ТАТБИҚИ СИСТЕМАИ EMIS ДАР ШАҲРИ ҲИСОР: ДУРНАМОИ РАҚАМИСОЗИИ МАОРИФ
03.01.2025
Дар ҷаҳони муосир, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногун, бахусус дар маориф, нақши калидӣ мебозад. Яке аз чунин технологияҳои пешрафта Системаи иттилооти идоракунии соҳаи маориф (EMIS) мебошад, ки бо ҳадафи беҳтар намудани самаранокии идоракунӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ гардидааст. Дар шаҳри Ҳисор низ истифодаи ин система бо натиҷаҳои назаррас роҳандозӣ шудааст. Татбиқи EMIS дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 5, 47, 41, 36 ва Мактаби Президентӣ бори дигар нишон дод, ки рақамисозии маориф қадами муҳиме ба сӯи рушди самаранокии таълим аст.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои EMIS шаффофияти равандҳои маъмурӣ мебошад. Маълумоти хонандагон пурра ба шакли электронӣ ворид карда шуда, назорати ҳозирии онҳо тавассути функсияҳои хос роҳандозӣ шудааст. Ин раванд на танҳо вақти кормандонро сарфа мекунад, балки дақиқии маълумотро низ таъмин менамояд.
Тавассути EMIS, муассисаҳои таълимӣ тавонистанд захираҳои таълимиро беҳтар идора намоянд ва ҳисоботҳои таҳлилӣ бо сифати баланд омода кунанд. Шаффофият дар ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳисоботдиҳӣ боиси самаранокии идоракунӣ гардида, қабули қарорҳо дар заминаи маълумоти дурусту дақиқ осонтар шудааст.
Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, татбиқи EMIS дар шаҳри Ҳисор бо баъзе мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудааст. Яке аз мушкилоти асосӣ нокифоя будани малакаи кормандон дар истифодаи функсияҳои пешрафтаи система мебошад. Ин норасоӣ ба самаранокии умумии фаъолияти система таъсири манфӣ мерасонад.
Илова бар ин, дар баъзе мактабҳо набудани таъминоти устувори қувваи барқ кори мунтазами системаро халалдор намудааст. Чунин мушкилот дар шароити идоракунии рақамӣ метавонанд ба коҳиши самаранокии тамоми равандҳо сабаб шаванд. Масъалаи дигари муҳим амнияти иттилоотист. Идоракунии заифи паролҳо ва набудани чораҳои кофии муҳофизатӣ хатари дастрасии нолозим ба маълумотҳои махфиро афзоиш медиҳад.
Барои рафъи мушкилоти мавҷуда ва беҳтар кардани самаранокии истифодаи EMIS, чанд иқдоми зарурӣ дар рафти шиносоӣ пешниҳод гардид. Аввалан, омӯзишҳои мунтазам барои кормандони муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шаванд, то онҳо тавонанд аз тамоми функсияҳои система пурра истифода баранд. Сониян, муассисаҳо бояд бо қувваи барқ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин шаванд. Инчунин, амнияти иттилоотӣ бояд тақвият дода шавад, аз ҷумла тағйири даврии паролҳо ва маҳдуд кардани дастрасии нолозим ба маълумот.
Татбиқи системаи EMIS дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор нишон медиҳад, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ дар маориф на танҳо имконпазир, балки зарур аст. Ин система бо таъмин намудани шаффофият, самаранокӣ ва сарфакорӣ, равандҳои маъмуриро ба сатҳи нав бардоштааст.
Бо вуҷуди баъзе мушкилоти ҷойдошта, таҷрибаи шаҳри Ҳисор нишон медиҳад, ки рақамисозии равандҳои таълимӣ бо саъю кӯшиши муштарак ва риояи тавсияҳо метавонад натиҷаҳои назаррас ба бор оварад. EMIS дар оянда метавонад ба яке аз абзорҳои асосии рушди соҳаи маориф дар саросари кишвар табдил ёбад.