23.06.2025

 img

Дар доираи лоиҳаи «Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинар оид ба таҳияи Дастурамалҳои методӣ оид ба баҳодиҳии форматсионӣ буда, ҷузъи муҳими баланд бардоштани сифати таълим маҳсуб мешавад. 

Дар семинар Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, намояндаи Иттиҳоди Аврупо Диана Димова, омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва инчунини тренерон аз Ҷумҳурии Қазоқистон онлайн пайваст шуданд.  

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода зарурати ҷорӣ намудани баҳодиҳии форматсионӣ ҳамчун абзори муҳими рушди шахсии хонандагон ва баланд бардоштани сифати таълимро таъкид намуд.

Диана Димова, менеҷери барнома аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, саҳми Иттиҳоди Аврупоро дар рушди соҳаи маориф муҳим арзёбӣ намуда, омодагии Иттиҳодро барои дастгирии минбаъда таъкид кард.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси ислоҳоти соҳаи маорифро ба зимма гирифта, яке аз самтҳои калидии он ҷорӣ намудани низоми инноватсионии маориф мебошад

 

  • Омӯзиши усулҳои баҳодиҳии форматсионӣ барои 13 фанни мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ img
  • Омӯзиши усулҳои баҳодиҳии форматсионӣ барои 13 фанни мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ img
  • Омӯзиши усулҳои баҳодиҳии форматсионӣ барои 13 фанни мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ МУАССИСАҲОИ ҲАДАФИИ ЛОИҲАИ «ТАКМИЛИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ДАР СОҲАҲОИ ИЛМҲОИ ТАБИӢ, ТЕХНОЛОГӢ, МУҲАНДИСӢ ВА МАТЕМАТИКА» Рӯзҳои 14-15 июли соли 2025 дар толори тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табии, технологӣ, муҳандисӣ ва математика” тренинги омӯзишӣ таҳти унвони “Муаррифии лоиҳаи “STEM” баргузор шуд. Дар он муовинони ректорон, деканҳо, омӯзгорони фанҳои марбут ба STEM ва методистони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ иштирок намуданд.   Дар ҷараёни тренинг мутахассисони лоиҳа ба иштирокдорон мавзуъҳои муҳимми зеринро пешниҳод намуданд: • шиносоӣ бо мазмун ва ҳадафҳои асосии лоиҳа; • роҳҳои беҳтар намудани таълими STEM барои омӯзгорон ва хонандагон тавассути машғулиятҳо, тренингҳо ва конфронсҳо; • фаҳмондани консепсия ва татбиқи барномаи таълимии гендерӣ дар соҳаи STEM; • муҳокимаи масъалаҳои марбут ба мафҳум, аҳамият ва мушкилоти гендерӣ дар таълими фанҳои дақиқ; • омӯзиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва роҳҳои муқовимат бо офатҳои табиӣ; • пешгирии истисмори шаҳвонӣ, зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ дар доираи татбиқи лоиҳа; • шиносоӣ бо сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди илмҳои табиӣ ва санадҳои ҳуқуқии марбут ба ин самт.   Қайд гардид, ки баргузории чунин тренингҳо дар оянда барои омӯзгорони дигар муассисаҳои таълимии шомили лоиҳа низ ба нақша гирифта шудааст.

    58

    15.07.2025
  •  img
    Сафари расмии ҳайати Тоҷикистон ба Бавария ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ 13 июли соли 2025 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари омӯзиширо ба Баварияи Ҷумҳурии Федеративии Олмон оғоз намуда, ҳадафи он шиносоӣ бо низоми дуалии таҳсилоти касбии Олмон мебошад. Ин сафар дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Дастгирии соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил гардид. Ҳайати расмиро ташкил медоданд: • Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; • Солеха Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ; • Штефан Зиверт, роҳбари лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо. Ҳадафи асосии сафар омӯзиши таҷрибаи Олмон дар самти таҳсилоти дуалӣ ва баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар Бавария мебошад. Дар доираи сафар ҳайати Тоҷикистон аз муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Ротенбург ва Хам боздид ба амал оварда, бо тарзи муттаҳидсозии назария ва таҷриба дар низоми таҳсилоти касбии Олмон шинос гардид. Ин ташаббус намунаи равшани он аст, ки кумаки Иттиҳоди Аврупо ба рушди малакаҳо, афзоиши имкониятҳои шуғл ва эҷоди шароити мусоид барои ҷавонони Тоҷикистон мусоидат менамояд.

    35

    14.07.2025
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД Рӯзҳои 9 ва 10 июли соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд тренинги омӯзишӣ дар мавзуи “Муаррифии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика (STEM)” баргузор гардид. Тренинги мазкур барои директорон, муовинони директор, омӯзгорони фанҳои STEM, методистон ва кормандони шуъбаҳои маорифи шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Мастчоҳ доир шуд.   Зимни баргузории тренинг, мутахассисони лоиҳа доир ба мазмуну муҳтавои лоиҳа ба иштирокчиён маълумот бо рӯнамоҳо пешниҳод намуданд.    Аз ҷумла, масъалаҳои рушди таълими фанҳои STEM, имкониятҳои иловагӣ барои омӯзгорону хонандагон тавассути семинарҳо, тренингҳо ва конфронсҳо, татбиқи консепсия ва барномаи таълими гендерӣ дар таълими STEM, фаҳмиш ва маҳдудиятҳои гендерӣ дар муҳити таълимӣ, тағйирёбии иқлим ва вокуниш ба офатҳои табиӣ, ҳамчунин роҳҳои пешгирии зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ баррасӣ гардиданд.    Илова бар ин, сиёсати давлатӣ дар соҳаи дастгирии илмҳои дақиқ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда низ мавриди муҳокима қарор гирифт.

    61

    10.07.2025