.

    13

    23.05.2025
  •  img
    ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва мусоидат дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, 22 майи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.   Чорабинии мазкур бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ганҷ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вазорат ташкил ва баргузор карда шуд.   Ҳамоишро муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳошимзода Ҳомид оғоз бахшида, дар суханронии худ вобаста ба саҳми ҷавонон дар рушди кишвар, сиёсати ҷавонпарваронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори назар намуд. Зикр гардид, ки ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, таҳким бахшидани ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва рушди қобилияти зеҳнии онҳо вазифаи муҳимми ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа мебошад.   Дар идома муовини якуми вазир аз натиҷаҳои амалигардонии барномаҳои давлатӣ оид ба ҷавонон ёдовар шуда, қайд намуд, ки имрӯзҳо барои таҳсилу фаъолияти илмӣ, татбиқи ташаббусҳо ва амалисозии иқдомоти созандаи ҷавонон дар соҳаи маориф ва илм шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.   Дар ҷараёни ҳамоиш инчунин намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, вобаста ба масъалаҳои марбут ба ҳаёти иҷтимоӣ, фаъолсозии неруи ҷавонон, худшиносӣ ва таълиму тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ баромад намуданд.   Маврид ба зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо боиси таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ, фаъолсозии неруи созандаи ҷавонон дар ҷомеа, афзоиши донишу малакаи сиёсиву фарҳангӣ ва саҳмгузории бештари онҳо дар раванди рушди соҳаи маориф мегардад.   Дар қисмати хотимавии ҳамоиш як қатор кормандони вазорат барои саҳми арзандаи худ дар рушди фаъолияти ҷамъиятӣ ва маърифатӣ бо “Сипоснома”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ карда шуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    38

    22.05.2025
  •  img
    ИДОМАИ БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИР АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ВАНҶ 22 майи соли 2025 дар идомаи сафари корӣ ҷиҳати назорати рафти корҳои сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода аз рафти сохтмони марказҳои инкишофи кӯдаки деҳаҳои Вишхарф ва Будуни ҷамоати деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ боздид намуд.   Ба муовини вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки марказҳои мазкур дар умум метавонанд 100 нафар кӯдакро ҷалб намоянд.   Сохтмони марказҳои зикршуда пурра ба анҷом расида, рангу бори гирду атрофи панҷараҳо идома дорад. Сохтмони мазкур аз ҳисоби маблағҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохта шуда, дар ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешавад.   Боиси зикр аст, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир бунёду сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав вусъат ёфта, заминаҳои мазкур ба баланд гаштани сатҳу сифати таҳсилот дар кишвар мусоидат намудааст.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    8

    22.05.2025