12.05.2025

 img

Имрӯз, 12 майи соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати миссияи кории Бонки Умумиҷаҳонӣ бо роҳбарияти вазорат доир гардид. Дар вохӯрӣ муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, кормандони лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» ва ҳайати миссияи кории Бонки Умумиҷаҳонӣ иштирок намуданд.

 

Зимни суҳбат муовини якуми вазири маориф ва илм таъкид кард, ки Бонки Умумиҷаҳонӣ яке аз шарикони боэътимоди Вазорати маориф ва илм ба шумор меравад, ки дар самти татбиқи ислоҳоти муҳимми соҳа саҳми назаррас дорад. Аз ҷумла, лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат», ки бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ амалӣ мешавад, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва муҳайё намудани шароити мусоид барои хонандагону омӯзгорон нақши калидӣ дорад.

 

Зикр гардид, ки дар соли сипаришуда татбиқи лоиҳа бо натиҷаҳои назаррас анҷом ёфта, «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва дар ҷаласаи мушовараи вазорат тасдиқ шуд. Ҳамзамон, дар асоси ин санад «Роҳнамо оид ба ташаккули муҳити физикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» таҳия шуда, айни ҳол мавриди тарҷума қарор дорад.

 

Бо мақсади татбиқи Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044 ва таҳияи санадҳои зарурӣ, бо фармоиши вазир гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд. Ҳамзамон, дар 42 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 25 шаҳру ноҳия давраи озмоишии арзёбии байналмилалии PIRLS - 2026 амалӣ гардид.

 

Муовини якуми вазири маориф ва илм изҳор дошт, ки вазорат умедвор аст, Бонки Умумиҷаҳонӣ барои бартараф намудани осебҳои расида ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод, ки бар асари заминҷунбии 13 апрели соли 2025 ба амал омад, кумак хоҳад расонид.

 

Роҳбари гурӯҳи кории Бонки Умумиҷаҳонӣ Тигран Шмис зимни суханронии худ аз сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, мо ба ҳамкориҳои судманду созанда бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд медиҳем. Натиҷаҳои то имрӯз бадастомада, аз ҷумла дар лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат” нишон медиҳанд, ки ташаббусҳои пешгирифта дар самти дуруст ва даркорӣ роҳандозӣ шудаанд. Умед дорем, ки дар марҳилаҳои минбаъда низ бо такя ба таҷриба ва натиҷаҳои амалишуда метавонем иқдомоти навро роҳандозӣ намоем ва ба ин васила дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва беҳтарсозии муҳити таълим дар мактабҳои Тоҷикистон мусоидат намоем».

 

Дар интиҳо аз номи Вазорати маориф ва илм ба Бонки Умумиҷаҳонӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ баён гардида, изҳори умедворӣ шуд, ки равобити самарабахш дар роҳи рушди соҳаи маориф идома хоҳанд ёфт.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО БО БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ» img
  • ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО БО БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ» img
  • ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО БО БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ» img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ВЕБИНАРИ МАҶОЗӢ БО МУШОВИРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОР 10 сентябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи STEM вебинари маҷозӣ бо мушовири байналмилалии БОР хонум Сара Мартин доир гардид.    Вебинари мазкур аз ҷониби намояндагии БОР дар Тоҷикистон ташкил гардида, дар он намояндагиҳои бонк ва лоиҳаҳое, ки аз ҷониби бонк маблағгузорӣ мегарданд, ширкат намуданд.    Вебинарро бо сухани ифтитоҳӣ Ҷеймс Лонг, намояндаи Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон оғоз намуда, оид ба ҳадафи баргузории вебинари мазкур маълумот дод.   Сипас, мушовири байналмилалии БОР хонум Сараҳ Мартин бо презентатсия дар мавзуи “Монеаҳо барои ифшои SEAH (ИШЗОҶ) ва раванди шикоят” баромад намуд.    Сара Мартин тавсияҳои ёддошти таҷрибаи хуби БОР оид ба ҳамгироии гузоришдиҳӣ дар бораи истисмори шаҳвонӣ, зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ, баррасии парвандаҳо ба механизмҳои баррасии шикоятҳои лоиҳаро таъкид намуд.    Зимни баргузории вебинар кормандони лоиҳа фаъолона ширкат намуда, вобаста ба масъалаи муроҷиатҳо, ҳассосият, махфият ва  гузоришдиҳии SEAH маълумоти муфассал  гирифтанд.

    32

    10.09.2025
  •  img
    Омӯзиши дурӯза оид ба дастрасӣ дар таҳсилоти касбию техникӣ дар Душанбе баргузор шуд. Душанбе, Тоҷикистон — 2-3 сентябри соли 2025, омӯзиши дурӯза оид ба "Дастрасӣ дар таҳсилоти касбӣ" баргузор гардид. Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ, бо сухани истиқболӣ баромад карда, оғози тренингро расман эълон намуд. Ин омӯзиш дар доираи лоиҳаи "Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба нақша гирифта шуд.  Ин тренинг ба омӯзгорон ва устодон аз мактабҳои касбомӯзӣ ва марказҳои таҳсилоти калонсолон бо дониш ва воситаҳои амалӣ барои дастгирии донишҷӯён бо ниёзҳои махсуси таълимӣ тарҳрезӣ шуд. Ҳадафи асосӣ ин - ба омӯзгорон фаҳмонидани таҳсилоти дастрас  ва андешидани чораҳо барои  беҳтар гардонидани муҳити омӯзиш аст. Дар охири тренинг иштирокчиён бо сертификат сарфароз гардонида шуданд.

    243

    03.09.2025
  •  img
    Боздиди мушовири ширкати EDS Global аз муассисаҳои таълимӣ дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд Мушовири ширкати байналмилалии мушовирии EDS Global – ҷаноби Гурнит Сингҳ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои рушди инфрасохтори соҳаи маориф, аз як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои кишвар боздид ба амал овард.   Ин боздид бо ҳадафи шиносоӣ бо вазъи кунунии муассисаҳои таълимӣ ва муайянсозии эҳтиёҷоти сохтмони биноҳои иловагӣ анҷом дода шуд. Ҷаноби Сингҳ зимни сафари корӣ бо роҳбарияти мактабҳо, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва масъулини соҳаи маориф мулоқот анҷом дода, дар ҷараёни он ҷанбаҳои муҳими техникӣ ва лоиҳавии сохтмони биноҳои иловагиро дар доираи лоиҳаи STEM баррасӣ намуд.   Ба гуфтаи ҷаноби Сингҳ, Бонки Осиёии Рушд омода аст ҷиҳати беҳтарсозии шароити таҳсил ва рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини маблағгузории марҳилавии сохтмон ва таҷҳизонидани муассисаҳои таълимиро ба роҳ монад.   Дар ҷараёни боздид, инчунин масоили марбут ба устувории биноҳо, дастрасии баробар ба таҳсил, муҳити бехатар ва тоза барои хонандагон ва омӯзгорон мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор гирифтанд.   Лоиҳаҳои мазкур як қадами муҳим дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон арзёбӣ мегарданд.

    292

    27.08.2025