ХОНИШИ СИЁСӢ ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ СОЛОНАИ ПЕШВОИ, МИЛЛАТ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
31.01.2025
31 январи соли 2025 дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28 декабри соли 2024 дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш бо иштироки директори институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода ва омӯзгорону хонандагони муассиса баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро директори литсей Асҳобиддини Шералӣ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ин соҳаро яке аз самтҳои афзалиятноктарин дар меҳвари сиёсати хеш арзёбӣ намуда, пайваста аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва рушди маорифи кишвар чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст.
Сипас бо такя ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ироаи Паём баён гардида буд, директори институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода иброз дошт, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соланаи худ зикр намуданд: “Барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шавад”.
Қайд карда шуд, ки воқеан ҳам солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намудани солҳои 2025-2030 дар ҳошияи раванди рақамикунонии ҷаҳонӣ тадбири муҳим ба ҳисоб рафта, муҳимияти масъаларо барои дар 5 соли оянда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани рақамикунонӣ дар мамлакат тақозо менамояд. Дар ин замина барои расидан ба ин ҳадафи бузурги стратегӣ мебояд ин роҳнамоиро ҳамчун дастурамали фаъолияти худ қабул намуда, ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи бузург бо аз бар намудани технологияҳои нави рақамӣ, дар рушди иқтисоди инноватсионӣ саҳми босазои худро гузорем.
Дар идома таъкид гардид, ки бузургтарин дастоварди замони истиқлолият - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд. Аз ин рӯ моро мебояд ба қадри неъматҳои истиқлол бирасем ва барои насли ояндаи худ як давлати ободу осуда ва пешрафтаро ба мерос гузорем.
Дар фарҷом директори муассиса Асҳобиддини Шералӣ бо таъкид изҳор дошт, ки ҷиҳати пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол насли ояндасози миллатро бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ таълиму тарбия дода ҷиҳати саводнок гаштани онҳо ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат пайваста кушиш менамоем.