27.10.2025

 img

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар вохӯрӣ директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам ва муовини директори минтақавии БОҶ СММ оид ба кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором Анита Ҳироҷ ширкат варзиданд.

 

Муовини вазир зимни ифтитоҳи мулоқот меҳмононро хайрамақдам намуда, таъкид кард, ки ҳамкориҳои судманди байни Вазорати маориф ва илм ва Намояндагии БОҶ СММ дар тӯли солҳои охир дар рушди низоми ғизои мактабӣ ва беҳсозии шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимии кишвар саҳми назаррас гузоштааст.

 

Муовини вазир зикр намуд, ки аз оғози татбиқи барнома (соли 1999) то имрӯз шумораи муассисаҳои фарогирифташуда ба 1 840 мактаб расида, зиёда аз 420 000 хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо ғизои ҳаррӯза таъмин мегарданд. Муовини вазир афзуд, ки барномаи ғизои мактабӣ танҳо як барномаи таъминотӣ нест, балки ташаббуси муҳимест, ки ба беҳтарсозии шароити таҳсил, таҳкими саломатии кӯдакон ва рушди ҳамкории устувори байни давлат, ҷомеа ва шарикони байналмилалӣ равона гардидааст.

 

Вохӯрӣ бо мақсади баррасии масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба миёни Вазорати маориф ва илм ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ баргузор гардид.

 

Дар идома, намояндаи БОҶ СММ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам ҷиҳати пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, аз дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини хонандагон бо ғизои гарм, таъсиси воҳидҳои корӣ ва таҳияи санадҳои меъёрӣ ҷиҳати амалисозии барномаи ғизои мактабӣ ёдовар шуд.

 

Ҳамзамон, Анита Ҳироҷ низ аз ҳамкории самарабахш бо Вазорати маориф ва илм изҳори хушнудӣ карда, зикр намуд, ки Форуми ғизои мактабӣ миёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, нишони ҳамкориҳои судманди дуҷониба мебошад.

 

Гуфта шуд, ки масъалаи ғизои солим барои кӯдакон ва ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ барои таъмини маҳсулоти тару тоза яке аз самтҳои муҳимми рушди барномаи ғизои мактабӣ мебошад. Зеро ҳадафи асосии Барномаи ғизои мактабӣ баланд бардоштани сифати таҳсил ва имконияти омӯзиши муассири хонандагон буда, ғизои солим ба қобилияти фаҳм ва иштироки фаъолонаи онҳо дар дарс таъсири мусбат мерасонад.

 

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи босамари барномаҳои муштарак баён намуданд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНИИ СММ img
  • ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНИИ СММ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ 28 октябри соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода ҷаласаи ҳисоботӣ оид ба натиҷаи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ҷумҳурӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Муовини вазири маориф ва илм дар оғози ҷаласа доир ба мақом ва аҳаммияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар низоми маорифи кишвар сухан ронда, таъкид намуд, ки ин самт яке аз унсурҳои муҳимми раванди таълиму тарбия маҳсуб ёфта, нақши муассир дар рушди ҳамаҷонибаи шахсияти хонандагон, ташаккули малака, боло бурдани сатҳи эҷодкорӣ ва тавонмандии зеҳнии насли наврас дорад.   Гуфта шуд, ки тавассути рушди таҳсилоти иловагӣ метавон муҳити мусоид барои дарёфт ва парвариши истеъдодҳои ҷавон, инчунин таъмини баробарии имкониятҳо дар соҳаи маориф фароҳам овард.   Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Файзобод ҳисоботи муфассал пешниҳод намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти худ, аз ҷумла, дастовардҳои эҷодӣ, ташкили озмунҳои фаннӣ, намоишгоҳҳои ҳунарӣ, семинарҳои омӯзишӣ ва дигар ташаббусҳои маърифатӣ маълумот доданд.   Зимни муҳокима масъалаҳои вобаста ба тақвияти пойгоҳи моддию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, таҳияи барномаҳои муосири таълимӣ ва ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба маҳфилҳо ва фаъолияти эҷодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Муовини вазир дар идома таъкид дошт, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бояд дар доираи барномаҳои давлатӣ ва мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монда шавад ва масъулин ба натиҷагирии воқеии таълимӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи қобилиятҳои зеҳнии кӯдакон ва наврасон шароити мусоид фароҳам оваранд.   Дар анҷоми ҷаласа аз масъулин даъват шуд, то камбудиву норасоиҳои мавҷуда дар муҳлати кӯтоҳ бартараф карда шуда, фаъолияти минбаъдаи муассисаҳо дар сатҳи баланди ташкиливу методӣ ба роҳ монда шавад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    39

    28.10.2025
  •  img
    БАРРАСИИ ВАЗЪИ КУНУНӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ НИЗОМИ EMIS 28 октябри соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши муҳимми касбӣ таҳти унвони «Муҳокимаи техникии ислоҳоти низоми иттилооти идоракунии соҳаи маориф ва илм (EMIS)» баргузор гардид.   Чорабинии мазкур бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, ЮНИСЕФ, коршиносони соҳаи таҳлил ва рақамисозӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор баргузор шуда, ҳадафи асосии он арзёбӣ ва таҳлили ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди низоми иттилооти идоракунии соҳаи маориф ва илм (EMIS) буд.   Зимни баргузории чорабинӣ муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода иброз дошт, ки низоми иттилооти идоракунии соҳаи маориф ва илм чун воситаи рақамӣ ва таҳлилӣ барои ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумоти оморӣ дар соҳаи маориф ва илм хизмат мекунад. Ин низом имконият медиҳад, ки маълумоти дақиқ ва муътамад оид ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, муҳайё будани кадрҳо, дастрасии хонандагон ба таълим ва дигар ҷанбаҳои муҳимми соҳаи маориф ба таври фаврӣ ҷамъоварӣ ва истифода шаванд.   Дар идомаи ҳамоиш намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон вобаста ба аҳаммияти EMIS дар банақшагирии стратегӣ, қабули қарорҳои босамар ва таҳкими идоракунии муассисаҳои таълимӣ суханронӣ намуд.   Ҳамчунин, дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои вазъи кунунии низоми иттилооти идоракунии соҳаи маориф ва илм ва ташкили платформаҳои нави он, мушкилоти мавҷуда ва дурнамои рушди низом барои солҳои 2025-2027, шаклҳои нави ҳисоботдиҳӣ ва такмили сохтори маълумоти оморӣ, истифодаи маълумоти EMIS барои банақшагирии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, ҷалби маълумоти оморӣ ба низоми такмили ихтисоси омӯзгорон ва натиҷагирии арзёбиҳои миллӣ, пешниҳодҳо ва тавсияҳо барои марҳилаҳои минбаъдаи рушд муҳокима ва баррасӣ шуданд.

    57

    28.10.2025
  •  img
    Идомаи ҳамкориҳо бо Донишкадаи таҳсили забонҳои Норвичи Британияи Кабир Имрӯз, 27 октябри соли 2025 вохурии ректори Донишкада Мирзозода Наврӯз бо менеҷери лоиҳаи "Суръатбахшии омӯзиши забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ" хонум Ҷамила Гулямова, директори Донишкадаи таҳсили забонҳои Норвич Том Кедлӣ, намояндаи лоиҳа дар Тоҷикистон Алишер Ҷабборов, мушовири байналмилалии лоиҳа Лиза, намояндаи Донишкадаи таҳсили забонҳои Норвич Эмма Чейна Робинсон ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омода намудани 20 нафар омӯзгорони фанни забони англисии Донишкада ва филиалҳо аз ҷониби омӯзгорони Донишкадаи Норвич дар асоси барномаҳои нави таълимии 50 соата (бо назардошти методикаи пешрафтаи ҷаҳон) ҳамчун тренер омода карда мешаванд. Барномаҳои нави таълимӣ муштаракан аз ҷониби мутахассисони Донишкадаи Норвич ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо назардошти компонентҳои миллӣ таҳия карда мешаванд. Дар навбати худ аз ҷониби ин 20 нафар тренерони омодагардида, зиёда аз 1500 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ аз курсҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Ҳамзамон, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соли 2026 ҷиҳати таҷрибаивазкунӣ ва баргузории омӯзишу тренингҳо ва конференсияҳо дар якҷоягӣ ба тариқи ҳузуриву онлайнӣ ҳамкориҳоро идома медиҳанд. Вохӯрӣ дар шакли онлайн баргузор гардида, он дар доираи харитаи роҳ, ки моҳи феврали соли 2025 аз ҷониби Наврӯз Мирзозода ва Том Кедлӣ, ки дар Донишкадаи таҳсили забонҳои Норвичи Британияи Кабир ба имзо расида буд, ба роҳ монда шудааст.

    56

    27.10.2025