31.05.2025

Имрӯз, 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Директори генералии Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) Салим ал-Молик мулоқоти расмӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои илму маориф, ташкили лоиҳаҳои муштарак, мубодилаи таҷриба, таҳкими неруи кадрӣ ва ворид намудани технологияи муосир ба низоми таҳсилотро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири маориф ва илм зимни суханронии худ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳангро ҳамчун шарики боэътимод ва некухоҳ қабул намуда, узвият дар ин созмони калидиро ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати маорифпарваронаи худ медонад. Зарфият ва имконоти мавҷуда дар соҳаҳои илму таҳсилот моро водор месозанд, ки дар асоси ҳусни тафоҳум ва ҳамкории созанда фаъолияти муштаракро ба сатҳи сифатан нав бардорем. Аз ин рӯ, пешниҳод мегардад, ки самтҳои нав ва таҳрикдиҳандаи манфиатбор ба рӯи кор оварда шаванд.
Ҷонибҳо ҳамзамон доир ба масъалаи “сабзкунонии таҳсилот” мубодилаи афкор анҷом дода, зарурати ворид намудани унсурҳои рушди устувор ба низоми таълимро таъкид намуданд.
Дар ин замина, роҳбари ИСЕСКО, доктор Салим ал-Молик изҳори омодагӣ кард, ки созмон омодааст, дар ҳамбастагӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Кембриҷи Британияи Кабир як лоиҳаи мушаххас ва навоварона таҳия намояд, ки татбиқи он дар фазои таҳсилоти Тоҷикистон бо назардошти принсипҳои экологӣ ва таълими сабз амалӣ хоҳад гашт.
Роҳбари ИСЕСКО зикр намуд, ки ин нахустин ибтикор дар ин самт буда, бори аввал маҳз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад ва метавонад ба сифати модели намунавӣ барои дигар кишварҳо хизмат намояд.
Дар анҷоми мулоқот пешниҳод шуд, ки яке аз намояндагони соҳаи маориф дар сатҳи баланди коршиносӣ ба ҳайати ҳамоҳангсози лоиҳа шомил гардад ва марҳилаи татбиқи амалии лоиҳа бо суръат роҳандозӣ шавад.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва бо рӯҳи созандагӣ ҷараён гирифта, ҷонибҳо аз иродаи қавии худ барои таҳкими ҳамкориҳои судманд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва илм таъкид карданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон