Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ"
Дар бораи лоиҳа
- Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2021 Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти NoD082-TJ) ва (кредити No5702-TJ) байниҶумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» 7 августи соли 2015 бо арзиши 15 млн. доллари ИМА (грант – 45%, кредит – 55%) ба имзо расид.
- Мақомоти давлатии ҶТ, ки ҳамчун татбиқкунандаи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» баромад менамояд, Вазорати маориф ва илми ҶТ (ВМИҶТ) мебошад.
- Ҳамоҳангсози миллӣ: Саид Нуриддин Саид – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Ҳадаф ва вазифаҳои Лоиҳа:
- Таҳияи механизмҳои беҳтар намудан ва мониторинги сифат ва мутобиқати таҳсилоти олӣ ба бозори меҳнат.
- Самтҳои фаъолияти Лоиҳа:
- Қисмати 1: Беҳбудиҳо дар сатҳи институтсионалӣ
- 12,7 млн. доллари ИМА
- Зерқисмати 1.1: Грантҳои хурд барои азнавтайёркунӣ / баландбардории тахассуси қувваи корӣ
- 1 млн. доллари ИМА
- Зерқисмати 1.2: Барномаҳои озмунии грантӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК)
- 11,7 млн. доллари ИМА
- Қисмати 2. Дахолат дар сатҳи система
- 1,7 млн. дол. ИМА
- Зерқисмати 2.1: Беҳтар намудани сифат
- 0,7 млн. дол. ИМА
- Зерқисмати 2.2: Навсозии барномаҳои таълимӣ дар системаи маориф
- 0.8 млн. дол. ИМА
- Зерқисмати 2.3: Арзёбии маблағгузории таҳсилоти олӣ
- 0,2 млн. дол. ИМА
- Қисмати 3. Идоракунӣ, мониторинг ва арзёбии Лоиҳа
- 0,6 млн. дол. ИМА
- Мӯҳлати татбиқи Лоиҳа:
- Санаи имзои созишнома: 7 августи соли 2015
- Оғози Лоиҳа: 1 марти соли 2016
- Санаи маблағгузории Лоиҳа: моҳи августи соли 2016
- Анҷоми Лоиҳа: моҳи октябри соли 2021
- Муҳлати татбиқи Лоиҳа 6 сол -ро ташкил медиҳад.
- Сарчашмаи маблағгузорӣ ва маблағи умумии Лоиҳа:
- Бонки умумиҷаҳонӣ. Рақами Лоиҳа: P148291 Маблағи умумии Лоиҳа: 15 млн. доллари ИМА
- Маблағҳои азхудкунӣ: тибқи нақшаи молиявӣ дар семоҳаи якуми соли 2017:
- – 18 750 доллари ИМА
- Маблағҳои азхудкардашуда: дар семоҳаи якуми соли 2017
- – 19 389 доллари ИМА
- Фоизи азхудкунӣ: тибқи нақшаи молиявӣ дар семоҳаи якуми соли 2017 – 103,41%
- Азхудкунии маблағҳо аз оғози татбиқи лоиҳа:
- Маблағҳои азхудкунӣ: тибқи нақшаи молиявӣ аз аввали татбиқ – 1 591 000 доллари ИМА
- Маблағҳои азхудкардашуда: аз аввали татбиқ
- – 56 117 доллари ИМА
- Фоизи азхудкунӣ: тибқи нақшаи молиявӣ аз аввали татбиқ – 3,53%
- Қисмати 1: Беҳбудиҳо дар сатҳи институтсионалӣ
- Зерқисмати 1.1: Грантҳои хурд барои азнавтайёркунӣ / баландбардории тахассуси қувваи корӣ
- Мутобиқи Дастури амалии Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» додани грант ба муассисаҳои таълимии соҳибҳуқуқ барои таҳия ва интишори барномаҳо ё курсҳои кӯтоҳмуддати мутобиқ ба бахшҳо, малака ё салоҳияте, ки дар бозори меҳнат талаб карда мешаванд.
- Зерқисмати 1.2: Барномаҳои озмунии грантӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии қасбӣ (МТОК)
- Мутобиқи Дастури Барномаи озмунии грантӣ ташкил ва мавриди амал қарор додани Барномаи озмунии грантӣ тавассути пешниҳоди грантҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии комилҳуқуқ барои маблағгузории фаъолияти ба пурсиш асосёфта, аз ҷумла корҳои сохтмонии хурдҳаҷм барои, беҳтар намудани мутобиқат ба бозор ва таъмини духтарони донишҷӯ бо хизматрасонӣ оид ба дастгирӣ.
- Қисмати 2: Дахолат дар сатҳи система
- Зерқисмати 2.1: Беҳтар намудани сифат
- Вусъат бахшидани иқтидор барои мониторинг ва беҳтар намудани сифати таҳсилоти олӣ тавассути (а) амалӣ намудани ҳадди ақали стандартҳо барои гузаронидани таҳқиқотҳои баъдидипломӣ ва ҳисоботдиҳӣ аз рӯи онҳо бо кӯмаки индикаторҳо; (b) тақвияти иқтидори мақомот ва муассисаҳои таҳсилоти олии дахлдори Гирандаи грант барои таъмини кафолати сифат мутобиқи стандарту дастурҳои аврупоӣ барои таъмини сифат дар соҳаи таҳсилоти олӣ; ва (с) таҳия, ҷорикунии пилотӣ ва тасдиқи стандарту дастурҳои нав барои кафолати берунаву дохилии сифат дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ.