Инқилоби Октябр ва таҳаввули соҳаи маориф (солҳои 1917-1940)

Дар натиҷаи ғалабаи Инқилоби Октябр дар Тоҷикистони хозира Ҳокимияти шӯравӣ барқарор таъсис ёфт. Аз рӯзи аввали барпо гардидани сохти нав дар ин сарзамин ба масъалаи маориф ва низоми таълиму тарбия диққати махсус дода мешуд. Масалан, моҳҳои март ва апрели соли 1918 мувофиқи қарори намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд дар ин шаҳр ва дигар шаҳру ноҳияҳои ин минтақа Шӯрои маорифи халқ ташкил шуд, ки онҳо дар таъсиси мактаби нав, таълими ҳатмии бачагон ва маҳви бесаводӣ нақши муассир гузоштанд.

Бо вуҷуди ҳамагуна мушкилиҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ин минтақа дар охири соли 1918 19 мактаб ва соли 1919 73 мактаби дараҷаи якум ва дуюм амал мекард. Соли 1920 аввалин мактаби ибтидоии духтарона дар Хуҷанд таъсис дода шуд.

Ба тараққиёти минбаъдаи мактабҳои нав қарори қабулнамудаи Комитети иҷроияи марказии Туркистон аз 5 августи соли 1919 мусоидат намуд. Мувофиқи он шӯроҳои маҳаллӣ вазифадор гардиданд то ҳамаи биноҳоеро, ки барои эҳтиёҷоти соҳаи маориф сохта шудаанд, новобаста аз тобеияташон ба ихтиёри шӯроҳои маҳаллии маорифи халқ вогузор намоянд. Барои дар амал татбиқ намудани қарори шӯроҳои маҳаллии ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон комиссияи махсус ҷиҳати муайян намудани чунин биноҳо ташкил ёфт.

Барои вусъат додани сохтмони мактабҳои нав Шӯрои Комиссариати халқии ҶХШС Туркистон соли 1919 ба Комиссариати маорифи халқ аз буҷет зиёда аз 200 млн. сум ҷудо намуд. Аз ин миқдор 700 ҳазораш барои рушду нумӯи маориф ва тандурустии уезди Хуҷанд ҷудо гардид. Дар натиҷа дар охири соли 1921 дар ин ҷо 37 мактаб фаъолият дошт, ки дар онҳо 1197 нафар хонанда таҳсил мекард. Мактабҳои нави шӯравӣ на танҳо дар шаҳрҳо, балки дар деҳаҳо низ таъсис меёфтанд. Ба ташвиқоти баъзе мухолифи ҳукумат н нигоҳ накарда, халқи заҳматкаш дар ташкилу таъсиси мактабҳои нав фаъолона иштирок мекарданд. Масалан, аҳолии Хуҷанд соли 1923 барои сохтмони мактаби нав 14000 сум ҷамъ намуда, дар сохтмону тармими мактабҳо иштирок карданд. Дар Самарқанд бошад, аҳолӣ барои таҷҳизонидани мактаб-интернати бачагони ятиму бепарастор қариб 40 ҳазор сум ҷамъ оварданд.

Аз соли 1921 дар қисматҳои Бухорои шарқӣ аввалин шуда ба сохтмони мактаби нави шӯравӣ иқдом намуданд. Моҳи марти соли 1921 дар Душанбе Шӯъбаи вилоятии маорифи халқи Бухорои шарқӣ таъсис ёфт. Шӯъба кори худро, пеш аз ҳама, аз ташвиқу таблиғи мактаби нав дар байни аҳолӣ шурӯъ намуд. Падидаи дигаре, ки сабаби ташаккули соҳаи маориф дар ин ноҳияҳо гардид, гузаронидани анҷумани аввалини кормандони соҳаи маориф дар Душанбе (июни соли 1921) буд. Анҷуман вазъи соҳаи маорифро дар Бухорои Шарқӣ таҳлилу баррасӣ намуда, доир ба тараққиёти минбаъдаи он қарори дахлдор қабул намуд. Дар натиҷаи чорабиниҳои мушаххас баҳори соли 1921 дар Бухорои Шарқӣ 5 мактаби нави шӯравӣ таъсис ёфт, ки дар онҳо 600 нафар бачагон таҳсил мекарданд. Ҳамзамон, мактабҳои нави шӯравӣ дар Кӯлоб, Ховалинг, Ғарм, Ҳоит ва дигар мавзеъҳо ташкил ёфтанд. Соли таҳсили 1923-1924 дар Кӯлоб, Ғарм ва Душанбе яктогӣ интернат кушода шуд, ки дар онҳо 92 нафар бачагон дарс мехонданд. Соли 1923 дар Помир дар назди кумитаи инқилобии вилоят Шӯъбаи маорифи халқ таъсис ёфт, ки ҳамзамон вазифаи мактабро ба ӯҳда дошт. Дар назди ин мактаб барои тарбияи фарзандони деҳқонони камбағал ва ятимон интернат таъсис дода шуд. Дар мактаб ва интернат 50 нафар бачагон таҳсил мекарданд. Дар ташкили таълиму тарбияи насли навраси тоҷик қисмҳои Артиши Сурх низ фаъолона иштирок намуданд. Онҳо дар Кӯлоб ва Ғарм 50 нафар бачагонро ба тарбияи худ гирифтанд. Бо дастгирии комсомолони Шӯъбаи сиёсии полки 76 дар Кӯлоб аввалин интернат сохта шуд.

Баъди тақсимоти миллии Осиёи Марказӣ (октябри соли 1924) Ҷумҳурии худмухтори шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон ташкил ёфт.   Кумитаи инқилобии ҷумҳурӣ дар аввалин маҷлиси худ (7 декабри соли 1924) ба тамоми заҳматкашони Тоҷикистон муроҷиатнома қабул намуд. Дар он самтҳои асосии ҷумҳурӣ доир ба барқарор кардани хоҷагии мамлакат ва соҳибмаърифат намудани мардум муайян шуданд. Масъалҳои мавриди назар, инчунин ташкил намудани мактабҳои нави шуравӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини ташкилоти ҳизбӣ ва ҳукумати Тоҷикистон ба шумор мерафт. Бо мақсади танзими кори маориф (14 декабри соли 1924) Комиссариати маорифи халқи ҶХШС Тоҷикистон ташкил гардид, ки он 11 феврали соли 1925 дар Душанбе ба кор шурӯъ намуд. Аввалин Комиссари маорифи халқ Аббос Алиев ва ҷонишини он Абулқосим Лохутӣ буд. Комиссариати маорифи халқ фаъолияти худро барои ба меҳнаткашони ҷумҳурӣ фаҳмонида додани моҳияти мактаби нави шӯравӣ, ташкилу рушду нумӯи он, таълиму тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ, ҷалб намудани бачагон ба мактаб, мубориза бар зидди бесаводӣ равон карда буд. Комиссариати маорифи халқ дар ихтиёраш 18 мактаб, 593 хонанда ва 48 омӯзгор дошт.

Ба мақсади ҷалб намудани фарзандони меҳнаткашон ба мактаби шӯравӣ ва афзудани нуфузи он дар байни аҳолӣ Комитети инқилобии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 1925 «Дар бораи имтиёзу бартарии оилаҳое, ки фарзандонашон дар мактаби советӣ мехонанд» қарор қабул намуд. Мувофиқи он падару модароне, ки бе монеъият фарзандони худро ба мактаби нави шӯравӣ ба хондан мефиристоданд, аз давлат ёрдампулӣ, тухмӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайраро бепул мегирифтанд.

Барои боз ҳам ташаккул додани низоми маориф ва баланд бардоштани фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик анҷумани якуми Муассисони умумитоҷикистонии шӯроҳо (декабри соли 1926) «Декларатсияи ҷорӣ намудани таълими умумии бепули меҳнаткашони ҶХШС Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки дар он чунин омадааст: «Ҳарҷониба кӯшидан лозим аст, ки оммаи васеътарини меҳнаткашони ҶХШС Тоҷикистон ҳамроҳи дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ба роҳи бунёдкории эҷодии маданияти ягонаи сотсиалистӣ, ҳамчунин ба роҳи протсесси иқтисодӣ бароянд, ки он ба некӯаҳволии хоҷагии оммаи васеи меҳнаткашони Тоҷикистон оварда мерасонад».

Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ташвиқу таблиғи мактаби нав дар байни аҳолӣ истифодаи на танҳо маблағи давлатӣ, балки дар ин кор ҳисса гузоштани мардумро низ вусъат бахшид. Деҳқонон тадриҷан фарзандонашонро ба мактаб мефиристоданд ва дар кори сохтмони мактабҳои нав кӯмаки моддиву амалӣ мерасониданд.

Шумораи мактабҳо ва хонандагон сол аз сол меафзуд. Агар соли таҳсили 1926-1927 шумораи мактабхо 150 ва шумораи хонандагон 5024 нафар бошад, соли хониши 1927-1928 ба 258 ва 9070 хонанда, соли хониши 1928-1929 миқдори мактабҳо ба 308 ва шумораи хонандагон ба 12000 расид.

Соли хониши 1927-1928 ҳамагӣ 5,6% ва дар соли хониши 1928-1929 21,3% бачагони синни мактабӣ ба таълим фаро гирифта шуда буданд. Дар ҷумҳурӣ барои маҳви бесаводии одамони калонсол низ аҳамияти ҷиддӣ дода шуд. Агар соли 1925-1926 дар 63 мактаби маҳви бесаводӣ 1450 нафар калонсолон савод омӯхта бошанд, соли таҳсили 1928-1929 миқдори мактабҳо ба 314 ва саводомӯзон ба 84000 нафар расонида шуд.

Ҳукумат барои рушду нумӯи маорифи халқ маблағгузориро афзун намуд. Агар соли 1924 барои ин соҳа 180 ҳазор сум ҷудо гардида бошад, пас соли 1929 ин маблағ ба 13 млн. 749 ҳазор сум расонида шуд. Бо вуҷуди ин, соли хониши 1928 аз 398 мактаб ҳамагӣ 5 фоизаш бинои типи махсус дошт. Аксарияти мактабҳо дар биноҳои кӯҳна бе пояи моддию техникӣ, тахтаи синф, нимкат ва ғайра амал мекарданд.

Дар натиҷаи ташкилшавии мактабҳои нав дар ҷумҳурӣ дар назди таълиму тарбияи насли наврас вазифаҳои нав гузошта шуд. Вазифаҳои нави мактаб дар барномаи қабулкардаи анҷумани VIII умумииттифоқии Ҳизби коммунист равшану возеҳ муайян шуда буд. Барнома таърифи аниқи моҳияту мазмуни мактаби шӯравиро дар худ таҷассум мекард. Дар равиши таълиму тарбияи бачагон бештар ба тарбияи ахлоқӣ диққат дода, дар хонандагон тарбия намудани ҳисси ёрию дӯстӣ, бародарию баробарӣ, коллективизм дар дараҷаи аввал меистод.

Дар   мактабҳо ячейкаҳои аввалини ташкилоти бачагон ташкил гардиданд ва фанҳои нави таълимӣ, аз ҷумла забони модарӣ, арифметика, ҷуғрофия, таърих ба хонандагон омӯзонида мешуданд. Дар мактабҳо имтиҳонҳои чорякӣ, нимсола ва солона гузаронида мешуд. Ҳамаи ин чораҷӯиҳо ба равиши таълиму тарбияи бачагон таъсири хуб расонида, обрӯ ва эътибори мактаби нави тоҷикро дар байни аҳолӣ дучанд намуд.

Далели дигаре, ки ба равиши корҳои таълиму тарбияи ҷавонон ва насли навраси тоҷик кӯмаки бузург расонид, ин тартиб додану чоп намудани китобҳои дарсӣ, тарҷумаи баъзе асарҳо ва нашри матбуоти даврӣ мебошад. Дар ин солҳо аввалин китобҳои дарсӣ барои мактабҳои тоҷикӣ чоп шуданд. Инҳо алифбоҳои Муҳаммад Самадзода Собит-«Мифтоҳултаълим» (1922), Саидризо Ализода-«Соли нахустин» (1923), Нисормуҳаммад Афғони Юсуфӣ- «Алифбои тоҷик» (1924), Садриддин Айнӣ-«Алифбо» (1923) ва китоби дарсии арифметикаи Нисормуҳаммадов- «Мухтасарраҳнамои ҳисоб» маҳсуб мешаванд.

Барои ҷоннок намудани нашр ва тарҷумаи китобҳои дарсӣ соли 1924 Комиссияи илмии тоҷик ташкил гардид. Дар натиҷаи фаъолияти кори ин комиссия нашр ва тарҷумаи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ барои мактабҳои тоҷикӣ сифатан беҳтар гардида, рӯ ба афзоиш ниҳод. Чунончӣ, дар ибтидои соли хониши 1927-1928 барои мактабҳои тоҷикӣ 6 номгӯй китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълими оид ба математика, морфологияю синтаксиси забони тоҷики, табиатшиносӣ, адабиёти тоҷик ва ғайра чоп гардид. То охири соли хониш шумораи китобҳои дарсӣ ба 14 номгӯӣ расид.

16 октябри соли 1929 анҷумани сеюми фавқулоддаи шӯроҳои Тоҷикистон хоҳиши халқи тоҷикро ба назар гирифта, дар бораи ташкил ёфтани ҶШС Тоҷикистон ва ихтиёран ба ҳайати ИҶШС дохил гаштани он қарор қабул кард. Илова бар ин, анҷуман масъалаҳои муҳимтарини хоҷагӣ, сиёсию маданӣ, аз он ҷумла соҳаи маорифи ҷумҳурии навташкилро дида баромада, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуд, ки вазифаҳои асосии ин соҳаро дар муддати кӯтоҳ дида барояд. Дар натиҷа моҳи апрели 1930 Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон масъалаи соҳаи маорифи ҷумҳуриро муҳокима намуда, аз рӯи ин масъала қарори васеъ қабул кард, ки дар он вазифаҳои асосии ташкилотҳои ҳизбӣ дар соҳаи маорифи халқ муайян гардида буд. Мувофиқи он ташкилотҳои хизбӣ вазифадор шуданд, ки то охири панҷсолаи якум 75% кӯдакони синни мактабии ноҳияҳои шарқӣ, 100% кӯдакони ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон ва то охири соли таҳсили 1931-1932 тамоми кӯдакони синни мактабӣ ба таълим фаро гирифта шаванд. Ба инкишофи соҳаи маорифи халқ дар ҷумҳурӣ қарорҳои анҷумани якуми муассисони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (июни соли 1930) низ нақши калон бозид. Анҷуман доир ба рушду нумӯи соҳаи маорифи халқ қарор «Оид ба сохтмони маданӣ» қабул намуд. Дар асоси ин қарор дар ҷумҳурӣ амалиёти маданӣ эълон гардид. Амалиёти маданӣ бояд вазифаҳои паҳн намудани маданияти нав, ташкил намудани мактабҳои маҳви бесаводӣ, ҷорӣ намудани таълими умумии ҳатмӣ, сохтану таъмири мактабҳо, тайёр намудани омӯзгорону кормандони соҳаи фарҳанг ва ғайраро ҳал мекард. Дар натиҷаи фаъолияти иштирокчиёни ин амалиёт дар соли таҳсилӣ 1929-1930 шумораи мактабҳо ва хонандагон дар он хеле афзуд. Дар муқоиса бо соли таҳсили 1924-1925 дар ин сол миқдори мактабҳо бештар аз 8 маротиба, шумораи хонандагон бошад, бештар аз 7   маротиба афзуд.

Дар рушду нумӯи минбаъдаи маорифи ҷумҳурӣ қарорҳои анҷумани XVI Кумитаи марказии умумиттифоқии Ҳизби коммунист нақши муҳим доштанд. Ин анҷуман ҷорӣ намудани таълими ибтидоии ҳатмии умумӣ ва барҳам додани бесаводиро ҳамчун вазифаи ҷанговаронаи ҳизб дар давраи наздиктарин муайян намуд. Мувофиқи дастурамали ин анҷуман Кумитаи марказии умумиттифоқии Ҳизби коммунист 25 июли соли 1930 «Дар бораи таълими умумии ҳатмии ибтидоӣ» қарор қабул намуданд. Мувофиқи ин қарорҳо вазифа гузошта шуд, ки аз соли таҳсили 1930-1931 шурӯъ намуда, дар тамоми ИҶШС таълими умумии ҳатмии бачагон (писарбачагон ва духтарон)-и синни 8,9,10 -сола дар ҳаҷми камаш чорсолаи мактаби ибтидоӣ ҷорӣ шавад.

Мувофиқи ин қарор тирамоҳи соли 1930 ҳамаи бачагони ин синну сол, ки то ҳол дар мактаб намехонданд, ба мактаби меҳнатӣ қабул шуданд. Дар асоси қарорҳои ҳизб ва Ҳукумати шӯравӣ барои амалӣ гардидани онҳо дар Тоҷикистон низ бисёр корҳои муҳим анҷом дода шуд. 24 сентябри соли 1930 Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ кардани таълими умумии ҳатмӣ» қарор қабул кард, ки мувофиқи он аз соли таҳсили 1930-1933 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Конибодом, ӯротеппа ва аз соли таҳсили 1932-1933 дар тамоми ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ҷорӣ кардани таҳсилоти умумии ҳатмии ибтидоӣ пешбинӣ гардид. Дар асоси ин қарор Кумитаи марказӣ ва Шӯрои Комиссариати халқи ҶШС Тоҷикистон дар маҷлиси якҷояи худ аз 11 октябри соли 1930 дар бораи ҷорӣ намудани таълими умумии ҳатмӣ дар ҷумҳурӣ қарор қабул кард. Дар қарор гуфта шуда буд, ки аз соли таҳсили 1930-1931 шурӯъ намуда, дар Тоҷикистон ба таври мунтазам таълими умумии ҳатмии ибтидоии писарону духтарони синни 8-10- сола ва наврасони 11-15-сола дар курсҳои ду ё сесола ҷорӣ шавад. Дар қарори мазкур шароити маҳаллии ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ ба ҳисоб гирифта шуда буд. Мувофиқи ин қарор бо назардошти заминаи моддӣ-техникии ноҳияҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ӯротеппа таҳсилоти ҳафтсола, дар деҳаҳо ва ноҳияҳои дигар таълимоти панҷсола (мактаби дараҷаи якум) бояд ҷорӣ мегардид.

Дар натиҷаи роҳбарии ҳизбию шӯравӣ ва ташаббуси мехнаткашони ҷумҳурӣ шуморан мактабхо сол аз сол меафзуд. Агар соли таҳсили 1929-1930 дар ҷумҳурӣ 26730 хонанда бошад, соли таҳсили 1930-1931 ба 977 мактаб ва 61363 (9118 духтар) хонанда расид. Ғайр аз ин, дар асоси ин қарорҳо дар ҷумҳурӣ курсҳои маҳви бесаводӣ ташкил гардид. Дар натиҷа соли таҳсили 1931-1932 қариб 136 ҳазор кас ба мактабҳои маҳви бесаводӣ ҷалб гардид, ки 22317 нафари онҳо занон буданд.

Бо мақсади ҷорӣ намудани таҳсилоти умумии ҳатмӣ бо қарори Шӯрои Комиссариати халқи ҶШС Тоҷикистон аз 22 октябри соли 1930 «Қомитети ёрии таълимоти умуми»-и ҷумҳурӣ ташкил шуд. Чунин комиссияҳо дар назди комитетҳои иҷроия ва шӯроҳои деҳот низ ташкил ёфтанд, ки дар кори онҳо аҳли ҷамъият фаъолона иштирок мекарданд. Бо мақсади таъмин намудани мактабҳо бо сӯзишворӣ, мизу тахта ва дигар ашёи хониш аз тарафи комиссияҳо шанбегиҳо гузаронида мешуд. Дар натиҷаи гузаронидани шанбегиҳо мактабҳои нав бино ёфта, мактабҳои кӯҳна таъмир ва онҳо бо ашёи лозимии хониш таъмин мегардиданд. Масалан, то охири панҷсолаи якум дар ҷумҳурӣ зиёда аз 150 биноҳои мактаби типи навиҳозира сохта шуд.

Бо мақсади амалӣ гардонидани таълими умумии ҳатмӣ ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии мактабҳо Ҳизби коммунисти Тоҷикистон январи соли 1931 «Дар бораи рафти кори таълим ва ҷорӣ кардани таълими умумии ҳатмӣ» қарор қабул намуд. Дар асоси он моҳи феврали соли 1931 анҷумани IV шӯроҳои ҷумҳурӣ шуда гузашт. Анҷуман аҳамияти муҳими таълими умумии ҳатмӣ ва маҳви бесаводиро дар ҷумҳурӣ қайд намуда, ҳукуматро вазифадор намуд, ки барои ҷорӣ намудани таҳсилоти умумии ҳатмӣ ва маҳви бесаводӣ, тайёр кардан ва ба мактаб фиристодани муаллимон чораҳо андешад.

Мувофиқи ин қарорҳо ташкилотҳои маҳаллии ҳизбию шӯравӣ бисёр корҳоро анҷом доданд. Дар асоси нишондодҳои он ҳар як ноҳия нақшаҳои амалии ба таълим фаро гирифтани бачагонро тартиб доданд. Дар натиҷа миқдори бачагони синни мактабӣ муайян гардид. Масалан, комитети ҳизбии Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ 13 марти соли 1931 қарор қабул кард, ки дар вилоят таълими умумии ҳатмӣ аз соли таҳсили 1931-1932 ҷорӣ шавад. Дар натиҷаи кори самараноки ташкилотҳои ҳизбию шӯравии ҷумҳурӣ доир ба амалӣ гардидани ин қарорҳо дар Тоҷикистон миқдори мактабу хонандагон рӯз то рӯз меафзуд. Масалан, дар Помир агар соли таҳсили 1930-1931 39 мактаб бо 1374 хонанда амал мекард, соли таҳсили 1931-1932 миқдори мактабҳо ба 84 ва шумораи талабагон ба 3600 расид, ё худ 60%-и ҳамаи бачагони синни мактабиро ташкил медод. Ҷорӣ кардани таълимоти умумии ҳатмӣ дар ҷумҳурӣ ба инкишофи минбаъдаи мактабҳо, афзоиши шумораи хонандагон дар онҳо оварда расонид. Бо вуҷуди ин ҳанӯз дар ҷумҳурӣ миқдори мактаб ва муаллимон хело кам буд ва ба талаботи онрӯза ҷавоб намедод. Дар ташаккул ва мустаҳкамшавии минбаъдаи низоми маорифи тоҷик қарорҳои Кумитаи марказии умумииттифоқии Ҳизби коммунист (б) «Дар бораи мактаби ибтидоӣ ва миёна» аз 5 сентябри соли 1931 ва «Дар бораи барномаҳои таълимӣ ва реҷа дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна» аз 25 августи соли 1932 хело калон буд. Қарори 5 сентябри соли 1931 лоиҳабозиҳои соҳаи мактабро маҳкум намуда, масъалаи қатъиян дигаргун сохтани корҳои таълиму тарбиявии мактабҳоро гузошт. Камбудии ҷиддии мактаб, гуфта мешавад дар қарор, аз он иборат аст, ки он дар ҳаҷми кифоя донишҳои мунтазами маълумоти умумӣ намедиҳад ва вазифаи барои техникуму мактабҳои олӣ тайёр кардани одамони тамоман босаводеро, ки асосҳои илмиро амиқ фаро гирифта бошанд, ғайриқаноатбахш иҷро мекунад. Қарор катъиян ҷорӣ намудани азнавсозии корҳои таълиму тарбияи мактабҳоро талаб намуда, нишон дод, ки мубориза барои азхуд кардани асосҳои илм ҷузъи ҳалкунандаи кори мактаб аст. Дар қарор таълими политехникӣ чун қисми таркибии тарбия таъкид шуд. Дере нагузашта нақшаҳои нави таълимӣ дар асоси омӯзиши фаннӣ тартиб дода шуда, дар нимаи дуюми соли таҳсили 1931-1932 дар мактабҳо ҷорӣ шуд. Ҷорӣ гардидани барномаи таълимӣ қадами калоне ба пеш буд, вале ҳанӯз ҳам камбудиҳои ҷиддӣ дошт.

Баҳору тобистони соли 1932 ин барномаҳо дар мактабҳо бо диққат аз санҷиш гузаштанд. Дар омӯхтану санҷиши ин барномаҳо муаллимон, шӯъбаҳои маорифи халқ, кормандони институтҳои илмию омӯзгорӣ ва   дигарон иштирок намуданд. Кумитаи марказии умумииттифоқии Ҳизби коммунист натиҷаи ин санҷишу омӯзишро ҷамъбаст намуда, 25 августи соли 1932 «Дар бораи барномаҳои таълимӣ ва реҷа дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна» қарор қабул кард. Ин қарор муваффақият ва камбудиҳои барномаи  навро ҷамъбаст намуда, ба Комиссариати маорифи халқи ИҶШС супорида шуд, ки то 1 январи соли 1933 барномаҳои таълимиро тарзе аз нав кор кунанд, ки онҳо «аз тарафи бачагон ҳақиқатан мустаҳкам ва мунтазам азхуд кардани асосҳои илм, донистани далелҳо ва малакаҳои дурусти нутқ кардан, хат навиштан ва машқҳои математикӣ ва ғайраҳоро таъмин намоянд».

Ҳизб, ҳукумат ва идораҳои Тоҷикистон қарорҳои Кумитаи марказии умумииттифоқии Ҳизби коммунистро дастури фаъолияти худ қарор дода, корҳои муҳимеро доир ба сохтани мактабҳо, ҷалб намудани бачагон ба таълими умумии ҳатмӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ ва ғайраро ба субут расонид. Комиссариати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон бо мақсади аз нав дида баромадани барномаҳо комиссияи махсус аз ҳисоби Кумитаи Шӯрои давлатии олимон, коркунони донишкадаҳои педагогӣ ва муаллимони мактабҳо ташкил намуд. Комиссия барномаҳоро баррасӣ намуда, соли таҳсили 1933-1934 ҳамаи мактабҳои ҷумҳурӣ аз рӯи барномаҳои нав тасдиқшуда ба кор шурӯъ намуданд. Барои амалӣ гардидани барномаи таълими умумӣ аз 15 сентябр то 15 октябри соли 1932 бо ташаббуси Комиссариати маорифи халқ ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон якмоҳаи таълими умумии мактабӣ гузаронида шуд. Мақсади асосии он дар байни меҳнаткашони ноҳияҳою деҳот таблиғу ташвиқ намудани қарори Кумитаи марказии умумииттифоқии Ҳизби коммунист дар бораи мактаб ва бо кори сохтмони он ҳаматарафа ҷалб намудани коргарон, колхозчиён, меҳнаткашон ва аҳли ҷамоатчигии ҷумҳурӣ буд. Дар давраи якмоҳаи таълим дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмону таъмири мактабҳо, таъмин намудани мактабҳо бо ашёи хониш, сӯзишворӣ, барқ ва ғайра сурат гирифта буд. Илова бар ин, ба таъминоти моддию маишии муаллимону хонандагон, ташкил намудани хӯроки саҳарӣ барои хонандагон, ба муаллимон ба ивази маошашон додани молҳои хоҷагӣ ва хӯрокворӣ ва ғайра диққати махсус дода мешуд. Кормандони хоҷагию муассисаҳо вазифадор шуданд, ки барои амалӣ гардонидани тарбияи меҳнатию политехникӣ устохонаҳои мактабиро муҷаҳҳаз гардонанд. Муаллимони мактабҳои шаҳр ва омӯзишгоҳҳои педагогӣ мактабҳои деҳотро ба шефӣ мегирифтанд. Омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ бригадаҳои махсуси донишҷӯёнро ташкил карда, барои санҷиши иҷрои таҳсилоти умумӣ ба ноҳияю деҳот мефиристоданд. Як қисми онҳо баъди иҷрои вазифа барои кори доимӣ дар ҳамон маҳалҳо мемонданд. Ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, ин чорабиниҳо доир ба ташаккули соҳаи маорифи халқи тоҷик натиҷаҳои хуб медоданд. Инро мо дар мисоли зиёд гардидани миқдори мактабу хонандагон равшан мебинем.

Соли таҳсили 1932-1933 дар Тоҷикистон 2319 мактабҳои таълимоти умумӣ бо 125 ҳазор хонанда вуҷуд дошт. Аз ин миқдор 2297 мактабаш ибтидоӣ, 20 мактабаш ҳафтсола ва 2 мактабаш миёна буд. Аз 125 ҳазор хонанда 116,6 ҳазораш дар мактабҳои ибтидоӣ, 6,8 ҳазораш дар мактабҳои ҳафтсола ва 1,6 ҳазораш дар мактабҳои миёна дарс мехонданд. Амалӣ гардидани таҳсилоти умумии ҳатмӣ аз бисёр сабабҳо аз ҳақиқати воқеӣ ҳанӯз дур буд ва соли 1934 наздикии 70% бачагони синни мактабӣ (25% духтарон) ба таълими ибтидоӣ фаро гирифта шуда буд.

Шӯрои Комиссариати халқи ҶШС Тоҷикистон барои бартараф    намудани камбудиҳои асосии кори мактабҳо аҳамияти калон дода, моҳи июни соли 1932 «Дар бораи ба тартиб даровардани тартиботи дохилӣ дар мактаби оммавӣ» қарор қабул намуд. Дар он камбудиҳои асосии мактабҳои ҷумҳурӣ ошкор гардида, дар бораи қатъиян ба тартиб андохтани кори мактабҳо, солим гардонидани кӯдакон ва беҳтар намудани аҳволи санитарию беҳдоштии биноҳои мактаб масъала ба миён гузошта шуд. Шӯрои Комиссариати халқ Комиссариати маорифи халқи Тоҷикистонро вазифадор намуд, ки дар ҳамаи мактабҳо ҷадвал ва тартиботи рӯзро фавран ҷорӣ намояд, ки онҳо на фақат кори таълим, балки кори ҷамъиятии мактаббачагонро ҳам ба назар гиранд, барои дар ҳаёт татбиқ намудаии ин чорабиниҳо масъулияти шахсии мудирони мактабҳоро баланд бардоранд, дар мӯҳлати як моҳ характер ва мазмуни кори ҷамъиятиеро, ки мактаббачагон иҷро менамоянд, аз нав дида барояд. Дар натиҷаи чорабиниҳои Комиссариати маорифи халқ ва шӯъбаҳои он дар маҳалҳо кори тартибу интизом ва сифати таълиму тарбия дар мактабҳо хело беҳтар шуд.

Дар баробари рушду нумӯи мактабҳо масъалаи таъмин намудани онҳо бо китобҳои дарсии хушсифат мавқеи муҳимро ишғол менамуд. Бо ин мақсад моҳи феврали соли 1933 Кумитаи марказии умумииттифоқии Ҳизби коммунист «Дар бораи китобҳои дарсӣ барои мактабҳои ибтидоӣ ва миёна» қарор қабул кард. Дар ин қарор вазъияти тартиб додани китобҳои «муваққатӣ»-ро маҳкум намуда, таълифи китобҳои дарсии доимиро пешниҳод кард, ки истифодаашои дар давоми чандин солҳо мумкин бошад. Дар асоси ин қарор Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 28 феврали соли 1932 ва 28 сентябри соли 1933 қарор қабул кард. Дар ин қарорҳо масъалаҳои нашри китобҳои дарсӣ ва дигар адабиёт танқид шуда, роҳҳои беҳтар намудани табъу нашри онҳо нишон дода шуда буд. Дар натиҷаи чорабиниҳои соли 1933 1,161 ҳазор нусха китобҳои дарсии нав чоп шуд. Соли таҳсили 1933-1934 аз 40 номгӯи китобҳои дарсии доимӣ, ки дар нақша пешбинӣ гардида буд, 17 номгӯй аз чоп баромад, ки 37%-ро ташкил медод. Дар солҳои минбаъда нашри китобҳои доимии мактабӣ аз лиҳози миқдор ва сифат беҳтар гардид. Ин кор имконият дод, ки мактабҳои Тоҷикистон ба миқдори кифоя бо китобҳои дарсӣ таъмин шаванд.

Самти рушду нумӯи минбаъдаи соҳаи маорифи Тоҷикистонро анҷумани XVII умумииттифоқии Ҳизби коммунист (1934) муайян намуд. Дар асоси қарорҳои анҷуман дар ҷумҳурӣ қарорҳои нав қабул гашта, кори маорифро нисбат ба даҳсолаи гузашта хеле ҷонноктар намуд.

Ба мақсади боз ҳам беҳтар намудани сифати таълими таърих ва     ҷуғрофия дар мактабҳон таҳсилоти умумии ИҶШС Шӯрои   Комиссариати халқи ИҶШС ва Кумитаи марказии умумииттифоқии Ҳизби коммунист 15 майи соли 1934 ду қарор «Дар бораи таълими таърихи гражданӣ дар мактабҳои ИҶШС» ва «Дар бораи таълими ҷуғрофия дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёнаи ИҶШС» қабул кард. Шӯрои Комиссариати халқии ИҶШС ва Кумитаи марказии умумииттифоқии Ҳизби коммунист камбудиҳои дар мактаби шӯравӣ доир ба таълими фанни таърих ҷойдоштаро қайд намуда, ба талабагон дар танзими   санаҳои таърихии хронологӣ хабар   додани воқеаҳои таърихиро тавсия доданд, то ки аз тарафи бачагон аз худ кардани муҳимтарин санаҳои таърихӣ, донистани ходимони намоёни таърихӣ ва муҳимтарин санаҳои хронологӣ таъмин гардад. Ҳангоми таълими   таърих бояд воситаҳои   аёнӣ   (расмҳо доир бакурси таърих ва харитаҳои чуғрофӣ) ва порчаҳо аз асарҳои бадеӣ истифода бурда шаванд.

Дар асоси қарорҳои анҷумани XVII Ҳизби коммунисти ИҶШС Шӯрои Комиссариати халқи ИҶШС ва Кумитаи марказии умумииттифоқии Ҳизби коммунист апрели соли 1935 «Дар бораи чораҳои тараққӣ додани хоҷагӣ ва маданияти ҶШС Тоҷикистон» қарор қабул кард. Ин қарор дар тараққиёти минбаъдаи маорифи халқи тоҷик хело муассир буд. Дар қарор нишон дода шуда буд, ки соли 1935 дар шаҳри Душанбе мактаби миёнаи интернатдор, ду мактаби миёнаи нопурра, 15 мактаби ибтидоӣ, 5 интернат бино карда шавад. Дар соли 1936 бошад, 3 мактаби миёна, 8 мактаби миёнаи нопурра, 20 мактаби ибтидоӣ ва дар назди онҳо 7 интернат сохта ба истифода дода шаванд. Ҳукумати иттифоқ аз буҷети худ бароя сохтмони мактабҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 5 миллион сум ҷудо намуд.

Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Шӯрои Комиссариати халқи ҶШС Тоҷикистон бо назардошти қарордоди анҷумани XVII умумииттифоқии Ҳизби коммунист, қарори апрели соли 1935 ва талаботи рӯзафзуни ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълиму тарбиявӣ 23 апрели соли 1935 «Дар бораи сохтмони мактабҳо» қарор қабул намуд. Бо мақсади амалӣ гардидани қарор Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Комиссариати маорифи халқ барои намунавор пешвоз гирифтани соли таҳсили 1935-1936 азназаргузаронии дуҳафтаинаи мактабҳоро эълон карданд. Ташкилотҳои партиявӣ ва шӯравии ҷумҳурӣ тамоми қобилияти ташкилотчигӣ ва эҷодии муаллимон, кормандони соҳаи фарҳанг, комсомолон ва ҳамаи меҳнаткашонро дар мубориза барои пурра ба мактаб ҷалб намудани кӯдакон ва аҳолии калонсол сафарбар намуда, дар бобати аз ҷиҳати ташкилӣ мустаҳкам намудани мактабҳо ва баланд бардоштани дараҷаи кори таълиму тарбиявии онҳо муваффақиятҳои калон ба даст оварданд. Дар рафти ин маърака як катор колхозҳо бо ташаббуси худ биноҳои мактаби нав сохта, мактабҳои кӯҳнаро таъмир намуданд. Масалан, дар ноҳияи Фархор бо қувваи колхозҳо ва бо иштироки колхозчиён 3 мактаб, дар Кировобод 2, дар Пролетар 2, дар Регар 13 мактаб сохта шуд. Хулоса, дар партави ин қарор ва    ҳиммати аҳолии ҷумҳурӣ миқдори мактабҳо дар Тоҷикистон хело афзуд ва соли таҳсили 1935-1936 дар ҷумҳурӣ 2684 мактаби ибтидоӣ, 22 мактаби миёнаи нопурра ва 7 мактаби миёна амал мекард, ки дар онҳо 160 ҳазор бачагон ба таҳсил машғул буданд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз таъмини таҳсилоти умумии ҳатмӣ махсусан дар деҳот хело паст ва фоизи ба мактаби ибтидоӣ ҷалб намудани бачагон хело кам буд. Масалан, дар деҳаи Узуни ноҳияи Ҷилликӯл ба мактаб ҷалб намудани бачагон ба 31% ва дар деҳаи Вистон ноҳияи Ромит ба 5% мерасид. Чунин аҳвол ба аксари деҳаҳои кӯҳии Тоҷикистон хос буд.

Кумитаи марказии Ҳизби коммунист ва Шӯрои Комиссариати халқи ҶШС Тоҷикистон ҳамаи инро ба назар гирифта, 26 сентябри соли 1936 «Дар бораи ғайриқаноатбахш ҷалб намудани бачагон дар мактабҳои қишлоқ» қарор қабул кард. Дар қарор таҷрибаи ба кори саҳро ҷалб намудани бачагон ва задани бачагон аз тарафи падару модарон барои ба мактаб рафтанашон маҳкум гардида, Кумитаи марказӣ ва Шӯрои Комиссариати халқ ҳамаи кумитаҳои ҳизбию шӯравии ноҳияҳо тавсия намуданд, дар он мактабҳое, ки иштироки бачагон ба дарсҳо дар сатҳи паст қарор дорад, маҷлиси падару модарон, фаъолияти колхозию шӯроҳоро гузаронида, тамоми чораҳоро бинанд, то ки бачагон фаъолона дар дарсҳо иштирок намоянд. Ҳамзамон, доир ба он корҳои ташвиқотию таблиғотиро васеъ намуда, дар амалӣ гардидани ин кор,пеш аз ҳама, ташкилотҳои комсомолиро истифода намоянд. Мувофиқи ин қарор дар деҳаҳо барои 4000 нафар талабагон сохтани 25 мактаб пешбинӣ ва барои сохтмони он 4055 ҳазор сум ҷудо гардид.

Ба ҳамаи тадбирҳои ташкилотҳои ҳизбӣ ва шӯравӣ нигоҳ накарда бисёр қарорҳо дар соҳаи маориф бо сабабҳои гуногун иҷро нагардиданд. Аз тарафи шахсони алоҳида қонуни таҳсилоти умумии ҳатмӣ вайрон карда мешуд. Барои пешгирии чунин вайронкориҳо ва мустаҳкам намудани мактаби тоҷик ва амалӣ гардонидани нақшаи таҳсилоти умумии ҳатмӣ Шӯрои Комиссариати халқи Тоҷикистон аз 2 декабри соли 1935 «Дар бораи мубориза бар зидди вайронкунандагони таҳсилоти умумӣ» қарор қабул кард. Дар қарор дар бораи ҷавобгарии падару модарон, хешон ва дигар шаҳрвандоне, ки барои таълими бачагони синни 8-11-сола ва ҷавонони 11-15- сола, ки бо сабабҳои гуногун мактаби ибтидоиро тамом накарданд, сухан мерафт. Қарор ҳамаи ин одамонро вазифадор менамуд, ки чунин бачагонро бе монеъият ба мактаб фиристанд ва бесабаб онҳоро аз дарсҳо намонанд. Онҳо вазифадор шуда буданд, ки бачагонро бо сару либоси нав, пойафзол, дафтару китоб ва дигар ашёи хониш таъмин намоянд.

Омили дигаре, ки ба ҷорӣ намудани таҳсилоти умумии ҳатмии ибтидоӣ халал мерасонид, ин ақидаи педологҳо ба шумор мерафт. Педологҳо аксар бачагони ақли солимдоштаро дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо ба қатори «ақибмондагон», «нуқсондор», «душвор» дохил карда, онҳоро аз мактаб пеш мекарданд. Мувофиқи пешниҳоди педологҳо соли 1936 1192 нафар кӯдакон бо баҳонаи «кундзеҳнӣ» аз мактабҳо хориҷ шуданд. Ҳизби коммунист ин каҷрафтории педологҳоро сари вакт муайян намуд. 4 июли соли 1936 Кумитаи марказии умумииттифоқии хизби коммунист (б) «Дар бораи вайронкориҳои педологӣ дар системаи комиссариатҳои маорифи халқ» қарор қабул кард. Дар асоси ин қарор Шӯрои Комиссариати халқи ҶШС Тоҷикистон ва Кумитаи марказии Ҳизби коммунист Тоҷикистон дар қарори худ аз 22 августи соли 1937 каҷфаҳмиҳои педологиро дар Комиссариати маорифи халқ ва Донишкадаи тадқиқоти илмӣ-педагогӣ муайян карда, онро сахт маҳкум намуд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин давра дар бораи афзоиши шабакаи муассисаҳои томактабӣ қарорҳои дахлдор қабул намуд. Ин қарори Шӯрои Комиссариати халқи ҶШС Тоҷикистон аз 3 июли соли 1934 «Дар бораи вазъияти тарбияи томактабӣ дар ҶШС Тоҷикистон» ва аз 25 ноябри соли 1936 «Дар бораи тарбияи томактабӣ» ба шумор мерафт. Дар натиҷаи ин тадбирҳо дар ҷумҳурӣ шумораи муассисаҳои томактабӣ сол аз сол меафзуд за соли 1940 шумораи боғчаҳои бачагона ба 103 расид, ки дар онҳо 3117 нафар кӯдакон тарбия мегирифтанд.

Ба ҳамаи тадбирҳо нигоҳ накарда, дар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ камбудиҳо зиёд буданд. Ин камбудиҳоро бори дигар қарори Шӯрои Комиссариати халқ ва Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз 11 октябри соли 1936 «Дар бораи рафти таълимоти умумии хатмӣ дар ҷумҳурӣ» муайян намуд. КМ ва ШКХ ҷумҳурӣ кори ғайриқаноатбахши органҳои маорифи халқро дар мубориза барои давомнокӣ ва дарсазхудкунии талабагон қайд намуда,    нишон дод, ки зиёда аз 50% талабагони мактабҳои ҷудогонаи қишлоқ соли дуюм дар синфҳои худ монданд, талабагон фақат дар 43% дарсҳо иштирок карданд. Кумитаи марказӣ ва Шӯрои Комиссариати халқ Комиссариати маорифи халқи ҷумҳуриро вазифадор намуд, ки дар муддати кӯтоҳ барои бартараф намудани ин камбудиҳо тадбирҳои амалӣ андешад.

Дар ташаккули минбаъдаи низоми маорифи халқи тоҷик қарорҳои анҷумани III Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (августи 1937) нақши калон бозид. Анҷуман роҳҳои асосии тараққиёти минбаъдаи маорифи ҷумҳурӣ ва вазифаҳои наздиктарини онро муайян намуд. Анҷуман вазифаи дар соли 1937 ва дар ибтидои соли 1938 ба таҳсил ҷалб намудани ҳамаи кӯдакони синни мактабиро яке аз тадбирҳои таъхирнопазир ҳисоб кард. Анҷуман, инчунин, вазифа гузошт, ки дар бобати ба роҳ мондани коритарбиявӣ дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна нақши ташкилотҳои комсомолӣ ва пионерӣ баланд бардошта шавад. Анҷуман масъалаҳои нашри адабиёти бачагонаро низ мавриди баррасӣ қарор дод. Дар натиҷаи амалӣ гардидани қарорҳои анҷумани III Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ сол аз сол миқдори мактабҳо, хонандагон, омӯзгорон ва хатмкунандагон афзуда, соли таҳсили 1939-1940 миқдори хатмкунандагони мактаби ибтидоӣ ба 27,9 ҳазор, ҳафтсола ба 2410 ва миёна ба 314 нафар расид.

Баъди анҷумани III Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳизб, шӯроҳо ва комиссарони маорифи халқ масъалаи баланд бардоштани сифати таълимро баррасӣ намуданд. Яке аз ин чорабиниҳо дар бораи таълими забони русӣ дар мактабҳои ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Кумитаи марказӣ, Шӯрои Комиссариати халқи ҶШС Тоҷикистон қарори Шӯрои Комиссариати халқи ИҶШС ва Кумитаи марказии умумииттифоқии Ҳизби коммунистро аз марти 1938 «Дар бораи дар мактабҳои ҷумҳурӣ ва вилоятҳои миллӣ ҳатман омӯхтани забони русӣ» ба инобат гирифта, 15 апрели соли 1938 «Дар бораи дар мактабҳои тоҷикӣ ва дигар мактабҳои ғайрирусӣ ҳатман омӯхтани забони русӣ» қарор қабул кард. Ин қарорро омӯзгорон, хонандагон ва ҳамаи ҷамоатчигии ҷумҳурӣ дастгирӣ намуданд. Комиссариати маорифи халқи ҷумҳурӣ бо мақсади иҷро намудани қарори Кумитиа марказӣ ва Шӯрои Комиссариати халқи ҶШС Тоҷикистон ба тайёр намудани муаллимони забони русӣ барои мактабҳои ҷумҳурӣ шурӯъ намуд. Бо ин мақсад дар назди донишкадаҳои омӯзгорӣ факултаҳои махсуси забон ва адабиёти рус ва дар назди омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ курсҳои забони русӣ барои тайёр намудани ин ихтисос ташкил шуд, ки соли 1939 барои синфҳои 2-4 қариб 5 ҳазор муаллимони забони русӣ тайёр намуд. Илова бар ин, барои таъмин намудани мактабҳои ҷумҳурӣ бо муаллимони ин ихтисос соли 1938 аз Россия ба Тоҷикистон 368 нафар муаллим даъват шуд. Доир ба баланд бардоштани ихтисоси муаллимони забони русӣ курсҳои тайёрӣ ва семинарҳо амал мекарданд. Дар саҳифаҳои «Газетаи муаллимон» (соли нашр 1932) ва маҷаллаи «Мактаби советӣ» (соли нашр 1937) оид ба омӯзиши забони русӣ материалҳои зарурии методӣ ва дигар материалҳои дастурдиҳанда чоп мешуданд.

Ҷорӣ намудани омӯзиши забони русӣ дар кори боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстии халқҳои мамлакат ва дар рӯҳияи интернатсионализм тарбия намудани насли ҷавон ва дар бобати дар мактабҳо боз ҳам беҳтар намудани кори таълиму тарбия нақши муҳим бозид. Дар рушду нумӯи соҳаи маорифи халқ ва мактаб, махсусан, мактабҳои ҳафтсола ва миёна қарорҳои анҷумани VI (13-17 марти соли 1940), Ҳизби коммунисти Тоҷикистон «Дар бораи вазифаҳои сохтмони маданӣ дар ҷумҳурӣ» нақши бағоят калон бозид. Ин қарор тамоми кормандони низоми ҳизбӣ ва соҳаи маорифи халқи ҷумҳуриро вазифадор намуд, ки тамоми бачагони синни мактабиро ба таҳсилоти умумии ҳатмии ибтидоӣ фаро гирифта, қарорҳои анҷумани XVIII ҳизбӣ доир ба амалӣ гардонидани таҳсилоти ҳафтсола дар деҳот ва даҳсолаи умумииттифоқро дар шаҳрҳо то охири панҷсола (1942) мавриди иҷро қарор диҳанд. Чӣ тавре кин маълум аст, аз сабаби ҳуҷуми Олмон ба Иттиҳоди шӯравӣ ин нақша иҷро нагардид. Бо вуҷуди ин, дар натиҷаи ғамхории Ҳукумати шӯравӣ то саршавии ҷанг миқдори мактабҳо ва хонандагон нисбат ба даҳсолаи аввал хеле афзуд ва соли таҳсили 1940-1941 дар ҷумҳурӣ 2628 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият менамуд, ки дар онҳо 303,5 ҳазор хонанда таҳсил мекарданд.

Меҳнаткашони Тоҷикистон аз давраи барқароршавии Ҳокимияти шӯравӣ то саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сохтмони фарҳангӣ, аз он ҷумла соҳаи маорифи халқ муваффақиятҳои калон ба даст оварданд. Тараққиёти мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурӣ зарурати ташкил намудани ташкилотҳои пионерӣ ва комсомолиро дар Тоҷикистон ба миён овард. Ташкилотҳои пионерӣ ва комсомолӣ дар ибтидоӣ солҳои бистум таъсис ёфтанд. Ин ташкилотҳо, ки дар назди мактабҳо ташкил шуда буданд, ба кори тарбиявии мактаббачагон, кори фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб намудани онҳо, барҳам додани бесаводӣ дар байни аҳолӣ, мустаҳкам кардани интизоми хонандагон ва дигар корҳо ба омӯзгорон ва маъмурияти мактабҳо кӯмак мерасониданд.

Аз рӯзҳои аввалини аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ эълон шудани қарор дар бораи ҷорӣ намудани таълимоти умумии ҳатмӣ Кумитаи марказии ҷавонони Тоҷикистон амалӣ гардидани ин қарорро ба ӯҳдаи худ гирифт. Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон ва Комиссариати маорифи халқи ҷумҳурӣ барои амалӣ гардидани ин қарор шартнома имзо карданд. Ҷавонону комсомолони ҷумҳурӣ баҳри амалӣ гардидани он бисёр корҳои ҷолибро анҷом доданд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани таълими умумии ҳатмии бачагон онҳо беҳтарии комсомолонро ба комитетҳои таълими умумӣ, шӯроҳои сохтмони маданӣ, шӯроҳои мактабӣ мефиристоданд. Дар ташкил намудани якшанбегиҳо бахшида ба таъмир ва таҷҳизонидани биноҳои мактаб, баҳисобгирии кӯдакони синни томактабӣ, дар саёҳатҳои маданӣ, дуҳафтагиҳо, конкурсҳо ва дигар чорабиниҳо комсомолон фаъолона иштирок менамуданд.

Хизмати ташкилоти пионерии ҷумҳурӣ низ дар мубориза барои сифати таълим ва интизоми бошуурона ниҳоят калон буд. Бисёр дастаҳои пионерии шаҳрҳои Душанбе, Ленинобод, ӯротеппа дар соли таҳсили 1932-1933 дар бораи дарсазхудкунӣ, тартибу интизом корҳои хуберо анҷом доданд. Илова бар ин, дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси дастаҳои пионерӣ дар байни 13 базаи пионерӣ, 56 дастаи пионерӣ ва мактаб байни худ мусобиқа доштанд. Дар байни пионерони ҷумҳурӣ 1000 нафарашон аълочиёни хониш буданд.

Бо вуҷуди ин, мақомоти соҳаи маорифи халқ дар баъзе мавридҳо ба нақши ташкилотҳои комсомолӣ ва пионерӣ дар мустаҳкам намудани реҷаи мактаб ва вусъат додани кори тарбиявӣ дар байни талабагон ва муаллимон баҳои даркорӣ намедоданд. Дар натиҷаи ин сифати кори таълиму тарбия дар мактабҳои ҷудогона паст буд. Як қатор мактабҳо барои минбаъд ривоҷ додани фаъолияти кори ташкилотҳои пионерӣ ва комсомолӣ кӯшиш намекарданд. Дар натиҷа дар ин гуна мактабҳо ҳодисаҳои аз мактаб баромада рафтани талабагон, ду сол дар як синф мондан ва дигар камбудиҳо мушоҳида мешуд. Дар барҳам додани ин камбудиҳо ва баланд бардоштани накши ташкилотҳои комсомолӣ ва пионерӣ қарори анҷумани III Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (августи соли 1937) нақши калон бозид. Анҷуман дар қарори худ Комиссариати маорифн халқи ҷумҳурӣ ва кормандони ин соҳаро вазифадор намуд, ки нақши ташкилотҳои комсомолӣ ва пионериро дар рафти корҳои тарбиявии мактабҳои ибтидоӣ ва миёна баланд бардорад. Ин қарор дар кори минбаъд баланд бардоштани нақши ташкилотҳои комсомолӣ ва пионерии мактабҳо аҳамияти бузург дошт.

Барои баланд бардоштани нақши ташкилотҳои комсомолӣ ва пионерӣ дар байни ҷавонону хурдсолон нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозир «Ҷавонони Тоҷикистон») 5 апрелисоли 1930, «Пионери Тоҷикистон» 5 апрели соли 1932 ва «Комсомоли Тоҷикистон» 21 январи соли 1938 таъсис дода шуд.

Ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон ба маҳви бесаводии аҳолӣ мусоидат намуд. Дар охири солҳои 20 ва аввали солҳои 30 дар давраи индустрикунонӣ ва бозсозии хоҷагии қишлоқ масъалаи маҳви бесаводӣ яке аз проблемаҳои муҳим ба шумор мерафт, зеро «бомуваффақият сохтани сотсиализм бидуни одамони босавод, маданӣ ва илмнок» ғайри имкон буд. Барои амалӣ гардидани ин масъала 17 майи соли 1929 Кумитаи марказии умумииттифоқии Ҳизби коммунист «Дар бораи кори маҳви бесаводӣ» қарор қабул намуд. Кумитаи мазкур аз сардорони Ҳукумати ҷумҳурӣ талаб намуд, ки ба ин масъала диққати махсус диҳанд. Баъди ин қарор Комиссияи фавқулоддаи маҳви бесаводӣ бо роҳи гузаронидани «дуҳафтаина»-и маҳви бесаводӣ як қатор тадбирҳои амалӣ андешид, ки онҳо маҳв намудани бесаводиро таъмин мекарданд. Аз ҷумла, штабҳои минтақавӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии маҳви бесаводӣ ташкил шуда, дар назди шӯъбаҳои маорифи халқ шахсони махсус бамасъалаҳои маҳви бесаводӣ машғул буданд. Ташкилотҳои иттифоқи касаба, комсомолӣ ва занон дар    иттиҳодияҳои ибтидоӣ (комитетҳои маҳаллӣ, гурӯҳӣ, ячейкаҳо ва ғайра)   гурӯҳҳои махсуси маҳви бесаводӣ ташкил карда буданд.

Дар кори минбаъдаи маҳви бесаводӣ ва камсаводӣ дар ҷумҳурӣ   қарорҳои   зерини   ҳизбию   шӯравӣ нақши бузург доштанд. Аз ҷумла, анҷумани якуми муассисони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон масъалаи маҳви бесаводиро яке аз вазифаҳои инқилоби маданӣ дониста, онро кори умумихалқӣ эълон намуд. Бо мақсади маҳви бесаводӣ дар ноҳияҳою деҳоти Тоҷикистон ҳизб чорабинии маданӣ ва ташкил намудани «Сандуқи маданӣ»-ро ба миён гузошт. Барои тайёр намудани кадрҳои маданӣ курсҳои кӯтоҳмудат ташкил гардид, ки дар он соли 1931 7580 нафар одамон дарс мехонданд. Бисёр касон ба «Сандуқи маданӣ» пули кории ду ё серӯзаи худро гузарониданд. Дар натиҷаи ин сол аз сол миқдори курсҳо, мактабҳо ва хонандагон зиёд мегардиданд. Соли 1931-1932 дар ҷумҳурӣ 3300 мактаби маҳви бесаводӣ, амал мекард, ки дар онҳо 133772 нафар калонсолон, аз он ҷумла 23 ҳазор занон мехонданд.

Анҷумани II Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (1934) вазифа гузошт, ки соли 1934-ро ба соли ҳалкунандаи мубориза барои саводнокии умумии аҳолии калонсол табдил дода, дар ин сол 300 ҳазор ва дар давоми панҷсола бошад, 421140 ҳазор камсаводон ва бесаводонро ба таълим фаро гиранд.

Барои татбиқ камудани ин қарор Кумитаи марказӣ, Кумитаи марказии комсомол, Иттифоқи касаба ва Комиссариати маорифи халқи Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 1934 «Ба тамоми меҳнаткашони Тоҷикистон ва коркунони соҳаи маданӣ» муроҷиатнома қабул карданд, ки он дар ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфта, дар ҳамаи ноҳияҳо шумораи зиёди одамони бесавод ба мактабҳои маҳви бесаводӣ ҷалб карда шуданд.

Дар кори минбаъдаи маҳви бесаводӣ қарорҳои Шӯрои Комисариати халқи ИҶШС ва Кумитаи марказии умумииттифоқии Ҳизби коммунист аз 7 апрели соли 1936 «Дар бораи таълим додани бесаводон ва чаласаводон дар ҶШС Туркманистон ва Тоҷикистон», Шӯрои Комиссарони халқӣ ва Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз 14 феврали 1936 Шӯрои Комиссариати халқи ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи вазъият ва вазифаҳои маҳви бесаводӣ ва чаласаводӣ дар ҶШС Тоҷикистон» ва ғайраҳо нақши бағоят калон бозиданд. Дар асоси ин қарорҳо дар тамоми гӯшаю канорҳои ҷумҳурӣ кори мактабҳои маҳви бесаводӣ бо қувваи нав авҷ гирифт. Кори маҳви бесаводӣ дар байни коргарону деҳқонон, корхонаҳои саноатӣ, колхозу совхозҳо рӯз то рӯз вусъат ёфт. Қарорҳои ҳукумат оид ба маҳви бесаводӣ натиҷаи хуб дод ва январи соли 1939 82,8% аҳолии Тоҷикистон, аз он ҷумла 87,4% мардон, 77,5% занон босавод шуданд. Бо мақсади тамоман барҳам додани бесаводӣ ва камсаводӣ дар Тоҷикистон Шӯрои Комиссариати халқ ва ва Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ аз 14 феврали соли 1941 «Дар бораи тамоман барҳам додани бесаводӣ» қарор қабул намуд. Кумитаи марказии Ҳизби коммунист ва Шӯрои Комиссариати халқи Тоҷикистон бо назардошти муваффақиятҳои пештара мӯҳлати тамоман барҳам додани бесаводӣ ва чаласаводиро дар байни аҳолии калонсоли аз 18 то 50- сола дар ноҳияву вилоятҳои ҷумҳурӣ муайян намуд. Бояд қайд кард, ки ба душвориҳои замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ нигоҳ накарда, мубориза барои тамоман барҳам додани бесаводӣ ва чаласаводӣ қатъ нагардид. Соли 1943 дар мактабҳои мавҳи бесаводӣ ва чаласаводӣ 36900 кас ва дар соли 1945 бошад, 30500 нафар савод меомӯхтанд.

Яке аз хатогиҳое, ки дар ин давра сар зада буд, ислоҳи алифбои ниёгон ба шумор мерафт. Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон соли 1927 барои ислоҳи алифбои тоҷикӣ ба ҳуруфи лотинӣ комиссияи махсус таъсис дода шуд. Ин комиссия солҳои 1927-1928 корҳои тайёриро доир ба ин масъала анҷом дод. Натиҷаи кори комиссия ба конференсияе, ки аз 28 октябр то 1 ноябри соли 1928 дар шаҳри Тошкент шуда гузашт, пешниҳод гашта, мавриди муҳокима қарор гирифт. Конференсия лоиҳаи ислоҳи алифборо қабул кард. Сессияи сеюми Кумитаи иҷроияи марказӣ даъвати дуюм аз апрели соли 1928 дар бораи ба ҷои алифбои ниёгон ҷорӣ намудани алифбои лотинӣ қарор қабул намуд. 24 майи соли 1928 бюрои иҷрояи Кумитаи вилоятии ҳизби ҷумҳурӣ дар бораи азнавсозии ҷамъиятӣ: «Нест бод бесаводӣ ва дӯстони алифбои тоҷикии лотинӣ» қарор қабул кард. Умуман, соли 1932 дар ҷумҳурӣ ҷорӣ кардани алифбои лотинӣ ба охир расид. Ҳанӯз халқи тоҷик ба ин алифбо унс нагирифта буд, ки ислоҳи нави алифбо сар шуд. 21 майи соли 1940 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи гузаштани хатти тоҷикӣ аз лотинӣ ба алифбои нав дар асоси графики русӣ» қонун қабул намуд. Дар натиҷа соли 1940 ва ибтидои соли 1941 ҳамаи мактабҳои ҷумҳурӣ пурра ба алифбои русӣ гузаштанд. Аз соли 1940 сар карда, тамоми матбуоти ҷумҳурӣ ва китобҳои дарсӣ бо ин алифбо чоп гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки иваз кардани алифбои ниёгон ба алифбои лотинию русӣ як бадбахтии бузург барои халқи тоҷик буд. Дар натиҷаи ин ивазкуниҳо мо аз фарҳангу тамаддуни чандинасраи худ, ки бо алифбои ниёгон навишта шуда буд, дур шудем. Ду бор иваз шудани алифбо ба рафти таълиму тарбияи насли наврас ва маҳви бесаводӣ зарару зиёни бузург расонид.

Яке аз масъалаҳои муҳими ин давра тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ ба шумор мерафт, чунки тараққиёти хоҷагии халқ, амалӣ гардидани инқилоби маданӣ бе ҳалли ин масъала ғайриимкон буд. Ҳукумати ҷумҳурӣ зарурияти ҳалли ин масъаларо дарк намуда, ба таълиму тарбияи муаллимон диққати махсус доданд. Муаллим дар таълиму тарбияи мактаббачагон, босавод кардани аҳолӣ на танҳо шахси асосӣ, балки ҳамчунин дар тарбияи ғояҳои сиёсии меҳнаткашон ва сафарбар намудани онҳо дар иҷрои вазифаҳои нав муборизони фаъоли ҷамъият ба шумор мерафт. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда то соли 1925 дар ҷумҳурӣ ягон муассисаи муаллимтайёркунӣ вуҷуд надошт. Шумораи муаллимон дар охири соли 1925 дар ҷумҳурӣ ба 195 нафар мерасид. Аксарияти онҳо таҳсилоти омӯзгорӣ надоштанд. Барои беҳбудии ин масъала Кумитаи инқилобии ҶХШС Тоҷикистон 30 сентябри соли 1925 маърӯзаро «Дар бораи тадбирҳои беҳтар кардани маорифи халқ ва тайёр намудани муаллимон» баррасӣ намуда, ба кори тайёр кардани муаллимон диққати махсус дод.

 Дар ин давра Комиссариати маорифи халқи Тоҷикистон вазифадор гардид, ки доир ба кушодани якчанд донишкадаҳои миёнаи омӯзгорӣ, факултаҳои коргарӣ, омӯзишгоҳҳои тиббӣ, хоҷагии қишлоқ ва курсҳои муаллимтайёркунӣ ва коркунони шӯравӣ тадбирҳо андешад. Ба тарбияи муаллимони нав анҷумани якуми муассисони шӯроҳои ҶХШС Тоҷикистон низ диққати махсус дод.

Ба мақсади бартараф кардани масъалаи мазкур моҳи сентябри соли 1925 дар Душанбе аввалин омӯзишгоҳи омӯзгорӣ кушода шуд, ки асоси тарбияи кадрҳои омӯзгориро дар ҷумҳарӣ гузошт. Илова бар ин, барои таъмин намудани мактабҳо бо омӯзгорон дар Душанбе (1925) курси семоҳаи муаллимтайёркунӣ кушода шуд, ки онро 28 нафар тамом намуда, барои фаъолият ба вилоятҳои Кӯлобу Ғарм фиристода шуданд. Соли 1926 ин курсро 100 нафар ҷавонони тоҷик хатм намуданд. Чунин курс дар Самарқанд барои ҷавонони тоҷик кушода шуд. Моҳи августи соли 1926 аз хатмкунандагони курси омӯзгории Самарқанд ба Душанбе 21 нафар фиристода шуд.

Соли таҳсили 1928-1929 дар Тоҷикистони ҳозира се омӯзишгоҳи омӯзгорӣ вуҷуд дошт, ки дар онҳо 360 нафар донишҷуёни миллати маҳаллӣ дарс мехонданд.

Илова бар ин, дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ курсҳои тайёр намудани омӯзгорон ва дохил шудан ба мактабҳои олӣ амал мекарданд, ки дар онҳо 350 нафар ба таҳсил машғул буданд.

Барои иҷрои қарори анҷумани якуми муассисони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Комиссариати маорифи халқи ҷумҳурӣ 2 декабри соли 1930 дар бораи ташкил намудани даҳ курси иловагӣ барои 560 нафар хонанда қарор қабул намуд. Ин курсҳо бояд дар ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон ташкил мешуданд. Дар натиҷаи ин чорабиниҳо дар охири панҷсола миқдори омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ ба 17-то расонида шуд, ки дар онҳо 1638 нафар донишҷӯ таҳсил мекард. Дар соли таҳсили 1932-1933 дар ҷумҳурӣ 36 курси омӯзгорӣ бо 2194 хонанда амал мекард. Ҳамин тариқ, дар ҳамаи мактабҳои омӯзгории Тоҷикистон 4237 нафар донишҷӯён ба таҳсил машғул буданд. Хулоса, дар натиҷаи кори самаранок соҳаи маориф дар бобати тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ муваффақиятҳои бузург ба даст овард. Агар дар соли таҳсили 1928-1929 дар ҷумҳурӣ 382 мактаби таҳсилоти умумӣ бо 700 муаллим амал мекард, пас соли таҳсили 1932-1933 ин миқдор ба 2919 мактаб ва 38000 муаллим баробар шуд.

Бо вуҷуди ин қисми зиёди омӯзгорон, махсусан дар деҳот, дониши қазоӣ доир ба педагогика, психология ва методикаи таълим надоштанд. Аксарияти муаллимон дар ҳаҷми мактаби ибтидоӣ ё курсҳои тайёрӣ маълумот доштанд. Ҳамаи ин ба дарсазхудкунии хонандагон таъсири манфӣ расонида, сабаби дар як синф такроран мондани мактаббачагон мегардид. Бо чунин сабабҳо соли таҳсили 1932-1933 дар ҷумҳурӣ 40% ҳонандагон дар синфҳояшон такроран мононда шуданд. Барои пешгирӣ намудани чунин вазъият ва баланд бардоштани равияи дониши муаллимон анҷумани чоруми шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон моҳи феврали соли 1931 «Дар бораи вазифаҳои тараққиёти мадании ҷумҳурӣ» масъала муҳокима намуда, доир ба тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ аз 25 феврали соли 1931 қарор қабул кард. Дар қарорҳо роҳҳои асосии баланд бардоштани тайёрии кадрҳои омӯзгорӣ ва аз нав омӯзонидани онҳо нишон дода шуда буд. Ба ин масъала қарори Шӯрои Комиссариати халқ ва Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон аз майи соли 1931 «Дар бораи донишкадаҳои педагогӣ» низ дикқати махсус дод. Ин қарор Комиссариати маорифи халқи ҷумҳуриро вазифадор намуд, ки дар назди омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ шӯъбаи тайёриро нигоҳ дошта, фаъолияти онҳоро ҷоннок намоянд ва омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ, курсҳои махсуси омӯзгории занонро ташкил диҳад ва дар ин замина низоми таълими муаллимони омӯзишгоҳҳои омӯзгориро вусъат диҳад. Ин қарор дар давраи аввал иҷро нагардид, фақат аз соли 1934 сар карда, сохтмони биноҳои донишкадаҳои махсус дар Сталинобод, ӯротеппа, Конибодом, Ленинобод, Кӯлоб, Панҷакент ва дигар ноҳияҳо сурат гирифт. Ба мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия дар омӯзишгоҳҳои педагогӣ моҳи январи соли 1933 маҷлиси машваратии ҷумҳуриявӣ оид ба таҳсилоти омӯзгорӣ даъват гардид. Маҷлиси машваратӣ ҳамаи масъалаҳоеро, ки ба кори донишкадаҳои педагогӣ дахл доштанд, муҳокима намуда, аз рӯи онҳо қарори дахлдор қабул кард.

Дар кори минбаъдан вусъат бахшидани низоми кадрҳои омӯзгорӣ барои мактабҳои ҷумҳурӣ қарорҳои анҷумани дуввуми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (январи 1934) саҳми бузург гузошт. Дар қарори анҷуман «Дар бораи вазифаҳои сохтмони миллии маданӣ дар Тоҷикистон» қайд гардида буд, ки дараҷаи тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ ҳанӯз ҳам паст буда, сабаби камбудиҳои зиёди рафти таълиму тарбияи мактаббачагон гардидааст. Анҷуман роҳбарони Комиссариати   маорифи   халқи   ҷумҳуриро вазифадор намуд, ки тамоми чораҳоро оид ба тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ дида, мактабҳоро бо муаллимони ихтисосманд таъмин намуда, барои беҳтар намудани шароити моддию маънавии онҳо чораҳо андешад. Ҳукумати Тоҷикистон ба муҳокимаи анҷуман пешниҳоди аз соли 1931 ташкил кардани Донишкадаи педагогии Душанберо гузошт. Анҷуман ин пешниҳодро якдилона қабул кард. Донишкадаи омӯзгории Душанбе 1 сентябри соли 1931 кори худро шурӯъ намуд. Ин аввалин мактаби олӣ дар ҳудуди Тоҷикистон буд. Донишкадаи дуюми омӯзгорӣ дар шаҳри Ленинобод соли 1932 кушода шуд.

Барои амалӣ гардонидани қарорҳои анҷумани дуввуми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бюрои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз 20 январи соли 1935 «Дар бораи системаи такмилдиҳии ихтисоси муаллимон дар ҶШС Тоҷикистон» қарор қабул намуд. Дар асоси ин қарор дар назди Комиссариати маорифи халқ Институти такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи маорифи халқ ташкил ёфт. Дар маҳалҳо барои иҷро гардидани ин қарор курсҳо, омӯзишгоҳҳои ғоибона ташкил ёфт. Соли таҳсили 1936-1937 85% муаллимони ҷумҳурӣ ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта шуда буданд. Барои таъмин намудани мактабҳои ҷумҳурӣ бо омӯзгорони баландихтисос соли таҳсили 1939-1940 дар Душанбе ва Ленинобод донишкадаҳои дусолаи муаллимтайёркунӣ кушода шуд. 2-3 июли соли 1940 ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи ташкил кардани Донишкадаи омӯзгорӣ дар шаҳри Кӯлоб» қарор қабул кард.

Дар ин солҳо аз байни муаллимони мактабҳои ҷумҳурӣ бисёр омӯзгорони арзанда ба камол расиданд, ки онҳо дар таълиму тарбияи насли наврас муваффақиятҳо ба даст оварда, сазовори мукофотҳои давлатӣ гардиданд. Соли 1939 бо фармони президиуми Шӯрои Олии ИҶШС 64 нафар муаллимон бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд. Дар байни онҳо муаллимони номии ҷумҳурӣ А. Абдуллозода, Н. Розиқов, И. Самандаров, К Самадов, С. Абдуллохонов, Е. С. Захаров, 3. Ҳакимова, И. Н. Зайтсева, М. Исомиддинова ва дигарон буданд. Муаллимони беҳтарини ҷумҳурӣ С.Элназаров ва И.Исмоиловро барои кори самаранок дар мактаб ва фаъолияти ҷамъиятиашон депутати Шӯрои Олии ИҶШС ва А.Абдуллозодаро ба депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб намуданд. Дар натиҷаи амали гардонидани қарорҳои ҳизб ва ҳукумат низоми тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ дар Тоҷикистон сол аз сол афзоиш меёфт. Соли хониши 1940-1941 дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 13 ҳазор омӯзгор кор мекард, аз онҳо 353 нафарашон таҳсилоти олӣ ва 853 нафарашон таҳсилоти олии нопурра доштанд. Бо вуҷуди ин, мактабҳои ҷумҳурӣ ҳанӯз ҳам бо муаллимон таъмин набуданд. Соли 1940 дар мактабҳои ибтидоӣ 1020 ва дар мактабҳои ҳафтсола ва миёна 1047 муаллим намерасид. Тараққиёти мактаб ба ташкили корҳои таълимию тарбиявӣ, барпо намудани муассисаи махсуси тадқиқоти илмӣ-омӯзгориродар ҷумҳурӣ тақозо намуд. Бо ин мақсад соли 1933 дар назди Комиссариати маорифи халқи ҷумҳурӣ Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ ташкил карда шуд. Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ дар давраи аввали мавҷудияти худ дар беҳтар шудани кори методии муаллимон саҳми бузург гузошт. Пажӯҳишгоҳ дар масъалаи инкишофи минбаъдаи афкори педагогии ҷумҳурӣ, кор карда баромадани масъалаҳои назариявии педагогика, таълими политехникию меҳнатӣ, ташкили кори маорифи халқ, методикаи таълими забони тоҷикӣ, забонҳои хориҷӣ, таъриху ҷуғрофиёи Тоҷикистон, ботаника ва фанҳои дигари таълимӣ корҳои зиёдеро анҷом дод.

Пажӯҳишгоҳ бо фаъолияти худ ба мақомоти соҳаи маорифи халқ, директорону муаллимони мактабҳо, инчунин ба падару модарон барои дар асоси илмӣ гузаронидани корҳои таълиму тарбиявии насли наврас кӯмак мерасонид. Ташкил ёфтани Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ ба рафти корҳои илмӣ-тадкиқотии ҷумҳурӣ дар соҳаи педагогика низ таъсир расонид. Дар ин солҳо як гурӯҳ олимони тоҷик ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи педагогикаи тоҷик шурӯъ карда, мақолаҳои худро доир ба таълиму тарбия ва мактабшиносӣ эҷод намуданд.

Рушду нумӯи соҳаи маориф дар ин давра ба ташаккулёбии афкори нави педагогии халқи тоҷик низ таъсир расонид. Яке аз намояндагони беҳтарини педагогии ин давра А.Лоҳутӣ ба шумор меравад. Ин мутафаккир анъанаҳои пешқадами афкори педагогии халқи тоҷикро давом дода, масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврасро аз диди нави таърихӣ тавсиф намудааст.