Боздид аз ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

11-09-2018
Нимаи дуюми рӯзи 11-уми сентябри соли равон сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома ёфт.
Меҳмони олиқадрро роҳбарияти вилоят, ноҳия, аҳли санъату фарҳанг ва фаъолон бо меҳмоннавозии хоси мардуми куҳистони Дарвоз ва меҳру садоқати беандоза истиқбол гирифтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини ҳунарии омоданамудаи сокинони ноҳияи Дарвозро, ки фарогири арзишҳои миллӣ буд, тамошо намуда, ба ҳунару истеъдоди сокинони ин минтақаи куҳистони мамлакат баҳои баланд доданд.
Дар маркази ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир сохта шуда, дорои 14 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо фарогии 110 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 7 ҷойи хоб ва дигар иншооти зарурӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо кормандони соҳаи маориф, ки ба муносибати ифтитоҳи ин иншооти нав ҷамъ омада буданд, оид ба рушди соҳаи маориф, тадбирҳои Ҳукумати мамлакат барои пешрафти ин бахши пешбарандаи ҷомеа ва дастгирии аҳли зиё андешаронӣ карда, аз омӯзгорон беҳтар кардани сифати таълиму тарбияро талаб намуданд.