Мактаб ва ақидаҳои педагогии халқи тоҷик дар қарнҳои IX-XVI

Зулму истибдоди арабҳо боиси шӯришу норозигиҳои бисёре дар байни оммаи халқ ва асилзодагони эронинажод гардид. Кӯшиши арабҳо дар бобати ба тарафи худ аз нав ҷалб намудани аъёну ашроф, рӯҳониёни эронинажод ва оммаи халқ натиҷаи судманде набахшид. Хилофати араб баръакс маҷбур шуд, ки дар аввали асри IX идораи баъзе сарзаминҳои пештараи Эронро бар ӯҳдаи худи ашрофони маҳаллӣ гузорад. Дар натиҷа оҳиста-оҳиста ҳукуматҳои маҳаллӣ бар зидди арабҳо шӯрида, мустақилияти худро пойдор гардонанд ва сулолаҳои маҳаллии худро ба номи Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ташкил намуданд.

Мактабҳо. Мактабҳо баъди масҷидҳо ба вуҷуд омаданд. Мак¬табҳо, маъмулан, дар назди масҷидҳо, хонаи муллоён, гузару дуконҳо ва ё дар назди мадрасаҳо ташкил мешуданд. Мактабдорро муаллим ё ки адиб меномиданд. Агар мактаб дар назди масҷид ё мадраса мешуд, муаллим аз ҳисоби онҳо ҳақ мегирифт. Агар мактаб дар дигар ҷойҳо ташкил меёфт, омӯзгор моҳонаи худро аз падару модари бачаҳо дарёфт мекард. Ғайр аз ин, дар рӯзи идҳои мусулмонӣ падару модари донишомӯз ба омӯзгор ҳадяҳо медод. Вале ин маош ба рӯзгузаронии омӯзгорон кофӣ намекард ва вай маҷбур буд, ки вазифаи номанависӣ, тумордиҳӣ, тартиб додани арзу шикоят ва нусхабардории китобҳо машғул шавад. Барои сарфи буҷаи хонаводаи омӯзгорон ҳатто хӯроки пагоҳирӯзӣ, нисфирӯзӣ ва бегоҳиро бо шогирдон якҷоя мехӯрданд ва донишомӯзонро дар корҳои хоҷагиашон истифода мебурданд. Хондан дар мактабҳо барои ҳама дастрас буд. Аксарияти деҳқонон фарзандони худро кам ба мактаб мефиристоданд ва онҳоро бештар дар корҳои ҳоҷагиашон истифода мебурданд. Синни шогирдон аз 6 то 15-солагӣ муқаррар шуда буд. Вале муддати таҳсил ба қобилияти бачаҳо ва дороии волидайн вобаста буд ва гоҳо дар мактабҳо ҷавонони 20-25- соларо низ дидан мумкин буд. Синфхонаҳои алоҳида вуҷуд надошт ва бачаҳои синну соли гуногун якҷоя дарс мехонданд. Онҳо дар замин менишастанд, пешашон тахтачаеро мегузоштанд, ки рӯи он сабақи ҳар яке гузошта мешуд. Аъёну ашрофи сарватманд бачаҳои худро дар хона бо роҳбарии муаллими шахсӣ дарс меомӯзониданд. Муаллимони шахсӣ узви хонадон ба шу¬мор мерафтанд.

Барномаҳои мактабӣ аз таълими алифбои арабӣ, навиштан аз рӯи сармашқ, хондан ва азёд намудани Қуръон иборат буд. Усули таълим дар мактабҳо фардӣ буд. Муаллим ба ҳар шогирд ба таври алоҳида сабақ медод. Шогирд сабақашро аз омӯзгор гирифта, ба ҷои худ менишаст ва бо овози баланд онро такрор менамуд. Дар хотир нигоҳ доштан ва азёд намудани маводи таълимӣ муҳимтарин равиши таълим ба шумор мерафт. Таълими алифбо аз таълими хат ҷудо буд. Дар мактабҳо аз ҳисоби хонандагони пешқадам ва зирак барои назорати толибилмони хурдсол халифаҳо таъин карда мешуданд. Аз шогирдон дарси ҳаррӯза пурсида мешуд. Дар охири ҳар сол имтиҳон баргузор мегардид. Аз сабаби истифода бурдани усулҳои азёдкунӣ дар кори таълим бачаҳо баъди ду-се соли хониш аз мактабҳо гурезон мешуданд ва хондану навиштанро дуруст ёд намегирифтанд. Дар кори таълиму тарбия усулҳои ҷазодиҳӣ ба тариқи васеъ истифода бурда мешуд. Бачагонро бо андаке гуноҳ ҷазои сахти ҷисмонӣ медоданд. Ин ба тарбияи маънавӣ ва ахлоқии бачагон таъсири бад мерасонид.

Таълим дар мактабҳоаз соати 8 то 12 ва аз соати 15 то 17 идома меёфт.

Мадрасаҳо. Таълимоти динӣ ва илмӣ то пайдо шу¬дани мадрасаҳо дар масҷидҳо сурат мегирифт. Мувофиқи маъхазҳо аввалин мадраса дар диёри эронинажодҳо дар охири асри VIII аз тарафи Носири Кабир (соли вафоташ 917) дар Омул бино ёфтааст. Дар аввали асри IX амирон, султонҳо, аъёну ашрофони маҳаллӣ дар шаҳрҳои бузург барои бунёд сохтани мадрасаҳо кӯшиданд. Муҳимтарини онҳо мадрасаи Байҳақӣ ва Саъдияи Нишопур буданд. Аксарияти одамони маъруф дар онҳо таҳсил намудаанд. Давраи муҳими бунёди мадрасаҳо ба замони вазирии Низомулмулк рост меояд. Вай шахси басо фозил, доно, маърифатпараст ва сиёсатмадори бузург буд. Дар ин давра низоми таълиму тарбия ва фарҳанг чунон пеш рафт, ки он бо номи Низомулмулк дар таърих машҳур гардид. Дар замони ҳукмронии ӯдар Нишопур, Балх, Ҳирот, Исфаҳон, Марв, Басра, Бағдод ва дигар шаҳрҳо мадрасаҳои махсус барои таълиму тарбия бунёд гаштанд ва бо номи «Низомия» машҳур буданд. Бузургтарин ва машҳуртарини он мадрасаи «Низомия»-и Бағдод ба шумор мерафт, ки одамони машҳури он замон, (аз ҷумла Саъдӣ) дар онҷо таҳсил намудаанд. Бо кӯшиш ва ғамҳории Низомулмулк барои мадрасаҳо буҷаи махсус ҷудо шуд. Маоши муаллимон ва донишҷӯён аз ҳисоби он таъмин мегардид. Дар мадрасаҳо барои зиндагии донишҷӯён ҳуҷраҳои алоҳида мавҷуд буд. Дар назди онҳо китобхона ва дорухонаҳо вуҷуд дошт.Баъзе мадрасаҳо китобҳои гуногуни илмӣ ва адабӣ ба забони форси тоҷикӣ, паҳлавӣ ва арабӣ доштанд. Масалан, яке аз мадраса¬ҳои машҳури Мавр дорои 12ҳазор китоби илмию бадеӣ буд.

Мадраса аз тарафи мутаваллӣ идора мешуд. Он дастурамал ва қонунҳои худро дошт. Мутаваллӣ буҷа ва низоми таълиму тарбияро дар мадраса назорат мекард. Мударрис, китобхоначӣ, воиз, ходим ва донишҷӯ кормандони мадраса ба ҳисоб рафта, аз рӯи низомномаи мадраса маош мегирифтанд. Мутаваллӣ донишҷӯён ва кормандони бадахлоқро ҷазо медод ва аз болои тақсими ҳуҷраҳо назорат мекард.

Муаллимони мадрасаҳо аз рӯи мартаба ба се гурӯҳ- мударрис, ноиби мударрис ва мӯъид тақсим мешуданд. Муаллимони мадрасаҳо аз доираи олимону донишмандон интихоб ме¬гардиданд. Муносибати мударрис ва донишҷӯён ба таври дӯстона ва эҳтироми мутақобил асос ёфта буд. Барои ба мадраса дохил шудан донишҷӯ бояд мактаби ибтидоиро хатм менамуд.

Азбаски дар ин давра илму адаби эронинажодҳо ва арабҳо то андозае равнақ ёфта, китобҳои зиёд доир ба ин ё он риштаи улум ба вуҷуд омада буд, барномаи мадрасаҳо дар асоси онҳо таҳия мегардид. Дар курсҳои поёнӣ донишҷӯён сарфу наҳви арабӣ ва мантиқро меомӯхтанд. Вақте ки донишҷӯён мазмуни матнҳои арабиро дарк мекарданд ва бо он хуб ҳарф мезаданд, онҳоро барои омӯхтани риштаҳои ихтисосӣ тақсим мекарданд. Риштаҳои ихтисосӣ аз улуми дин, ҳикмат, тиб, риёзиёт, дабирӣ, шоирӣ, мунаҷ-ҷимӣ ва муҳандисӣ иборат бу¬данд. Муддати таҳсил ба истеъдод ва дороии хонаводаи донишҷӯ вобаста буд. Донишҷӯёни камбағал пас аз панҷ ё шаш сол мадрасаҳоро тарк мекарданд ва ба зиндагии мустақилона рӯ меоварданд. Баъзеҳо ҳатто то охири умр дар мадрасаҳо илму адаб меомӯхтанд. Дар охири таҳсил ба хатмкунандагон ҳуҷҷати расмӣ дар ин ё он риштаи илму адаб дода мешуд, ки онҳо дар ин асос вориди хидмати шаҳрвандӣ ва давлатӣ мегардиданд.

Дар мадрасаҳо китобҳои зерини олимону фузалои он дав¬ра барои таълим истифода бурда мешуд. Дар сарфу наҳв, луғати арабӣ ва арӯз: сарфу наҳви Сибуя, китоби Комили Ал-Мубарад, «Наҳв»-и Анмӯзахии Зимаҳшарӣ, «Ғояаларӯз»-и Абулҳасани Баҳромӣ, «Хитобҳо»-и Ҳазрати Амир, «Калила ва Димна»-и Рӯзбеҳ (ибни Муқаффаъ), «Тарсил»-и Соҳиб бини Убод; дар боби мантиқ: «Шафо ва ишоро»-и Ибни Сино; дар соҳаи фиқҳ:, «Фикҳалакбар»-и Абӯ Ҳанифа, «Васит»-и Эмом Муҳаммади Ғазолӣ; «Дар тафсири Қуръон»-и Кашшофи Зимаҳшарӣ, «Тафсир»-и Абӯрутӯҳи Розӣ; дар ҷабҳаи риёзиёт: «Тасониф»-и Муҳаммад бинни Мусои Хоразмӣ ва Абӯмаъшари Балхӣ, «Тафҳим»-и Абӯрайҳони Берунӣ, «Такмилия»-и Абӯнасри Бағдодӣ, «Сад бобо»-и Аҳмади Саҷзӣ, «Ҷабр ва муқобила»-и Умари Хайём, «Ҳикмат»-и Абӯнасри Форобӣ, «Шифо»-и Ибни Сино; дар риштаи тиб: «Фусули буқрот» ва «Масоил»-и Ханини Исҳоқ, «Масоил» ва «Китоби мансурӣ ва ҳовиа»-и Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ, «Комилулсаноеъ»-и Али Аббоси Маҷусӣ, «Иғроз»-и Саидимони Ҷурҷонӣ, «Қонун»-и Ибни Сино, «Заҳира»-и Хоразмшоҳӣ; дар ҷодаи адабу шеър: осори Рӯдакӣ, Мануҷеҳрӣ, Фирдавсӣ, Унсурӣ, Асҷадӣ, Фаррухӣ, Саноӣ, Аттор, Анварӣ, Ҳоқонӣ, Низомӣ ва ғайра.

Дар мадраса усулҳои саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира вуҷуд дошт. Дарсҳо ҳар рӯз пурсида намешуданд. Фақат гоҳе мударрис донишҷӯеро даъват намуда, аз ӯ мазмуни китоби хондаашро мепурсид ва ба ӯ вазифаи нав медод. Таълим ба забони арабӣ барои эронинажодон хеле мушкил буд. Аз ин рӯ, онҳо маҷбур буданд, ки маводи таълимиро азёд кунанд, ё ки таҳсилро тарк намоянд. Пешрафти илму адаб, масҷид, мактабу мадрасаҳо ба пайдошавӣ ва пешравии ақидаҳои нави таълимӣ таъсири зиёд расонид. Як қисми уламо, фузало ва донишмандон бевосита дар эҷодиёти худ низоми нави таълиму тарбияро баррасӣ мекарданд. Донишмандон ва фузало фикрҳои таълиму тарбиявии ниёгони худро аз сарчашмаҳои гуногун ҷамъоварӣ намуда, дар осори худ ба таври васеъ истифода мебурданд. Ҳар кадоми онҳо дар асарҳои худ андешаҳои амиқи тарбиявиро ҷой намуда, аз осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Унсурмаолии Кайковус, Имом Ғазолӣ ва дигарон фаровон истифоа кардаанд.