02.03.2026

 img

Дар Литсейи касбӣ-техникии Душанбе барои шахсони дорои маъюбият семинари махсус оид ба масъалаҳои дастрасӣ баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ донишҷӯён, омӯзгорон ва тренерон иштирок намуда, сатҳи огоҳӣ ва фаҳмиши амалии худро оид ба таҳсилоти фарогир ва меъёрҳои дастрасӣ тақвият бахшиданд.

Семинарро Кармен Ротару роҳбарӣ намуда, таҷрибаҳои байналмилалӣ ва усулҳои амалиро барои беҳтар намудани муҳити омӯзишӣ барои шахсони дорои маъюбият муаррифӣ кард. Иштирокчиён дар муҳокимаҳо ва машқҳои амалӣ фаъолона иштирок намуда, роҳҳои таъмини дастрасии баробар ба таҳсилоти касбиро баррасӣ карданд.

  • Баргузор гардидани семинар оид ба дастрасӣ дар Душанбе img
  • Баргузор гардидани семинар оид ба дастрасӣ дар Душанбе img
  • Баргузор гардидани семинар оид ба дастрасӣ дар Душанбе img
  • Баргузор гардидани семинар оид ба дастрасӣ дар Душанбе img
  • Баргузор гардидани семинар оид ба дастрасӣ дар Душанбе img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МУАРРИФИИ НАТИҶАҲОИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ» 5 майи соли 2026 мулоқоти ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода бо ҳайати Миссияи кории Бонки умумиҷаҳонӣ ва намояндагони лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» баргузор гардид.   Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо аз раванди татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» дар Донишкада, баргузории рафти омӯзишҳо дар асоси маҷмӯи маводи таълимии курсҳои такмили ихтисос дар шакли модулӣ аз наздик шинос шуданд.   Ҳайати миссияро намояндагони лоиҳа ва Бонки умумиҷаҳонӣ Тигран Шмис, Саураф Дев Бхатта, Алмира Закиева ҳамроҳӣ намуданд.   Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз татбиқи самараноки бандҳои "Харитаи роҳ", азхудкунии маводи таълимӣ аз ҷониби шунавандагон, раванди омӯзишҳо ва омодагии тренеронро натиҷагирӣ намуда, самтҳои минбаъдаи рушди ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.

    7

    05.05.2026
  •  img
    НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАСИ ЛОИҲАИ ISTEM ДАР СОЛИ 2025 Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика (ISTEM)” бо сипосномаи Бонки Осиёии Рушд барои фаъолияти босамар ва натиҷаҳои назаррас дар раванди татбиқ қадрдонӣ гардид. Қадрдонӣ дар доираи ҷаласаи ҷамъбастии баррасии амалиёт ва барномарезии лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд (БОР) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сурат гирифт. Дар он намояндагони вазоратҳои калидӣ, ниҳодҳои иҷроия ва гурӯҳҳои лоиҳавӣ иштирок намуданд. Дар доираи чорабинии мазкур самаранокии татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, афзалиятҳо барои соли 2026 ва нақшаҳо то соли 2029 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки дар соли 2025 натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуда, 93 фоизи лоиҳаҳо тибқи нақша амалӣ гардидаанд. Сипоснома ба Лоиҳа аз ҷониби намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото ва муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода супорида шуд. Ин дастовард бозгӯи саҳми назарраси лоиҳаи ISTEM дар рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи унсурҳои инноватсионӣ дар низоми таҳсилот мебошад.  

    132

    02.04.2026
  •  img
    ТАЪМИНИ МУҲИТИ БЕХАТАР ВА БЕТАВАҚҚУФИ ТАЪЛИМ ДАР ШАРОИТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ: ТАҶРИБАИ МУВАФФАҚИ МТМУ №22 НОҲИЯИ ВОСЕЪ Дар доираи амалигардонии лоиҳаи «Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат» таъмиру азнавсозии бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 дар деҳаи Нонҷемаси Ҷамоати деҳоти Худоёр Назаров ноҳияи Восеъ барои 640 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ соли 2025 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2026 ба анҷом мерасанд.  Дар муассисаи мазкур 1695 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо дарназардошти зарурати таъмини идомаи бетаваққуфи раванди таълим ва мавҷуд набудани ҷойи мувофиқ барои кӯчонидани хонандагон, бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ шаш синфхонаи муваққатии модулӣ насб карда шуданд, ки барои 358 хонанда шароити бехатару мувофиқи таҳсил фароҳам оварданд.  Корҳои таъмиру таҷдид дар муассиса бо усули марҳилавӣ ба роҳ монда шуда, имкон медиҳад, ки 1 337 хонанда таҳсили худро дар ду баст идома диҳанд.  Ҳамзамон, зимни арзёбии муштараки намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ва гурӯҳи кории лоиҳа ба масъалаҳои бехатарӣ, дастрасӣ ва коҳиши хавфҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, зӯроварии гендерӣ ва ҷинсӣ диққати махсус зоҳир гардид. Татбиқи чунин тадбирҳо намунаи муваффақи таъмини муҳити устувор, бехатар ва фарогири таълимӣ дар шароити корҳои сохтмонӣ ба ҳисоб меравад. Синфхонаҳои модулӣ қисми муҳимми нақшаи таъмиру таҷдиди марҳилавии мактаб ба ҳисоб рафта, ба коҳиши халалдоршавии раванди таълим, пешгирии истифодаи ҷойҳои хавфнок барои ҳар як хонанда мусоидат менамоянд. Ин намунаи амалӣ нишон медиҳад, ки чӣ гуна метавон муҳити таълимии устувор, ба иқлим мутобиқ ва бехатарро дар шароити иҷрои корҳои сохтмонӣ таъмин намуд. Таҷрибаи мазкур ҳамчун намунаи беҳтарини ҷаҳонӣ аз ҷониби созмони маблағгузор арзёбӣ гардида, метавонад дар дигар кишварҳо низ ҳамчун модели муассири ташкили раванди таълим дар шароити корҳои сохтмонӣ истифода бурда шавад.  

    162

    20.03.2026